«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
СЎЗИ ДИЛ
Эй сўзи дил, ба синаи худ мефишорамат,
Эй ашк, аз ду дидаи худ мегусорамат.
Эй обу хоки поки диёри ғариби ман,
Умре сипоси нону намак мегузорамат.
Эй сарнавишти тираи таърихи зарнавишт,
Сарномае ба номи худо менигорамат.
Дар пораи харитаи зарди қаламзада,
Эй кишвари аламзада, сар мефурорамат!
Дар сарзамини сўхтаи бепаноҳи худ,
Эй сояи худо, ба худо месупорамат!
Эй вопасин дам, аз ғами сангини меҳанам
Дар рў ба рўи ойина чун мебурорамат?!
Гар бишканӣ чу соати региям, эй замон,
Ман боз зери реги равон мешуморамат…
КУНДАПАЙВАНД
Кундаам сахт ҷовидон сахт аст
Дар заминҳои сахти кӯҳистон.
Дар тани ман ҷавона мебандад
Навдаҳои дарахти кӯҳистон.
Печ-печон гирифтаам оғӯш
Осмонро чу шохаҳои сада.
То ки бошам ман аз ҳавои ватан
Сабз дар пуштаҳои бодзада.
Барқи гардун ба ҷони худ гирам,
Чун сапедори остони ватан.
Пораи оташи ҷаҳонсӯзе
То наафтад ба хонадони ватан.
Навдаҳоям хазида аз девор
Сӯи дунё чу шохи тути сафед.
Дасти хуршед мева афшонад
Аз сари шохаҳои ман ба умед.
Бо замину замон ҳазорон сол
Чун чанори бузург побандам.
Бо ҷаҳон ҳамчу бо ватан ҷовид
Қалами сабзи кундапайвандам.
Бод сероб рӯдбори ҷаҳон,
Бод эмин ҳама диёр аз сел.
Кундаам гарчи дар Бадахшон аст,
Решаам мерасад ба рӯди Нил.
ИШҚИ ВАТАН
Эй ҷони ҷони ман, ҷонам фидои ту,
Эй ишқ, эй ватан, ҷонам фидои ту.
Эй реши решагӣ, сўзи ҳамешагӣ,
Эй меҳри бесухан, ҷонам фидои ту.
Тўфони хуни ман, туғёни хуни ман,
Эй набзи зистан, ҷонам фидои ту.
Эй оташи дилам, аз обу аз гилам
Сўзон забона зан, ҷонам фидои ту.
Буду набуди ман, эй ишқ, эй ватан,
Дар ҷанги тан ба тан ҷонам фидои ту.
Хокам кунӣ агар, покам кунӣ дигар,
Бе гўру бе кафан ҷонам фидои ту!
Муҳаммад ҒОИБ
ВАСФИ ДИЁР
Қуллаҳои кўҳҳоят минбару тахти ман аст,
Санги побарҷоят осори сари сахти ман аст.
Ҳар кафи хокат зару ҳар қатраи обат гуҳар,
Панҷаи пур аз сахоят суфраи бахти ман аст.
Танг дунё баҳри ман, эй Тоҷикистон бе ту ҳаст,
Олами равшан ба чашмам торикистон бе ту ҳаст.
Гўшаи танги ватан бошад зи паҳноҳо кушод,
Хонаи пасташ баланд аст аз ҳама қасри мурод.
Маскани осудагию зиндагӣ бошӣ ватан,
Нест аз он дилфаротар ҷо бароям умрбод.
Танг дунё баҳри ман, эй Тоҷикистон бе ту ҳаст,
Олами равшан ба чашмам торикистон бе ту ҳаст.
Ташнагиям нашканад аз оби дарёи дигар,
Дони армонам намесабзад ба саҳрои дигар.
Роҳатам дар ҷои дигар сахттар аз заҳмат аст,
Зиндагӣ аз баҳри ман марг аст дар ҷои дигар.
Танг дунё баҳри ман, эй Тоҷикистон бе ту ҳаст,
Олами равшан ба чашмам торикистон бе ту ҳаст.
ХУДШИНОС
То бубинӣ некҳоро нектар,
Роҳҳоро то кунӣ наздиктар,
Сўҳбатат аз худшиносӣ сар шавад,
То шавад ҳар тоҷике тоҷиктар.
Фикри фардои дурахшон мекунӣ,
Ифтихор аз Тоҷикистон мекунӣ.
Мум кардӣ бо навозиш сангро,
Пеш бигрифтӣ раҳи фарҳангро.
Рўҳи Сомонӣ бигўяд гўиё:
Ҳифз кун мўҳру ливои нангро.
Фикри фардои дурахшон мекунӣ,
Ифтихор аз Тоҷикистон мекунӣ.
Роҳу пул бунёд кардӣ, шод бош,
Шаҳру деҳ обод кардӣ, шод бош.
Хотири халқи азизи хешро
Баъди ғамҳо шод кардӣ, шод бош.
Фикри фардои дурахшон мекунӣ,
Ифтихор аз Тоҷикистон мекунӣ.
Аз ту мо меҳри диёр омўхтем,
Дарсҳои ифтихор омўхтем.
Ошно кардӣ ба Қуръони Карим,
Ояти Парвардигор омўхтем.
Фикри фардои дурахшон мекунӣ,
Ифтихор аз Тоҷикистон мекунӣ.
ИФТИХОР
Дорад ин тифл аробаи кўҳна,
Чўбу чархаш дурушту пур аз занг.
Мехаш аз чўб агар бурун гардад,
Ҷо ба ҷояш кунад ба зарби санг.
Гоҳ вайрон аробааш, гаҳ соз,
Дар раҳу пушти борааш бинам.
Дар фарозӣ аробааш дар пушт,
Дар нишебӣ саворааш бинам.
Байни ҳамсолҳои гандумранг
Зардрў ҳаст агарчӣ мисли ҷав,
Заррае хешро намедонад
Камтар аз ҳар аробадори нав.
Гарчӣ бошад аробааш куҳна,
Гарчӣ ў куҳнапираҳан дорад,
Лек дорад аробааш парчам,
Нест нодор, ў ватан дорад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё