Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ба марде ҳоҷатбарор дасти дуо кушодааст,

Аз дурахши чашмонаш

Табассуми Дӯстро мушоҳида кардам.

Табибе бо марги бемор

зи рою дониш гуфтугузор мекард,

то шикастани чанд армонаш мунтазир бошад.

Аз гиребони зи чанги марг раҳоёфта

Сапедадами умедро

Чу паёми Дӯст пазируфтам.

Зи зарраҳои хоку гиёҳу барг

Обҳои ҷориву баҳору хазон

Ҳаёту марг,

Зи ҳар захмае сабабу оҳанге натиҷа,

Такаллуми Дӯстро шунидаам.

Зи офтобе, ки ба навозиши дуруд

рӯҳи ҳаётро медамад.

Зи моҳе, ки дар осмон тухмаи тухмаҳост,

Зи мадду ҷазри уқёнусҳо,

ки чун ман дар оромияшон сад ҳазор тӯфон аст,

аз ин низому мувозинате борику азим

Шаҳомати Дӯстро дарк кардаам.

Сурати мо на он суратест, ки мебинӣ.

Ҳақиқати сурати мо дар парандагону хазандагон,

Ширхорону хунхорон

Хулоса, дарандагон аст.

Ва кист сурати худро дар ин ҳамоиш боре дидааст?

Ман дар ин миён сурати хулосаи ҳама парешониям,

Ки дӯст медорам Дӯстрову ягонагии ӯро

Бо ҳар чӣ поку мунаввар аст, аммо

Ишқ меварзам!

Бародар ку, сари сангини худро

Ба китфаш монаму ҳай гиря созам?

Дар ин бозии қисмат нақди ҷонро

Вагарна дар ҷудоӣ муфт бозам.

Дар ин хона ба ҳар нақди муқаддас

Хиёнат омаду оташ заду сӯхт.

Куҷо дасте дару девори дилро

Ба эъҷозе кунад ободу якдӯхт?

Ғам аз ман хаставу дилгир гашта,

Зи ғам болотаре донӣ, чӣ бошад?

Ба бераҳмии хоса захми ҷонро

Ба сад нохун шабу рӯзам харошад.

Нигоҳам меравад имдодҷӯён,

Чу шиша чашмҳо сарду хамӯшанд.

Азизо, одамон ку, чӣ касонанд,

Ки дида аз нигоҳам дида пӯшанд?

Биё, эй килки хунафшон, зи май гӯй,

Ва бас кун қиссаи буду набудро.

Бародар нест, бо ҳасрат гузорам

Ба китфонаш сари сангини худро.

Анкабути дили ман ба зовияи танҳоӣ нишаста

Аз ғами танҳоии хеш тор метанад,

Зеро

Чӣ суратҳое ҳар рӯз

Зи ошнову бегона

Ба сар ниқобе нав ба нав мекашанд,

Зи гургу рӯбаҳу зи шер.

Ҳама бо ту шаъбада бозад,

Хоҳ ҷавон бошаду хоҳ пир.

Чи базмҳое ба разм мубаддал гардад,

Ки хунсое бо тафохур

Аз раҳи оз

Пайғола мекашад.

Ба ҷаҳли мураккабе дар монда,

Сухан мекунад пур аз ҳарфҳои лӯс,

Ту гӯӣ, суханҳояш ба гӯши сипоҳи ақл

Мерасад чу овози кӯс.

Чи торик аст ин муҳит,

Ки офтоб шаъшаъа мепошаду аммо

Наметавонӣ дид,

Ки куҷо фароз асту куҷо нишеб!

Биёр оташи тар,

Агар ба ранг ашки Довуд аст,

Вагарна зи даст меравад шикеб.

Чӣ сукутест пурасрор,

Ки аҳли зуфунун ин ҷо

Ба савми Марям нишастаанд.

Чӣ ҷои сухан, эй дӯст,

Агар ҳарф задӣ,

Ба гӯшони зи пунбаи ҷаҳл маҳкамгашта

Роҳ набарад.

Чӣ гуна бояд буд,

Агар маркаби ланги тафаккурҳо

Раҳи даҳсолае

Ба сад сол сипарад.

Дилам сард аст, эй офтоб,

Ки шаъшаъа мепошиву баҳор

Аз ин кишвари ғамандӯз бигардондааст пушт.

Ва Иблис

Ба иблисиҳои мардум

Аз рӯи шигифт

Мегазад ангушт.

Ва оташхонаи дилам

Тиҳӣ гашта зи оташи Зардушт.

Куҷоӣ, эй баҳор,

Бар дилу дида,

Ки то ҳамаро бингарам

Зи ошнову бегона,

ба покии қалбу чеҳра,

Бо каломи қудсиёна.

Бо нигоҳи ростбине ҳамчу тир,

Хоҳ ҷавон асту хоҳ пир,

Вагарна зи ҷон гаштаам сер,

Вагарна зи ҷон гаштаам сер…

пешина
аз 15
навбатӣ