«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ВАТАН ДАР ҶОН
Ватан–ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан–ноне, ки дар хони ману туст.
Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.
Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрўзи шабистони ману туст.
Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан ҷонона ҷонони ману туст.
Ватан пайваста пайки родмардист,
Ба по истода паймони ману туст.
Ватан он моми пир, он тифли маъсум,
Ватан дар рўи дастони ману туст.
Дили ў дар дили мо мезанад дил,
Ватан дар хуни шарёни ману туст.
Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст…
ДАР БАҲОИ ҶОН
Он чист, ки марзи шаъну шон аст?—Ватан!
Имону амони мо дар он аст? –Ватан!
Он чист, ки бе вай ҳама чизи олам
Бе ҳусну таровату равон аст?—Ватан!
Он чист ба ҳаҷр зинда дорад ёдаш,
Чун шаҳд ҳамеша дар забон аст?--Ватан!
Аз подшаҳӣ ба мулки ғурбат болост,
Хокаш зи ҳама ганҷ гарон аст?—Ватан!
Он чист, ки маънои тамоми ҳастӣ,
Дар маънии поки он ниҳон аст?—Ватан!
Сарбайти суруди безаволи ҳастист,
Сарманшаи ишқи ҷовидон аст?—Ватан!
Ҳам қимату ҳам ҳиммату ҳам ҳикмати ту
Дар ваҳдати ҷони ў ниҳон аст?—Ватан!
Он чист, ба ҳеҷ қимате нафрўшанд,
Он чист, ки дар баҳои ҷон аст?—Ватан!
Абдулҳамид САМАД
ВАТАНИ ХЕШ ЧАРОҒОН БИКУНЕМ
Тоҷико, парчами ҳиммат бардор,
Рўзи нанг омаду худ дур мадор.
Ончунон ёри ватандор шавем,
Меҳан обод шавад, душман хор.
Тоҷико, давраи паймон бирасид,
Ҳар чӣ бо дидаи дил бояд дид.
Соз Роғун, бираҳ аз мўҳтоҷӣ,
Бори миннат натавон боз кашид.
Тоҷико, ганҷ ба мо дод Худо,
Кўҳсорони баланду дарё.
Вақти он шуд, ки ба каф ганҷ орем,
Ҳам зи кўҳсору зи дарёш сахо.
Тоҷико, даст ба ҳам бояд дод,
Зўри сарпанҷа шавад чун фўлод.
Кўҳ талқон шаваду дарё банд,
Нури Роғун бикунад дилҳо шод.
Тоҷико, панди падар гўш бидор,
Пеши бадхоҳ макун худро хор.
Он чи дорӣ, ту ба Роғун бахшой,
То намонӣ таҳи шарму таҳи ор!
Тоҷико, аҳди худ аз ҷон бикунем,
Ҷоннисорӣ сари паймон бикунем.
Сардию тирагӣ аз байн барем,
Ватани хеш чароғон бикунем.
Раҳмат НАЗРӢ
МЕҲАНИ ДИЛ
Эй Тоҷикистони дилам,
Уммеду армони дилам.
Эй зодгоҳи офтоб,
Гардуни гардони дилам!
Эй сарзамини меҳри ман,
Дар синаам дил мезанӣ.
Дар чашм оби чашмаат
Гирам ба сони рўшанӣ.
Эй лолазори озарин
Дар домани боди вазон,
Аз набзи сабзи хоки ту
Ҷўям баҳори бехазон.
Дорад ба сангистони ту
Андешаи сангин замон.
Ҳангом дар ҳангом бош
Ҳангомаи рангинкамон!
Болотар аз ҳафт осмон,
Эй меҳани волои ман!
Ҷуз ту дар ин дунёи дун
Набвад ягон колои ман.
Як кўҳ андўҳи туро
Охир ба Роҳи Каҳкашон
Аз кўҳсорат мебарам
Сўи ҷаҳони бенишон!..
ХОКИСТАРИ СЎЗОН
Хоки хокистарии меҳани ман
Таҳ ба таҳ, лахча-лахча месўзад.
Пушта дар пушта аз табу тобаш
Барфу борону яхча месўзад.
Оҳ, аз оҳи бод дар гирад
Дар ниҳон оташи нуҳуфтаи ў.
Бўи андўҳи ҷовидон дорад
Дар ҷаҳон оташи шукуфтаи ў.
Дар ҳавои даф, аз навои най,
Рў ба рўи ғами фурўзонаш,
Мардуми побараҳна мерақсад
Сар-сари лахчаҳои сўзонаш…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё