Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Собири ШОҲОНӢ

РУБОИЁТИ ВАҲДАТ

Дунё самари маърифати инсон аст,

Ноҷўрии ў касофати шайтон аст.

Аз бехирадон умеди ободӣ нест,

Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст.

Ҳар қавм, ки нури маърифат раҳбари ўст,

Дунёи сафо ҳамеша дар манзари ўст.

Аз даст чу дод гавҳари фазлу ҳунар,

Фарҷоми амал хоки сияҳ бар сари ўст.

Қавме, ки зи файзи маърифат шодоб аст,

Бунёди дилаш зи гавҳари одоб аст.

Аз боди самумии биёбон орист

Фарде, ки нишеманаш лаби Варзоб аст.

Эй нексиришт, номи некон бардор,

Бар авҷи фалак шавкати Инсон бардор.

Хасрўба машав бар дами тўфони ғурур,

Соҳибхирадӣ, мўр ба мижгон бардор!

Наврўз, биё, ба расми наврўзии мо,

Пурнур намо базми сарафрозии мо.

Бо мақдами ту шароби ваҳдат нўшем,

Бар боди фано расад маҳалбозии мо!

Эй марди сарафроз, сарафканда мабош!

Озод бизӣ, ба нокасе банда мабош!

Сар деҳ ту чу абр гиря ҳар гоҳ, вале

Чун ханда зи авҷи барқ сўзанда мабош!

Ғофил манишин, кавну макон даргузар аст,

Ин гарди сафеди сар зи пирӣ хабар аст.

Ғофил машав аз шеваи аъҷубаи вақт,

К-ин ҷилваю нози ў фиреби назар аст.

Бар марзи мурод по ниҳодем ба ҳам,

Сад бор биҷастему фитодем ба ҳам.

Дар роҳ басе буд муаммои замон,

Бо қадри тавон ҳамекушодем ба ҳам.

Эй дўст, маро ҳамеша ҳамдам будӣ,

Як умр шарики шодию ғам будӣ.

Аз тири қазо захм ба ҷонам бирасид,

Исонафасо, маро ту ҳамдам будӣ.

Рустам зи ғизои боғу роғи миллат,

Мастам зи ҳавои кўчабоғи миллат.

Гар хор халад ба пои пуробилааш,

Доғ аст дилам зи дарду доғи миллат.

Гўянд, ки ҷанг чеҳраи вайронист,

Амре зи қазову қадари кайҳонист.

Эй бехабарон, баҳуш мебояд буд,

Ин нуқс ҳама зи ғояти шайтонист.

Оқил ба ҳунар хароба обод кунад,

Боғи гулу кохи нур эҷод кунад.

Ҷоҳил, ки бувад чу чуғз вайронапараст,

Ҳар ҷо, ки равад, харобаро ёд кунад.

Аз шеваи ваҳдат аст озодии мо,

Аз нузҳати ваҳдат аст ободии мо.

Ваҳдат чу тулўи шамс волост ба арҷ,

Нураш чу сахо расад ба ҳар водии мо.

Гулбоғи сухан ҳамеша дар нашъунумўст,

Ҳуснаш ба масал чу рўи дўшиза накўст.

Хоҳам, ки чу армуғон аз ин боғи сафо

Гулдастаи ҳамдилӣ барам бар дари дўст.

Хоҳам ба ҷаҳон набинам озори касе,

Ҳаргиз нарасад шикасти бозори касе.

То кулбаи танги падарӣ кохи ман аст,

Ҳасрат набарам ба қасру девори касе.

Шоҳмузаффар ЁДГОРӢ

ДЎСТӢ

Дастҳо бо дастҳо печанд агар,

Ақлҳо бо ақлҳо оянд агар.

Кўҳҳоро чаппагардон мекунанд,

Дардҳоро зуд дармон мекунанд.

Чашмро бо чашмҳо дўзем агар,

Мисли ҳам бо ёди ҳам сўзем агар.

Мушкили бисёр осон мешавад,

Носипос аз мо гурезон мешавад.

Гар ба роҳи ҳамдигар монем пой,

Гар яке бошад ҳама омолу рой,

Роҳ кўтаҳ мешавад, мақсад қариб,

Дар намемонем бар доми фиреб.

Гар ба ҳам бошем ёвар, муттафиқ,

Дар ҳама ин дору гире чун рафиқ,

Ёр розӣ мешавад аз кори мо,

Меравад аз мо ғаму озори мо.

Гар чу гул аз як замин сар мекашем,

Сар ба сўи нури ховар мекашем,

Ин замин бисёр зебо мешавад,

Тоҷикистон зеби дунё мешавад.

БЕХАБАРӢ

Одамиро навоз дар дунё,

Одамиро раҳо бубахш аз марг.

Одамиро бикун панаҳ аз бод,

К-аз дарахташ маяфканад чун барг.

Одамиро ба ҷон навозу навоз,

Дасти раҳмат гузор бар сари ў.

К-аз ғуруру камоли бехабарӣ

Меравад марг по ба по бари ў.

Муддаои дилаш бигиру бидеҳ,

Муддаои дилаш бихезу нишин.

Муддаои табиаташ мебош,

То нагардад дигар ҳазину ғамин.

Вораҳонаш зи банди макру ҳиял,

Вораҳонаш: ба худ шак овардаст.

Вораҳонаш, ки бо талоши худаш

Хештанро ғуломи худ кардаст.

Ончунон аст, к-аз замин кандаст,

В-аз фалак ҳамчу санг афтодаст.

Дар миёни ду олами бетаг,

Ломакон сар ба бод бинҳодаст.

Одамиро, ки ин ҷаҳон аз ўст,

Ин ҷаҳонро бидеҳу ҷон бахшо.

Бар заминаш биёр бори дигар,

Дар заминаш бикун, зи нав эҳё.

Бо дарахту гиёҳу обу замин,

Ошнояш бикун, ки пайвандад.

Ҳамчу тифле, ки саркаш асту шўх,

Гўшмолаш бидеҳ, ки дил бандад.

Одамиро навоз ҳар соат,

Одамиро мадеҳ дигар озор.

Одамиро бигў равад ҳамвор,

Дар ҷаҳони ҳанўз ноҳамвор.

пешина
аз 63
навбатӣ