Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хурмо сарсабз буд. Хурмо роз мегуфт. Ва оромии қабристон Ҷарираро ба риққат меовард. Духтар

Ҷононаро сари манзили Нӯшин нишонд. Ҷонона бо панҷаҳои майдаҳакаш бо шохаҳои хурмо бозӣ мекард. Ва механдид.

– Ҷаййя, ман бу, не, - мегуфт бо забони кӯдаконаи худ. Ва хурсандӣ мекард, механдид.

Ҷарира бехи дарахти хурмо об рехт. Чашмони Ҷонона ба зарфи дасти Ҷарира афтоду хоҳиш кард:

– Ҷаййя, балашама те.

Ҷарира ба вай аҳамият надод. Кӯдак исрор кард, лабонашро бурма намуда гуфт:

– Буваҷонам, балашама те.

Ҷарира чизе нагуфт ва зарфи дар дасташ бударо ба Ҷонона дод. Кӯдак зарфро ба даст гирифту ба модараш тақлид карда ба решаи дарахти хурмо об рехт ва аз кори худ завқ карда хандид.

Ҷонона муттаҳайирона ба модараш нигоҳ медӯхт ва чизеро намефаҳмиду аз доманаш сахт медошт.

– Буваҷонам, - хоҳиш мекард кӯдак, - ман дига гия кунам, не...

Ҷарира Ҷононаро ба оғӯшаш маҳкам фишурд.

– Бачаҷони ман, меҳрубони ман. Ту ин қадар меҳрубонӣ! Буваҷонаш

Ҷононая нағз мебинад. Сахт нағз мебинад.

Кӯдак хурсандона сарашро ба рӯйи Ҷарира ҷафстар кард. Ва нохост пурсид:

– Ҷаййа, Ношин канӣ?

Аммо Ҷарира суоли кӯдакро беҷавоб монд. Чизе нагуфт.

Ҷонона аз рӯйи Ҷарира бӯсид.

Нури меҳр бар рухи зебои кӯдак таҷаллӣ мезад. Шохаҳои хурмо арғушт мерафтанд. Дар навои насими саҳар алвонҷ мехӯрд.

Ҷарира ҷорӯб ба даст гирифт. Ҷонона ба модараш тақлид кард. Ҳар ду сари манзили Нӯшинро рӯфтанд ва об пошиданд.

Хурмо сарсабз буд.

Хурмо гул мекард. Накҳати он нафаси хуши тақдир буд, ки маҷрои худ дигар карда.

Шохаҳои хурмо зери навои насими саҳар арғушт мерафт. Тапиши дили тақдир буд... Хурмо сарсабз буд...

пешина
аз 16
навбатӣ