Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

19. МАДАНИЯТИ САЙРУ ГАШТ ВА ИСТИРОҲАТИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН

Сайру гашт ва истироҳат низ як ҷузъи маданият буда, дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешавад. Ҳар як оилаи солим дар баробари кору фаъолият, барои сайру гашт ва истироҳат низ вақт ҷудо менамояд. Истироҳат, сайру гашт ба одам рўҳи тоза ва қуввати ҷисмониву маънавӣ мебахшад. Фақат онро дурусту оқилона ташкил карда тавонистан лозим аст, ки дар лаҳзаи зарурӣ аз хастагӣ раҳо созад. Дар ин хусус буҷети оила, ташкилу тақсими мулоҳизакоронаи он мақоми басо муҳим дорад.

Албатта, фароғату истироҳат бо хароҷоти моддӣ алоқаманд аст. Масалан, дар лаҳзаи бекорӣ ва ё хастагӣ ба рўйи ҳавлӣ, пешайвон баромада нафаси тоза кашидан, бехи гулҳоро нарм карда об рехтан, аз накҳати гулҳо, покии баргу пояҳо лаззат бурдан ҳам истироҳат аст. Дар гулгашти боғу хиёбонҳо сайру гашт кардан ҳам истироҳат аст. Он ба тан қувват бахшида, хастагии инсонро рафъ месозад. Рафтан ба театру осорхонаҳо, кинотеатру намоишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои тамошобоби маҳалли зист низ истироҳат аст, ки сарфу харҷи зиёдро талаб намекунад.

Дар ҳалқаи хонавода таҷлили идҳои оилавӣ – ҷашни ақди никоҳ, зодрўз, хатми мактабу донишгоҳ, гусел ба хизмати ҳарбӣ ва амсоли ин низ як навъ дилхушиву истироҳат ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин чорабиниҳо бояд сарфакорона, бе харҷи зиёдатӣ гузаронида шаванд. Мутаассифона, баъзе оилаҳо ҳангоми гузаронидани ин гуна маъракаву маросимҳо ба исрофкорӣ ва харҷи беҳуда роҳ дода, ба буҷети оила зарар меоранд.

Истироҳат мафҳумест, ки маънои васеъ дорад. Оромона шунидани барномаҳои радиову тамошо кардани намоишномаҳои телевизион ҳам истироҳат аст.

Вале дар урфият мегўянд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан». Ҳap шахсе, ки дар ин ё он соҳа ифои вазифа менамояд, соле як маротиба ба рухсатии меҳнатӣ ҳақ дорад. Ташкилотҳо ва хазинаҳои ҷамъиятӣ барои истироҳат ва муолиҷа дар истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳо бо нархи арзон парвона (путёвка) медиҳанд ва ё ба шаҳрҳои таърихии мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ саёҳат ташкил менамоянд.

Барои чунин сафар ва сайрҳои мақсадноку тўлонӣ ҳатман пасандози оилавӣ ба кор меояд. Шахсони алоҳида аз ҳисоби ҳамин пасандозҳояшон мувофиқи салоҳдиду имконияташон дар ҷойҳои дилхоҳи хеш истироҳат мекунанд. Ба чунин истироҳати мақсаднок баъзан тамоми аъзои оила ва ё бо навбат сафар мекунанд. Ҳар як сафари берун аз маҳалли зист ба одам як ҷаҳон таассурот ва хотироти нек мебахшад. Ҳаp бор онро ба хотир оварда ба дигарон ҳикоя кардан ҳам инсонро шоду болидахотир менамояд.

Сайру гашти берун аз шаҳр, тамошои нафосату назокати табиат, лаҳзаҳои бофароғат дар соҳили дарё, кўҳҳо, махсусан, сайри кўҳсори сарсабзи Тоҷикистон, шунидани хониши кабк, булбул, тамошои ҳаракати моҳиҳо дар оби мусаффо аҷаб кайфияте доранд. Одам дар ин лаҳзаҳо аз ҳар чизи дидаву шунидааш як ҷаҳон фараҳ бурда, бегумон, худро як ҷузъи таркибии табиати нотакрор эҳсос мекунад ва ба маънии томаш зебогии табиатро дарк намуда, гумон мекунад, ки ҳар захму осебе, ки ба табиат расондаанд, захмест дар вуҷуди ў.

Тамошои шаҳрҳои бостонӣ ба кас як ҷаҳон ҳаловат бахшида, донишу ҷаҳонбинии ўро меафзояд, бо маданияту анъанаҳои мардумӣ ошно мегардонад, барои пайдо кардани дўстони нав мусоидат менамояд.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» ном асараш фоидаи сафарро номбар карда, аз ҷумла мегўяд: «Аввал, сиҳатии бадан... ва сабаби сиҳат табдили ҳаво бошад ва риёзати аъзо, ки ҳаракат муҷиби (боиси) таҳлили баъзе рутубати фазлӣ аст... Сеюм, рафъ шудани коҳилӣ (танбалӣ) аст, ки одамӣ ҳар гоҳ дар як ҳолат бошад, касолат (сустӣ) бар ў ғолиб мешавад...

Чаҳорум, маҳв шудани ғам ва ҳам малолат (озурдадилӣ), ки ҳарчанд касе малул бошад, чун ба сафар берун равад, албатта, аз андуҳ зоил (маҳв) мегардад... Панҷум, одоби мутафарриқа (гуногун) аз ҳap тоифа дидан ва ёд гирифтан... ».

Аҳли оила, умуман, ҳар шахс баъд аз як ҳафтаи меҳнати пурсамар метавонад рўзҳои истироҳаташро бофароғат гузаронад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои сайру гашт, театру кинотеатр, боғҳои истироҳатӣ мавҷуданд ва аҳолӣ метавонад аз он ҷойҳо истифода барад. Faйp аз ин, рўзҳои истироҳатро барои дидорбинии хешу ақрабо ва ёру дўстон истифода бурдан мумкин аст.

Вақте ки шахс ба меҳмонӣ ва ё сайру гашт равона мешавад, мувофиқи он либос мепўшад. Маълум аст, ки ҳар як халқ либоси миллии худро дорад. Махсусан, дар либоспўшии мардон тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст ва мардон чи дар шаҳру чи дар деҳот либоси расмиро ҳамчун либоси маъмулии худ қабул кардаанд. Занҳо бошанд, ҳам либоси расмӣ (хусусан дар шаҳрҳо) ва ҳам либоси миллиро истифода мебаранд.

Барои меҳмонӣ ва сайру гашт, одатан, либоси идона мепўшанд. Либос бояд чунон интихоб гардад, ки ба шахс зебанда бошад. Ба ҷавонмардон костюму шими якранг ва куртаи сафед бештар мезебад. Туфлӣ ҳам бо ранги костюм бояд мувофиқат кунад. Барои занони ҷавон ва духтарон либоси миллии тоҷикӣ хеле зебанда ва шинам мебошад. Омехта намудани либоси аврупоию миллӣ, масалан, куртаи аврупоӣ бо пойҷомаи миллӣ ва туфлиҳои пошнабаланд шаҳодати маданияти пасти либоспўшӣ мебошад. Ҳap зани ҷавон ва духтар бояд ба қадду қомат ва ҷисми худ либоси миллии мувофиқ пўшад. Дар истифодаи рангу бор ва ороиши мўй бояд занону духтарон зиёдаравӣ накарда, як меъёри муайян дошта бошанд.

Гоҳо дар кўчаҳои шаҳр духтарону занони ҷавон дучор меоянд, ки аз истифодаи рангу бори беандоза симои аслии онҳо шинохта намешавад. Ope, лабҳои арғувонӣ, рухсораҳои алвонӣ, мижгонҳои сунъӣ ва чашми сабзу осмонӣ диққати ҳар роҳгузарро ҷалб мекунад, вале ин таваҷҷуҳ на ба зебоии онҳо, балки ба завқи пасти эстетикии онҳо мебошад. Зебоии инсон дар ҳусни табиии вай мебошад ва надониста истифода бурдани рангу бор он ҳусни табииро коста мекунад. Ҳофизи Шерозӣ чӣ хуб гуфтааст:

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рўйи зеборо?

Сайру гашт дар хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои худро дорад ва иҷро намудани онҳо нишонаи маданият ва боодобии инсон аст. Мувофиқи қоидаи муқарраршуда агap зану шавҳар ҳамроҳ ба сайру гашт баромада бошанд, мард бояд аз тарафи чапи зан роҳ равад.

Дар кўча бо ҳамдигар бо овози баланд ҳарф задан, хандидан ва ба ҳар марду зани роҳгузар чашм духтан аз рўйи одоб нест. Баъзан ҳамин нигоҳҳои беҷо барои зан ё марди бадрашк сабаби моҷаро мегардад. Чунонки Саъдии бузургвор гуфтааст:

Дилороме, ки дорӣ, дил дар ў банд, Дигар чашм аз ҳама олам фурў банд.

Aгap вақти сайру гашт шиносеро бо ашхоси ношинос дучор омадед, салом гуфта гузаред. Aгap худи шиносатон аз рафиқонаш ҷудо шуда аз шумо аҳволпурсӣ кунад, суханро дароз накунед, чунки ўро рафиқонаш интизоранд. Ҳангоми суҳбат худро ба канори роҳ гиред ва ба ҳаракати дигарон халал нарасонед.

Ҳангоми сайру гашт яхмос, самбўса ва ё ягон чизи дигар хўрданӣ бошед, онро дар канори роҳ ё беҳтараш дар ягон ҷойи махсус таъйиншуда истеъмол намоед. Роҳравон чизе хўрдан аз рўйи одоб нест.

Aгap зану шавҳар ба кинотеатр ё театр рафтанӣ бошанд, бояд дар вақти муайяншуда ҳозир шаванд, чунки дер омадани онҳо сабаби нороҳатии дигарон мегардад. Дар кинотеатр ва театр бояд чунин рафтор кард, ки сабаби малоли хотири касе нагардад. Роғиби Самарқандӣ ба ин маънӣ гуфтааст:

Адаб аз баҳри ҳар шахсе нигаҳ дор, Kacepo аз касе камтар мапиндор!

Саволҳо

1.Зери мафҳуми сайру гашт чиро мефаҳмед?

2.Оё дар хона ҳам истироҳат кардан мумкин аст? 3.Оё шумо ягон маротиба ба саёҳат баромадаед? 4.Агар имконият дошта бошед, ба кадом гўшаи

Ватан ба саёҳат мерафтед?

5.Шумо кадом намуди истироҳатро меписандед?

пешина
аз 24
навбатӣ