Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зафару Лена боз ҳамон ғиҷироси «сӯзтеи ғижаки Гурезмаст» -и дарвозаро бароварда, аз ҳавлӣ баромаданд. Холаи Шамъигул ба писарчаи хурдиаш Шариф таъкид кард: – Ба умеди акат нашуда, ба ҳами ошиқу маъшуқи дарвоза камтар равғани мошин мемолидӣ, иқа ғиҷаки Гурезмаста сӯз намедод. – Хола аз паси Зафару Лена бо дили пурғаш, ки акнун куҷо рафтанию ҳолашон чӣ мешуда бошад, нигариста гуфт:

– Аҷаб ҷуфти муносибанд. Мегӯӣ Худо онҳоро дар шаҳру диёри дур барои ҳам офаридааст. Тақдиру қаламкаши азал бин, чӣ қудрате дорад?! Якеро аз Чину дигар аз Мочин метавонад дар як мижа ба ҳам задан якҷо кунад. – холаи Шамъигул гӯё лолоӣ мегуфта бошад, – бо ҳасрат идома медод: – Шерак ай раҳи дур ба худша ёр оварду насибаш набудаст… Тоҷик мебуд, мусулмонзода мешуд, Худо яктаҳай зеби писари ман дора. Хайр, ку бинем, Худо дунёра ба як қарор биёра. Бинем ку, қаламкаш тақдири вайя ба кӣ кашида бошад?..

Садои башаст истодани мошин холаи Шамъигулу писарчаашро водор ба пас гаштан кард.

– Ку ҷони оча, ту сабуктарӣ, дав. Бубин, кист?

Боири раис аз мошин баромада, калид ба дасти Зафар дода гуфт: – Пагоҳийи барвақт, торик-торики рӯз ба мошин шишта ба Чорбоғ равед. Ҳолӣ не, ки роҳҳо дилпур нестанд. Хонаи амаки Фозил суроғ карда, гӯед, ки моро Раис фиристод. То каме ором шудани авзоъ дар хонаи шумо мемонем. Не. Балки гӯед, то омадани ман. То ман наравам, ягон хатча ва ё кас нафиристам, нагӯям, аз хона набуроед, – зуд-зуд ва кӯтоҳ гуфта, дигар интизори ҷавоби онҳо нашуда, ҳанӯз гарди аз паи мошин ба ҳаво хеста, нанишаста, худ пои пиёда равон гашт.

…Холаи Шамсия гӯшаш бод ёфта буд: писари Боири раис аз шаҳрҳои дур ба худша арӯс овардааст. Ҳоло духтари зардинаи ношиносро бо Зафар дида, дар тааҷҷуб, намедонист аз чӣ гап сар кунаду онҳоро куҷо шинонад, чӣ гуна меҳрубонӣ бикунад. Медавид якандозу болишт меовард, ба духтараш Нилуфар овардани дастархону ҳар гуна қут, нӯшу неъмат мефармуд. Ба ҷои он ки ба

Зафар гӯяд, худ зинапоя овардаю ба тани хавозаи ток такя дода, ба ангурчинӣ баромаданӣ буд, ки Зафар омада, ӯро аз ин райъаш гардонда, худ ба нордбон часпид.

– Холаҷон, – аз болои нордбон овоз дода гуфт Зафар, – ҳамроҳи ман Лена ном дорад. Имшаб мо дар хонаи шумо меҳмон мешавем. Мана ҳо он ҷилдҳои кӯрпаю болишти тозаи болои сумка гузоштаи мана гиред. Ба курпаҳои тоза дар як хонаи озода ҷой кунед… Илтимос аз кори ман хафа нашавед. Мо пагоҳӣ, мурғфарёд меравем.

– Ай, ита нагӯ! Ин ҷилдҳора куҷое буданд, боз ҳамун хел дар ҷояшон таҳ ва чогаҳ кун, – бо даст ишораи рад намуд холаи Шамсия, – Шукри Худо, мо унқадар бе гӯру кафан нестем, ҳамаша, ҳолӣ оҳараш ношикаста дорем. Мора чӣ хиёл кардӣ? – як навъ ранҷидахотир афзуд Шамсия хола.

– Холаҷон, шумо наранҷед. Мо инҳоро барои дигар ҷо рафтан ҳамроҳ гирифта будем, лекин ҳамин ҷо ҳам пӯшем, бад намешавад, – инро гуфта Зафар то омадани хола, як сар ангур канда, ба

Лена дароз кард ва ба хӯшаҳои дигари ангур ишора карда, пурсид:

– Боз аз кадомаш канам?

Лена хомӯш ба маънии намедонам, сар такон дод.

– Аз кадом навъ мехоҳӣ? – ба ину он хӯшаи ангур ишора карда, боз пурсид Зафар. – Ин ҷо бубин якчанд навъи ангур аст: ҳусайнӣ, тоифӣ, чочи гов, чиликак, кишмиши сиёҳу сафед, ҳатто ҷавз. Вай дар тарҷумаи ҷавз ба русӣ дармонда, мухтасар гуфт: самий сладкий, болще мёда!

Ҳавлии Шамсияхола аз анвои меваҳо фаровонӣ буд. Ба Лена сохти кунгурашакли хавозаи саҳни ҳавлӣ, ангурҳои рангобаранги овезон хуш омад. Холаи Шамсия барои шустани ангур сатили об ва лаълиҳо оварда, рӯи кати саҳни ҳавлӣ гузошт ва худ сатили дигар ба даст даруни боғ рафт ва лаҳзае пас, баргашт ва аз даруни сатил себу ноку шафтолу баровард, бо оби сатил шуставу болои лаълиҳо хеле зебо чинд. Онҳоро бо назардошти хурду калонӣ ва ба ҳам мувофиқ омадани рангашон болои лаълӣ тавре чинд, ки мегуфтӣ асари рассоми мониқалам ва ё нусхае аз меъморист.

Дар гӯристони канораи деҳаи Вистан болои гӯрҳои паҳлуи ҳам хок пӯшондаву мулло дуо хонда, дар фуровард ҳамин ки:

…мурдаҳоро Худо раҳмату мағфират кунад… охираташона обод гардонад, гуфта даст ба рӯ кашид, садои тир дар ин манзили хомӯшон баланд гашта, аз дуродур акси садо омад. Ҳама ҳозирин ҷонҳавлӣ сар ба замин гузошта, баъзеҳо ҳатто «мабодо ҳадафи навбатӣ ман бошам», андешида дароз ғелида, муддати як зув гуфтан, сар набардоштанд. Вақте дигарон калима арза кардаву сар бардошта, нимхез шуданд, марди паҳлуи Боири раис ором дар ҳамон ҳолати сар ба рукут рафта, меистод. Раис ин ҳол дида, зуд якпаҳлу хам зад, аз бари гарданаш дошт, набзашро санҷид, чизе нафаҳмид, ки дурусттар пурӯ зада, дилашро гӯш кард, аллакай аз задан бозмонда буд. Боири раис дастони аз захми мурда хунолудшударо мисле ки таяммум мекарда бошад, бо хок пок карду дар фикри ин хабарро ба мардум чӣ тавр расонидан буд, ки овози каси паҳлуи чапаш баланд гашт:

– Хазинадора паронданд, – бо овози гиряолуд ба самъи ҳамагон расонид ӯ. – Бечора марди бегуноҳ буд, беҷо ҳадафи тир шуд,

– афзуд ӯ.

Мардум дар аҷаб ҳолате монданд.

– Аз кадом тараф тир заданд?

– Аз ҳамин дохил буд ё?..

– Баъди садои тир як овози мошин баромад, – гуфт касе аз миёни ҳозирин, – кадом бадхоҳи номусулмоне буд, кораша карду рӯ ба гурез шуд. Мошини бисёре омадааст, кас намедонад, кӣ буду мошини кӣ?

Пичир-пичиру гуфтугӯ идома дошт, ки Раис аз ҷой бархоста, ба ҳозирон бо овози баланд, вале хастаю ҳазин муроҷиат кард:

– Бародарон, рӯз бевақт шуд, зӯр биёяд ҳам, боз каме сабр кунед. Ҳами мардак, дар ҳама ҳолати шодиву ғам шарики мову шумо буд. Ба ҳеҷ рӯ аз мо канданӣ надошт. Ӯро ҳам бо ҳами сарҷамъӣ, бо обрӯи Муҳаммадӣ ба хок супорида, дуои нек карда, баъд равем.

– Худоё, ин чӣ мурдан шуд? Гӯри дигар биковен! – баланд шуд овозе.

Дигаре гуфт: – Ба ранги Ҳорун1 дар гӯраш кунем.

– Ай не, Раис! – аз миёни мардум овози хиррие баланд гашт.

Ҳарчанд дар пардаи нимрӯшани говгум аён набудани чеҳраи сухангӯ, аксарият аз овозаш шинохтанд, ки Самандари бригадир аст.

1 Ҳазрати Мӯсо бо Ҳорун(ибни Имрон) ба куҳи назди Байтулмуқаддас боло мерафтанд. Диданд, ду мард гӯр мекананд. Пурсиданд: ин гӯр аз баҳри кист? Гуфтанд: аз баҳри марде, ки ба ин(Ҳорун) мемонад.

Гуфтанд: бубин фарох аст ё на? Ҳорун ҷома бадар кард ва дар гӯр хобид ва дарҳол руҳ аз ӯ муфориқат кард…

Ҳанӯз ӯ дар идомаи сухан чизе нагуфта, пичир-пичири байни мардум ғоз ёфта, то ба гӯши раис ҳам расид:

– Оҳ! Аз кулух оташ парид.

– О, ин биргадир ҳурбаи ба сояйи Раис рост нигаҳ кардан надошту…

– Баръакси гуфтаи Раис даҳан кушоданашро касе ёд надораду.

Ин ҷуръат аз куҷо пайдо шуд?

– Ба Худо, ки дунё дигар гаштаст.

– Ҳа! Кӣ ёд дорад, ки дар мазору гӯристон одам кушанд?

– Ё. Кӣ мегуфт, ки бригадир ба Раис гапгардонӣ кунад?!

– Мегӯм, ҳамин моҷароҳо шағола шеру шерҳоя рӯбаҳ карданд, чӣ?

Садои хиррии бригадир овозҳои пичир-пичири ҳозиронро пахш кард: – Раис илтимос, бемалол бошед! Хоҳиш мекунам, аз ман наранҷед! Мувофиқи фармудаи қонуни шариат, – овози ӯ, возеҳ шунида мешуд, – аз ақрабои майит, яъне хазинадор аввал ризоят пурсидан лозим. Баъд шустану кафан ва ҷаноза кардан…

– Эй! Ин корҳо дигар зарурат надоранд! Мардака бегуноҳ паронданд! Шаҳид шуд.

– Шаҳидӣ барои ту кори бозӣ аст?! Агар болои молу ҳолаш мепаронданд, гап дигар буд. Ҳоли чӣ?!

– Ҳамин ҳам дараҷа мебарад. Бечора бе ҳеҷ гапу хабар…

– Дараҷа бурдан дигару шаҳидӣ дигар аст, инҳоро аз ҳам фарқ кунед!

– Ба Худо, бе ҳеҷ шубҳаю гумони бад шаҳид шуд, мардак! – боз таъкид кард соҳиби ҳамон овози аввала. – Ба шаҳид шустану кафан ва ҳатто ҷаноза хондан ҳам зарурат надорад.

– Аз хусуси шаҳидӣ дар Ҳадис омадааст, ки куштаи инсон дар чор маврид шаҳид ҳисобида мешавад, – ҷо дуруст карда, гуфт касе аз миёни ҳозирон. Мулло андешид, ки бе ин ҳам рӯз торик шудан дорад, пеши ин мард нагирад, то он чор маврид шарҳ медиҳад, ки шаб нима мешавад. Ҳамин аст, ки мулло гуфт:

– Бале. Ӯ дуруст мегӯяд.

Бисёриҳо нафаҳмиданд, ки мулло кадоме аз суханҳои гуфтаи онҳоро тасдиқ кард. Ва ба ҳам изҳори тааҷҷуб доштанд, ки мулло мушкил осон намуд: – Бе ризояти аҳли байти вай, ба хок супориданамон раво нест, - гуфтаи бригадирро ҷонибдорӣ кард мулло Усмон, ки аз ҷумлаи шахсони боэҳтироми деҳаи Вистан буд.

– Ин хел бошад, – гуфт Боири раис, – Ҳасан, зуд ба мошин нишаста, ба хонаи онҳо раву боэҳтиёт бош. Ба хубӣ, тавре фаҳмон, ки боз бачаҳояшро талхакаф накунӣ! Вазъиятро бамулоимат фаҳмону баъд ризояти онҳоро пурс. Не, нагӯянд, бо ҳамин тасфи тану сарҷамъӣ ба хок супоремаш. – ҳамчунин таъкид кард:

– Ҳаким, ту ҳам ба мошини дигар шину рафта аз хонаи мо ҳам чироғу ҳам ду нурафкан гирифта биёр. Белу каланд кифоя аст ё боз биёрад? – Кифоя! – овоз доданд чанд тан.

Раис боз чизи дигаре ҳам гуфтанӣ буд, ки овози марғуладоре монеи суханаш шуд: – Раис, ақрабояш розӣ шаванд ҳам, маҷбурем аввал ӯро шӯем, кафан печем, баъд ҷаноза кунем. Ин хел яку якбора? Чӣ хел мешавад? Мурдаи одама беҳурматӣ кардан…

– Аз гӯристон мурда ба хона бурдан ҳам хосияти нек надорад.

Вазнинӣ ва сияҳӣ меорад, мегӯянд, надонам, – инро гуфта, Раис тавре сарриштаи гапу кор гум карда бошад, дар ҷои истода ба замин нишаст.

– Ҳеҷ гап не. Абӯалӣ Сино мудом аз гӯристон мурда мебурд, – оҳиста ба шахси паҳлуяш фаҳмонд муаллими кимиё.

– О, вай хона не! Пеши бачаву кача не, барои таҷрибаву омӯзиш мебурд. Ба лабаратория! Чаласавод!

– Ун вақт лабаратория аз куҷо?

– Хайр, лабаратория набошад, ягон таҳхонаи барои ин кор мувофиқ. Бе омӯзишу таҳқиқи мудомии мурдаву зиндаи одамӣ Абӯалӣ Синои машҳур намешуд.

Миёни онҳо аз ҳар кую дар чархи тахмину ғайбатгӯӣ гардон шуд:

– Ҳадаф аслан Раис будасту…

– Ту аз куҷо медонӣ?

– Худоро одамӣ бо ақл шинохтаст.

– Ин бечора чӣ гуноҳ дора?

– Гуноҳаш? Намедонӣ?

– О, ман аз куҷо донам?

– Гуноҳаш, пулдорӣ.

– Рост мегӯяд, – тасдиқ кард дигаре.

– Кадоме ба пулҳояш чашм ало кардаст.

– Унқадар ба пулдор монанд набуд ку?!

– Пулдор шоху дум дорад?

– Не. Охир, ҳоли харобу маҳзунаша дида, дилат месухт, мехостӣ пули доштагита ба ӯ диҳӣ.

– Э, вай худаш аз куҷо пул дошт? Хоре надошт тан бухорад.

Гап дар сари пулҳои ҳангуфти хоҷагӣ.

– Худо раҳматаш кунад, чунон сахту қонунбозе буд. Бе хату чак ба касе як пули пучак насия намедод.

– Ҳар хеле буд: хоҳ хуб, хоҳ бад, аз мо ва ҳамранги мо буд.

Дар неку бад шарики мо буд. Мурдаро бад намегӯянд.

– Бечора ҳайф шуд, се кӯдаки тарак дорад.

– Ягонтоаш мактабхон ҳаст?

– Як нафараш. Дуи дигар ҳоли мактабрав нашудаст.

…Хомӯшӣ. Гӯё гап тамом шуд, дигар сухани мегуфтанӣ намонд. Пардаи торикӣ, ки торафт ҳамаро дар қабзаи худ мегирифт, гӯристонро аз будаш бештар даҳшатзову воҳимаангез мекард. Ходаҳо, сангҳои хурду бузурги сари гӯрҳо, латабандҳои дарозу кӯтоҳи ба ходаҳо печида, ки аз боди дайдуи сар-сарӣ ҳар сӯ алвонҷ ва печу тоб мехӯрданд, ҳар гуна деву аҷинаҳои воҳимаангезу даҳшатзои хаёлиро дар зеҳни зиндаҳо тавлид месохтанд.

Мегуфтӣ деву аҷинаҳои афсонавӣ бесухан, балки бо нағмаи фаҳмиданашавандаи латабандҳо ноаён рӯ зада, қасди ҷони одамон доранд… Сари манзилбудагон бар асари кадом як ҳиссу тахайюлоти номаълум худро ба тани ҳамдигар ҷафс гирифтанд.

Паҳлуи ҳар як гӯр нафаре истода буд, барои зикри хайр ё навбати ҳамраҳӣ дар роҳи охират, касе пешгӯӣ карда наметавонист.

Ба ҳам омадани иқлими гарму нимсарди муътадил на ба ҳама маҳалҳои дунё хос аст, ҳатто дар Тоҷикистон ҳам. Вале деҳаи Вистани биҳиштосо аз ин неъмати Худованд бархӯрдор аст. Ҳар кӣ боре назараш ба ин маҳал афтода бошад, ҳаваси дубора дидан мекард. На танҳо табиати он, балки одамонаш ҳам тавре Абӯрайҳони Берунӣ фармудааст: мардуми маҳалҳои зебо одамонаш ҳам зебою хушфеълу мулоимтабиат мешаванд.

Духтарони холаи Садафмо: Гулбаҳор, Гулхумор ва Гулчеҳра бо синҳори нозанинашон Хайрӣ, гавҳари поки аз садаф беруншуда, балки нишони баҳори ҳақиқиеро дар ин хонадон мемонанд.

пешина
аз 22
навбатӣ