Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.
Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МУҚАДДИМА
Хонандагони азиз! Шояд шумо дар бораи маърифати оиладорӣ ҳанўз маълумоти заруриро надоред. Бояд донед, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа бунёди оилаи солим ба шумор меравад ва пойдории оила ба тарзи ҳаёт ва инкишофи муътадили инсон мусоидат менамояд.
Мақсади фанни маърифати оиладорӣ ба масъалаҳои муҳимми зиндагӣ, никоҳу оиладорӣ шинос намудани хонандагон, ташаккул додани низоми оиладорӣ дар шуури наврасону ҷавонон нигаронида шудааст. Ғояи асосии китоби дарсии мазкурро масъалаҳои муҳимми ҳаёти оилавӣ, ба роҳ мондани омодагии психологии ҷавонон ба бунёд ва пойдории оила, муҳайё намудани фазои солиму ором дар оила, пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва нигоҳдории арзишҳои оилавӣ ташкил медиҳад. Зарурати таълими фанни мазкур тайёр намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ҳосил намудани малакаи муносибатҳои дурусти дохилиоилавӣ, дар оянда дуруст тарбия намудани кўдакон ва нигоҳ доштани анъанаҳои неки миллии халқи тоҷик мебошад.
Интихоби дурусти ҳамсар ва бунёди оилаи солим омили муҳимми ободии ҷамъият ва устувории давлат маҳсуб меёбад. Муҳим аст, ки пеш аз барпо намудани оила ҳар шаҳрванд паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти оилавиро мавриди омўзиш қарор дода, урфу одатҳои миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби занушавҳарӣ ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 «Соли оила» эълон карда шудааст. Ҳадафи асосии чунин иқдоми неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки маърифати оиладории ҷавонон баланд бардошта шавад ва дар ин замина ҷавононро пеш аз издивоҷ ба ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои оиладорӣ омода намуда, пеши роҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад ва фарзандони ноболиғи ин оилаҳо дар шоҳроҳи зиндагӣ аз падар ё модар маҳрум нагарданд. Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба ҳисоб рафта, ҷомеаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад.
Омодагии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз маҷмўи донишҳои муайяни педагогию психологӣ, ҳуқуқиву иқтисодӣ манша гирифта, дар асоси дониш, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ташаккул меёбад. Омода намудани чавонон ба ҳаёти оилавӣ вазифаи муҳимми оила ва мактаб мебошад. Омўзиш ва таҳлили сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари онҳо натиҷаи омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад.
Ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад. Умедворем, ки китоби дарсии мазкур дар гирифтани донишҳову маълумоти зарурӣ оид ба ташкили оилаи солим ва нақши он дар ҳаёти инсон, омўхтани асосҳои маърифати оиладорӣ ва аз бар намудани нуктаҳои асосии он ба шумо кумак мерасонад.
ФАСЛИ I. МАҚСАД ВА МОҲИЯТИ ОМЎЗИШИ ФАННИ МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ. ПАЙДОИШИ ОИЛА ВА ВАЗИФАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ОН
§1. ФАННИ МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ОН
Мафҳуми оила ва нақши он дар ҳаёти инсон. Оила яке аз рукнҳои муҳим ва асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад. Оила, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, муносибатҳои занушавҳарӣ, хешутаборӣ, муносибатҳои иқтисодии оилавӣ, ташаккул ва рушди шахс, масъулият ва уҳдадории байни аъзоёни оиларо дар асоси қоидаҳои одобу ахлоқ ва талаботи муайяни қонунгузорӣ ба танзим медарорад. Инсон нахустин асосҳои феълу атвор, рафтор, кирдор, муносибат ба худ ва дигарон, муносибат ба меҳнат, муносибат ба ҳаёти ҷомеаро маҳз аз оила мегирад. Аз ин ҷо оила ба никоҳ асос ёфта, аз рўйи муҳаббати пок, баробарҳуқуқии зану мард дар муносибатҳои оилавӣ, давом додани насл, таълим ва тарбияи дурусти фарзандон ва аъзоёни оила шакл мегирад.
Оила ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихи инсоният дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақш ва мавқеи муҳиммеро дорост. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хосса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин рў давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар адабиёти илмию оммавӣ таърифи ягонаи оила вуҷуд надорад. Вале дар такя бо нуқтаи назари мухталифи муҳаққиқони соҳа метавон оиларо чунин таъриф намуд: Оила гурўҳи хурди ҷамъиятии одамон аст, ки дар асоси иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқи байни марду зан бо мақсади тавлид ва тарбияи фарзанд ташкил ёфта, бо никоҳ ба расмият дароварда мешавад ва аъзои онро ҳамхунию хешутаборӣ, пешбурди хоҷагидории умумӣ, буҷети ягона, муҳити умумииҷтимоӣ, масъулияти байниҳамдигарии ахлоқию ҳуқуқии баробар пайванд менамояд.
Оила намунаи беҳтарин ва олии ҳамзистии зану мард мебошад, ки бо сарварии волидайн баҳри беҳдошти ахлоқ ва муҳофизати насл, эҳтироми якдигар, таъминоти иқтисодиву маънавӣ чун хурдтарин созмони ҷомеа арзи вуҷуд дорад. Оила бояд, пеш аз ҳама, дорои макони зист бошад, зеро манзилу макон имкони зиндагии якҷояи гурўҳи одамонро фароҳам оварда, ҷойи амнияти онҳо низ маҳсуб меёбад.
Оила дар ҳаёти инсон нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Зеро шахсияти кўдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, бо аз худ намудани нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тадриҷан бе мушкилот вориди ҷомеа мегардад. Вобаста ба обрўю эътибори волидайн ва таъсири онҳо ба насли наврасу ҷавон дар оила сифатҳои шахсият ташаккул меёбад, яъне маҳз оила дар инкишофи ҷисмонию маънавии шахс нақши муҳим мебозад.
Аз ин сабаб намунаи олитарини ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила мебошад. Оила дар натиҷаи никоҳи байни зану мард ба вуҷуд меояд. Асоси ташкили оила никоҳ буда, он ба шинохти расмии муносибатҳои оиладорӣ асос мегузорад. Мутаассифона, оила имрўзҳо дар як қатор мамолики Аврупо маънии худро гум кардааст. Яъне никоҳ ҳамчун рукни муҳимми ташкили оила моҳият ва зарурати худро тадриҷан аз даст дода, аз зумраи муқаддасоти оиладорӣ маҳсуб намешавад.
Аз азал тоҷикон мафҳуми «оила» ва «оиладорӣ»-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан падару модарро, ҳамеша ба ҷо меоранд.
Яке аз хусусиятҳои хосси оила дар байни мардуми мусалмон, хусусан тоҷикон, падарсолорӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама ҳолат мард такягоҳи асосии оила – саробон,парастор,муҳофизбаҳисобрафта,таъмини аҳли оила ба дўши ў мебошад. Зан дастгиру мададгор ва ҳамсари вафодор буда, асосан ба тарбияи фарзандон машғул аст.
Аз ин лиҳоз талаботи асосии иҷтимоии оила ҳамфикр будани зану шавҳар ва дигар аъзои оила дар кору зиндагӣ ва дўст доштану эҳтироми ҳамдигар мебошад.
Инсон, оила ва ҷамъият – ин се мафҳум муҳимтарин рукнҳои фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафҳумҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дўст доштан, асолати мард ва занро дарк намуда, аз назари ҷисмонӣ ва ахлоқӣ вобаста ба муҳити оилавӣ солим ба камол мерасад.
Тарбияи оилавӣ асоси ҳама гуна тарбият аст, зеро маҳз дар муҳити оила бо кўшишҳои волидайн, хешу пайвандон насли наврас аз ҷиҳати ахлоқӣ, ҷисмонӣ, зебоишиносӣ, меҳнатдўстӣ, рафоқат, дўстӣ, озодипарастӣ, шинохти неку бад тарбият меёбад.
Ҳамдигарфаҳмӣ, дўст доштани зану мард низ ба тарбияи аъзои оила таъсири мусбат расонида, боиси хушбахтии онҳо мегардад. Аз назари дигар, тарбияи оилавӣ дорои масъалаҳои мубрам ва хеле мушкилест, ки ба он бисёр омилҳо, чун ирсият, маънавиёти калонсолон, саломатии фарзандон ва волидайн, таъминоти моддӣ ва маънавӣ, шароити иҷтимоӣ, шумораи аъзои оила, муносибат ба якдигар ва амсоли инҳо таъсир расонида метавонанд.
Фарзандони оила бояд дар фазои орому солими психологӣ, муҳити созгор ба воя расида, тарбияро аз оила гиранд. Зеро оила нахуст мактаби тарбияи инсон ва ташаккули тафаккури ў мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад.
Мақсади фанни маърифати оиладорӣ бо асосҳои дониш оид ба никоҳу оиладорӣ шинос намудани хонандагон, ташаккул додани идеали оиладорӣ дар шуури онҳо мебошад. Зарурати таълими фанни мазкур омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ҳосил намудани малакаи муносибатҳои дурусти дохилиоилавӣ, тарбия намудани онҳо дар рўҳияи нигоҳ доштани анъанаҳои неки миллии халқи тоҷик ва оштинопазирӣ ба расму одатҳои номатлуб оид ба оила мебошад.
Маълум аст, ки хонандагон дар солҳои донишандўзӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва олами маънавии худ донишҳои муайян ҳосил мекунанд. Тадриҷан писарону духтарон ба масъалаҳои муҳаббат, никоҳ ва оила, мақоми онҳо барои ҳаёти инсон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба нозукиҳои рўзгордорӣ маълумот пайдо мекунанд. Хеле муҳим аст, ки дилдодагон ба ҳам муносиб бошанд, рўзгордориро уҳда карда тавонанд, ба қадри ҳамдигар бирасанд, покдоману боиффат ва дар сахтиву мушкилиҳо дастгиру мададгори ҳамдигар бошанд.
Ҳамин тавр, вазифаи асосии фанни маърифати оиладорӣ тайёрии ахлоқии хонандагон ба ҳаёти оилавӣ – маҷмўи муносибатҳои ахлоқиву педагогии мактаб, оила ва аҳли ҷамъият бо мақсади ташаккули фаҳмиши ахлоқии хонандагон, ба ҳаёти оилавию ақди никоҳ тайёр кардан, инчунин онҳоро бо роҳи мустақилонаи ҳаёт ҳидоят намудан мебошад.
§2.ПАЙДОИШИ ОИЛА ВА ДАВРАҲОИ ТАЪРИХИИ ИНКИШОФИ ОН
Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд, Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бузина буд.
Мирзо Абдулқодири Бедил дар ин байт ба назарияи илмии пайдоиши одам такя накарда бошад ҳам, аммо назарияи ў аз ҳақиқати илмӣ дур нест. Инсоният то ба дараҷаи тамаддун расидан ҳазорсолаҳоро пушти сар намуда, аз шакли ваҳшоният ба шакли имрўзаи ҳаёти инсонӣ расидааст.
Люис Генри Морган (олими амрикоӣ) зинаҳои таърихии инкишофи инсониятро таҳлил намуда, онро ба се давраи асосӣ – ваҳшоният, барбарият ва тамаддун тақсим кардааст.
Мувофиқи ақидаи Л.Г.Морган давраи аввал давраи ибтидоии одамизод буда, дар ин давра одамон гурўҳ-гурўҳ зиндагӣ мекарданд. Байни гурўҳҳо оила вуҷуд надошт. Ҳар мард метавонист бо зани дилхоҳаш ва ҳар зан бо марди дилхоҳаш бошад. Фарзандоне, ки таваллуд мешуданд, фарзандони умумии онҳо ба ҳисоб мерафтанд.
Одамон дар ибтидо зарурати якҷоя зиндагӣ карданро нафаҳмида, аксаран танҳо зиндагӣ мекарданд. Дар танҳоӣ аз таъсири ҳодисаҳои табиат ва ҳуҷуми ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳалок мегаштанд. Бо мурури замон одамон зарурати якҷоя бо ҳам зиндагӣ карданро дарк намуда, аввалин муҳити иҷтимоиро ба вуҷуд оварданд, ки дар заминаи он авлод, қавм ва қабила пайдо шуданд. Авлод, қавму қабилаҳо барои таъмини оромиву ҳамзистии осоишта низому тартиботе муқаррар менамуданд, ки риояи он бар ҳамаи аъзои қавму қабилаҳо ҳатмӣ буд.
Зиндагии гурўҳӣ одамонро маҷбур кард, ки бо якдигар мубодилаи афкор намоянд ва чунин зарурат ба пайдоиши нутқ дар ин давра замина мегузорад. Бо мурури замон одам шикор ва истифодаи оташро ёд гирифт. Аз санг асбобу силоҳ месохт. Дар охирҳои давраи ваҳшоният одам тиру камонро ихтироъ мекунад. Одам акнун метавонист дар рўзгори худ аз гўшти парандагон ва ҳайвонот истифода барад. Шикор яке аз соҳаҳои муқаррарии меҳнат ҳисоб мешуд. Оҳиста-оҳиста одамон ром кардани ҳайвонотро ёд гирифтанд, ки ин дар ҷамъияти ибтидоӣ пешрафти бузурге буд. Ром кардани ҳайвонот боис шуд, ки одамон дар даштҳои сералафи соҳили дарёҳо умр ба сар баранд. Чунин қабилаҳо дар соҳилҳои дарёҳои Фурот ва Даҷла, дар Осиёи Миёна бошад, дар соҳилҳои Амударё ва Сирдарё зиндагӣ мекарданд.
Тавассути мушоҳида ва таҷриба инсон ба кишти ғалладона шурўъ мекунад. Ҳамин тариқ, зироаткорӣ ва чорводорӣ ба манбаи муҳимми ҳаёти моддии одамон мубаддал гардид.
Зинаи олии инкишофи давраи ибтидоӣ гудозиши оҳан маҳсуб мешавад. Инсон аз асбобу олоти оҳанин истифода бурданро ёд гирифт, ки ин зиндагии ўро як қадар осон гардонид.
Дар ин давра шумораи аҳолӣ ҳам афзуда, тўдаҳои калонкалони одамон пайдо шуданд.
Давраи модаршоҳӣ. Инкишофи минбаъдаи ҷамъияти ибтидоӣ барои пайдоиши авлод имконият фароҳам овард. Ин боиси никоҳи «гурўҳӣ» гардид, яъне мардони як авлод ба занони авлоди дигар шавҳар ва занони ин авлод ба мардони он авлод зан мешуданд. Ин ҳолат асосан дар давраи модаршоҳӣ мушоҳида мешавад. Дар ин давра нақши модар асосӣ буда, фарзандон насли модар ҳисоб мешуданд ва онҳо бо модари худ зиндагӣ мекарданд. Ин гуна оилаҳо мустаҳкам набуданд, зеро байни онҳо робитаи иқтисодӣ вуҷуд надошт. Маҳсули меҳнати мардон дар доираи авлод мемонд ва ба зану фарзандон ягон кумаке намерасид. Бо вуҷуди он ки никоҳи оилаҳои «гурўҳӣ» мустаҳкам набуд, он расман оила ба ҳисоб мерафт.
Баробари инкишофи олоти меҳнат ва шикор нақши мардон дар ҷомеа меафзуд. Дар ҷамъият оҳистаоҳиста ҷойи давраи модаршоҳиро давраи падаршоҳӣ иваз кард.
Муносибатҳои оилавӣ дар давраи падаршоҳӣ. Дар ин давра тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Муносибатҳои истеҳсолӣ тағйир ёфта, моликияти хусусӣ пайдо мешавад. Пайдоиши моликияти хусусӣ муносибатҳои ҷамъиятиро ба куллӣ тағйир дода, муносибати тарафайни аъзоёни ҷамъият низ дигаргун шуданд. Одамон тадриҷан ба гурўҳҳои дорою камбизоат ҷудо шуданд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани ҷамъияти синфӣ гардид. Баробари пайдоиши ҷамъияти синфӣ шакли оила ҳам тағйир ёфт. Акнун мардҳо барои худ ҳамсар интихоб мекарданд. Ҳамин тариқ, оилаҳои якканикоҳӣ (моногамӣ) ба вуҷуд омад.
Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва иқтисодиёт муносибатҳои молиро дар оилаи падаршоҳӣ ривоҷ дод. Муносибатҳои молию пулӣ дар ҷамъият боиси воҳиди мустақили ҷамъият гардидани оила гардид. Шавҳар ҳамчун сардори оила соҳиби моликияти оила мегардад. Зан ва фарзандон фармонбардори сардори оила мешаванд. Қоидаҳои адаб ва ахлоқ ба вуҷуд меоянд. Хиёнати зан ба шавҳар ё шавҳар ба зан маҳкум мешуд. Духтар то ба шавҳар баромаданаш бояд шарафу номуси худро нигоҳ медошт. Aгap номи духтар ба сабукрафторӣ барояд, ҷомеа ўро маҳкум мекард ва ба шавҳар баромаданаш душвор мегашт. Писар низ бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя мекард, дар сурати риоя накардан аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум гардида, аз авлод, қавм ё қабила ронда мешуд.
Чунин қоидаҳои ахлоқи аҷдодон дар замони мо ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Поктинатӣ, хушахлоқӣ, нигоҳ доштани номи нек, шарафу номус дар ҳама замон хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, дар тўли чандин ҳазорсолаҳо ҷамъияти инсонӣ аз зинаи ваҳшоният то ба дараҷаи тамаддун расид. Тамоми инсоният ин зинаҳоро аз сар гузаронидааст. Шаклҳои оила ва оиладорӣ такмил ёфтанд. Бо пешрафти сохти ҷамъиятӣ шаклҳои нави муносибатҳои оилавӣ, никоҳ ва оиладорӣ низ тағйир ёфт.
Ба давраи тамаддун гузаштани инсоният дар муносибатҳои оила ва никоҳ низ тағйироти навро ворид намуд. Мард ҳамчун сарвари оила тамоми масоили хонаводагиро бар зимма дошт, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсар ва фарзандони худ масъул буд. Дар муносибатҳои оилавӣ баъзе муносибатҳое ҷой доранд, ки на фақат ба воситаи қоидаҳои ҳуқуқӣ, балки тибқи талаботи қоидаҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Яъне дар оила муҳим аст, ки ҳуқуқ ва қоидаҳои ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ танзим карда шавад, то ки боиси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва боварии аъзои оила гардад.
Вазифаи асосии қонунҳои оилавӣ аз мустаҳкам намудан ва дар заминаи меҳру муҳаббати якдигар барпо намудани оила, дар рўҳияи садоқат ба Ватан ва иштироки фаъолона барои пешбурди ҳаёти ҷомеа тарбия намудани фарзанд мебошад.
Муносибатҳои оиладорӣ дар Шарқи қадим. Аз таърихи инкишофи оила маълум мешавад, ки Осиёи Миёна низ яке аз қадимтарин кишварҳоест, ки дар сарзамини он ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омадааст. Инкишофи маданият дар ин сарзамин таърихи чандинҳазорсоларо дар бар мегирад. Дар арафаи истилои арабҳо ва ҷорӣ гардидани дини ислом дар Осиёи Миёна мардумони ин кишвар, ки асосан тоҷикон буданд, ҷомеаи феодалиро аз сар мегузарониданд.
Дар бораи тарзи оиладории тоҷикон аз рўйи осори таърихӣ маълум мегардад, ки занҳо баробари мардон дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекарданд. Дар асарҳои таърихшиносони Юнони қадим омадааст, ки дар Осиёи Миёна, ки асосан тоҷикон зиндагӣ мекарданд, занҳо баробари мардон санъати ҳарбиро меомўхтанд. Онҳо аспсавор ва камондорони моҳир буданд. Мувофиқи маълумоти Элиан қабилаҳои сакоиҳои Осиёи Миёна анъанае доштанд, ки мувофиқи он номзадҳо (арўсу домод) пеш аз издивоҷ бояд қувваозмоӣ мекарданд. Aгap домод ба арўсшавандаи худ ғалаба кунад, ҳуқуқ дошт, ки ўро ба занӣ бигирад.
Чунин маълумоти таърихшиносон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни тоҷикон дар замонҳои қадим ҳуқуқи зану мард баробар буд, занҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Хонадоршавӣ ҳам бо розигии якдигар сурат мегирифтааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё