Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҷарира сархуш аз шароб, ғарқ ба ҳиссиёту фикр чашмони шаҳлояшро кушод. Бӯсаҳои гарми

Парвиз дилашро оҳанги хуш зам мекард, аммо нигоҳаш аз оинаи хона хати тақдир гӯё ҷониби осмон бурд. Осмон сафед набуд, ҳарчанд лаҳзае, ки ба ин хона ташриф овард, осмон сафеду покиза буд. Нафаси зиндагӣ сафед буд, сафедии зиндагӣ шабеҳ бар сипеҳре дошт, ки доғеро ҳам осор намехост. Сипеҳр мисоли орзуҳои духтар ангор парвоз дошт, зеро нигоҳи сафед боли ёдҳо буд. Аммо акнун, сипеҳр ба хоб рафта буд. Хоб дошт.

Пероҳани сафед дар дилаш чун орзуҳои ниҳонӣ баста шудаанду асрори хомӯшиву сукутро боз намудаанд. Чир-чиракҳо садои ҳазин доштанд. Садое, ки мисоли таронаи ғамин дар дили Ҷарира танин меандохт.

Муҳаббати дар нимароҳ мондаам. Нимароҳии дидор ҳам бароям умедворӣ ба зистан буд.

Умедворие, ки ту дубора ҷустуҷӯям мекуниву зангам мезаниву ҳарфи муҳаббати нимароҳа мехонӣ. Фатҳи муҳаббатро ҳар зан орзу дорад, аммо ҳиссиёт мисоли риштаи зиндагидӯз аз нимароҳаи дидор ҳам нерӯи зистан умедвор аст.

Парвизро хоб бурд. Дар хобаш ҳам Ҷарира ӯро аз оғӯшаш раҳо намекард.

Парвиз хоб буду Ҷарира ҳамвора бӯсаборонаш мекард, ашки чашмонашро пок мекарду боз ҳам дӯстдоштаашро мебӯсид, навозиш мекард. Меҳрубониҳо, ҳарфҳои пурмеҳру оғӯшу бӯсаҳо ҳама нисори Парвиз буданд, танҳо барои Парвиз. Fел хӯрданҳои муҳаббаташ танҳо ба умеду дидори дигарбораи Парвизаш буд. Акнун бо кадомин нерӯ сар аз хок берун мекунад? Хоки сияҳ чӣ нерӯ бар ҷисми Ҷарира медиҳад? Духтаре, ки ниёзи меҳр аз кӯчакиаш дар дилаш оҳанги дури дури ниёишро тараннум мекард, имрӯз аз марҳилаи дури кӯдакӣ гузаштаву ниёиши рамзолуди дилашро кашф карда. Асроре, ки мисоли оҳанги дардолуд дар замири духтар гиреҳ хӯрда буд, рози пӯшидаи худ берун кард, муҳаббатро ово бидод, аммо чӣ қисмате, чӣ сарнавиште, чӣ дарде?

Барои чӣ зиндагӣ бикунам? Бо кадомин нерӯ? Бо кадомин қувва? Чӣ зарурате дорад зистани ман?

Ҳамааш сароби дидор будааст, саробе, ки чӣ ҳам бошад, набошад нерӯям мебахшид. Нерӯе, ки аз хоб берун бошам. Аз хоки сарде, ки сардиашро дар ҷисми ман мерос гузоштааст. Ато карду, не қарзам доду бар амонаташ сардӣ зам кард, то муҳаббатамро маҳв созад. Ҷарира сарашро ба синаи Парвиз гузошт. Нафаси гарми Парвиз рӯҳашро ангор оромиш мебахшид, аммо дар замири тапишҳои дили Парвизаш навое набуда, ки исми Ҷарираро замзама бикунад. Ҳамин нафас аз хоку аз кайҳон ва ё хоку нурро ба ҳам пайванд медиҳад, чунки урёнии хокро нолиши ҷонкоҳ мададгор набуда.

Вақте ҷисми хушгилу урён аз ғояти тирагии рӯҳи маҳбус меларзад ва ё панҷаҳои шахшӯли

Парвизам синаву миён, гулӯю лабҳо, пою дастҳоро ламс мекунад, фикр мекунӣ шояд аз шавқу завқ ба тапиш меояд, аммо тапиши берӯҳ куҷо нерӯ дорад, баръакс охирин умедворӣ, вопасин зарраҳои бо азобе ёфтаатро нисор мекунӣ, то баҳона барои зинда будан, ақаллан баҳонае пайгир бошад.

Ҷисме, ки побанд нашуд ва ё ҷисме, ки аз тиҳигаҳи рӯҳ барояш завқи сурур ҷуст, не, ҷисму рӯҳ пайванди хокиву ҷонӣ аст, танҳо мутаносибии онҳо ду ҷисмро пайванд мекунаду муҳаббат мешукуфад.

Вақте дар замирам садои ҳасратолуди дарёро мешунавам, вақте дарё аз шавқ дар ман исён мекунад, чӣ гуна метавон суол аз наҷот бидод? Насибаи ман чунин буда, ки наҷотамро дарё бихӯрд ва дар иштиҳои бекарони он ғарқ шудам.

Пас, куҷо ҷисми урён лаззат мегирад, чун ҳама пайвандҳоро зеҳни пӯсидаи миллионсола хӯрдаасту рӯҳро побанд намуда, орзуи висол мекунад.

Парвизамро мебӯсам, оғӯш мекунам, шавқ дар ҷисмам бедор мешавад, не шавқ дар ҷисми

Парвизам бедор шудааст, фақат нигоҳи мурдаи ман ҳайрат дорад, чунки решаи пӯсидаи ҳазорсола ба чашмони ман об пошидааст ва ё бар хок гӯр кардааст, чашмони меҳрофарро гӯр кардааст. Ва нолишҳои меҳрбор ҳам фақат аз дуриҳои дур овои ҷудоиро меорад, ки ёд мекунам, ёд мекунам, ёд мекунам,ёд мекунам...

Дӯстдориҳо дар як ришта ангор сарҷамъ мешаванд ва ё ҳама интизориҳо дар меҳвари он меларзад, мисоле, ки фақат як лаҳзаро нигаронӣ, оё мувозинати чунин эҳсос дар вуҷуди ӯ ғалаён дорад? Бисёриҳо себро дуним карда мехӯранд, лаззаташ гӯё бештар мешавад. Дар замири инсонҳо бошад аслан, ки дилро дунима карданд. Диле, ки пораи гӯшт аст. Ҳазору як ташбеҳ, аммо нимаи дили маро гӯиё чун гӯшт ту хӯрдаӣ. Гӯштро барои лаззаташ бихӯранд, пас ту ҳам аз ман лаззате хостаӣ, фақат ғофил мондаму нимаи дигари диламро, ки бе он ҳолам хароб аст, аз Ту зора дорам. Fофил монданҳо ҳам баҳри ҳикмате будааст, ки баъдан эҳсоси дуриро мисоли набзи дилат дар вуҷудат пайгир бикунӣ.

Дар вуҷудам дурӣ зиндагӣ дорад. Нимадили сӯрохамро ба ҷустуҷӯят равон мекунам. Охир, худованд махлуқи бедил халқам накардааст. Хоҳ ин, хоҳ он, хоҳ ман, хоҳ ту, ҳама побанди табиат будааст. Табиате, ки зиндагияш фақат исрор дорад, талаб дорад, дард дорад. Ва дар ҳама бехудиҳо ақле ку, нерӯе ку, мадоре ку, то аз замири безамириҳо маҷро ҷӯям. Меравӣ, рафтанатро намехоҳам. Медонам, меравӣ, фақат, наход лаҳзаеро бароям набахшӣ, ки мадорам диҳад, то рӯзҳоро чун сӯзан ба ҳам пайвандад. Зора дорам, гиря дорам.

Охир, меҳвари табиатро ман бонӣ нестам. Ашки мани зор рез-резон дар бари ту мечакад. Нарав!..

Ҷарира оҳиста аз ҷойхоб бархост. Якбора дилашро андӯҳи номаълуме фишор дод. Аллакай андӯҳи ҷудоӣ, аз ҷойхоб дур нашуда, дарди ҷудоӣ дилашро мехӯрад.

Ба чеҳраи Парвиз дурудароз нигоҳ кард. Нигоҳаш дарду ғусса, аламу ашк дошт. Парвизашро бӯсид, ба муҳаббату ба меҳр.

– Худовандро дӯст доштан ниёзи бандааш аст. Дӯстдориҳои ман ҳам ниёзи чунин эҳсосҳо аст, ҷонам, - гуфт зери лаб Ҷарира ва гиряашро фурӯ бурду тозон либос пӯшид ва аз хона бадар рафт.

Хоби сипеҳрро ғафлати дидор халалдор кард. Сиёҳияш оҳиста-оҳиста табдили пероҳан мекард.

Ҷарира қадам ба қадам бе ҳолу бе мадор арзи вуҷуд мекард, аммо замин гӯё оҳанрабое буд, ки мекашид андарунаш. Мегӯянд, ки дарахти анҷир барги худро арзонӣ медорад ба инсон, ки чун пероҳан худро бипӯшонад ва дигар ҳама ниёиш ба осмон мекунанд, ки борон биборад ва ё сипеҳр ашк бар замин бирезад, то дидаи ҳатто дарахтҳо аз нигоҳ бар инсон тоза шавад. Ҳамин қадар ривоят. Аммо табиат дар ғафлат буд. Не, дар ғафлат набуд, дарахте зора ба шустагарӣ надошт, фақат, фақат нигоҳи илтиҷо бар самои симин барги ниёиши шустагарии Ҷарира буд, ҳарчанд духтар дар орзуҳош гум шуда буд, дар гуноҳҳош гум шуда буд, шустагаре ба гуноҳаш об надошт. Дарахт нигоҳи муҳаббат дошт. Кадомин дарахт? Боз ҳам дарахти анҷир. Барги пероҳан не, мехост барги меҳрро бар духтар бипӯшонад. Ашк ба истиқболи ниёзҳо раҳгум мезад ҷонибҳое, ки дилро месӯхту пораи гӯшт гӯиё кабоб мешуд. Алангае, ки дилро месӯзонд, чаро дилаш гӯям, охир як пораяки гӯштест, гӯшти сӯхтаест, ки дигарбора кабоб шуд.

Борон борид. Борон ҳама чангу ғубор аз баргҳои дарахтон бишуст. Духтар тар шуд. Акнун, гӯиё аз мӯйи парешонаш борон меборид ва сари китфонаш чун ашки ҷудоӣ мерехт. Не, борон ҳасрат дошт, ҳасрате, ки дидор бар дуриҳо монд.

Дар дуриҳое, ки духтари кӯчак ниёиши дили худро чун оҳанги ҳазин наметавонист тафсир бикунад, зеро кӯчак буд духтар. Ва бузург шудаву бо андӯҳ зери борон қадам мезанад. Қадам бар қадам эҳсос мекунад, ки ниёишаш дур рафта ва дар гузаштаҳо орзуи ғӯрамаргро қисмати ҳасратолуд ато мекунад.

Вақте инсон дар замин пош мехӯрад, саҳеҳтараш вақте ҳиссиётҳои муҳаббатомез аз асли худ дур шудаву дар рӯйи замин, миёни хоки сарду сахт акси гумшуда ва ё асли гумшудаашро мебинад, аллакай маргаш фаро расидаву фақат рӯзҳое ба дунболи ҳаракатҳои оддиву маъмулӣ боқӣ мондаанд, ҳарчанд баҳонаеро исрор дорӣ. Ва ин эҳсосе, ки қалби пуршӯр домони муҳаббат медошт, ба қавле дунё-дунё муҳаббат мерехт, аммо дунё-дунё муҳаббат бар манзиле ошён гузошт, ки маҷрои дидор бар Каъбаи дигарӣ мебурд ва мебарад.

Танҳо пайроҳае боқӣ монда, ки аз он сангчинӣ бикунӣ. Санг бар пешонаи шӯрам, ки гули насринро завол додаву хори мағелон парварида. Шояд бар он ки инсон рози худ бар ҳама раҳпайванде дар замин ифшо медорад, ба умеде вопасин умед ато бикунад, ҳамин гулаки сари роҳ, ҳамин сангчаи пеши пой, ҳамин бинои мактабе, ки замоне оғӯши меҳр барояш кушода буд, ҳамин муҷассамаи беҳиси Камол, ки аз нигоҳаш эҳсос меҷӯям ва ба ҷуз дурию бегонагӣ ангезае ҳис намекунам.

Шояд бегонагиям аз худам бошад, ки ғарқа дар ҷустуҷӯйи муҳаббат най навохтаму оҳанги пуршӯри диламро ҳадя бар оне кардам, ки қалбамро сиёҳ кард. Сиёҳи сиёҳ, сиёҳ аз умедвориҳою интизориҳо, аз ниёишу меҳрубониҳо. Чаро сиёҳ шуд? Охир, миёни анбӯҳи умедҳоям сӯи ҷудоӣ гум шудам. Ончунон гум шудам, дигарбора наметавонам касеро бӯсидан, оғӯш кардан, ба гӯшҳояш пичиррос задану сухане аз меҳр зам намудан...

Вақте Ҷарира ба хона омад, модараш айнак дар чашм китоб мехонд.

Ҷарираро диду дилаш аз андӯҳи ноаёне фишор хӯрд. Айнакашро аз чашм гирифту бо китобаш як тараф монд ва аз ҷояш бархост.

– Чӣ шуд ба ту, бачем? Дер омадӣ?

– Навбатдор будам. Ҷонона канӣ?

Ҷарира ба назди ҷойхоби Ҷонона омад. Кӯдак бо ноз хоб буд. Хобаш зебою чеҳрааш соф. Модари

Ҷарира ба духтараш наздик шуду муйҳои тарашро сила кард. Аз нигоҳҳои Ҷарира ҳис кард, ки чӣ воқеае рӯй дода.

– Гиря накун, бачем.

Назди модар Ҷарира ҳамеша гули хандон буд. Ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳои зиндагияш ҳам механдид, то модараш ғамгин набошад. Ба қавле ҳама азобҳояшро андаруни дилаш ҳазм мекард, аммо ба модар ҳарфе намегуфт.

Дилашро озор додан намехост. Ва байни ӯву модараш ҳамеша фосилае буда, ки модару духтарро аз ҳам ҷудо мекард. Ҷарира ҳама вақт ҳарос дошт, ки модараш наметавонад ӯро бифаҳмад ва ё маҳкум бикунад духтарашро, ки чаро берун аз чаҳорчӯбаҳо пой мондаву хати тақдирашро сиёҳ намуд. Ҳаросаш ҳам аз сиёҳии бахти фарзандаш буд ва ҳамвора ғарқи андешаҳои худ, ки чун

Ҷарира беэҳтиётӣ кард, дигар ягон мард хостгорияш намекунад. Шояд модар фаромӯш ҳам мекард, ки духтараш бо он ҳама иродае, ки дорад, инсон аст, зан аст. Зане, ки эҳсосу табиатро худованд атояш карда? Пас дар ин миён кӣ бечора? Модаре, ки андешааш перомуни чаҳорчӯбаҳо побанд шуда ва ё Ҷарирае, ки зиндагияш бидуни муҳаббат холӣ буда?

Ҷарира худдорӣ карда натавонисту сар ба китфи модараш гузошту бо алам гирист.

– Модар, акнун ман чӣ хел зиндагӣ бикунам, бо кадом умед? Муҳаббат нерӯяшро аз ман гирифт, дубора ба заминам бахшид, дигар чӣ зарурате ба буданам, вақте чизе, муҳаббате дар вуҷудам лонаи зиндагӣ надорад. Модарҷон, дигарбора зиндагиро ҳазм карда наметавонам...

Модар Ҷарираро аз китфонаш оғӯш карда, ба кунҷи хона, ба ҷойе, ки худаш нишаста китоб мехонд, овард ва ба рӯйи кӯрпача шинонду гуфт:

– Сару либосатро иваз намуда мӯйҳоятро хушк кун. Ман бошам барои ҳардуямон қаҳва тайёр мекунам.

– Очаҷон, манба чӣ? – аз хонаи дарун овоз баровард Ҷонона.

– Ту ҳоло ҳам хоб нестӣ? – бо ҳайрат пурсид модари Ҷарира.

– Авози буваҷонама шундаму бедор шудам, буваҷонам кати ачӣ када хоб мерам. Бе буваҷонам хобам намебарад, оча.

Ҷарира табассум карду Ҷононаро ба оғӯш кашид.

– Бачаяки ман, хоб нарафта интизор шудӣ?

– Буваҷон, ҳозир ман тува кофе мебиёрам.

– Очаҷон худашон мебиёранд. Ту нарав, чанд бор таъкид кардам, ки ба чизҳои шишагин даст нарасон.

– Буваҷон, чува метасӣ, ман шиканчак не, истакона намешиканам.

– Ту маро нафаҳмидӣ, бачаҷон, метарсам, ки худат нағалтӣ!

– Ман ӯй кадиям, ки туям бӯвом бойин ҷангкунак шудагӣ.

– Ҷононаи ширинаки ман, меҳрубонаки ман!

– Бӯвом фақат мегӯн ки ҳама чизова растан нагир. Дилам зиқ шуд, сонӣ гуфтам, ки бӯво, ман хурончак не. Очам бошад хандид.

Ҷарира Ҷононаро оғӯш карду аз сару рӯяш бӯсид. Кӯдакашро меҳрубонӣ мекарду эҳсос менамуд, ки аламҳош дубора рӯ мезанад. Аламу озори тӯлониатро ҳам ба як ҷумла ҷамъбаст бикунӣ, ҳамин як ҷумлаяк туро мекушад, чунки интизориҳои бардавом дар як сония маҳдуд шуда буғият мекунад. Ба мисле, ки ҳамаи умедвориҳои дардолуд дар ҳалқаи борики як ришта сарҷамъ шуда ва ё дар гардиши ҳамин ҳалқа ҷонатро қурбонӣ намуда, алангаи оташи дӯзахро арзонӣ медорад, чунки перомуни зиндагӣ танҳо як ҳадаф сарнавишти инсонро дунболагир аст, ки аз оҳ раҳоӣ ёбад.

– Очаҷона зиқ накардӣ, бачам.

– Не буваҷон. Очаҷон манба афсона мегӯн.

– Офарин, бачам.

- Буваҷон, ту гира кадӣ?

Ҷарира пурсиши кӯдакро бе посух монд. Ҳарфе нагуфту сахттар оғӯшаш кард. Чӣ қадар мехоҳад паноҳ ёбад, зиндагияшро маҷро бахшад...

– Буваҷон, ту зиқ нашав, ман ҳаям-ку...

Ва ҳамин як ҷумлаи кӯдак Ҷарираро аз олами бехудияш берун овард. Ҳамин як ҷумла маҷбураш намуд, ки фикр бикунад. Ҳамин як ҷумлаяк беихтиёр оҳангеро дар замираш танин андохт, ки духтар шояд солҳои сол интизорияш мекашид. Оҳангеро, ки рӯҳи духтарро такон диҳад...

– Ана, ман қаҳва овардам.

Ҳар се гирди миз нишастанд. Ҷарира миннатдорона ба модараш нигоҳ кард, аммо сухане нагуфт. Фақат Ҷонона гап мезад. Вакте кӯдак машғули бозияш шуд, модар оҳиста гуфт:

– Бачам, ба ту осон не, лекин инсонҳо ҳама вақт аз пайи ҷустуҷӯйи худанд.

Саҳеҳтараш, дар ҳамаи лаҳзаҳо фикр мекунем, ки ана худамонро ёфтем. Барои ҳамин вақте дар чунин ҳолат эҳсоси бегонагӣ рӯ мезанад, аз номуайянӣ сахт азоб мекашем.

– Модар...

– Инсон дар ҳар лаҳзаи зиндагиаш худашро пайдо кардан мехоҳад.

пешина
аз 16