Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ў ба кабина даромада чароғи тракторашро даргиронд. Хомўшии дашти беканорро ин саҳар ғурроси гўшкаркунандаи механизми танҳои Назирҷон вайрон намуд. Бале, танҳоии пагоҳии рўзи аввал мушкил буд. Дигар саҳариҳо онҳо ду нафар буданд. Баробар аз хоб мехестанд. Баробар сари рул менишастанд. Рости гап кору зиндагиашон шавқовар буд. Шабҳо бошад, сўҳбати ду ҷавони муҷаррад аз ҳар боб мерафт. Ҷавонӣдия. Чанд нафар духтари деҳаашонро ном гирифта, ба хотир меоварданд. Рафтору кирдорашонро таҳлил менамуданд. Ҳар яке ба худ ҳамсари ояндаашонро интихоб мекард. Чунин муҳокимаронӣ ба онҳо гўё як кайфияте мебахшид. Баъзан мешуд, ки Алиқул кафи дасташро ба ҳам зада, аз каташ гунҷишквор ҷаста:

— Биё, мон, Назирҷон, ҳамин гапҳои хушку холиро. Одам, беҳуда? бесаранҷом мешавад. Ту беҳтараш мегуфтӣ, ки кай ҳамон рўз мешавад. Мо кай мисли ҷўраҳоямон сарамонро дуто мекунем.

— Ғам нахур, Алиқул, вақту соат, ки расид, об ба лаби ҷўй баробар мешавад.

— Бузак-бузак намур, ки баҳор мешавад, гўй. О, ҳамон вақту соати ту мегуфтагӣ кай мерасад. Мурдемку аз интизорӣ. Ё ришамонро сафед карда, баъд ба духтаркобӣ медароем.

— Не-я, Алиқул. Ҳоло мо ба чанд даромадем, кӣ? Модарам нақл мекарданд: пештар одамҳо ба сию панҷчил даромада зан мегирифтанд. Боз соҳиби ҳашт-даҳ нафар фарзанд мешуданд.

— Медонам, Назирҷон, ту нагўӣ ҳам медонам. Лекин як фикр кун. Он вақт чӣ хел замон буду ҳозир чӣ хел.

— Дуруст-куя.

— Ҳа, акнун ба худат омадӣ. Назирҷон. Ҳозир серӣ, пурӣ. Ба одамҳо хушомад зада ош мехўронӣ. Даҳ бор хабар мекунию базўр ба тўят меоянд. — Ин фикрат дуруст, -тасдиқ кард Назирҷон.

Ҳамин тавр, шабҳоро баъзан бо баҳсу мунозира, баъзан бо сурудхонию саргузаштгўӣ рўз мекарданд. Ин саҳарӣ чӣ? Табъи Назирҷон сўхтагӣ.

— То тракторчиҳои дигар аз хоб хестан хеле шудгор кардан мумкин. Кори саҳарӣ баракат дорад, мегўянд, -аз дил гузаронд ў, механизмашро ба ҳаракат дароварда.

Замин, модари ман. Ёд дорӣ он саҳариро. Дар оғўшат ҷавоне бо киштии оҳанини худ гўё сайру гашт дошт. Фарқ танҳо дар ҳамин буд, ки агар киштӣ обро ба ду бўлак ҷудо созад, трактор рўи туро метарошид. Шояд ту аз ин азият мекашидӣ? Не-я, ман чиҳо гуфта истодам.

Баракс ин бароят азоб не, меҳрубонӣ буд. Фарзандат-инсон имрўз ё фардо туро бо об сер карданӣ. Ту ҳам ба монанди шахсе, ки дар рўзи тобистон аз роҳи дур тасфида омада сатили обро ба сараш мебардорад, то шикастани ташнагӣ об хоҳӣ хўрд. Шукр мекунӣ ки фарзандат умри дубора ато мекунад. Бале, замин, модари дуюми ман, он рўз наздик аст. Нури дидаат, Назирҷон, хирман-хирман ҳосилатро дида азобҳои ин саҳариро фаромўш хоҳад кард.

Трактор чанд маротиба болою поён рафта омад. Шамоли аз тарафи чап вазида истода ҳангоми гаштани вай чангу гард, хокро ба кабина, ба даҳону бинӣ ва чашми Назирҷон мезад. Пеши чароғи тракторро мисли тумани ғафс гирифта дидани роҳро мушкил менамуд.

Инак, рўз ҳам шуд. Офтоби ҷаҳоноро оҳиста-оҳиста сар бардошт. Нури вай аввал ба қуллаҳо, сонӣ ба ёнаю водиҳо паҳн гардид. Ҳамин вақт аз дур мошине намудор гардид.Вай гарду чанги роҳро ба ҳаво бардошта меомад.

— Маълум мешавад, ки хеле барвақт ба кор сар карданд. Аз дусар чой ҳам нанўшиданд, аз дил гузаронд Ситора. Аввал аз оби шабмондаи сатил чойҷўшро пур карда, ба оташдони дар замин канда шуда гузошт. Алов дар гиронда, баъд ба кўрпағундорӣ машғул шуд. Чайларо рўфт. Назирҷон ҳар замон рафтори Ситораро мушоҳида менамуд. Ситора баъди он ки корҳояшро саранҷом кард, заминҳои шудгорро гузашта, назди трактор рафту дасташро карнай карда:

— Ако Назирҷон, о ако Назирҷон, — гўён фарёд намуд. — Чой тайёр, фароед!

Назирҷон сарашро аз кабина бароварда «ҳозир, ман гардонам», гўён ҷавоб дод.

Боварӣ

Назирҷон болои палос не, балки «салқинтар» гўён рўи замин нишаст. Аз як бари дастурхон гирифта, онро ба худаш наздиктар кашид. Дар рўи вай қаламаи гарм, ду нон меистод. Ҳамин вақт Ситора ҳам чойникро оварда назди Назирҷон гузошт.

— Раҳмат. — Назирҷон ба чойнўшӣ даромад. Хомўшӣ чанд дақиқа давом кард. Хомўширо ҳар замон -ҳар замон ҳўртаскунон чой дамкашии Назирҷон ва тартаркунон овоз баровардани тракторҳои дар дуру наздик кор карда истода вайрон мекарданд.

— Имшаб нағз хоб рафтед-мӣ?

— Нағз, раҳмат, -ҷавоб дод Ситора. — Шумо чӣ? — Ман? Маро напурсед. Як шаби танҳоӣ сол барин гузашт. Алиқул кори нағз накард. Ҷудоӣ аз дўст мисли модари аз фарзанд ҷудо гашта будааст.

— Ҳа, дарвоқеъ, чаро он кас рафтанд?

— Сабабашро ба ман нагуфт. «Монда шудам» мегўяд. Сонӣ худатон медонед-ку ҷавонӣ гузашта равад...

Ситора чизеро пай бурдагӣ барин лаҳми тарбуз

гашт.

— Ин тавр бошад чаро шумо нарафтед?

— Аҳди ман дигар. — Назирҷон оҳи сабуке кашиду қулти охирини чойи пиёларо дам кашид. — Ин ҷойҳоро ба гулистон табдил дода, аз ҳамин ҷо гул чиданӣ. Агар ба ниятам расам, муқимӣ мешавам. Ҳоло ки танҳоям, куҷо шаб шаваду куҷо рўз.

— Чой марҳамат, — Назирҷон пиёларо дароз кард.

— Не, раҳмат, шумо баҳузур хўрдан гиред. Ман аз хона... — Ин тавр бошад, хестем, -гўён Назирҷон чои пиёларо аз нав ба чойник гардонд. Агар идора карда тавонед, ягон соат худатон меронед. Ман хеле шалпар шудам.

Назирҷон пеш-пеш, аз паси ў Ситора сўи трактор равон шуданд.

— Гап ҳамин Ситора, агар дар ҳақиқат ронда тавонед, трактори Алиқул азони шумо мешавад. Ҳардуяш як хел тамға.

— Канӣ, бинем-чӣ? Шояд сазовори бовариатон гардам.

Назирҷон бандакро ба комаи маховики двигатели ёрирасон печонда, сахт кашид. Садои гўшкаркунандаи трактор саросари дашт паҳн гардид. Баъд ў дастқапакро дошта, пояшро ба пўлодтасма гузошту худро даруни кабина гирифт. Ситораро ҳам ишорат кард, ки нишинад.

— Баҳузур нишаста диққат кунед, -огоҳ кард ў. — Ҳар чӣ, ки нишон додам, аз хотир набароред.

Назирҷон ин ҷумларо бо овози баланд-баланд мегуфт. Одатан ин тавр гап задан ба тракторчиҳо, махсусан дар вақти кори механизмашон хос аст. Назирҷон пойро ба педал монда ба Ситора:

— Инро педал мегўянд, фаҳмидед?! Инашро муфт, ин бошад, фашанги ноқилқуттӣ! Фашангро, ки ба якуму дуюм задед, роҳ мегардад, -гўён боз чанд ҷои тракторро нишон дод.

— Белро бошад, ба воситаи ана ҳамин мебардореду мепартоед, -гўён фашанги системаи гидравликиро нишон дод.

Ситора гарчанде дар омўзишгоҳ борҳо ба трактор нишаста, устодонаш борҳо ин чизҳоро гуфта бошанд ҳам, худро чунин вонамуд мекард, чунон бо диққат гўш мекард, ки гўё бори нахуст мешунавида бошад.

— Ана акнун, -гуфт боз бо овози баланд Назирҷон, тракторро дошта шумо ба ҷои ман гузаред. Канӣ бинем, дасту поятон мечаспад ё не?

Ситора гузашта нишасту боз интизори фармон шуд. — Поятонро ба ин гузоред. — Ҳамин лаҳза пои Ситора ба пои устодаш расид.

— Бо дасти ростатон инро ба пеш, сонӣ ба қафо мезанед.

Дастони шахшўли ў ба дастони гарму барра барин мулоим расиду ба баданаш гўё барқ таъсир намуд. Хулоса, кадом қисмеро нишон надиҳад, албатта ягон ҷояш ё китф, ё оринҷ ва ё дасташ мерасид. Ситора аз ин парвое надошт. «Хайр, даст ба даст расад-чӣ? Касб ёд гирам шуд-дия!?» Ситора аввал тарсида-тарсида, баъди он ки дусе маротиба болою поён рафта омад, далертар трактор меронд. Назирҷон дид, ки дигар шогирдаш ба ёрӣ мўҳтоҷ нест:

— Доред, ман фароям! Натарсида ҳамин тавр ҳай кардан гиред, -гуфта худро аз кабина ба рўи замин ҳаво дод. Ў бори дигар сўи Ситора нигариста «муваффақият» гўён даст бардошт.

— Ҷавони аҷоиб, -аз дил гузаронд Ситора, -ман таркторчиҳо одамони дағал, шартакигўй гумон карда будам. Дурўғ будааст. Ин кас ин қадар ҳалим, шармгин, меҳрубон. Ё дар таги коса нимкоса бошад. Фарз кардем ҳамин тавр, чӣ шудааст? Расам, ба ҳамин хел ҷавон мерасам-дия? Ситора якбора ба худ омада «пиққос зада» хандид.

— Э, муре, девоная, охир, ҳоло дили ҷавон ҳаст ё не, аллакай хаёлат ба кимкадом кўча рафт.

Назирҷон чанд дақиқа дар як ҷо истодани тракторро дида «ягон ҷояш кор накарда монд чӣ» гўён хавотир шуда аз ҷояш хест. Чашми Ситора ба устодаш афтиду фаҳмид, ки вай ғарқи хаёл, рондани механизмро фаромўш кардааст. Аз ин рафтораш шарм намуд. Ў саросемавор ҷонвари безабонро ба ҳаракат даровард.

Замин, модари дуюми ман. Не-я, мебахшӣ, ман густохӣ карда туро модари дуюм гуфтам. Замин! Модари модарҳо, ёд дорӣ, он хурсандии яклаҳзаинаи духтари тоҷикро. Духтаре, ки ҳамагӣ як-ду сол пеш подабонӣ мекарду имрўз сари рул танҳо нишастааст. Ба ў устодаш бовар карда ин ҷонвари бузургро супорид. Ба духтар кӣ ҷасорату қувва бахшид? Шояд ту бошӣ? Шояд ту мегуфтӣ: фарзанди азизам Ситора, парво накун. Ҳар кас ки баҳри халқаш, ватанаш кор кардааст, то ҳоло мушкилие сади роҳаш намегардад. Инчунин ба ту ҳам. Бале, модари модарҳо! Дар он лаҳза, дар он саҳрои беканор танҳо ту будӣ.

Ситора бели трактори аз хок пур шударо андаке мебардошт. Ба ҷойҳои баланд бошад, озодтар сар медод, то ки заминро канда гирад. Маҳсули корашро дида, курта-курта гўшт мегирифт. Дар дилаш «майлаш, Назирҷон-ако боз камтар хоб раванд. Ба ҷояшон кор кардан мегирам» мегуфт. Аммо ўро хабар набуд, ки устодаш ҳоло чашм напўшидааст. Ў ба туғёни хаёлот ғўтта зада буд.

Аз байн чанд рўз гузашт. Дар ин муддат ҷавонҳо ба ҳам унс гирифтанд. Суханҳои мулоим, маслиҳатҳои устодаш дили Ситораро ба касбаш гармтар мекард. Дар навбати худ Ситора ҳам ё барои дилгармӣ ва ё барои ҳурмати устодаш ҳар пагоҳӣ аз хонаашон як бурида гўшти пухта, қалама, нону қанд гирифта меовард. Бегоҳӣ, вақти рафтан бо дили кашол аз кор мебаромад. Ў намехост Назирҷон дар чайла танҳо худаш хоб равад.

— Гуфта намешавад, -аз дил мегузаронд ў, тарсиданӣ, ваҳмиданӣ ҳаст. Аммо ҳаёи духтарона ба ў имконият намедод фикрашро рўирост гўяд: «Ако Назирҷон, агар ҳа гўед, ман ҳам дар ҳамин ҷо хоб равам. Ё ба ҳавлии мо равем». Чанд бор нўги гапро бароварда «шабона наметарсед-мӣ, шаб воҳиманок будагист» гуфта бошад ҳам, устодаш мақсади Ситорарро нафаҳмид. Ё фаҳмида бошад ҳам, андеша кард. Ба пурсишҳои Ситора «одам, ки монда шуд, то рўз наҷунбида хоб меравад. Намедонад аз дунё чӣ мегузарад?» гўён ҷавоб дод.

— Имрўз кор бас, -гуфт Назирҷон мотори тракторашро хомўш карда. — Ман ба деҳаамон рафта меоям. Ду ҳафта шуд, ки модарамро надидам. Ёд кардам.

— Ман ба чойник об монда будам, гарм шудагист, резам, дасту рўятонро шўед.

— Не-я, кори айбро накунед, Ситора.

— Об рехтан айб аст магар? Баракс, савоб мегўянду? — Савоб барои мўйсафедон будагист-дия!

— Шумо ҳам барои ман мўйсафед, -табассум кард Ситора.

Назирҷон корҷомаи сиёҳашро, ки аз чангу хок рангаш гашта буд, кашид. Сарашро хам карда, бо ду дасташ мўи сарашро молиш дод. Сипас тани майка «ба шумо хизмат шуд-дия» гўён кафашро таги ҷумаки чойник бурд.

— Об ҷўшон не-ку, -пурсид Ситора.

— Ман медонам, ки шумо оби ҷўшонро ба сари ман намерезед.

— Рафту резам?

— Дилатон намешавад.

Ситора табассум кард.

— Модаратонро пурсед, салом гўед, -ҳангоми хайру хуш таъин кард Ситора.

— Шумо намеравед? — Назирҷон аз таклифи ноҷояаш якбора мисли лаблабу сурх шуд.

— Ман?! Ягон вақти дигар.

Ин ҷавоби Ситора устодашро аз бори хиҷолат

озод кард.

тараддуд

Фазилатапа медонист, ки имрўз писараш барои дидани ў меояд. Бинобар он пагоҳӣ барвақт хеста, рўи ҳавлиро тоза рўфт, об зад. Кўрпачаҳои хонаро бароварда афшонд. Рафтори апа занҳоеро мемонд, ки ба пешвози як гурўҳ меҳмонони олиқадр тайёрӣ мебинанд. Ҳамин вақт ҳамсоязан Тўтӣ-хола даромада омад. Ў дар даст корд дошт.

— Ассалом апа! — Ҳамсоязан, гарчанде Фазилат –апа аз ў ҳамагӣ ду-се сол калон бошад ҳам, «апа» гуфта муроҷиат мекард.

— Алейк салом, Тўтиҷон. Биёед, ҳамсоя. Нағзӣ ҳам шумо ҳастед, ки ҳар замон-ҳар замон хабар гирифта меистед. Беҳуда «аз дўсти дур ҳамсояи наздик беҳтар» нагуфта будаанд. — Як дам танҳо нишастаму гуфтам: Чокама гирифта барам. Одам ба одам ғанимат. Чорта аз ин тараф он тараф гап зада, ғуборамро бароварда меоям.

— Хуб кардед. Тўтиҷон. Танҳоӣ, рости гап, ба дили ман ҳам зад. Назирҷон чанд вақт боз ба поён (Фазилат-апа ҷои кори писарашро дар назар дошт) бурафтагӣ. Рости гап, Тўтиҷон, ҳамин дафъа сиҳатсаломат биёяд, гапро дар пешаш кўндаланг мемонаму якбур мекунам. Агар маро гўяд, дигар намеравад. Не, нею.. — Э, гўр ҳушам шавад, ба гап овора шуда, ҷой ҳам напартофтам. Аз хона мешинем ё айвон?

— Айвонатон офтобаки нағз. Ҳамин ҷо шинем монем.

Фазилат –апа палос, сонӣ аз болояш кўрпача партофт.

— Марҳамат, Тўтиҷон, гузаред. Ман ба гирдаш як сатил об занам, салқинтар шавад, баъд гузашта мешинем.

— Ташвиш накашед, хонаи ҳар рўз меомадагии худам-ку? — Тўтӣ-хола аз болои кўрпача гузашта нишаст. Фазилат-апа бошад, ба назлди ў дастархон паҳн карда чойники чой овард.

— Ҳозир аз чой хестаму шумоям...

— Ина бинед, ки Тўтиҷон, алови газа накушта будам, пагоҳӣ боз вақар-вақар ҷўшида истода буд. Гиред, нон хўрда шинед. — Фазилат-апа нон пора карда, ба ҳамсоя чой дароз намуд.

— Ҳа, сонӣ Назирҷонро дигар намемонам гўед, боз коҳро бод кард ҳамсоязан.

— Чуту кунам, Тўтиҷон, танҳоӣ ба дилам зад. Синну соли ман ҳам ба шаст наздик шудагӣ. Дар ин солу замона ба одам бовар карда намешавад. Аҷал асту қазо.

— Худо нигоҳ дорад. Ҳоло ҳамин гиру монатон бошад, ба сад медароед.

— Албатта, аз забонакатон гардам, нияти нағзними давлат-куя, лекин тани сиҳат бедард намешавад, мегўянд. Ба зиндагиям орзую ҳаваси Назирҷонро бинам, дигар дилкашолӣ надорам. Ҳамин вақт як магаси калони сиёҳ ғунгос зада, парида омаду аз тирезаи ҳар ду табақаш кушода ба хона даромад.

пешина
аз 29
навбатӣ