Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй рафта зи ёдҳои ёдам,

Дар шӯри ҷавониву ниҳодам.

Ҷуз манзили афви ту набошад

Тасмими ману қарордодам.

Бо шеваи мор каҷ хазидам

Дар вусъати дашт рӯзаке чанд.

То рост фуруд н-оям охир,

Сӯрохии хонаам кунад банд.

Пайдом намудиву шудӣ гум,

Гуфтӣ, ки маро ту ҷустуҷӯ кун.

Чашми дили ғофилам биомурз,

Хуспиду надид решаву бун.

Бигрехта аз худ омадам боз,

Раҳгумзадаи маҷози ҳастӣ.

Дидам, ки ҷуз ин раҳам набошад,

Оғози баландро зи пастӣ.

Бар реша нигар, нумӯ намояд,

Дар хок зи чашми шед пинҳон.

Бин, ҳиммати қад кашидани сарв

Аз ҳикмати беназири Яздон.

1 Ишора ба масали халқист, ки мегӯяд: «Мор каҷ мехазаду ба сӯрохи хонааш рост шуда медарояд».

Як пову ҳазор дасти имдод,

Ҳар барги забону бас ниёиш.

Як тан тарафеву сад табардаст

Дар дураҳаи сад озмоиш.

Аз байзаи навшикаста беҳол

Берунаму пешомадам чист?

Хоҳам ки саломат оям аз банд,

Аммо ба чӣ ранг, равшанам нест.

Чун қуи сапеди навпару бол

Аз лонаи зиндагӣ кашам пой.

Парвоз кунам ба уфқи хуршед

Бо авҷи хуши садои сад ной.

Ду боли раванда пасту боло

Ҳар бор кафи дуову омин.

Ғоиб бишавам зи чашми ёрон

Дар қатраи ашки поки Парвин.

Барф, эй барф!

Хилъати испед пӯшонидӣ охир арчаҳоро,

дилбаронеро, ки сабзида зи ишқу ҷовидон сабзанд,

чашм дар роҳи висоли сабзоғӯше

бо зимистони ту ҳамнабзанд.

Барф, эй барф!

Аз табори поки дарёҳои сабзӣ!

Ҷӯшиши ишқ аст уруҷи босафоят.

Чархишат чун сӯфиёни дар самоъу рақс,

тикка-тикка мекунанд андар тани худ ҷомаҳоро,

Бо суруру шавқ меборанд байту чомаҳоро!

Барф, эй барф!

Ман ҷилои нури хуршеди наҷобатро

Дар сапедии вуҷуди ту бидидам.

Замҳарири шавқзоро

аз ғулувви сӯхтан

дар варои як саломи гарми маъбуди дили хеш,

ки бадал гардад ба ашке, чашмае, рӯде,

ҷон бибахшояд ҷаҳонеро ба софӣ

дар сари саҷҷодаи хок-

дар суҷуди ту бидидам!

Барф, эй барф!

Аз табори поки дарёҳои сабзам!

Чашм дар роҳи висоли сабзоғӯше

Бо зимистони ту ҳамнабзам!

Дили моро на марзеву ҳудуде,

На миллат, не ватан, н-аз буд суде.

Ҷаҳон бошад ватан, миллат туву ман,

Яке маъбуд аз баҳри суҷуде.

Башаррову замину осмонро

Яке қисмат, яке буду набуд аст.

Набошад боиси фарқу ҷудоӣ

Нигоҳе, ки агар сабзу кабуд аст.

Бубин ҳамбастагии ранг ин ҷо,

Сапеду сурху сабзу зарду обӣ.

Ба ҳар ранге агар олам натобад,

Зи бетобӣ натобад дар ту тобе.

Ғамам бар ҳоли гиру дори оне,

Ки андешад зи ҷоҳу молу ҷонаш,

Зи байни гиряҳо хандад, азизо,

Наяндешад зи фардои ҷаҳонаш.

Ману андешаи маънии ҳастӣ,

Тиҳиҷоме зи соқиву суроҳӣ.

Ба як завлона побандем, донӣ,

Зи зарроти вуҷуд аз мурғу моҳӣ.

Замини хаставу хуршеди хаста,

Мароми зиндагӣ дар ҳам шикаста,

Тарозуи ҳаёт аз бенизомӣ

Зи афъолат ба вайронӣ нишаста.

Замин аз таб бисӯзад, эй замондор,

Ниҳон Антарктида мешавад об.

Мабодо баъди чандин аср гардад

Биҳишти модарӣ ғарқоб, ғарқоб!

Сафои обу гармӣ з-оташаш рафт,

Ҷилои субҳу чеҳри маҳвашаш рафт.

Зи хоки он нарӯяд ғайри заққум,

Ҳавои софу ҷонбахши хушаш рафт…

Биҳишти ман Замин асту ҳамин аст,

Зи ту афсона, лек аз ман яқин аст.

Маро фурсат набошад бар руҷӯъе

Ба руъёе, ки бо маргам қарин аст.

Биё, афсонаҳоро чун ҳамеша

Ба дониш дар ҳақиқат зинда созем.

Биҳишти мо агар дӯзах бигардад,

Саморо то самак яксар бибозем.

Бувад шарти абад ҳастии ваҳдат,

Табиӣ зистан андар табиат.

Ба асри оҳану пӯлод маграв,

Ба қатли қалб дорад иститоат.

пешина
аз 15
навбатӣ