«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
МОДАРИ ҶОНИ МАНӢ, ЭЙ ВАТАНАМ
Эй Ватан, номи ту дунёи ман аст,
Қуллаҳоят сари болои ман аст.
Хори роҳат гули раънои ман аст,
Хоки ту гавҳару тиллои ман аст.
Тоҷикистони манӣ, эй Ватанам,
Модари ҷони манӣ, эй Ватанам.
Тифли парвардаи армони туям,
Ҷонфидо дар сари паймони туям,
Ошиқи ҳусни гулафшони туям,
Андалеби чаманистони туям.
Тоҷикистони манӣ, эй Ватанам,
Модари ҷони манӣ, эй Ватанам.
Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону танам,
Намакат заҳр шавад дар баданам,
Гар сари нанги ту паймон шиканам,
Хоки ту ор кунад аз кафанам.
Тоҷикистони манӣ, эй Ватанам,
Модари ҷони манӣ, эй Ватанам.
ҶОННИСОР
Ҳар гаҳе ҷон медиҳам, баҳри Ватан ҷон медиҳам,
Номи поки Тоҷикистон дар даҳан ҷон медиҳам.
Нестам аз воизони майдабози гапфурўш,
Ҷонфидоям, бе ягон ҳарфу сухан ҷон медиҳам.
Душмане гар қасди помолии ин гулшан кунад,
Ҳамчу сарбозаш ба ҷанги танбатан ҷон медиҳам.
Мардуми ҳар гўшааш пайванд бо хуни мананд,
Бемуҳобо, баҳри ҳар як ҳамватан ҷон медиҳам.
Модари ман, ҳамсари ман, духтари ман ҷонфидост,
Ман барои нангу ору номи зан ҷон медиҳам.
Баъди маргам хокдонам дар Ватан бошад, бас аст,
Нест фарқе бо кафан ё бе кафан ҷон медиҳам.
БО ВАТАН БОШЕМ
Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем!
Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
Гирифта дасти ҳам, аз як гиребон сар бурун орем,
Ватан аз мост, мо низ аз барои ин Ватан бошем.
Чунон бояд ватанхоҳӣ, чунон бояд ватандорӣ,
Ватан аз мо ризо, мо ҳам ризои ин Ватан бошем.
Худо нокарда, гар боди хазоне мевазад сўяш,
Мададгору шифобахшу давои ин Ватан бошем.
Агар дорою нодорем, лекин мо Ватан дорем,
Фидои ин Ватан, шоҳу гадои ин Ватан бошем.
Ба ҳам пайваста қатра-қатра, дарёи дамон гардем,
Хурўшон мисли оби рўдҳои ин Ватан бошем.
Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем!
Зулфия АТОӢ
ТОҶИК НАШУД САРХАМ
Эй шеъри зи дил рафта, бар лонаи худ баргард,
Шодӣ, чи ниҳон гаштӣ? Боз ой, гурезад дард.
Эй хомаи маҳзунам, тўфони дигар ангез,
Эй рўҳи аламдида, бо лашкари ғам бистез.
Раҳгумзада анбўҳе аз кўҳу адир омад,
Кин аз пайи кин омад, тир аз пайи тир омад.
Беёд садо кардам: ин аст чу тақдирам,
Дар пои Ватан афтам, дар пои Ватан мирам!
Дар рўзи сиёҳ аз ту як лаҳза нагаштам дур.
Тар кард заминатро селобаи ашки шўр.
Дар боғу чаман аз ғам сад буф ҳамегуфт «уф»,
Бастам, Ватано, захмат бо суф, гаҳе бо зуф…
Хуншор қабоятро бо ашк бишустам пок,
Ҳам ҷисми азизонат биспурда будам бар хок…
Имрўз чаманзорат бо ҳусн рабояд чашм,
Дар кас чу намебинӣ на кину нишони хашм.
Тоҷик нашуд саргум, тоҷик нашуд сархам,
Тоҷик зи хеш афзуд, ҳаргиз нашуд аз худ кам.
Ин сулҳи гаронмоя бингар ту, аё олам,
Тоҷик бишуд соҳиб бо сабр ба Ҷоми Ҷам.
ДУШАНБЕРО ШУДАМ ПАЗМОН
Даме дур аз диёри худ Душанберо шудам пазмон,
Ба чашмам акси ёри худ Душанберо шудам пазмон.
Зиҳӣ, марзи биҳиштосо, беҳин абру беҳин дарё,
Вале алъон баҳори худ–Душанберо шудам пазмон.
Худоё, мулки бегона шавад ҳамдам маро ё на?
Диёри ғамгусори худ–Душанберо шудам пазмон.
Ба ёди оби ширинаш дили пуроташам гум зад,
Хушово чашмасори худ–Душанберо шудам пазмон.
Турунҷу норгил бинмуд, оваҳ талх комамро,
Шакарангуру нори худ–Душанберо шудам пазмон.
Бухорои навини хеш, шаҳри беҳтарини хеш,
Китоби зарнигори худ–Душанберо шудам пазмон.
Забони тўтии хушгў набошад чун забони ў,
Забони хушгувори худ–Душанберо шудам пазмон.
Миёни қасри афсона чу як гунҷишки белона
Макони хоксори худ–Душанберо шудам пазмон.
Ба чашмам Айнию Сино, ба гўшам Лоиқу Мирзо,
Суханпарвар диёри худ–Душанберо шудам пазмон.
Шукўҳи ҳайкали Сомон бубахшояд фурўғи ҷон,
Дирафши тоҷдори худ–Душанберо шудам пазмон.
Зари бегонаҳо зар не, дари бегонаҳо дар не,
Ҳисори зарнисори худ–Душанберо шудам пазмон.
Сари сабзам аз ў бошад, баҷо набзам аз ў бошад,
Суруру ифтихори худ–Душанберо шудам пазмон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё