Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър

Лоиқ ШЕРАЛӢ

СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадори мо омад.

Кўю барзан пур аз гадоён буд,

Фурсати шоҳкори мо омад.

Пири Канъоно, чашми ту равшан,

Юсуфи дилфигори мо омад.

Мурдаҳо норизо зи мо буданд,

Фотиҳа бар мазори мо омад.

Чор сў буд тирборонҳо,

Яке тири барори мо омад.

Ахтари наҳс аз сари мо рафт,

Ахтари саъд ёри мо омад.

Аз сари мо хазонфишон бигзашт,

Гулфишони баҳори мо омад.

Кўҳсоро, бубахш пастии мо,

Нангу ному виқори мо омад.

Ҳоли зору низори мо бигзашт,

Вақти ҷуду нисори мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

ГАНҶИ МИЛЛАТ

Биё, бо ҳам бисозему ҷаҳонеро барафрўзем,

Биё, бо ҳам биёмезему дунёро биёмўзем.

Биё, бо ҳам биёғозем, то бе ҳам наанҷомем,

Биё, бо ҳам бинозему биё, дар сўги ҳам сўзем.

Ало, эй гулбуни танҳо, ки бехешастӣ дар саҳро,

Биё, то чеҳра бинмоем, мо ҳам оламафрўзем.

Ҳамин танҳо на симу зар бувад ганҷе, ки меҷўем,

Биё, роҳе ба дил ҷўему ганҷи миллат андўзем.

Ту дар худ дар ғами хешӣ, ман ин ҷо дар ғами хешам,

Ту он ҷо кинатўзи мову мо ҳам бо ту кинтўзем.

Ало, он ки маҳалбозӣ, дағалбозӣ, мағалбозӣ,

Биё, то пора-пора ин яханҳоро ба ҳам дўзем.

Агар мо мардумомезем, мардум низ бо моянд,

Чаро ин нукта напзирӣ, ки мо ҳамрозу ҳамрўзем?!

январи 1998

СУРУДИ ҶОВИДОНИ МО

Дилам бигрифта аз ҷанги гиребонҳои садпора,

Биё, аз як гиребон сар барорем, эй накўкора!

Намебинӣ, намесўзӣ, чаро аз ғам намегирйӣ,

Ки механдад ба ҳоли мо ҳама аҷроми сайёра?

Агар сайёра овораст, ҷурми ў ба дўши мост?

Чаро бошем аз тобут то гаҳвора овора?

Ҷаҳонро чораю тадбир омўзондаем, аммо

Чаро худ дар ҷаҳон мондем бетадбиру бечора?

Забонам то куҷо парвоз карду мо куҷо мондем?

Зи афранги ситамкора? Зи бонги шуми «Аврора»?

Хирадмон то куҷо эъҷоз карду мо куҷо мондем?

Зи нафси чанд худкома? Зи наҳси чанд патёра?

Туро мегўям, эй модар, туро мегўям, эй хоҳар,

Ки бо ман бош, то бинмоямат шаҳроҳи ангора.

Биё, то бишнавӣ аз ман суруди ҷовидони Мо:

Дари уммед бикшоям, на дарвоза, на дарсора.

Биё, дар пои он модар, ки моро зод, сар бинҳем,

Ки то сайёра гардон бод, ҷунбон бод гаҳвора!

феврали 1998

Ашўр САФАР

\* \* \*

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Дар кашмакаши рўзи фурўзону шаби тор

Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?

Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,

Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?

Бар куштани фарзанд падар низ занад теғ,

Дар байн суоле зи насаб мешуда бошад?

Дар ларза бадан аз асари таб шуда бисёр,

Нобуд чунин ларзаву таб мешуда бошад?

Аз дидаи дар гиря бувад хоб фирорӣ,

Меҳмон ба дари дида ғанаб мешуда бошад?

Кӣ кард ҷафо пешу кӣ овард бало пеш,

Бо ченаки таърих ваҷаб мешуда бошад?

Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям

Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?

Илҳоми гурезанда садо дод зи дурӣ:

Рози ту ба ин бахт сабаб мешуда бошад?

ҶОМА

(Илҳом аз оши оштии Хуҷанд)

Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,

Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?

Сар-сари дидаи ман омадаӣ!

Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,

Ба рухат акси рухи себ диҳад.

Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,

Дар бағал боғу чаман омадаӣ.

Ҷомаи тоза муборак бошад,

Ҳусни шероза муборак бошад!

Раҳи пурнур дар он метобад,

Зи раҳи нурфикан омадаӣ.

Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,

Ҷомаро дор нигоҳу мадарон.

Сари ҳар риштаву кўкаш бахт аст ,

Бахт дар бар ба Ватан омадаӣ.

Ҷомаи Сулҳ панаҳҷо бар мо,

Қимат аз сарвати дунё бар мо.

Шарафат бод, ки ҳиммат карда,

Зўр бвр ҳиллаву фан омадаӣ.

Тирамаҳ ранги баҳорон бигрифт,

Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигрифт.

Оби ҷў соф шуд аз хуноба,

Марҳами реши бадан омадаӣ.

Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,

Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?

Сар-сари дидаи ман омадаӣ!

аз 63
навбатӣ