Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАРДИ МЕҲР

Ватан мегўям аз рўзе, ки ман фаҳми сухан дорам,

Сухан мегўям аз рўзе, ки ман меҳри ватан дорам.

Вафою эътиқоду ифтихорам –қаҳрамононам,

Ба ин ҷамъияти худ гуфтугўю анҷуман дорам.

Ба дил раҳму ба ҷон сўзу ба хун нангу ба чашмон меҳр,

Тамоми хулқи ибратбахши миллат дар бадан дорам.

Гирифтам аз ниёгон дарси номуси ватандорӣ,

Насими бўи гулбоғи нав аз боғи куҳан дорам

Зи кўҳаш орзу санге барои лавҳи рўи гўр,

Зи хоки пунбапарвардаш таманно як кафан дорам.

На ғайру ошно донад, на сад мушкилкушо донад,

На дунёи даво донад, ҳамон дарде, ки ман дорам.

Зи ман монад асар боғе, намемонад нишон доғе,

Агар доғест, аз роҳи замон дар пираҳан дорам.

Муҳаммад маҳв месозад бадиро некиям охир,

Ниҳон донҳои Ҳурмуздӣ ба хоки Аҳриман дорам.

Ширин БУНЁД

ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ

Тоҷикистон, нурборон шуд дигар чашми нами ту,

Шаҳсаворе кард эҷодат зи ҳар бешу ками ту,

Дар масофи вақт гаштӣ ваҳдатистони гулафшон,

Дасти Исмоили Сонӣ кард боло парчами ту.

Парчами ту, Парчами ту парчами озодии мо,

Парчами бахту саодат парчами навшодии мо,

Парчами ту ёдгор аз тахту тоҷи ориёно,

Се ҷилои ранг-рангаш ҷилваи ободии мо.

Ранги сурхаш сурхрўи пеши аҷдоди пурармон,

Сурхрўи пеши таърих аст андар рўзгорон,

Сурх мепўшем мо дар тўйу сури халқи озод,

Ранги сурхи Парчами мо, рамзи тўйи Тоҷикистон.

Ранги сабзаш сабзии боғи муроди милати мо,

Пушти чандин қарнҳо нав бомдоди миллати мо,

Ранги сабзаш сабзии боғи муроди номуродон,

Сабзии наврўзии даврони шоди миллати мо.

Шуд сафедӣ нақш, нақши Парчами иқболи тоҷик,

Парчами иқболи тоҷик, нақши неку фоли тоҷик,

Парчами мо ифтихори мо ба ҳар давреву даврон,

Даври пирўзии тоҷик, даври истиқлоли тоҷик.

Парчами зебои тоҷик, парчами пирўзи даврон,

Парчами шаъну шарофат парчами иқболи моён,

Ҷовидон бодо парафшону гулафшон ҷовидона,

Бар сари мо парчами ту Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Мирзо ФАЙЗАЛӢ

МЕҲРПАЙВАНД

Дар ин ҷаҳон ман кистам?

Мавҷуд баҳри чистам?

Бо ҳастаму бо нестам,

Дар хоки покат зистам.

Эй Тоҷикистони азиз,

Эй модари ҷони азиз!

Шуд ҷони ман пайванди ту,

Меҳри ту шуд пайванди ман,

Ман гаштаам дилбанди ту,

Ту гаштаӣ дилбанди ман,

Эй Тоҷикистони азиз,

Эй модари ҷони азиз!

Ман зарраи хокам агар,

Як зарраи хоки туям,

Як қатраи обам агар,

Аз чашмаи поки туям.

Эй Тоҷикистони азиз,

Эй модари ҷони азиз!

Аз хоки ту сабзидаам,

Дар хоки ту дорам нишон,

Маъво гирифта ишқи ту

То ҷовидон дар мағзи ҷон.

Эй Тоҷикистони азиз,

Эй модари ҷони азиз!

Даврони Истиқлоли ту

Шуд шоҳболи бахти ман.

Эй сарзамини ҷаннатӣ,

Хоки ту бошад тахти ман.

Эй Тоҷикистони азиз,

Эй модари ҷони азиз!

МАНУ ВАТАН

Эй кишвари чу гулшан,

Бар ҷони ман чу ҷавшан,

Аз туст дида равшан,

Ман бо тую ту бо ман.

Дар рўзи шодию ғам,

Дар тўйу суру мотам,

Будем ҳарду бо ҳам,

Ман бо тую ту бо ман.

Ҳам рўзи сахт дидем,

Ҳам тахту бахт дидем,

Бар коми дил расидем,

Ман бо тую ту бо ман.

Ҳам бахти тоҷиконӣ,

Ҳам тахти тоҷиконӣ,

То ҷовидон бимонӣ,

Ман бо тую ту бо ман.

Ҳастӣ ягона гавҳар,

Сайёраро чу зевар,

Ман тифламу ту модар,

Ман бо тую ту бо ман.

Зебанда Тоҷикистон,

Мероси Оли Сомон,

Ҳастем ҳамтану ҷон,

Ман бо тую ту бо ман.

пешина
аз 63
навбатӣ