Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Меҳмон БАХТӢ

ҒАЗАЛИ СУЛҲ

Ин, ки мебинӣ, манам як ғолиби майдони сулҳ,

Дар баҳои ҷони худ тоҷики саргардони сулҳ.

Субҳи содиқ медамад аз шонаи сабзи Ватан,

Дар фазои созгори чеҳраи хандони сулҳ.

Рўзгорон бо фиребаш ҳушдоре медиҳад,

Осиёи рўзии мо чархаи гардони сулҳ.

Дар сукути зулмати таърих будем, эй дареғ,

Бедаво, бемуттако дар сурати армони сулҳ.

Роҳи пирўзии мо бо мушкилӣ тай мешавад,

Мебаранд охир ба манзил халқро мардони сулҳ.

Тоҷики озодадил, уммедпарварро бубин,

Ҷонситону ҷонфишон бигрифта аз домони сулҳ.

Киштии мо аз дами тўфони дунё меравад,

Дасту бозуи қавӣ бигрифта сарфармони сулҳ.

Пас аз ин андар дифои марзи покат, эй Ватан,

Мерасад аз Оли Сомон фавҷи фарзандони сулҳ.

Теҳрон, майи соли 1997

(пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва анҷоми музокироти тоҷикон)

ҒАЗАЛИ ВАҲДАТ

Дўстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст ,

Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.

Он қадарҳо ваҳдати сарду забонӣ сохтем,

Он ҳама акнун дигар заҳре ба хони ваҳдат аст.

Мардуми Хатлону Раштонанд аз як хоки пок,

Ошноиҳояшон дар ошёни ваҳдат аст.

Дар Бадахшону Зарафшон, дар Ҳисори шодмон,

Худшиносиву худафрўзӣ тавони ваҳдат аст.

Марзи Вахшону заминҳои барўманди Хуҷанд

Хурраму сарсабз аз оби равони ваҳдат аст.

Мешавад Сурхобу Хингоб оқибат Вахши бузург,

Ин баҳамоӣ чу шаҳрўди дамони ваҳдат аст.

Тоҷик аз тоҷик афтодаст дур аз ҳамдигар,

Аз парешонии худ дар ормони ваҳдат аст.

Гар сари овози якро дигаре гирад ба меҳр,

Гардад овозе, ки ҷовидон равони ваҳдат аст.

Эй, ки месўзӣ ба уммеди фурўғи кишварат,

Дар забону дил яке будан нишони ваҳдат аст.

Ҳусну нерўи ватанро мекунад ваҳдат фузун,

Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст.

апрели соли 1992

Ғаффор МИРЗО

МУБОРАК БОШАД

Чӣ навиде! Хабари ид муборак бошад!

Ид дар домани хуршед муборак бошад!

Милки пўшида бибардошт нигоҳе ба нигоҳ,

Мижаи баста кушоид, муборак бошад.

Панҷаи оштӣ гардид ду мушти паси пушт,

Тарафайн оз бубахшид, муборак бошад.

Нони ноҳис ба муроди ҳама ҳис хоҳад шуд,

Кӣ чунин ноншиканон дид, муборак бошад!

Рухи пуркида ба авзоъи табассум баргашт,

Дили чўкида баҷо шид, муборак бошад.

Ваҳдати моддии миллат ва мусулмонии он

Ёфт сарриштаи тавҳид, муборак бошад!

Ағбаҳову дараҳои навмедӣ тай шуд,

Маслаки равшани уммед муборак бошад.

Сарвари давлати моро ба ҳалолию ҳақӣ,

Ҳунару санъати тамҳид муборак бошад.

Дўстон, ҳамватанон, ид муборак бошад,

Зафари маслиҳати ҷидд муборак бошад.

Мўъмин ҚАНОАТ

РУБОИЁТ

Озодии мо ба худ расидан будаст,

Дар марҳилае зи худ раҳидан будаст.

Озодии мо на сар ба гардун судан,

Аз тораки хештан ҷаҳидан будаст.

Кушоиши Роҳи Абрешим ҳамчу роҳи фардои тоҷикон

фархунда бод!

Аз Яхчи Поён то Зиғар ҷои касногузар буд. Мушкилоти он

ба шакли устура ба эътиқод ва боварҳои мардум

даромадааст. Даҳани Аждаҳо, Девдара, Обчак, Тиёқпарто,

Ҷон дар кафи даст, Аллоҳ Акбар, Камарбанд. Ҳамон нуқтаи

ҷуғрофии Иронвич, ки муҳаққиқон меҷустанд, ҳамин аст.

Пули Чимнот, қиссаи обу аждаҳо ва ғайра.

Ва ин роҳи васл ба сўи асл аст!

Моем ниҳода сина бар синаи санг,

Ҷўем таҷаллие зи ойинаи санг.

Мо санг шудему санги мо об нашуд,

Аз меҳри гияҳ амону аз кинаи санг!

Роҳе, ки зи Коми Аждаҳо мегузарад,

Аз он дами субҳидам даҳо мегузарад.

Зоди сафараш ниҳод дар мулки Шикай,

Аз раҳгузараш оби бақо мегузарад.

Дар Девдара парӣ надидаст касе,

Аз нахли умед бар начидаст касе,

Бо фотиҳа бигзашт аз ин ҷой ҳаме,

Бо қатра зи Обчак чакидаст касе.

Афтид асо ба обу шаҳпул нашуд,

Умру самараш ба арзи каҷкўл нашуд.

Гар роҳ набуд, мо ҳама роҳ шудем,

Аз ҳосили умри рафта маҳсул нашуд.

Аз марҳилае ба ном Аллоҳ Акбар,

Моро бирасон ба сўи чархи ахзар.

Омад ҳадасе, ки солики роҳгузар,

Аз чоҳ бурун омадӣ, аз Моҳ гузар!

Ин роҳи ҳақиқат аст, афсона куҷост,

Ҷон дар кафи дасти мост, ҷонона куҷост?

Як умр дар ин ҷода иморат кардем,

Паймон нашикастӣ, ёр, паймона куҷост?

Афсўс, зи раҳравон на по монд, на пай,

На нашъаи май баҷост, на нолаи най.

Ёрон ҳама ҷодаҳои худро бурданд,

Ку Борбаде, ки ояд аз шаҳри Нусай?

Ин Дашти Ҷам аст, ҷоми Ҷамшед биёр!

Эй мурғи саҳар, бихону хуршед биёр!

Дар Руму Араб агар надорӣ дасте,

Шо-Носири дигаре зи Ёгед биёр!

Дар кўҳи Камарбанд камар боз макун,

Дар зери самои танг парвоз макун.

Уммеди Зиғар расиданатро чи бурӣ?

Дар нимараҳӣ, раҳи нав оғоз макун!

Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст,

Меъмори наве тарҳи нав андохтааст.

Дар рўи замин чунин раҳе нест, биё,

Меъмор чу кўҳ қомат афрохтааст!

пешина
аз 63
навбатӣ