Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наримон БАҚОЗОДА

САРҲАДБОН

Хуфта дар барам

Хоки кишварам.

То ба хоки ғайр

Монд як қадам.

Пеши пояш–об,

Соҳили хароб.

Дар сараш ҳазор

Пурсишу ҷавоб.

Он тараф–дигар,

Ин тараф дигар.

Ин тараф Ватан,

Модару падар.

Не диёри кас

Орадам ҳавас.

Не диҳам ба хасм

Қадри хору хас…

Зинда гар Ватан,

Зинда номи ман.

Бо Ватан бувад

Бахту коми ман!

Салимшо ҲАЛИМШО

РУБОИЁТ

Субҳам зи сафои сина тобон бошад,

Рўзам ба зиёи дида рахшон бошад.

Он рўз зи умри ҷовидонии ман аст,

Гар он ба ҳисоби Тоҷикистон бошад.

Тоҷик зи файзи субҳ барноӣ ёфт,

Боғу чаману мулку тавоноӣ ёфт.

То хеҷ касе гушна намонад дар даҳр,

Ў хонаву хони хайри дунёӣ ёфт.

Моро, ки ба даҳр табъи оламгир аст,

Бо ҳусну сухан ҷаҳони мо тасвир аст.

Аз мо ба касе теғи забоне нарасид,

Бо теғи забон миллати бешамшер аст.

Донам, ки муроди мо ҷаҳонгир шавад,

Фарде ба ҷаҳон хуҷистатақдир шавад.

Аз чист ба барра шери мо шир диҳад?

То барра ба ҳифзи беша худ шер шавад.

Аз оташи ишқи мо бувад сояи мо,

То чархи барин расид худ пояи мо.

Дар хонаи мо намирад оташ ҳаргиз,

То зинда бувад оташи ҳамсояи мо.

Ҳар кас зи дарахти мо бигирад самаре,

Ёбад зи шарофаташ ба олам зафаре :

Ё умри дароз бинад ў дар дунё,

Ё дар раҳи ишқ ў шавад роҳбаре.

Бошад ба ҷаҳон чунин умедам фани ман,

Хоҳам ба хирад ёр шавад душмани ман.

Чун ёри хирад шавад, бидонам ба яқин,

Ў дўст шавад ба мардуми меҳани ман.

Ман дар раҳи бахт кори арзанда кунам,

Бар ранҷкашида умр поянда кунам.

Ёбед агар як дили беғам ба ҷаҳон,

Ман куштаи ғамро зи дамаш зинда кунам.

Ин чашма раҳу расми садоқат донад,

Сад мўъҷизаи ҳусну малоҳат донад.

Бо бўсазанӣ ёфт раҳе дар дили санг,

Худ санг аҷаб лафзи муҳаббат донад.

Омад зи навои обшор ин оҳанг:

Ман аз дили санг нола дорам бар чанг.

Бо созу навои меҳри хуршедии ман

Санг ошиқи обу об шуд ошиқи санг.

Мегуфт ба фарзанд яке деҳқоне,

Хоҳӣ ту саодате гар аз давроне,

Як нимаи умр кишт кун дар олам,

Як нимаи умр нон бинеҳ бар хоне.

Деҳқон, ки мудом тухми некӣ корад,

Бар хок сари саҷда фурў меорад.

З-он пеш ки донае бипошад бар хок,

Донад, ки аз ў чӣ ҳосиле бардорад.

Эй дида, дилам сабз зи деҳқонии туст,

Бо тухми вафо ҳусни ҷаҳонбонии туст.

Чун тухми муҳаббат ба дилам коштаӣ,

Аз ҳосили ишқи ту фаровонии туст.

Деҳқони ҷаҳонӣ, эй забон, дар даҳанам,

Ҷуз меҳру вафо накиштаӣ бо суханам.

Ҳарфе, ки ба дил чу дона резад бо сидқ,

Фардо бишавад хирмани меҳри Ватанам.

Борони баҳор оби ҳайвон нашавад,

Дар сина ҳаво нафас шавад, ҷон нашавад.

Рахшанда шавад ба хуни дил ҳар санге,

Аммо ба яъқин лаъли Бадахшон нашавад.

Аз рози ҷаҳон касе чу Ҷам огоҳ аст,

К-ў роҳшиносу раҳрави сад роҳ аст.

Даст аз талаб ў надошт дар дўзах ҳам,

Зеро ки ба дўзах аст, аммо шоҳ аст.

Аз синаи об дар ҷаҳон ҳаст шудем,

Аз қатраи ноб дар замон маст шудем.

Мо реша яқин дар оби Кавсар дорем,

Бо абр ба офтоб ҳамдаст шудем.

Хоҳӣ, ки чу офтоб рахшанда шавӣ,

Аз рўзи сияҳ наҷотбахшанда шавӣ,

Аввал ту наҷоти хеш деҳ аз нафсат,

То бар сари қутби ишқ поянда шавӣ.

Эй он, ки ба даҳр ҳамзабонӣ хоҳӣ,

Дар маслаки ишқ ёри ҷонӣ хоҳӣ,

Дар фасли хазони ёр аз ў магурез,

Аз ёр чу умри ҷовидонӣ хоҳӣ.

Султони шаб аз кини ту ғофил набувад,

Ҷуз фитна ба киштаи ту ҳосил набувад.

Хоҳӣ бишавӣ қутбнамои раҳи мо,

Бар қутби дили чу чашми оқил набувад.

пешина
аз 63
навбатӣ