Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

17. МУНОСИБАТ БО ПАДАРУ МОДАР ВА ДИГАР АЪЗОИ ОИЛА

Эҳтироми падару модар ва дигар аъзои оила яке аз шартҳои муҳимми пойдории оила, таъмини оромию осудагӣ, муҳити солиму мусолиҳатомез ва фазои хушбинона дар оила мебошад. Аз ин рў арўсу домод падару модари ҳамдигарро бояд дўст доранд, маслиҳатҳои муфиди онҳоро сармашқи зиндагӣ ва рўзгори хеш қарор диҳанд. Дар ин ҳолат метавон мутмаин буд, ки оила пойдору бобақо хоҳад шуд. Ҳурмати падару модар, падаркалону модаркалон ва дигар аъзои оила яке аз арзишҳои қадима ва беҳтарини оилаи тоҷикон буда, дорои ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ мебошад. Ҷавонон дар назди онҳо бо эҳтиром ҳарф зада, кўшиш мекунанд, ки бо сухан ё амалу рафтори ноҷое хотири онҳоро озурда нагардонанд. Аз онҳо барои пешбурди зиндагии оила маслиҳату машварат пурсида, андешаи онҳоро, ки аз таҷрибаи рўзгор баҳраваранд, баҳри рафъи мушкилоти оилавии худ истифода мебаранд. Баъзан барои эҳтироми онҳо аз манфиатҳои шахсии хеш гузашт мекунанд.

Аммо дар зиндагӣ гоҳо чунин ҳам мешавад, ки осмони софи бахти оилавиро абрҳои тираи хусумату моҷароҳо фаро мегирад ва зиндагии ширини тамоми аҳли оиларо талх мегардонанд. Сабаби ин моҷаро ва хусуматҳо, одатан, аз муносибатҳои арўсу хушдоман оғоз меёбанд. Донишманди тоҷик Аҳмади Дониш дар рисолаи «Дар одоби никоҳ ва баёни хусумати модаршў» зиддияти хушдоману арўсро чунин шарҳ медиҳад: «Модар муддаии ин аст, ки «фарзанд қитъаи гўште заифу оҷиз буд, ки ба саъю таваҷҷуҳ ва тарбияти ман рушду камол ёфта ва басе айёми мутавотир, (пайиҳам) ва аъвоми мутаоқиб (солҳои пай дар пай) шабҳо ба рўз ва рўзҳо ба шаб овардаам ва дар тарбияташ хунҳо ошомидам ва барои талаб ва хавфи талафи ў басо ба кўчаю бозор давида. Ҷазои ин эҳсон ҷуз ин нест, ки саранҷом фатқу ратқи (идоракунӣ) мақоми фарзанд ба дасти ихтиёри ман бошад ва ў бе савобдид ва маслиҳати ман набояд, ки даме об биёшомад».

Ba зан муддаии ин аст, ки «домани ин мард ба чанг овардаам ва худро ба забунӣ ва ходимӣ ба хидмати вай дода ва аз ҳама хешу ақрабо ҷудо гашта ва тарки ҳама гуфта ва савдою муомилаи умр ихтиёр намуда. Сазои ин тафвиз (супурдан) ва тамсил ғайр аз ин нест, ки калиди ҳаллу ақди абвоби дахлу харҷи мард дар қабзаи ихтиёри ман бувад. Ba чун ин ду даъвӣ ба ҳамдигар муориз (мухолиф) аст ва асли хусумат аз ин ҷост ва чун асл бишнохтӣ, бидон, ки фуруоти он ҳама савғо бошад».

Маълум аст, ки хусуру хушдоман ба хотири писарашон арўсро ҳамчун фарзанд дўст дошта, ўро ҳамчун узви оилаи худ қабул мекунанд. Зиндагӣ пастиву баландиҳо дорад. Дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт агар арўс аз онҳо маслиҳат пурсад, самимияту хайрхоҳии онҳо боз ҳам бештар мегардад. Чунончи Ҳофизи Шерозӣ фармудааст: Пирон сухан зи таҷриба гўянд, гуфтамат, Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гўш кун.

Ope, баъд аз сипарӣ гаштани муддати муайян арўс ба адои корҳои рўзгор шурўъ мекунад. Aгap арўс дар оилаашон аз падару модар тарбияи нек гирифта бошад, дар хонаи шавҳараш низ эҳтироми калонсолонро ба ҷо меорад, ҳамсари худро дўст медорад ва иҷрои корҳои рўзгор дар оилаи нав ба ў мушкилие пеш намеорад. Дар чунин оилаҳое, ки арўс корҳои худро бо розигии хушдоман ва дигар калонсолони оила анҷом медиҳад, барои норозигию моҷароҳо асосе ҳам намемонад. Хусуру хушдоман муҳаббату эхтироми арўсро нисбат ба худ эҳсос мекунанд, меҳри онҳо ҳам ба арўс меафзояд. Дар масъалаи ҳурмату эҳтиром Фаридуддини Аттор гуфтааст:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

To азизи дигарон бошӣ ту низ.

Фарзандоне, ки дар асоси анъанаҳои неки миллӣ ва панди бузургон тарбия ёфтаанд, дар рўҳияи инсондўстӣ, эҳтироми калонсолон, самимият ва қадрдонӣ ба камол мерасанд. Эҳтироми арўс ба хусуру хушдоман ва муносибати шавҳар ба волидони ў риштаи дўстии ҳар ду оиларо мустаҳкам карда, омили зиндагии хушбахтонаи ҷавонон мегардад.

Гоҳо аз муносибати носозгори арўсу хушдоман низоъ ва моҷароҳо бармехезанд, ки сабаби нотинҷию малоли хотири тамоми аҳли оила мегардад. Чунин моҷароҳо дар натиҷаи якравии арўс, беҳурматӣ ба хушдоман ва аъзои оила сар мезанад.

Модар ки то омадани арўс кадбонуи хона буду ҳама кор бо маслиҳати ў анҷом меёфт, мебинад, ки арўс дар хона ҳукмронӣ мекунаду аз вай маслиҳате намепурсад, озурдахотир шуда, ба ғазаб меояд ва норозигии худро бо кинояву ситеза ба арўс изҳор мекунад. Aгap арўс хатои худро фаҳмида, бо нармӣ узр хоҳад, ки бо ин амалаш фикри малол кардани хотири модарро надошт, шояд бо ҳамин низоъ аз байн бардошта шавад. Аммо агар арўс дар рўҳияи худхоҳию худбинӣ тарбия ёфта бошад, кўшиш мекунад гапашро гузаронад. Бо ин рафтор оташи ғазаби хушдоман боз ҳам афзуда, дар оила фазои ноором ба вуҷуд меояд. Арўси беандеша мустақилияти худро намоиш дода, бе маслиҳати хушдоман меҳмон даъват кунад, ба меҳмонӣ равад, норозигии хушдоман аз арўс меафзояд. Аз амалҳои нодурусти арўс ба писараш шикоят мекунад. Ҳамин тариқ, алангаи оташи хусумати арўсу хушдоман баланд мешавад.

Аз зиддияти арўсу хушдоман бештар шавҳар азият мекашад, чунки вай дар байни ду оташ мемонад: аз як тараф, модар, ки намехоҳад дили ўро ранҷонад, аз дигар тараф ҳамсараш, ки ў ҳам барояш азиз аст. Оқибати ин моҷароҳо ба он оварда мерасонад, ки писар ё ба хотири модар аз ҳамсар ва ё ба хотири ҳамсар аз волидон ҷудо мешавад.

18. ТАРБИЯИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН ДАР РЎҲИЯИ МЕҲМОНДОРӢ ВА МЕҲМОННАВОЗӢ

Тоҷикон чун ҳама халқҳои Шарқ бо меҳмоннавозӣ ва валинеъматиашон дар ҷаҳон ном баровардаанд. Ҳар касе боре вориди хонадони тоҷикон гардидааст, як умр меҳмоннавозии онҳоро фаромўш намекунад. Воқеан, халқи мо меҳмонро атои Худованд мешуморанд ва ўро азизу муътабар медонанд. Пирони рўзгордидаву корозмуда мудом таъкид мекунанд, ки замину хонаатро фурўш, тамоми амволи рўзгоратро ба гарав гузор, вале хотири меҳмонро пос дор. Боз мегўянд, агар ягон чизи дар бисотат буда ба меҳмон писанд ояд, ба вай бубахш. Иззату эҳтироми меҳмон аз остонаи даромади хона оғоз мешавад. Соҳибхона ўро хоҳ шиносаду хоҳ не, бо суханони самимиву хуш истиқбол гирифта, ҳолпурсӣ мекунад, «хуш омадед» мегўяд, барори корашро мехоҳад, аз хешу табор ва ҳамдиёронаш пурсон шуда, зуд ба дасташ об рехта, ҷойи нишаст нишон медиҳад. Ба суолҳояш бо хушнудӣ ҷавоб мегардонад, табассум мекунад. Дар сурати пурсидани шахсони ғоиби хонадон ё суханро моҳирона ҷойи дигар мебарад ва ё «ҳамин ҷой», «ҳозир меояд», «ҳоло даъват мекунам» гуфта, дар хона набуданашонро вонамуд намекунад. Вагарна меҳмон аз набудани одами даркориаш мушавваш шуда, худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Соҳибхонаи оқил ба хотири меҳмон чолокона дастархон паҳн карда, меҳмонро бо хўрок зиёфат мекунад. Фаридуддини Аттор дар ин маврид гуфтааст:

Меҳмон гар оядат аз хосу ом,

Пеши ў мебояд овардан таом.

Ҳангоми пешвоз ва қабули меҳмон асло сир бой додан даркор нест, ки ў ношинос, нохонда аст. Барои поси хотири меҳмон ғаму ҳасрати хешро фурў бурда, худро хушу хурсанд вонамуд кардан фазилат аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «соҳибхонаи оқилу доно пеши меҳмон пишакашро пишт намегўяд». Басо хуб мебуд, ки дар ҳузури меҳмон зану шавҳар, додару хоҳар ва падару модар бо ҳамдигар самимона муносибат кунанд, хушнудона ҳоли меҳмонро пурсанд ва ба хизматаш омодагӣ зоҳир кунанд. Дар хотир бояд дошт, ки меҳмон аз хурсандии бепоён ё аз меҳру муҳаббати пок нисбат ба шумову аҳли хонадонатон ё аз ғами гарону арзу ниёзи таъҷилӣ ба дари шумо меояд. Ба вай меҳрубонӣ кунед, то ноумед нашавад. Ҳар касе, ки меҳмонро пазируфта ба вай меҳрубонӣ кунад, худ рўзе ба караму илтифоти вай хоҳад расид. Яке аз фазилатҳои инсони бофарҳанг риояи одоби муоширату меҳмонавозии ўст.

Эҳтироми меҳмонро донистан воҷиб аст, аммо меҳмон ҳам бояд қадри худро донад. Дар «Наҳҷ-ул-ҳидоят» омадааст: «Бар меҳмон раво набошад, ки он қадр иқомат намояд, то мизбонро ба танг оварад».

Алии Сафӣ ин нуктаро таҳлил намуда, дар «Одоб-ул-асҳоб» овардааст: «Пайғамбар фармуда, ки раво нест ҳеҷ мусулмонеро, ки иқомат кунад наздики бародари муъмини худ то ба ҳадде, ки вайро дар гуноҳ андозад, яъне чун мизбон аз меҳмон ба танг ояд, ҳароина аз суҳбати вай мутанаффир шавад ва ин гуноҳ аст, ки касе аз бародарони худ мутанаффир бошад, пас гўё меҳмон вайро дар гуноҳ афканад».

Аз ин мулоҳизаҳо хулосае бармеояд, ки эҳтироми меҳмон воҷиб аст, аммо меҳмон ҳам бояд ҳадди ҳақшиносиро донад ва меҳмонии вай бар зарари мизбон набошад.

Бо гузашти айём ҷамъият пеш рафта, дар меъёрҳои ахлоқӣ низ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд. Аз ҷумла, дар расму русуми меҳмондорӣ низ дигаргуниҳо ворид мегарданд. Акнун дар шаҳру ноҳияҳо меҳмонхонаҳои замонавӣ мавҷуданд, ки мусофирон метавонанд дар он ҷо муддати дилхоҳашон зиндагӣ кунанд. Чунин тасодуф хеле кам мешавад, ки мусофире бе сарпаноҳ монад. Аммо панди бузургон оид ба меҳмон ба мо бояд меъёри одобу ахлоқи неки инсонӣ гардад ва дар ҳолати дучор омадан бо чунин тасодуф дар асоси суннатҳои миллӣ ва панди бузургон амал намоем.

Хешу табор, ёру дўстон, ҳамкорон ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад мекунанд. «Меҳр дар чашм аст» – мегўяд халқ. Дар натиҷаи рафтуомад меҳру муҳаббати хешу табор меафзояд, ҳамсоягон, ёру дўстон ба ҳамдигар наздиктар мешаванд. Ҳангоми рафтуомад хешу ақрабо, дўстон фарзандони худро ҳамроҳ мебаранд. Фарзандони онҳо ҳам бо ҳамдигар ошно мешаванд ва робитаи хешутаборию дўстии волидонро идома медиҳанд. Ғайр аз ин, фарзандон ҳангоми бо волидон ба меҳмонӣ рафтан аз онҳо тариқи меҳмоннавозӣ, одоби муошират ва муносибатҳои неки дўстиву хешутабориро меомўзанд.

Хешу табор, дўстони наздики хонадон ба хонаи ҳамдигар бе даъвати махсус ҳам метавонанд меҳмон шаванд, чунки мақсади онҳо дидорбинию аз аҳволи ҳамдигар бохабар шудан аст. Гоҳо ба маслиҳате ба назди якдигар мераванд. Чунин ташрифи меҳмонон омодагии махсус ва хароҷоти зиёдеро талаб намекунад. Албатта, соҳибхона онҳоро бо чеҳраи кушод ҳамчун меҳмони азиз пазироӣ намуда, дар наздашон дастархон мекушояд. Неъматҳои беҳтарине, ки дар хона ҳаст, ба дастархон мегузорад, қоидаҳои меҳмоннавозиро ба ҷо меорад ва ҳангоми рафтанашон ҳамчун меҳмон гусел мекунад. Соҳибхона дар ҳар вазъияте, ки бошад, зинҳор бояд хафагӣ ё норизоии худро аз омадани меҳмон вонамуд накунад. Носири Хусрав дар ин бора мегўяд:

Чу меҳмон оядат, дилшод мебош, Зи ҳар банду ғаме озод мебош!

Ҳар хонадон вобаста ба ин ё он муносибате ҷашнҳои махсусе дорад, ки онро дар ҳалқаи хешу табор ва дўстони оила мегузаронад. Дар ин мавридҳо пешакӣ омодагӣ мебинанд. Дастархонро бо мева ва нўшу неъматҳои гуногун пур мекунанд. Хонаро оро медиҳанд. Дар чунин ҳолатҳо меҳмононро соҳибхона пешакӣ даъват мекунад. Ба чунин даъват меҳмонон бояд дар вақти муайяншуда расида оянд ва аз рўйи одоб фарзандони хурдсол ва рафиқонашонро, ки даъват нашудаанд, ҳамроҳ нагиранд. Зеро мизбон мувофиқи шумораи меҳмонҳои даъваткардааш ҷой омода мекунад.

Соҳибхона меҳмононро дар назди дарвоза ё даромади хона бо хушнудӣ истиқбол намуда, ба хона медарорад. Баъд аз ҳозир шудани ҳамаи меҳмонон аҳли хона бояд бо чеҳраи кушод хидмати онҳоро ба ҷо оранд, чунки оқилон гуфтаанд: «Чеҳраи кушодаи мизбон сабаби кушоиши иштиҳои меҳмон аст».

Чун мушарраф шавӣ ба меҳмоне, Ҳар чӣ дорӣ, фидои меҳмон кун!

Мардуми моро одат шудааст, ки барои меҳмон анвои (навъҳои) беҳтарини хўрданию нўшиданиро муҳайё месозанд. Аммо меҳмонро зарур аст, ки дар истеьмол ва нўшидан низ меъёрро донад ва худро бисёр гурусна вонамуд накунад. Мизбон низ бояд дар хўрдану нўшидан дақиқкор бошад. Кўшиш намояд, ки меҳмон худро озод ҳис карда, аз анвои хўрданию нўшиданӣ, ки болои дастархон аст, бемалол истифода намояд.

Дар меҳмонӣ мавзўи суҳбат бояд аз доираи одобу ахлоқи ҳамдигар берун набарояд, баҳсу мунозира нашояд. Аз гуфтани латифаҳои бешармона ва шўхиҳое, ки метавонад сабаби ранҷиши хотири ҳозирин гардад, худдорӣ бояд намуд. Камолиддин Биноӣ дар мазаммати ҳазлҳои беҷо гуфтааст:

Эй бародар, ба ҳазл макшо лаб! В-ар кушоӣ, магўй ҷуз ба адаб! Ҳазл беобрўйӣ орад бор, Обрўро марезу ҳазл гузор!

Мусиқию суруд, муносибати дўстонаю самимии ҳозирин ва меҳмоннавозии соҳибхона меҳмононро шод менамояд.

Баъд аз хотимаи зиёфату суҳбат меҳмонон иҷозати рафтан мепурсанд. Мизбон ба хоҳиши меҳмонон бояд мамониат накунад ва меҳмононро то дари хона гусел намуда, бо тамоми рафтору гуфтори худ аз ташрифи меҳмонон миннатпазирӣ ва хушнудии худро нишон диҳад. Чунонки шоир гуфтааст:

Шуд мунаввар аз қудуми дўстон кошонаам, Хона фонус асту меҳмон шамъу ман парвонаам.

пешина
аз 24
навбатӣ