НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.
Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Хуршед омаду рафт,
Маҳтоб омаду рафт,
Шамъи ситораҳо мурд.
Дар дил ғами ҷудоӣ,
Савдои роҳпоӣ.
Аз чашм дуру бар дил
Наздики мо, куҷоӣ?
Ҳамдарду ҳамнаво нест,
Афсонаи вафо нест,
Шоми маро сафо нест.
Дар роҳи ошноӣ
Бас мекашам ҷафое.
Дар кӯчаҳои дилҳо
Инак ману гадоӣ.
Гул омаду хазон шуд,
Хандиду бенишон шуд,
Фасли гулу хазон рафт.
Ҳар шому ҳар сабоҳе,
Ку офтобу моҳе,
Дар сар ҳавои дидор,
Танҳо ману нигоҳе.
Он ки диле наҷӯяд,
Аз ишқи мо чӣ гӯяд?
Моро чунин ҳунар нест.
Эй рамзи бевафоӣ,
Дур аз раҳи савобӣ.
Таърифи мастӣ аз чист,
Эй об, бар шаробе?
Хуршед омаду рафт,
Маҳтоб омаду рафт,
Шамъи ситораҳо мурд.
Дорам ғами ҷудоӣ,
Савдои роҳпоӣ.
Аз чашм дуру бар дил
Наздики мо, куҷоӣ?
Эй дил, макушо дар агар он бехабар омад, бигзор равад,
Умрам ба ғами омаду рафташ ба сар омад,
Оҳанги муҳаббат чӣ навозӣ, ки дар ин дашт
Чун гӯши муҳаббатшунаваш ҷумла кар омад, бигзор равад.
Ошуфта шавад бод, бигзор равад.
Гулро ба сари хор ба сад ноз нишонданд, он гуна ки моро,
Омӯхтаи хандаи захми ҷигар омад, бигзор равад.
Ҷонро ҳаваси тарки ман аз ғояти ишқаш умре ба хатар дошт,
Бо сад ҳавас он дилшикани беҳунар омад, бигзор равад.
Сад неш ба як нӯш харидам, ки дигар бор ояд ба барам,
Як нӯш ба сад нешфурӯшат ба дар омад, бигзор равад.
Дар хилвати худ подшаҳи ганҷи шарифем, эй шоҳиди ғайб,
Ҷуз партави дидори ту хори назар омад, бигзор равад.
Дар бодия ишқаш чу сароб офати дил буд, ором шав, эй ҷон,
Минӯи нигоҳи назаре ҷилвагар омад, бигзор равад.
Сари хокат нишастаам, эй модар,
Ин қадар наздику он қадар дурӣ.
Зи ранҷҳои овардаат
Сабзаҳои гӯри ту зард гаштаанд,
Дар ин манзилгаҳи ором чунӣ, чун?
Аҳволи дилам касе намепурсад,
Бихезу зи аҳволам бипурс.
Хумори рӯи ту дорам,
Бихезу дар канорам бигир!
Эй модар,
Аз тамошои ҷаҳон
Бе ту, нигар, чӣ гуна гаштаам дилгир.
Қиссаи гесувони дарози туро,
Чӣ гуна мӯ ба мӯву
Ғамони туро ба чӣ забон гӯям?
Бо ҳазор дида агарчи ашк мерезам,
Хоки ба андоми биҳиштият фитодаро
Ба мижгони ҳасрат
Чӣ гуна рӯбаму шӯям!
Ай модар,
Рӯзи аввали муҳаррам аст,
Рӯзи мелоди туст.
Ва он дасти пурнавозише, ки ин гулдастаҳоро
бигирад, куст?
…
Ба рӯзи муқаддаси милодаш
Чӣ таманно кунам?
Ба ҷуз дар гӯшаи биҳишт мақомашро,
Эй Дӯст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё