Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бозёфти таърихии кўҳи Муғ дар соли 1933 (ноҳияи Айнӣ) яке аз аҳдномаҳои қадимтарини масъалаҳои никоҳӣ ба ҳисоб рафта (асри VIII пеш аз милод), аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи танзими ҳуқуқии молумулкӣ, баробарии ҳамсарон дар ҳалли масоили оилавӣ дар оилаи Шарқ вуҷуд дошт.

Аз байни асноди ёфташуда қарордоди ақди никоҳи суғдиён Дугдонча бо Утегин (пеш аз ислом) махсус буда, дар он дар бораи ташкили оила маълумоти дақиқ оварда шудааст. Мазмуни мухтасари ин санад он аст, ки Дугдонча бо Утегин бо розигии якдигар издивоҷ мекунанд. Мувофики қарордод Утегин бояд занаш Дугдончаро дўст дорад ва эҳтиром кунад, ўро бо сарулибос, хўрок таъмин намояд. Дугдонча ҳам қавл медиҳад, ки шавҳарашро дўст дошта, иззату ҳурмат мекунад.

Зан низ ҳуқуқ доштааст, ки бо ташаббуси худ аз шавҳараш ҷудо шавад. Aгap шавҳар занашро талоқ кунад, вай бояд сарулибос, хўрок ва анҷоми бо худ овардаашро ба ў бидиҳад.

Aгap зан аз шавҳар ҷудо шуданӣ бошад, вай бояд қарори худро ба мард бигўяд ва анҷомашро гирифта аз хонаи шавҳар биравад. Маълум мегардад, ки дар масъалаи ҳуқуқи зану мард аҷдодони мо аз рўйи адлу инсоф амал мекардаанд.

Масъалаи оиладорӣ ва ҳуқуқи оилавӣ дар мамлакатҳои Шарқ бо хусусияти хосси худ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз мамлакатҳои Ғарб фарқ мекард. Агарчанде оила ва муносибатҳои оилавӣ дар мамлакатҳои Шарқ асосан дар зери таъсири дин (таълимоти дини будоӣ, дини зардуштӣ, дини ислом) рушд карда бошад ҳам, хусусиятҳои хосси худро дошт ва пешрафта ҳам ҳисобида мешуд. Гузаштагони мо дар ҳар давру замон фосиқону зинокоронро маҳкум сохтаанд. Камолиддин Биноӣ ашхосеро, ки ба бадрафторӣ машғул шуда, шарафи оиларо паст мекунанд, сахт маҳкум карда, тавсия мекунад, ки ба ин роҳи бад қадам нагузоранд. Шоир дар достони «Беҳрўзу Баҳром» дар боби нафрат ба зино гуфтааст:

Эй бародар, қадам манеҳ ба зино! Дину дунёи худ мадеҳ ба фано... Покдоман чу ғунчаи гул бош, Қонеъ аз диданӣ чу булбул бош. Майли тардоманӣ макун чу саҳоб! К-ин амал аз рухи ту резад об.

Масъалаи оиладорӣ дар аҳди Сосониён. Дар аҳди Сосониён, мувофиқи таълимоти дини зардуштӣ, ки мардум асосан ба он пайравӣ мекард, ташкили оила, таъсиси хонадорӣ аввалин пояи маданияти инсонӣ дар ҳамон давраи таърихӣ ба ҳисоб рафта, қонуниятҳои махсуси худро дошт. Яке аз қонуният ва талаботи ҳатмӣ ризоияти издивоҷкунандагон ба ҳисоб мерафт, ки онро шарти муҳим ва бунёди оилаи солим меҳисобиданд. Синни никоҳӣ дар аҳди Сосониён аз 16-солагӣ, ки синни ба балоғат расидани ҷавонон ба ҳисоб мерафт, муқаррар гашта буд. Дар ин син ҷавонон ҳатман бояд коре ё шуғле меварзиданд, то ки рўзгори хешро таъмин карда тавонанд.

Бунёди оила дар аҳди Зардушт амали муҳим шуморида мешуд ва худи Зардушт ба ҷавондухтарон ва ҷавонписарон таъкид менамуд, ки ба масъалаи барпо кардани оила бепарвоӣ ва беаҳамиятӣ накунанд. «Инак, эй духтарони шўйкунанда ва ҷавононе, ки пайванди заношўйӣ мебандед, суханони маро хуб ба ёд биспоред. Аз рўйи меҳру фарзонагӣ ҳар яке аз шумо бояд бар он бошад, ки дар меҳрварзӣ ва дўстиву покӣ ва порсоӣ бар дигаре пешӣ ҷўяд, ки ин беҳтарин шеваи комгорӣ дар зиндагӣ хоҳад буд» – таъкид шудааст дар готҳои Авасто. Дар ҷойи дигар ба масъалаи озод будани интихоби ҳамсар ва масъулияти падару модар барои ба ҳаёти мустақилона омода кардан ва гуселонидани фарзандон таъкид шудааст: «Ба гўшҳоятон беҳтарин суханро бишнавед, бо андешаи равшан дар онҳо бингаред, зану мард бояд худашон роҳи худро интихоб намоянд». Дар «Маҷмўаи ҳуқуқи Сосонӣ», ки дар аҳди Сосониён таълиф шуда ба ҳукми қонун даромадааст, чанд боби алоҳида дар бораи ташкили оила, никоҳу талоқ, тартиби бастани никоҳ ва интихоби ҳамсар оварда шудааст.

Муносибатҳои оилавӣ мувофиқи таълимоти ислом. Дини ислом дар ибтидои асри VII дар нимҷазираи Арабистон (ҳозира Арабистони Саудӣ) пайдо шуда, сипас аз он ҷо ба кишварҳои дигар – Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва аз он ҷумла Тоҷикистон низ паҳн гардидааст. Паҳншавии он аз солҳои 40-уми асри VII (аз Эрон) шурўъ шуда, то охирҳои солҳои 30-юми асри VIII дар сарзамини тоҷикон ба анҷом расидааст. Дар оғози истилои араб мардуми таҳҷоӣ, ки асосан тоҷикон буданд, дину оини суннатӣ ва урфу одатҳои анъанавии худро доштанд, барои аз даст надодани онҳо ба лашкари араб муқобилияти сахт нишон медоданд. Масалан, дар дини ҳамондавраи мардуми форсу тоҷик – зардуштия нуру рўшноӣ, гармӣ, оташ, Офтоб тимсолҳои худованди бузург Аҳурамаздо ҳисоб мешуданд ва мавриди парастиш қарор мегирифтанд. Ин парастиш хусусияти на танҳо динӣ, балки табиӣ (натуралистӣ) низ дошт. Онҳо ҳақиқатан падидаҳои худи табиат буданд ва ба табиат: замин, зиндагӣ, деҳқонӣ, чорводорӣ пайвастагӣ доштанд. Чизи аз ҳама муқаддас дар оила оташ ва оташдон буд. Соҳиби он зан – модар дониста мешуд. Зиндагӣ, ҳаракат (баръакси беҳаракатӣ ва карахтӣ), сабзиш (наботот), парвариш (ҳайвонот), таваллуд (фарзанд) ва тарбияи он бо роҳи нек (хайр) шарти диндорӣ ва ибодат ҳисоб мешуд. Оташ қувваи гармкунанда, нурдиҳанда (чароғ), сўзанда (поккунандаи мурдорҳо) ва дигар ҷиҳатҳои нек ба шумор мерафт. Шиори пайравони дини зардуштия «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» буд.

Вале оҳиста-оҳиста дар ин сарзамин дини ислом ҷорӣ гардида, ҷойи зардуштия ва таомулҳои онро гирифт.

Яке аз хусусиятҳои ба оила хосси дини ислом ҳамин аст, ки муносибатҳои падарсолориро дар оила ҷорӣ намуда, дар муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ меъёрҳои навро ворид кард, ки аксари онҳо барои устувор нигоҳ доштани муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ, пояҳои ахлоқӣ ва рўҳию маънавии оила, аз ҷумла садоқат ба ҳамдигар, масъул будани падару модар дар нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзандон ва баръакс, масъулияти фарзандон дар бобати эҳтироми падару модар ва парастории онҳо, мавҷудияти фазои осоиш ва эътимоду боварӣ дар оила нигаронида шудаанд.

Дини ислом низ зиноро (алоқаи ҷинсии ғайри никоҳи расмӣ) қатъиян маҳкум месозад ва ин амал гуноҳи азим дониста мешавад. Тибқи аҳкоми шариат содиркунандаи ин гуноҳ бояд сангсор карда шавад. Дар «Наҳҷ-ул-ҳидоя» дар боби зино аз забони Муҳаммад пайғамбар гуфта шудааст: «Эй уммати ман, савганд ба Худованд, ҳеҷ чиз палидтар аз зино дар назари Худованд нест». Дини ислом бо ҳамин роҳ одамонро аз бадрафторӣ нигаҳ дошта, устувории ахлоқ ва оиларо тарғиб менамояд.

Оила ва никоҳ дар даврони шўравӣ. Дар замони шўравӣ масъалаи муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ то андозае тағйир ёфта, танҳо ҳамон никоҳе эътироф карда мешуд, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта мешуд. Ҳанўз соли 1917 КИМ-и умумирусиягӣ ва Шўрои халқи ҶФШСР ду декрет – «Дар бораи никоҳи шаҳрвандӣ, оид ба кўдакон ва доир ба дафтари асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи бекоркунии никоҳ»-ро қабул карда буд, ки барои қабули дигар қонуну санадҳои танзимкунандаи оила ва муносибатҳои оилавӣ замина гузошт. Баъдтар (16 сентябри соли 1918) кодекс дар бораи асноди ҳолати шаҳрвандӣ қабул карда шуд, ки синни никоҳиро барои мардон аз 18-солагӣ ва барои занон аз 16-солагӣ муқаррар намуд.

Баъд аз инқилоби Октябр бо барқарор гардидани Ҳокимияти Шўравӣ дар масъалаҳои муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ меъёрҳои нав ворид карда шуд. Дар ин давра Тоҷикистон аввал ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон (соли 1924) ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии мустақил (соли1929) дар низоми қонунгузории оилавӣ вобаста ба ҳувияти миллии мардум таклифу пешниҳодҳо ба миён гузошт. То соли 1928 дар Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон судҳои қозигӣ фаъолият мекарданд, ки вазифаи никоҳ карданро низ иҷро менамуданд. 28 апрели соли 1929 Анҷумани 11-и умумитоҷикии Шўроҳо баргузор гардида, дар он Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар самти қонунгузории оилавӣ низ як пешравӣ ва дигаргунӣ ба ҳисоб мерафт. Баробари пешравии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталиф дар Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шуд, ки масъалаи муносибатҳои оилавӣ, никоҳ ва бекор кардани онро ба танзим медаровард.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муносибатҳои оилавӣ моҳияти нав пайдо намуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул карда шудаанд, ки ба рушди оиладорӣ ва талаботи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалии оилавӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, мусоидат менамояд.

3. ОИЛА BA ВАЗИФАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ OH

Оила иттифоқи озод, ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқи байни зану мард буда, дар асоси муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода ва идомаи насл ташкил карда шуда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҷомеа аз оилаҳо иборат аст ва оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Агар оила устувору пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷомеа низ устувор мешавад. Оила ба ҳаёти ҷомеа тавассути таваллуду тарбияи кўдак, ташкили хонавода, шароити мусоиди зиндагӣ ва ҳастӣ, рушди ҷисмонию равонӣ ва маънавӣ мепайвандад. Барои солим нигоҳ доштани оила муҳим аст, ки аъзои он, пеш аз ҳама, муносибати худро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафҳо, нигоҳ доштани шаъну шараф ва эътибори ҳар як узви оила ба роҳ монанд.

Мавқеъ ва нақши оила дар ҷамъият хеле бузург буда, он асоси давлатро ташкил медиҳад. Чӣ тавре ки иморат аз хиштҳо бунёд меёбад, давлат ҳам аз оилаҳо иборат мебошад. Бинобар ин вазъияти оила ба ҳаёти ҷамъиятии давлат таъсири бевосита мерасонад.

Яке аз вазифаҳои муҳимми оила дар ҷамъият ба дунё овардани насл аст. Таҳлилҳои оморӣ собит менамоянд, ки дар кишварҳое, ки оилаҳо танҳо як фарзанд доранд, аҳолии онҳо сол аз сол кам мешавад. Аз ин рў барои нигоҳ доштани сатҳи шумораи аҳолӣ оилаҳо бояд на камтар аз ду фарзанд тавлид намуда, онҳоро ба воя расонанд. Табиист, ки волидон бо мурури замон пир шуда аз дунё мегузаранд. Aгap дар оила як фарзанд ба воя расида, танҳо ҷойи волидонро дар ҷамъият пур кунад, ин ҳолат сабаби кам гаштани аҳолӣ мегардад. Aгap оила ду фарзандро ба воя расонад, пас волидон ба ивази хеш барои ҷамъият ду нафарро тайёр менамоянд. Дар ин ҳолат шумораи аҳолӣ дар як сатҳ нигоҳ дошта мешавад.

Маълум аст, ки на ҳамаи фарзандон ба воя мерасанд. Қисме аз онҳо дар хурдсолӣ бо сабабҳои гуногун вафот мекунанд. Ин ҳолатҳо ҳам сабаби кам шудани шумораи аҳолӣ мегардад. Бинобар ин барои нигоҳ доштани шумораи аҳолӣ оила бояд камаш се фарзандро ба воя расонад. Кам ва ё аз ҳад зиёд гаштани аҳолӣ ба иқтисодиёт ва сиёсати иҷтимоии давлат таъсири худро мерасонад.

Масалан, дар қисми аврупоии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва як қатор давлатҳои аврупоӣ аз сабаби афзоиш наёфтани аҳолӣ дар корхонаҳои саноатӣ коргарон нарасида, деҳот рў ба харобӣ меорад. Бинобар ин ба танзим даровардани шумораи таваллуди фарзандон дар оила хеле муҳим аст. Ин масъаларо дар илм ба танзим даровардани нуфуси аҳолӣ ё танзими демографӣ меноманд.

Ба дунё омадани тифл барои ҳар як оила боиси шодию хурсандӣ мегардад. Қадами мубораки тифл ба хонадон нуру зиё ва саодату сафо бахшида, оиларо мустаҳкам, иродаи волидонро қавӣ ва боварию эътимоди онҳоро ба якдигар афзун мегардонад. Дар баробари ин бояд дарк намуд, ки барои солим нигоҳ доштани оила масъулияти баланде ба дўши волидон хоҳад буд. Зеро таваллуди фарзанд, дар баробари шодию фараҳ бо худ масъулияту вазифаҳои муайянеро ба миён меорад. Солиму бардам ба воя расонидани фарзанд яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳимми оила дар назди ҷамъият буда, аз падару модар масъулияти хеле зиёдро талаб менамояд.

Падару модар вазифадоранд, ки нисбати тарбияи фарзандон ғамхорӣ намоянд, онҳоро ҳамчун шахсони арзандаи ҷамъият ба воя расонанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти оилаҳо ба тарбияи фарзандон диққати махсус дода, онҳоро дар рўҳияи муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ, эҳтироми калонсолон ва дигар арзишҳои волои башарӣ тарбия менамоянд. Мутаассифона, оилаҳое низ ҳастанд, ки ба тарбияи фарзандон чандон эътибор намедиҳанд, ки ин ба ташаккули шахсияти фарзандон таъсири манфӣ расонида, тарбияи минбаъдаи онҳоро мушкил мегардонад.

Танҳо ҳаваси тарбияи фарзанди хуб кардан кам аст, балки аз уҳдаи тарбияи фарзанд баромадан лозим. Ҳар як падару модар бояд ба хубӣ дарк намояд, ки тарбияи фарзанд яке аз паҳлуҳои муҳимми ҳаёти мост. Тарбияи хуб сарбаландӣ, бахту саодат ва ифтихори мо, тарбияи бад шармсорӣ, бадбахтӣ ва хиҷолатмандии мо дар назди ҷомеа мебошад. Аз ин рў мо бояд тарбияи фарзандро на танҳо кори шахсӣ, балки ҳамчун масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа бидонем.

Дар раванди тарбия волидон ҳамон вақт муваффақ мегарданд, ки барои рушди ҷисмонӣ ва ақлонии кўдак шароити мусоид фароҳам оваранд. Мақсад, вазифа ва роҳҳои амалӣ кардани онро ба хубӣ дарк намуда, аз усулҳои дурусти тарбия истифода бурда, нисбати кўдак талаботи ягона дошта бошанд ва бо рафтору кирдору гуфтори худ дар назди фарзандон намуна бошанд. Ҷавҳари муносибати волидон ва фарзандонро бояд муҳаббат ва боварӣ, ки аз эҳтироми тарафайн асос ёфтааст, ташкил намояд.

Дар оилаҳое, ки муҳити солим, муносибати дўстона ва ҳамдигарфаҳмию боварӣ ҳукмфармост, барои тарбияи фарзанд заминаю имконоти хубе муҳайёст. Зеро чунин оилаҳо бештар аз муҳаббату вафодорӣ, масоили тарбиявию ахлоқӣ суҳбат ба миён меоранд, ки худ аз худ чунин муҳит ва муносибат олами ботинии кўдакро аз муҳаббату вафодорӣ пайваста бою ғанӣ мегардонад.

Дар баробари ин бояд дар назар дошт, ки муҳити оила доимо якрангу якмаром нест. Оила гоҳо ба душвориҳо рў ба рў мегардад. Баробари ба воя расидани фарзандон талаботи онҳо бештар ва дахлу сарфи оила боз ҳам зиёдтар мегардад, ки ин ҳама ба муҳити тарбия дар оила бе асар намемонад.

Беҳуда нест, ки гуфтаанд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар». Аз ин pў тавлиди фарзанд ҳанўз нисфи кор аст. Кори муҳим ва асосӣ тарбия намудан ва ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдўст ба воя расонидани фарзанд мебошад. Ин вазифаи муҳим ва масъул дар назди оила мебошад. Тайёр намудани фарзандон ба ҳаёти мустақили оилавӣ, пеш аз ҳама, вазифаи падару модар аст. Кўдаки навзод, ки ўро ба ниҳоли наврас монанд мекунанд, дар оила чашм кушода оламро мебинад, тадриҷан падару модар, хешу таборашро мешиносад, табассум кардан, хестану нишастан, қадами нахустин гузоштанро меомўзад. Худшиносӣ, тасаввуроту ҷаҳонбинии ў аввалин бор дар оила, дар иҳотаи падару модар ибтидо гирифта, бо таъсири бевоситаи онҳо ташаккул меёбад. Роҷеъ ба ин масъала Абўшакури Балхӣ гуфтааст:

Ба ҳангоми барноию кўдакӣ

Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ. Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон Бигардонад ўро, чу хоҳад чунон. Чу гардад калон, боз натвонадаш, Ки аз кажжию хам бигардонадаш.

Бесабаб нест, ки дар мамлакати мо тарбияи фарзанд вазифаи оила, мактаб ва ҷомеа дониста мешавад. Дар сурати нодуруст ба роҳ мондани тарбия дар оила мақомоти расмӣ ба он дахолат мекунад.

Волидон вазифадоранд, ки ба фарзанд дар мавзўъҳои оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, рўзгордорӣ, меҳмондорӣ, муносибат ба хешу табори якдигар ва тарбияи фарзанд суҳбатҳо гузаронанд ва дар ин кор анъанаҳои беҳтарини халқи тоҷикро истифода намоянд.

Вазифаи дигаре, ки дар назди ҳар оила меистад, ин тарбияи хоҷагидорӣ ва меҳнатдўстии фарзандон мебошад. Муҳаббат ба меҳнат аз кўдакӣ ташаккул меёбад. Муносибати софдилонаи калонсолон ба меҳнат ба фарзандон таъсири мусбат мерасонад.

Ҳар як оила вазифаи хоҷагӣ-истеҳсолиро иҷро мекунад ва ин кор махсусан дар деҳот хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар деҳот ҳар оила барои кишту кори шахсӣ дар назди хона замин дорад ва барои рўёнидани маҳсулот ҳамаи аъзои оила дар он меҳнат мекунанд. Қисми ҳосиле, ки оила аз замини назди ҳавлӣ мерўёнад, барои истеъмоли худи онҳо сарф шуда, қисме аз он дар бозор фурўхта мешавад. Дар Тоҷикистон саҳми хоҷагии шахсӣ дар таъмини ҷамъият бо маводди хўрокворӣ, аз қабили гўшт, шир, тухм, маҳсулоти кишоварзӣ хеле калон аст.

Таъсири фаъолияти хоҷагиҳои оилавӣ ба таъминоти ҷамъият хеле калон аст ва ободу арзон будани маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ дар бозорҳо ба он вобаста аст.

Меҳнат кардан дар замини назди ҳавлӣ, нигоҳ доштани чорвои шахсӣ ва анҷом додани корҳои хоҷагии оила иштироки ҳамаи аъзои оиларо талаб мекунад. Аз ин рў фарзандони деҳотӣ аз хурдӣ ба кори хоҷагидорӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин барои онҳо як мактаби тарбияи меҳнатию хоҷагидорӣ мегардад. Бачаҳо дар замини назди ҳавлӣ кор мекунанд, меваю сабзавот ҷамъ меоваранд, барои чорво хошок захира мекунанд. Духтарон ба чорво нигоҳубин карда, кори хонаро анҷом медиҳанд, хўрок мепазанд.

Онҳо ҳамчун шахси дар меҳнат обутобёфта ба камол мерасанд ва таҷрибаи андўхтаи худро барои тарбияи фарзандони ояндаи хеш истифода мебаранд. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост, Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост. Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ, Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.

Дар оилаҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, иҷрои вазифаҳои хоҷагии оила ба дигар низом сурат мегирад. Оилаҳое, ки соҳиби хонаи шахсӣ мебошанд, дар ҳавлиашон дарахтони мева ва кашничу пиёз рўёнида метавонанд.

Чунин оилаҳо то андозае монанди деҳотиён дар корҳои хоҷагӣ баробар иштирок меварзанд. Ҳарчанд онҳо маҳсулоти хоҷагии худро ба бозор набароранд ҳам, қисман талаботи оилаи худро таъмин мекунанд.

Оилаҳое, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ доранд, аз кори хоҷагидорӣ маҳруманд. Вазифаҳои хоҷагии онҳо танҳо аз кори хона, аз қабили рўбучин, пухтупаз, шустушўй иборат аст. Ин оилаҳо ягон маҳсулот истеҳсол намекунанд ва танҳо истеъмолкунанда мебошанд. Чунин падару модарон бояд фарзандони худро ба корҳои хоҷагии оила ҷалб намоянд. Хоҷагидорию оиладориро ба онҳо омўзонанд ва ба ҳаёти мустақили оилавӣ омода намоянд.

Оила ҳамчун асос ва занҷири муҳимми ҷомеа вазифаҳои муайянро иҷро менамояд. Моҳияти оила бевосита дар вазифа, тартиб ва рафтори аъзои он зоҳир мегардад. Муҳимтарин вазифаи оила, чи дар гузашта ва чи дар замони муосир таваллуд, яъне ба дунё овардани насл мебошад.

Дар оила давраи аввали тарбияи фарзандон оғоз меёбад ва то ташаккули шаҳрванди комил давом мекунад. Нигоҳубини аъзои корношоями оила вазифа ва уҳдадории аъзои коршоями оила мебошад. Маҳз оила маишати аъзояшро таъмин мекунад, ба тартиб меоварад ва назорат мекунад. Оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ барои расидан ба рўзгори обод ва ҳаёти солим вазифаҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ, равонӣ, таъмини шароити мусоиди маишию эҷодӣ, меҳнат, беҳдошти саломатӣ, ҳифзи саломатӣ ва амсоли инҳоро иҷро менамояд. Яке аз муҳимтарин вазифаи оила, ки ба ҳамаи комёбиву камолоти фард ва хислати инсонӣ нақши бештар дораду муассир аст, тарбия мебошад.

Вазифаҳои дигари оила нигоҳ доштани пайванди наслҳост. Дар урфият мегўянд, ки «ҳар шахс бояд ҳафт пушти худро донад», яъне дар бораи бобову бобокалон, момову момокалон ва дигар аҷдоди худ маълумот дошта бошад. Ин вазифаи падару модар аст, ки бояд дар бораи аҷдоди гузаштаи худ ба фарзандон ҳикоя кунанд. Бештари вақт агар бобову бибӣ дар қайди ҳаёт бошанд, ба набераҳояшон дар бораи гузаштагон ва хешу таборашон нақл мекунанд. Фарзандон, ки калон шуданд, падару модар онҳоро ба хонаҳои хешу табор ва дўстонашон мебаранд. Хешу табору дўстон ба дидорбинии онҳо меоянд. Ҳамин тариқ, бачаҳо хешу табор, дўстони оиларо мешиносанд, бо фарзандони онҳо дўстӣ пайдо мекунанд, ба хешу табор меҳр мебанданд ва бо ин робитаи авлодию дўстӣ мустаҳкам мегардад. Бе мададу дастгирии хешу табор ва ёру дўстон зиндагӣ кардан мушкил аст. Чунонки Муҳаммад Ҳиҷозӣ гуфтааст: «Танҳо ба дунё меоем ва танҳо меравем. Вой, агар танҳодил зиндагӣ кунем».

Муносибати нек ба хешу табор, дўстон, қадршиносию меҳрубонӣ, омода будан ба мадади ҳамдигар ба фарзандон дарси ибрат мешавад.

Дар «Панҷсад ҳадис» омадааст, ки «Беҳтарин эҳсон ба падар ин аст, ки пас аз марги ў бо дўстонаш муҳаббат кунӣ!». Ин пандро ҳар шахс бояд дар ёд дошта бошад ва нагузорад, ки риштаи дўстӣ бо хешу табор ва ёру дўстон канда шавад.

Ин ҷо танҳо якчанд вазифаи ҷамъиятии оила номбар карда шуд. Аммо ҳаёт аз шумо шояд ҳал кардани вазифаҳои гуногуни дигарро низ талаб намояд, ки ба иҷрои он бояд омода бошед.

пешина
аз 24
навбатӣ