Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Пашшаи роҳ, Фазилат-апа, Назирҷон меояд.

— Рўз ҳам гашт кард. Вақти омаданаш шуд. Писаракам дар офтоби сўзон гушнаю ташна гашта-гашта, сип-сиёҳ шудааст. Ними гўшти баданаш намондааст. Ман ҳайрон, Тўтиҷон, бе ҳамон замини нави беоб ҳамин қадар сол рўзамо пошшо барин гузашт-ку?

— Маҷбур мекардагиянд-дия?

— Не, Тўтиҷон, маҷбурӣ набудааст. Дина писари Аминбой ҳаст-ку, номаш чӣ буд?

— Алиқул!

— Худи худаш. Ҳамон қати Назирҷон гўед «додархонд». Ҳамин қадар сол боз якҷоя шисту хез мекарданд. Як бурда нона бе ҳамдигар намехўрданд. Алиқул партофта омадааст. Шунидаму дилам ба сад кўча рафт. Гуфта намешавад. Боз бо Назирҷон гапаш нагурехта бошад, чиба меомадааст, -гўён рафта дидам. Вай мегўяд, ки аз ҳар куҷо мо барин ҷавонҳо рафтагӣ. Ягон кас омада ту чӣ хел одамӣ гуфта намепурсад. — Назирҷонро ҳам гирифта наомадӣ-гўям. — Вай қаҳрамон шуданӣ, гуфт. Рости гап дигар забонам нагашт, ки пурсам. Аз гапҳои вай фаҳмидам, ки маҷбурӣ набудааст.

— Маҷбурӣ набошад, гапи худатон маъқул. Намонед, дар ҳамин ҷо ҳам кор кунам гўяд, пур-пури кор. Ҳалоли ҷонатон бод. Баъди ҷанг ману шумо бист солӣ роҳи мардакамоя поидем. Ҳамин як лахт гўшт гуфта, умрамонро гузаронидем. Имрўз роҳаташонро набинем, кай мебинем. Худоба шукр, Шокирҷони ман гапдаро баромад. Кори савдоя ёд гирифт. Чашмаш пухта шуда монд. Мана, худаш-худашро хонадор кард, писарчаша тўй кард. Ҳоло ҳам аз хати кашидаи ман берун намебарояд.

Ин суханҳои ҳамсоязан ба Фазилат-апа таъна барин расид.

— Назирҷон худаш не гуфта истодааст, набошад вай ҳам хонадору бачадор мешуд, -гуфта монд. — Назирҷон ҳам қариб ба сӣ даромад-а? -пурсид Тўтӣ-хола.

— Ҳамин сол ба бисту ҳашт медарояд. Солаш аспдия.

— Имсол чӣ?

— Аз асп то асп як мучал, боз як мучал. Сонӣ гўсфанд, маймун, мурғ, вафодор...

— Ҳа, бисту ҳафти бисту ҳашт даро будааст.

— Набошад гап ҳамин. Ба гапи вай гўш карда нагардед. Шунидагим рост бошад, духтари одами дуруст. Авлодаш пок.

— Шумо чӣ шунидед?

— Ба духтари Яҳёҷон одам мондед-ку?

— Кӣ гуфт, ҳамсоя?

— Одамҳо-дия! Дина дар тўйхона гап шуд. Баъзеҳо аз ман пурсиданд, «хабар надорам» гуфтам. Ҳамсоя нафаҳмад, кӣ мефаҳмад. Ё омаду рафт надоред?!

— Аз ҷангӣ худо нигаҳ дорад, -ҷавоб додам.

— Не, Тўтиҷон, ин гапҳо дурўғ. Ҳамагӣ як маротиба ба холааш даҳон кушодаму ба бало мондам. Фаҳмам пои духтар сабук. Дасту диламро шустам. Холааш чанд бор:

— Фазилат –апа як гапро мегўеду ҷим шуда меравед. Розӣ кунондани хоҳарам тани ман, -гуфта бошад ҳам, ба ростӣ поям накашид.

— Рост мегўед, апа, ба ману шумо келин бошад, ки ҳурмату эҳтиром кунад, аз дасташ як пиёла чой хурем, қувват дод Тўтӣхола.

— Албатта мешавад. Сар бошад, тоқӣ ёфт мешавад. Кия тоқ офаридааст, ки Назирҷон монад.

— Фазилат-апа, духтари ҳамсояамон Турдибой чӣ?

— Назокат!

— Ҳа!

— Нағз-куя, медода бошад?

— Надода чӣ кор мекунад. Агар «ҳа» гўед ман рамузи падару модарашро гирам. — Кошкӣ. Ҳамсояҳо боз чанд вақти дигар гапзанонгапзанон чок дўхтанд. Медонед-ку ду зан як ҷо шавад, дар дунё гап намемонад. Якеро сифат карда, ба осмони ҳафтум мебароранд, дигареро ба замин мезананд. Ҳато мегўянд, ки ду зан пагоҳӣ говашонро ба пода бурда ҷоғашон чунон тафсида рафтааст, ки рўз бегоҳ шуда, пода баргашта омаданашро надониста монда яке аз онҳо:

— И-и, -гуфтааст, — ин подачӣ чӣ хелин, ду даҳан гап назада аллакай говҳоро хай карда овард.

— Ман равам, офтоб гашт кард, -гуфт Тўтӣ-хола чокашро ҷамъ карда.

— Меравед-дия. Ба гап шуда, чои дуруст ҳам нахўрдед. Омада истед Тўтиҷон.

— Шумо ҳам гузаред, охир, апа.Дур не-ку.

— Мегузарам, Тўтиҷон, мегузарам.

Дари кўча тараққос зада кушода шуд. Касе аз дарвозахона гурс-гурс қадам зада гузашт. Шарфаи пойро Фазилат-апаи дар хона нишаста шинохта ба пешвозаш баромад.

— Салом модарҷон!

— Салом писарам. — Фазилат-апа аз ду рўи нури дидааш бўсид. Сипас боз як бори дигар ба афту андоми Назирҷон назар дўхт.

— Вай-вай, модари зорат садқа, ин қадар сип-сиёҳ шудӣ? Корат сахтӣ кард чӣ? Худатро якбора гиронда мондӣ-ю? Ё тобат нащуд?

— Не, модарҷон, ман нағз. Мумкин ба назари шумо ҳамин тавр намоям. Ба ман гап не, худатон чӣ тавр?

— Шукр, бачем, нағз.

Модару писар ба айвон, аз болои палоси чанд соат пеш барои ҳамсоязан партофта гузаштанд. Назирҷон ба лаби кўрпача нишаста мўзаи хироми идпўшакашро кашид.

— Либосатро ҳам каш, ман об резам, дасту рўятро шўю куртаи тозаатро пўш, писарам.

Сўҳбати онҳо то бевақтии шаб давом кард. Фазилат-апа ба дили писараш чанг андохта, фаҳмиданӣ мешуд, ки чаро ў якраҳагӣ мекунад. — Назирҷон, писарам, ту медонӣ, ки дили ҳамаи модарон як аст. Мехоҳанд фарзандонашон бобарор бошанд, якашон ду шавад. Мана ҷўраҳои ту ҳамаашон хонадор шуданд. Ба Алиқул ҳам духтари амакашро номзад карданд. Хаёл карда бароям як ту мондӣ. Сонӣ, худат медонӣ, писарам, мардуми деҳаро. Онҳо ором намегарданд. Найрангбоз бисёр шудагӣ. Як писарро хонадор карда наметавонад. Барои пул шуда писараш хок хўрда гаштааст, гуфтанашон мумкин.

Назирҷон мақсади модарро фаҳмида:

— Мешавад, модарҷон, мешавад. Ғам нахуред, худатон медонед, ки ҳар кор вақту соат дорад. Вақташ расад, дигар хоҷат ба ин гапҳо намемонад.

— Вақту соат гўяму ман поямро дароз карда шинам, ту хомўш гардӣ, аз куҷо мешавад. Худо ҳам «аз ту ҳаракат, аз ман баракат» гуфтагӣ. Ягон кас духтари партов надорад, ки «ма, инро гир» гўён бароварда диҳад.

— Албатта, шумо ҳақ. Лекин, охир, ҳоло корҳо яктарафа нашудааст. Як-ду соли дигар.

— Чӣ !? Як-ду соли дигар!? Вай ман мурам! Имшаб то пагоҳ кӣ хаст, кӣ нест намегўяду боз ду соли дигар будааст. Ба одам бовар карда намешавад. Маро баста мондагиш не. Аз раҳпоӣ кўки чашмам канда шуд. Ними ҷигарам мондагиаш не. Ҳамин қадар сол роҳи додоятро поидам бас набуд, ки боз ту шудӣ? Гап ҳамин: Ё маро мегўӣ ё ба ҳамон дашт рафта кор карда мегардӣ?

— Майлаш модарҷон, ман ба гапи шумо розӣ. Лекин пеш аз ин як чизро пурсиданӣ.

— Рози бошӣ шуд, гапат бошад, пурсидан гир.

Назирҷон барои он ки дили модарро ба даст гирад ба таъриф даромад. Шумо, модарҷон, одами хурд не. Ба ҳар кор ақлатон медавад. Канӣ, худатон гўед, ки ягон корро буд накарда, партофта меравед? Масалан, чанд маротиба шумо то бевақтии шаб нишаста чок медўхтед. Ман «хезед, хоб кунед» гўям, «ҳозир бачем, ҳозир, як гули дигараш ё як лолаи дигараш монд» мегуфтед. — Кори ман қати азони туя фарқаш ҳаст, писарам. Баъд дуриашро намегўӣ. Майлаш, ба ҳамин ҷо омада кор кунӣ, ман розӣ.

— Сонӣ, модарҷон, -Назирҷон суханашро давом дод. — Шумо, масалан то табъатон ягон хўрокро набардорад, намехўред.

— Албатта не, -тасдиқ кард модар.

— Модоме, ки ҳамин тавр аст, ба хоҳиши ман ҳам нигоҳ кунед-дия. Ман ба хотири шири сафед, шабҳои бехобиатон ҳар чӣ гўед, розӣ. Кадом духтарро номзад кунед, чизе намегўям, аммо... Хоҳед, ки фарзандатон хушбахт бошад, камакак бардошт кунед. «Дер ояду шер ояд».

— Ин гапҳоро шунавида мўйсари Фазилат-апа рост-рост хест. Дилаш тез-тез ба задан даромад. Қариб буд торс кафад. Ў мехост, бо тамоми овозаш дод гўяд, алами дилашро холӣ карда, гапашро гуфта гирад. Гўяд, ки «дина кўдак будӣ, нонро нанаю ошро аша» мегуфтӣ. Имрўз калон шуда ба ман гап ёд медиҳӣ, насиҳат мекунӣ. Сазои сари касе, ки як нафар фарзанд гуфта умри ҷавониашро гузаронад». Вале нагуфт. Ў барои хотири писараш ин дафъа ҳам қулт хўрд.

— Гуфтаҳои ман маъқул набошад, ихтиёрат писарам. Ҳозир замона ҳамин тавр шуда монд. Ҳар кас аз медонистагиаш намонад. Худо танатро сиҳату умратро дароз кунад, шуд. Дуои шабу рўз мекардагии ман ҳамин.

— Раҳмат, модарҷон. Ҳаракат мекунам дар куҷое набошад, сазовори бовариатон кор кунам оташи ишқ

Назирҷон дар ҳақиқат ҷавони вазнин буд. Ў сазовори боварии директор, намояндаи омўзишгоҳ рафтор менамуд. Ҳар гапашро пеш аз гуфтан фикр мекард, ба тарозуи ақл бармекашид. Ба ҳар кор ба шогирдаш дасти ёрӣ дароз менамуд. Шўхии беҷо намекард.

Аммо муҳаббат кори худро кард. Барои Ситора бошад, на танҳо қадду басти зебои ин ҷавон, кордонии ў, балки рафтору кирдораш бас буд, ки якбора дил бандад. «Кирои шавҳар кардан, одам ба ҳамин хел ҷавон ихтиёр кунад, армонаш намемонад» мегуфт худ ба худ. Аммо баъзе рафторҳои Назирҷонро дида «ман куҷою вай куҷо. Агар ҳамин тавр намебуд, кадом рўз дасташ ба дастам нарасида, худашро мисли шахси барқзада дур намегирифт. Қавоқ андохт. Сонӣ, кӣ медонад? Мумкин ў оила дорад ё ягон нафар шахси руст карда мондааш ҳаст?» гуфта аз дил гузаронд ў.

Ҳамин тавр оташи ишқ ниҳонӣ, мисли боде, ки номаълумакак ба тани бараҳнаи арақкардаи кас таъсир мекунад, ба рагу паи ин ду ҷавон реша давонд.

Таҷрибаомўзии Ситора ба охир мерасид. Аммо ду ҷавон наметавонистанд як гапи дар дил доштаашонро аз ҳамдигар пурсанд. Назирҷон, гарчанде чанд лаҳзаи қулай шуда бошад ҳам, худдорӣ намуд. Ба Ситора бошад, шарму ҳаёи духтарона халал мерасонд. «Боз ин ҷавон нагўяд: ин чи хел духтар? Шарм надошта, ҳар гапро пурсида истодааст?»

Назирҷон пагоҳӣ бо табъи хуш ба кор сар карда хеле замин ҳамвор намуд. Дид, ки оинаи пеши чашмаш хира гаштааст. Тракторашро дошт. Латтаеро печонда, тўбча карда аз ҷояш хеста аз кабина берун баромад. Як пояшро ба тасмачарх монда, бо як дасташ дастаки дарро дошта, оинаро пок кардан гирифт. Дар ҳамин вақт Ситора ҳам расида омад. Ў механизмашро дошт. Шамол чангу гардро якбора ба даруни кабина зад. Ситора гунҷишквор худро ба замин ҳаво дод. Аз оғози кори имрўза кам вақт гузашта бошад ҳам, аъзои бадани Ситораро чангу гард зер карда буд.

— Ин қадар тоза мекунед, боз чанг мешавад. Ба хаёлам дар дунё аз ҳамин ҷонвари безабон дида дигар ягон чизро ин қадар нағз набинед даркор?

Назирҷон сарашро ба қафо, сўи Ситора гардонда дастонашро як-ду бор ихтиёрӣ ба як ҷой бурда овард.

— Дар масъалаи нағз дидан нағз мебинам, лекин танҳо як тракторро не.

— Ҳа, боз чиро будааст? Канӣ фаҳмем? — Чиро не, киро гўед, Ситорахон! — Хайр, киро?

— Модарамро.

— Ҳа, ҳа-ҳа! — Ситора якбора хандида фиристод.

— Шумо Назирҷон-ако аҷоиб. Кӣ модарашро дўст намедорад? Ман хаёлам ягон каси дигар масалан, хонангиатонро нағз мебинед.

— Дар хона ғайр аз модарам дигар ҳеҷ касе нест

— Наход!? Ҳамин қадар дурўғ мегўед, ки худи рост барин.

— Дурўғ не, бовар кунед. Дар хона не, дар дашт кӣ доред, гуфта пурсед, ҷавоб медодам.

— Дар дашт? Кадом дашт?

— Дашт-дия, фарз кардем дашти Чашма.

— Навигарӣ-ку. Вай кӣ будааст?

— Кӣ мешуд, шумо!

Ситора боз қоҳ-қоҳ зада хандид.

— Ман?! Шумо, Назирҷон-ако, аҷоиб-дия! Аз маро нағз дидан чӣ фоида? Баъди ду –се рўз таҷрибаомўзӣ ба охир мерасад. Баъд ба назди шумо дигарҳо меоянд. Онҳоро дида маро фаромўш мекунед. Нав, ки омад ба бозор, кўҳна шавад дилозор.

— Ман шуморо ҳаргиз фаромўш намекунам.

— Рост!?

— Рост Ситора, рост. — Назирҷон худро ба замин ҳаво дода, ба Ситора наздик омад. Вале шарм карда боз қафо гашт. — Шумо фаромўш накунед, шуд. Сонӣ дили падару модарро ёфтан даркор...

Рўи гандумгуни Ситора сурх шуд. Ў бо нўги мўзааш қулўхеро як-то зада, пош доду сипас:

— Ман як модар дорам халос. Он кас то ҳол ба ягон корам монеъ нашудаанд. Ба кори нек, албатта, масалан, ба омўзишгоҳ мехонам гуфтам: — Майлаш, хону ёд гир. Заминҳои гирду атроф пахта мешудааст. То миёнатро дуқат карда пахта чидан мошин бехтар-дия, гўён розӣ шуданд. Аммо насиҳати ман ҳамин, ки дар ҳар куҷо вазнин шав. Ситора давоми насиҳати модарашро нагуфта ба хаёл фурў рафт. «Ҷавонҳои ин замонаро медонӣ, найрангашон бисёр, духтарам. Худатро эҳтиёт кун. Майлаш, мувофиқи табъи дилат бошад, фарзанди одами нек бошад, насиҳати падару модарашро гирифта бошад, ман розӣ. Бабахт шаветон. Ин гуфтаҳои модарашро пеши назар овард.

— Ҳа, хаёл карда мондед?

Пурсиши устодаш Ситораро ба худ овард.

— Не, ҳамин тавр. — Ситора дигар чизе нагуфта пой молида-пой молида сўи трактораш рафт.

Назирҷон чӣ тавр рўз бегоҳ шуд, надониста монд. Аз хурсандӣ болу пар бароварда буд. Трактораш ҳам. Ҳар ду гўё парвоз мекарданд. Аз паси ў Ситора меомад. Ў аз устодаш қафо мондан намехост. Назирҷон ҳар замон-ҳар замон ба қафояш нигоҳ карда, сўи Ситора табассум менамуд. Ситора низ бо табассум ҷавоб медод. Замин, модари синабирёнам! Оё маънои он нигоҳҳо ба ту маълум буданд? — Чӣ гуфтӣ? Бале, маълум. — Медонам, ҳам ту, ҳам ду нафар ошиқ, ҳам боди ҳур-ҳур вазида истода, ҳам паррандае, ки ҷув-ҷувкунон аз пасу пеш ва гирду атрофи трактор парида мегузашт, маънои ин нигоҳҳоро мефаҳмиданд.

пешина
аз 29
навбатӣ