НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.
Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Фасли фусуни хоку об,
Санъати боду офтоб.
Гардиши Мавлавии чарх
Ёфта неъмати савоб.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Маънии ҳастии ту аст
Маншаъи дину ҳикматам.
Ҳофизи қисмати манӣ,
Қисмати туст қисматам.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Миллатам аз нажоди туст,
Тозаву тозатинатам.
Тоҷи каёниям абад
Гашта ба даҳр зинатам.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Юмни қудуми фарвадин
Зинда кунад зи нав замин.
Зодани Одаму Ҳавост
Ҷашни ҳаётофарин.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Хуршед дар бари Ҳамал омад, амал кунед,
Афсонаҳои куҳнаи худро бадал кунед.
Дунё хумор бишканад аз рангу бӯи ишқ,
Сар дар қудуми соқии симинбағал кунед.
Эҳё шавед аз нафаси қул-қули сабӯ,
Фардо ҳадиси ишқи дили худ масал кунед.
Таъми набизи талхгувори ғами ҷаҳон
Айёми айшу нӯши баҳорон асал кунед.
Фазлу русуми урдибиҳиштии мову ту
Байналмилал чу гашт, ҳавои ғазал кунед.
Одоби хусравонии наврӯззодагон,
Оину дини мардуми давру маҳал кунед.
Анвои рӯзгори тараб гирд оваред,
В-он гаҳ саёҳати даману кӯҳу тал кунед.
Анбони илми неку бади воҷибулвуҷуд
Аз дӯш бифканед, ба китфи азал кунед.
Фидои мақдамат, эй духти Наврӯз,
Дари майхонаҳо боз аст имрӯз.
Ба соғар оташ андозу ҷаҳонро
Зи шавқу мастияш бахшо табу сӯз.
Зи ишқи мо ба ҷамъи бехабарҳо
Забони дил, забони ақл омӯз.
Бибар дар мактаби чашмат, сабақ деҳ,
Ки то ояд зи худ пайваста пирӯз.
Пираҳани чакан ба бар омада духти навбаҳор,
Ранг ба рангу гул ба гул, дидаи сабзи ӯ хумор.
Хок зи юмни мақдамаш муъҷиза медиҳад нишон,
Накҳати ишқ шаш ҷиҳат карда зи шавқ интишор.
Исии шеди фарвадин рӯҳ дамида бар замин.
Сур ҳамекунад чаман, ид ҳамекунад ҳазор.
Вақти нишоти гул махур ғам ту зи хори доманаш,
Вақти сафои майхурист, вақти намудани шикор.
Сайд агар кунӣ ба ҷон як назари муҳаббаташ,
Майҳани ту шавад абад фасли муаттари баҳор.
Абр биборад аз тараб дурру гуҳар ба доманаш,
Дона ба хок пош деҳ, олиҳа зар кунад нисор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё