Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҷарира аз тирезаи калони хона ба берун нигоҳ мекард. Дар берун ҳама мисоли мӯрча зиндагибардор буданд. Ошёни хона баланд буд, аммо ошёни дилаш холӣ. Инсонҳо чӣ тавр зиндагӣ мекунанд? Мӯҷиби ҳаракату даву тозашон дар чист? Орзу мекунанд, умед мебанданд, аз пайи орзуҳошон медаванд ва пайванде аз осмон барои зиндагиашон меёбанд. Муҳаббаташон ҳам заминӣ, воқеӣ, ҳавасангез аст. Муҳимаш миёни орзуҳошон гум нашудаанд.

Орзуҳошон мева дорад. Меваи ширин. Орзуҳошон ғел-ғелон домани бегонаеро намедорад, ки кӯмакам бикун, наҷотам деҳ, ҳарчанд орзу бар ҳама ғел мехӯраду таманнои зиндагии осуда мисоли нафаси хуш гиреҳ бар гиреҳ побанд мешавад. Ҷустуҷӯи муҳаббат ниёзи инсонофарии одами эҳсосӣ аст. Эҳсос риштаи печидаи умедҳои ниҳонии дили кӯчакесту мисоли ресмоне, ки дӯзанда пероҳан бар ҷисм меофарад. Ва эҳсос риштаест, ки пероҳани муҳаббат бар дили ман медӯзад. Муҳаббат... Ҷустуҷӯҳои ман, умеду орзуҳои ғуссаоварам, қадам ба қадам, пайраҳа ба пайраҳа, ҷисм ба ҷисм, нигоҳ аз нигоҳ, зора ба интизорӣ мехоҳам умрбод бикушамат. Аз нигоҳи Ту дур афтодааму дигарбора эҳсоси марг... Ҳазорсолаҳои эҳсоси дӯст доштан аз як нигоҳ ба гули сари қабр шабеҳ мегирад, гӯё танҳо ба як нигоҳ қисмати муҳаббатро пора-пора мекунад.

Шабеҳи оинае, ки бархӯрди як санги кӯчак метавонад ҳазорпорааш гардонад.

Шояд оина аз бархӯрд ба хокистаре табдил ёбад, ки ниёзи онро дар сиёҳиаш эҳсос мекард.

Хокистаре, ки дубора рӯшноиш ато бикунад.

Муҳаббатро ҳифз кардан ғурури ниҳониест, ки умедамро дигарбора нерӯ мебахшад, ҳарчанд сукути тақдири тирааш мисоли ҳалқаи дор аст, фақат гулӯямро нею диламро буғӣ мекунад. Диле, ки ғел-ғелон меравад ҷониби ту.

Аммо чунин эҳсосамро чӣ тавр метавонам ба Парвиз бифаҳмонам, дар сурате, ки ки лаҳза ба лаҳза аз ман дур мешавад.

– Ҷарира аз оина чиро тамошо мекунӣ? – пурсид Парвиз, ки аз ванна берун омад. Ҷарираро оғӯш карду аз паси гарданаш бӯсид.

– Аҷоиб бӯйи хушу махмуркунанда дорӣ, духтар. Дилам ҳамин қадар пур мешавад, ки ... Аз ин пеш ягон кас ба ту чунин гуфта буд?

– Кӣ ҳам мегӯяд? – бо овози паст ва андӯҳолуде гуфт Ҷарира. Чашмонаш пури ашк буд, аммо вай оҳиста нигоҳашро аз Парвиз гурезонд, - дар берун зиндагӣ ҷӯш мезанад.

Ҷарира бо ноз дастонашро ба гардани Парвиз ҳалқа кард ва аз лабонаш бӯсид:

– Ман...

– Чӣ ман?

– Шуморо ҳамин қадар ёд кардам...

– Ман ҳам.

Парвиз Ҷарираро бардошту гирди хона давр занонд. Баъд оҳиста ба рӯйи кат хобонду бинияшро пучид ва газиду гуфт:

– Чаро то ҳол либосҳоятро накашидӣ, ақаллан палтоятро. Биё, ман худам оҳиста-оҳиста мекашам.

Парвиз сару рӯй, лабу гардани Ҷарираро мебӯсид. Ҷарира бо панҷаҳояш мӯйи дуранги Парвизро шонаву бӯсаҳояшро меҳр зам мекард:

– Парвиз!

– Ҳа...

– Ман... – забон хоид Ҷарира.

Парвиз ба Ҷарира нигоҳ кард. Чашмонашро бӯсид.

– Чӣ ман?

– Ҷону ҷигарам, агар медонистед, ки чӣ қадар ҳиссиёт дорам. Ба андозае дӯст медорам, ки баъзан аз эҳсосҳои худам метарсам...

– Медонам, ҳиссиётҳоят сахт самимианд.

«Самимиятам ба андозаи муҳаббате, ки дар дилам оҳанги эҳёи орзуҳоямро мисоли навои зиндагиям замзама мекунанду ту оҳангсози таронаашон ҳастӣ, лаҳза ба лаҳза нерӯи тоза мегирад, аммо...афсӯс ин оҳангро дар дили ту наметавонам ово андозам».

– Хӯрок овардед?

– Гурусна мондӣ, ҷонам?

– Иштиҳо надорам...

– Хобат ҳам набурд?

Парвиз ба Ҷарира нигоҳ карду оҳиста аз лабонаш бӯсид. Яке ба хотираш омад, ки чанд моҳ пеш ҳинни вохӯриашон бо Ҷарира сӯҳбате дошт:

«- Барои чӣ ту тамоман чизе намехӯрӣ, ҷонам.

- Шуморо, ки дидам, иштиҳоям тамоман гум мешавад.

- Маълум, ки ошиқ шудаӣ!

- Вақте ки шумо ошиқ шавед, чӣ кор мекунед?

- Чиро дар назар дорӣ?

- Эҳсосу дӯстдориҳоям дардовар аст. Хӯрок хӯрда наметавонам, хобам умуман намебарад, шабҳо ба қавле ситора мешуморам. Дарунам аз дарди ҷонгудозу ҳасрати бешумоӣ месӯзад, дуру дароз месӯзад.

– Агар ман ошиқ шавам, дӯстдоштаамро аз худам дур шудан намемонам».

Ҳамон вақт Ҷарира оҳи сарду талхе кашида буд. Чашмонаш пури об шуданду нигоҳашро аз Парвиз гурезонд...

Парвиз сихкабобу шароб овард. Меҳрубонона, мисоле, ки Ҷарира кӯдак бошад, ба ӯ хӯрок хуронд.

– Моҳидухтар, ванна пури об, намехоҳед андаруни амвоҷаш шино бикунед?

– Моҳиятон аз об то гулӯяш сер шуд, ҷонам.

Ҷарира маст шуда буд. Парвиз худаш ба ванна даромад.

«Парвиз, ҷону дили ман, вақте аламҳои инсон рӯ мезанад, зеҳни пуршуда боз ҳам кори худашро мекунад, чунки чизе, ки решаи ҳазорсола дорад, ҳеҷ вақт дар як сония мағлуб намешавад. Пас, лозим аст, ки барои табдили зеҳни пуршуда муборизаи тӯлонӣ бурд. Барои ин чӣ лозим аст, ҷонам? Албатта муҳаббат!»

Парвиз оббозӣ карду аз ванна берун омад. Бо нигоҳҳояш Ҷарираро ҷустуҷӯ мекард. Духтар ончунон ба дунёи хомӯшиаш ғарқ шуда буд, ки Парвиз ҳатто тарсид, Ҷарира хонаро тарк гуфтааст ва ногаҳонӣ манзараи зебоеро бидид.

Ҷарира рӯйи миз урён хобида буд. Пайкари хушгилаш ҷило дошт, ангор ҷисми булӯрин дошт духтар. Бӯйи махмуркунандааш Парвизро ҷонибаш мекашид ва ҳавасаш ҷӯш мезад. Парвиз бо шавқи бисёру хоҳишҳои зиёд бар сару рӯйу ҷисми хушгили Ҷарира борони бӯса мерехт, мерехту мерехт... Ҷарира Парвизро оғӯш мекард, ҳарфи муҳаббат аз забонаш берун мешуданду ҷисми тавонои азизашро навозиш мекарданд. Эҳсосҳои пазмонию интизорӣ, дардҳои фироқу азобҳои танҳоӣ, тарсҳои дилашу озорҳои ҷисму рӯҳаш, шиканҷаи бехобиҳояш дар ҳамаи ҳаракатҳояш аён мешуданд. Шавқ дар ҷисми Парвиз бедор мешуд, аммо аз пайкари духтар фақат озорҳояш мерехтанд, ҳарчанд меҳрубонӣ дошт, ҳарчанд муҳаббатҳояш эҳсос мешуд, аммо дили кӯчакаш пур аз тирагӣ нигоҳи Парвизашро меҷуст. Нигоҳе, ки Ҷарира андаруни он муҳаббат бубинад, меҳрро ҳис бикунад ва нигоҳи Парвиз оинае бошад, ки Ҷарира бар он сурати баҳорро бубинад.

Баҳоре, ки эҳсос оварад, баҳоре, ки муҳаббат нурборон бикунадаш, баҳоре, ки зеҳни сукутҳои духтар аз Парвизаш гул бикунад, гули меҳр, гули бовар, гули намози шом...

– Парвизи ман, ҷону дили ман, дунё-дунё дӯст медорам, ҳиссиётҳоям дар дарунам намеғунҷанд.

Берун аз ман бар сару рӯйи ту мерезанд, аммо чаро ту боре, боре ҳам...

– Ҷарира, ту ин қадар ширинӣ, ин қадар бомазза, газида-газида мехӯрамат...

– Барои чӣ дӯстам намедорӣ?

– Нағз мебинам, Ҷарира, ба ростӣ нағз мебинам. Ман бе ту наметавонам...

Ҷарира Парвизашро боз ҳам оғӯш кард. Сари синаву гарданашро бӯсид, бӯсиду бӯсид.

– Ман туро дӯст медорам, Парвиз, дӯст медорам...

Чашмони махмураш пӯшида буданд. Хост чашмонашро кушояд ва лаззати висол аз нигоҳи Парвиз муҳаббатро бар ҷисму рӯҳи Ҷарира бирезад. Охир, висол ангезандаи муҳаббат, ҳиссиёте, ки мисоли ришта дилро ба дилу ҷисмро ба ҷисм мепайвандад, оҳи сӯзонро берун мекунад, то пайвандии ин эҳсосро дар зеҳни духтар то ба парвозҳо бирасонад.

пешина
аз 16
навбатӣ