Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҚИСМИ ДУЮМ

Пероҳани зебои арӯсӣ ба бар Ҷарира ба оинаи барқад нигоҳ медӯхт. Аз оина ба ӯ арӯси хушрӯ бо нигоҳҳояш салом арз мекард. Салом аз ояндаҳое, ки духтар намедонист чӣ рӯзгоре интизораш ҳаст, ҳарчанд модар бовар дошт ба хушбиниҳояш, ки рӯзгори тинҷу осудае духтарашро нигарон аст. Худро тамошо мекарду завқ мебурд. Охир, пероҳани сафеди зебои арӯсӣ аҷаб шукӯҳе дорад. Ояндаро аз зебоӣ таҷассум медиҳад. Нигоҳи духтар дур рафт, ба дуриҳои гузашта, ба дуриҳои пешоянд сайр кард... Дар дуриҳои гузашта Сипеҳр буду ёди ӯ ва сипеҳри дилашро муҳаббаташ хуршед. Хуршеде, ки ҳастии духтарро гармии зиндагӣ ато мекард, зеро интизориҳояш чун хуни гарм ҷисмро ҷон мебахшид, ҳарчанд дар ин интизориҳои беҳудуд абрҳои сиёҳу гирифта нолаи зор доштанд.

Ҷарира пероҳани зебои арӯсӣ ба бар карда буд. Арӯси зебо буду дилаш арӯсӣ надошт. Арӯс буду ояндаро арӯсона намедид. Танҳо оинае пеши чашмонаш ҷилва дошт, ки нигоҳашро мебурд.

Нигоҳи духтар перомуни чашмонаш сайр мекард, ё худ перомуни чашмони духтар оина акси рӯзгори ӯро бозгӯ мекард. Оинаи бисёртабақа, чеҳраашро гӯиё ба қисматҳо чудо мекард, мисоле, ки зиндагияш ҳам пора-пора қисмат шуда буд. Пероҳани арӯсӣ паноҳаш дода буд, аммо Ҷарира эҳсос мекард, ки бо дили ҳазорпора, ба ҳар ҳол бо умеде, ки пораҳои он аз зиндагии навин риштаи нерӯ меёбад, қадам ба ҳавлии шавҳар мегузорад. Мехост қадамаш қадамҷойи орзуҳои ғурубкардааш бошад. Аз ҳама интизориҳояш ҳам орзуе меҷуст, умедвор мешуд, зеро зиндагӣ зинда аст. Чун зиндаӣ, чун ҷисмат талвоса дорад, аз анбӯҳи ҳама ҳуҷайраҳо ҳам гардиши хунро нигарон мешавӣ. Бигзор хун арғушт равад андаруни дили духтар, бигзор хун орзуро тулӯъ бахшад.

Орзуи дидори ширинро. Зеро баҳонаро бояд эҷод кард. Ҳатто баҳонаи дидорро.

Аммо ҳаво гирифта буд. Сим-сим борон меборид. Осмонро ғубори дилаш рӯ зада буд, ки ҳамвора хаёл дошту хаёл. Хаёлаш сукути сарди ҳарос дошт, зеро бузургиаш ҳам ихтиёр надошт, ё худ иқтидор надошт нерӯе барояш зам бикунад. Пас ҳама гирифториҳо рӯ бизад ва аз алам зор-зор ашк рехт.

Ҷарира саҳари барвақт аз хоб бедор шуд. Аз рӯйи одат Ҷононаро оғӯш карданӣ шуд, аммо ба ҷойи кӯдакаш дар бараш мардеро бидид, ки ангор шавҳараш буда. Нафаҳмид хурсанд бишавад ё шукр бигӯяд ва ё омода бишавад, ки дигарбора сарнавишт тӯъмааш бихоҳад. Даре, ки бозаш намудам, фақат мехостам бозаш намоям, аз дарун маҳкам карданд. Даре, ки боз нашуд, дубора дар асорати сарнавишти маҳбусӣ маҳкум бишуд. Вақте ки дар иҳотаи ангуштҳои ларзони панҷаи сарнавишт асир афтодаву маҳбусии тақдирро бор намуданд, дигарбора эҳсоси ҳузн мисоли меҳвари тақдиршуда шикофиҳоро «инъом» медорад. Шояд маҳз ҳамин гуна «инъом» будӣ, ки перомуни маҷроҳои мухталифи қисматҳои дардолуд панҷаҳои гиро буғияш намуд. Панҷаҳои гирое, ки сарнавишт дар он насиба дида. Сарнавиште, ки андаруни он ғулом шудаву ғуломӣ дида, то ниёзҳоро бе исён фурӯ бибарад ва ё чун ҳама гуна орзуҳои ширин андаруни дил гиреҳ бихӯрад.

Ниёзам муҳаббате буда, ки рӯҳи маро чун пероҳани тозаи гулобии умедвориҳоям бипӯшонад ва диламро пур бикунад.

Аммо духтар мехост ақаллан дар симо шавҳарашро бубинад. Шавҳаре, ки модараш интихоб намудаву хушбиниҳоро кафил дода, ки Ҷарира зиндагии хубе хоҳад дошт. Оҳиста, бо эҳсоси ҳаросолуде, ки дилашро мисоли интизориҳои дардолуд аз дуриҳои дури ноайён чанг мезад, ба чеҳраи шавҳараш назар дӯхт. - Ваҳ, худоё,

- нидое дар дилаш табли ҳайрат бизад. Духтар осемасар чашм пӯшид. Шубҳа дошт ба нигоҳаш ва ё пиндошт, ки тасаввуроташ дар чеҳраи шавҳараш акс ёфтаву духтар нигарон буд, ки ана ҳозир шӯълаи шамъи орзуҳояш сарнавишташро дурахш медиҳад. Фақат лаҳзае, ки комгор буда. Пиндораш ҳама орзуву армон, дарду ҳиҷрон, ҳаросу азобҳояш билкул дар шарораи хотираҳояш сарҷамъ шудаву ҳама сарнавишт, шояд солҳои интизориҳо чун дурахше дар он ғунҷоиш ёфта. Фақат интизориҳояш дар пероҳани зиндагӣ рӯ бизад. Интизориҳое, ки умедвор набуд духтар. Овои дили ранҷураш дар ҳастияш мисоли оҳанги хуши тақдир наҷво мезад, зеро дар бараш Сипеҳр мехуфт.

Бовараш наомад. Охир шавҳараш Асрор ном дошт. Синча карду дарк намуд, Асрор ба зоҳир шабеҳ доштааст ба Сипеҳр. Духтар сукут дошту ҳайрон монд.

Яке нигоҳаш ба соати дастии шавҳараш бархӯрд, ки болои ҷевончаи бари ҷойхоб қарор дошт.

Таваккал фикр кард, ки пеш аз хуфтан соаташро он ҷо гузошта. Зеҳн монда ба соат нигарист. Айнан соати Сипеҳр барин. Аз ин тасодуф дилаш ба як бор таҳ кашид. Бе мадорона худашро боз ҳам болои ҷойхоб ҳаво дод. Сипеҳр одате надошт, ки ба дарсҳо дер ояд ва ё бе сабаб ба донишгоҳ наомада бошад. Рӯзе, ки аз фанни таърих санҷиш месупориданд, Сипеҳр наомад. Ҷарира хавотир шуду баъди дарс ҷониби хонаи Сипеҳр роҳ пеш гирифт. Вориди хона шуду Сипеҳрро дар ҳолати беморӣ дид. Ҷавон тафс дошт, ангор дар оташ месӯхт. Пеши кати ӯ нишасту аҳволпурсӣ намуд. Аз ину он пурсиду хӯрок пухт ва ба Сипеҳр бо қошуқча хуронд. Вақте ки баргаштан хост, Сипеҳр пурсид:

– Соат чанд шуда бошад, Ҷарира?

– Соат надорам.

– Соати худам болои ҷевонча буд, гирифта деҳ, - хоҳиш кард Сипеҳр.

Ҷарира аз ҷояш бархосту назди ҷевонча омад. Соати Сипеҳрро гирифту зеҳн монда ба он нигоҳ дӯхт. Оддитарин хоҳиши Сипеҳрашро иҷро кард. Аз ҷояш бархосту соаташро бидод, аммо ҳамин кораки оддӣ ҳам ин қадар нишоташ дод, ки духтар гӯиё боғ-боғ шукуфт.

– Соат чанд шуда бошад, Ҷарира? – чашм молида пурсид Асрор.

– Чӣ? – яке аз банди хаёлот раҳида дубора пурсид Ҷарира.

– Ин қадар ту хотирпарешонӣ, чиро фикр мекунӣ? – асабонӣ пурсид Асрор.

– Болои ҷевонча соатамро монда будам, гирифта деҳ!

Ҷарира соатро гирифту ба шавҳараш дароз кард. Беихтиёр чашмонаш ба мусаввараи сари синаи

Асрор афтоду дилаш якбора таҳ кашид, аммо чизе нагуфту оҳи сард вуҷудашро сӯзонд.

– Чӣ шуд ба ту?

Одат карда будам, ки ҳар саҳар Ҷонона маро аз хоб бедор кунад.

– Ба фикрам ман духтар гирифтам, на беваи бачадорро.

– Чӣ ин қадар хомӯш мешинӣ? Ношто тайёр намекунӣ?...

Муҳиту ҷамъияту оила, аз як нигоҳ истилоҳ, аз нигоҳи дигар шиканҷае, ки андарунаш зиндагӣ дорӣ. Мурда-мурда зиндагӣ дорӣ. Вақте Ҷарира эҳсос кард, ки худашро андаруни тезоби оила гум кард, боз ҳам ёди бозгард накард. Агар аламҳош рӯ мезад, пинҳонӣ мегиристу нишоти зоҳир бой намедод. Агар хонаашон бармегашт, модараш ҳатман бемор мешуд. Аҷиб, духтар андаруни зиндагии худашу эҳсосҳояш зиндагӣ мекард. Ва нигоҳаш ҳам меҳрбору нарм буд. Нармие, ки мисоли тӯъма буғияш мекард, зеро дар мувозинати ин ҳама буданҳо духтарро танҳо ашки шӯр ҳамқисмат буд.

Орзуҳояшро хоб медид. Дар олами рӯъёҳояш бол дошту парвоз мекард.

Парвозе, ки ба дунёи ширини эҳсосҳояш роҳбаладӣ дошт, чунки болотар аз ҳама мавҷудаҳо сайёрае, ё шояд манзиле, ба истилоҳ ҳатто ғоре буда, ки метавонад орзуву ҳиссиётҳои кӯдакиашро паноҳ бидиҳад.

Оҳ, чӣ қадар ашк бирехт Ҷарира, аммо озорҳои бисёр мисоли анкабуте андаруни дилаш тор танидаву дар риштаҳояш печонида, дилаки кӯчакашро буғӣ мекунад ва ё чун сӯзан шикоф мекарду аз қатраҳои хун боз ҳам дардро тасвиргар аст.

Духтар дӯст медошт дар оина чеҳраи хушгилашро тамошо бикунад. Вақте ҳатто ашк мерехт, аз оина паноҳ меҷуст, аммо чӣ қадар мехост оинае бошад, ки дилашро пеши чашмони тараш бозгӯ бикунад. Шояд андаруни дилаш ҳазорҳо шикофию доғҳо хатти хунин доранд, зеро майда-майда дунё-дунё имонаш шикаст. Нав роҳгардиро омӯхту нигоҳаш ба мӯрчаҳо салом гуфт. Нав ду ҳарфи меҳрбор аз дилаш олам-олам эҳсоси хуш бахшиду меҳр бар мӯрчаҳо инъом кард. Кӯдак соатҳо назора дошту бо нигоҳҳояш мӯрчаҳоро бонӣ мекард. Агар яке медид, ки зери пойи касе мӯрча нобуд шуда, мегирист, аммо гиряаш гӯё баҳонае буд, ки хӯрок мехоҳад ё об. Вақте медид, ки падар бераҳмона модарро мекӯфт, пушти дарахт паноҳ мешуду метарсид ва боз ҳам нигоҳаш ба мӯрчаҳо ҳасрат мекард. Ашки модару ҷаҳли падар, борони тирамоҳу хазони дарахтҳо духтарчаро ҳайрону малӯл мегардонд. Пошшоча (модар чунин меномид) аз тирезаи хона ба берун менигаристу мӯрчаҳояшро ҷустуҷӯ мекард.

– Бува, чумалиҳои ман канӣ?

Аммо модар кунҷи хона нишаставу зор-зор ашк мерехт. Аз хонаи дарун падар баромаду бо ҷаҳли девонавораш ба сари занаш мушт бардошт. Овози баланду рафтори даҳшатовари падар кӯдакро андаруни тарс буғӣ мекард.

Пошшоча аз тарс меларзиду модарашро оғӯш мекард. Ва дар оинаи ашкҳои модар боз ҳам чеҳраи девонаавзои падарро медид, ки оби даҳонаш рехтаву чашмонаш хунолуд, мисоле, ки алами хунҳои рехтаи чашмонашро аз модар меситонад ва мекӯбаду мезанад, таҳқир мекунад. Ва дар ин лаҳза осмон сукут дорад, замин сукут дорад, ба пиндораш дили ҳама ҳам хомӯш шудааст, фақат, садои ваҳшатзои падар оламро ба ларза меорад. Садое, ки Пошшочаро аз дилаш мехӯрад, ё дилашро пора-пора мекунад.

Дар берун борон мебориду мӯрчаҳо ғарқ мешуданд. Дар хона бошад падар ҷаҳл дошту модар мегирист. Пошшоча гирён-гирён пеши модараш омаду хост тарафгирӣ бикунад, вале падар кӯдакро бардошту бо ҷаҳл сӯйе ҳаво дод. Яке нигоҳи кӯдаки гирён бо нигоҳи падар бархӯрд. Ва кӯдаки бечора дар нигоҳи падар хуни бисёрро дид. Акнун падар модару духтарро баробар муштборон мекард.

– Дадо, дадоҷон, бувама назанед. Буваҷон, чушам буромад.

Кӯдак зора дошту намедид, ки сару рӯйи худаш ҳам хунолуд шуда ва аз бинии модар ҳам хун ҷорӣ аст.

– Кӯдаки бечорая назан. Вай бачаи худат-ку, назан, ҷаллод, - чӣ гуфтанашро надониста фарёд мекард модар.

Пошшоча мӯрчаҳояшро ёд кард. Ҳарчанд чизеро намефаҳмид, ҳис мекард, ки баробари падарро дидан ва ё овозашро шунидан чизе андаруни дилаш канда мешуд ва мерехт.

Пошшоча хоб мерафту модарашро аз оғӯшаш раҳо кардан намехост. Ва хоб медид, ки падараш дигар модарашро намезанад ва сари духтарчаашро сила мекунад, аммо саҳар пероҳан бадал накардаву хурӯс табли огоҳӣ назада, аз садои ваҳшатзои падар бедор мешуд. Дунёи падар танҳо аз тоб додани кран, санҷидани ҳисобкунаки барқ иборат буд ва моҷарояш ҳам дар ҳамин ҳудуд ва ё чаро картошкаю гӯшти бисёр сарф кард ва ё чаро собун аллакай тамом шуд...

Ва бо ҳамин моҷаро субҳро истиқбол мегирифт кӯдак ва ҳис мекард, ки чизе андаруни дилаш канда мешуд ва мерехт. Кӯдак ба ҳама чизу ҳама кас меҳр дошт. Меҳрубониро ҳатто ба замин арзонӣ медошт. Вақте ҷорӯбро аз дасти модараш мегирифту ҳавлӣ мерӯфт, оҳистаоҳиста ҷорӯб ба замин мезад. Пиндораш, ки дили замин озор наёбад ва ё мӯрчае ба духтарчааш хӯрок мебарад, зери пойи касе намонад. Баъд духтарчааш гиря мекунаду азоб мекашад. Вай фикр мекард, ки дар дунё ҳамаи чизҳо дил доранд. Ҳатто кафшу шими падар ҳам. Барои ҳамин кафши падарро беозор пок мекард.

Фикр мекард, ки вақте падар модарашро мезанад, борон меборад ва мӯрчаҳояш дар оби борон ғарқ мешаванд. Бечора Пошшоча, ба гиряи модар мегиряд, ба марги мӯрчаҳояш мегиряд.

– Дадо, бувама назан. Сонӣ борон намеборад, чумалиҳо намемурад. Аммо падар бо бозувони тавонояш Пошшочаро тела медиҳад.

– Гум шав аз назарам, ҷалаббача.

Ва миёни ҳамин гуна моҷаро Пошшоча бузург мешуд, аммо лаҳза ба лаҳза чизе андаруни дилаш канда мешуду мерехт. эҳсос мекард, ки

Кӯдак мӯрчаҳои мурдаро гӯр мекард. Чун хок бар мӯрчаҳои мурда мерехт, ҳис мекард, ки чизеро аз ҷисмаш гӯр мекунад. Аниқ намедонист, чӣ, аммо ҳис мекард, ки гӯиё худашро зери хок андохт.

Зарра-зарра лаҳза ба лаҳза дилаш шикоф мешуд, чунки борон меборид.

Баъзан борон ин қадар бисёр меборид, ки Пошшоча ҳам баробари осмон андӯҳ мерехт ва овози падар ҳамоно ҳамон овозе буда, ки кӯдакро аз имонаш ҷудо мекард. Аз имоне, ки кӯдак фикр мекард, бояд фақат дӯстдор буд, аммо ҷаҳолате, ки бар рӯҳаш бор мешуд, марги мӯрчаҳояшро ба ёд меовард. Борон мебораду мӯрчаяке мемирад, барои чӣ борон мебораду падараш намемирад.

– Бува, агар дадом мурад, гира мекунӣ!

Ва солҳо бигзашту ҳинни сӯҳбате модар он гуфтори Пошшочаро ба ёд овард. Вақте Ҷарира аз забони модар ин ҳарфҳоро бишнавид, талх гирист, зеро ҳис кард, ки хеле барвақт имонашро бой додааст. Охир, ақлашро нашинохтаву дар рӯҳаш ҷаҳолат бедор шудааст. Он лаҳзаҳо, он ҳарфҳо аз хотираи духтар кӯр шудаанд, не он солҳо дар хотирааш зиндагӣ надоранд, аммо чӣ сон ҷаҳолат дар вуҷуди кӯдак бедор шудааст. Бори аввал аз таваллудаш пушаймон шуд ва худашро хеле бад дид. Ва ҳис кард, ки зарра-зарра худашро бой медиҳад.

Тайи андешаҳои духтар сафедорҳои баланд мисоли навои дилангез танин меандохт. Ва ё зеҳнаш дар танини ин оҳанг маҳин-маҳин хотираҳоро бедор месохт, ҳарчанд пайванди шабу рӯзро духтар дар сарҳади бистари сард убур мекард, боз ҳам барояш наҷвои эҳсосҳои ширинро чун рӯъёҳои дури кӯдакӣ ба ёд меовард. Ҳо, чашмҳои сафедор нигоҳи сард дошт, дар пиндори ӯ чунин нигоҳ дошт, зеро духтар рӯзгорашро дар ҷустуҷӯйи овоҳои дурӣ парешон месохт. Парешониҳо мисоли занҷири оҳанин аз нигоҳҳояш мерехт. Занҷире, ки бунёдаш оҳанин буд, чашми духтарро аз замири дилаш убур мекард. Не, занҷире, ки бунёдаш оҳанин буд, таваллуди ашкҳои хунинро башорат медод.

Чӣ башорате, чӣ мутаносибе, ё чӣ пайванди номувофиқе, ки яке аз тоғу дигаре аз боғ сафсатафурӯшӣ мекунад, аммо чашмҳои ман мисоли чашмҳои сафедор карахт бишуд, яъне дигар розе надорад, фақат, кӯрона ламс мекунад, ки решаи сафедор аз дилаш дур бошаду фақат қомате хамида, то рӯзгоре аз гузаштаҳою ояндаҳо баҳонае барои гаҳвораҷунбонӣ бошад.

Бо садои хурӯс, ки фарёдаш дар замири духтар хавотириҳои парешониро бедор месохт, бо хоби шириниаш хайрбод мегуфт. Андаруни ҷогаҳ ғел мехӯрду ғел мехӯрд ва бистарашро нарм оғӯш мекарду... ва эҳсос дар замираш аллакай туғён дошт. Туғёни ашкҳо, ҳасратҳо, ормонҳо ва парешониҳое, ки духтарро фақат ба дунёе роҳбаладӣ мекард, ки замираш дард буду дард ҳаст.

Фарёди дубораи хурӯс ҳушёраш сохт. Чашм молида-молида аз ҷойхобаш бархост. Пероҳан иваз бикард ва рӯй бишусту даст бишуст ва об аз кафҳояш ба чеҳрааш ғел бихӯрду нигоҳаш боз ҳам ба оина бархӯрд. Ва худро мисоли чашме бидид, ки дар тани сафедор манзил дорад. Манзили сафед аз дидори сафед. Рӯй бишуст, дандон бишуст, даст бишуст ва пероҳан иваз бикард....ва ин ҳама ормон буд.

Вақте ба хона омаду чун ҳаррӯза либос иваз карда, ба қавли худаш замини ҳавлияшро меҳрубонӣ карданӣ буд, нигоҳаш ба мӯрчаҳои бисёре бархӯрд, ки гӯиё села-села зери дарахт мурда буданд.

Духтарро якбора кӯдакияш ба ёд омад. Борон, падар, мӯрчаҳо...

– Мӯрчаҳои бечора, мисли ман бесоҳибанд, ки ин қадар хоранд...

– Бинам дарахтро мӯрчаҳои бисёр зер кардааст, ба танаи дарахт оби ҷӯш рехтам, ки мӯрчаҳо муранд, - ҳайрати Ҷарираро дида ба ҷойи салом гуфт Асрор ва бепарвоёна ба хонаи дарун даромаданӣ шуд, ки нигоҳаш ба нигоҳи Ҷарира бархӯрд. Дар нигоҳи шавҳар Ҷарира нигоҳи падарашро бидид, ки хуни бисёр дошт. Бемадорона ба ҷояш нишаста монд. Ба дарахт такя карду борон ба ёдаш омад. На, баръакс боз ҳам борон ба дили духтар чанг бизад. Вақте ҳавлӣ мерӯфт, оҳиста мерӯфт, ки баногоҳ мӯрчаякеро озор надиҳад. Марги мӯрча барояш марги орзуҳош буд, зеро дар пиндораш борон мебориду мӯрча мемурд.

пешина
аз 16
навбатӣ