АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
ФАСЕҲИ ХОФӢ ВА «МУҶМАЛУ-Т-ТАВОРИХ»-И Ӯ
Муродзода А. – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ
«Муҷмалу-т-таворих»-и Фасеҳуддин Аҳмад ибни Ҷалолуддин Маҳмуд маъруф ба Фасеҳи Хофӣ (1375-1441) аз сарчашмаҳои нодири хаттии нимаи дуюми асри XIV ва нимаи аввали асри XV маҳсуб ёфта, дар бораи вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон маълумоти арзишманде додааст. Фасеҳуддин Аҳмад ибни Ҷалолуддин Маҳмуд машҳур ба Фасеҳи Хофӣ яке аз муаррихони маъруфи даврони Темуриён буда, солҳои 1415-1433 дар дарбори Шоҳрух ва писараш Бойсунғур хидмат мекард ва дар дастгоҳи султонӣ мақоми баландро соҳиб буд. Аз майи соли 1433 бо сабаби номаълум байни ӯ ва зани Шоҳрух-Гавҳаршод муносиботи сарде рух дод, ки Фасеҳи Хофӣ дар натиҷа дар як давраи муайян ба зиндонӣ маҳкум шуд. Дертар соли 1442 Фасеҳи Хофӣ аз ҷониби Шоҳрух аз зиндон раҳоӣ карда шуд, мутаассифона доир ба ҳаёти минбаъдаи ин шахсияти таърихӣ иттилое мавҷуд нест. Ин асар агарчи мухтасари таърихи умумист, аммо дар забти воқеҳо бо он ҳама мухтасарот хеле ғанист ва санаҳои муҳимми таърихиро дар он метавон дарёфт. Китоб аз ду қисм иборат аст: якум, ҳикоёти мухтасар аз зуҳури одам то тавлиди пайғамбари ислом; дуввум, сабти мухтасари воқеаҳои таърихӣ сол ба сол, яъне аз соли аввали ҳиҷрӣ то соли 845 ҳиҷрӣ (солҳои 622-1442 мелодӣ). Муаллиф кӯшиши зиёде намудааст, то сабти воқеаҳои ҳар соларо бо кӯтоҳтарин ҷумлаҳое, ки матлабро пурра фаҳмонида тавонад, тартиб диҳад ва воқеаҳои даврони худро муфассалтар мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар маҷмуъ «Муҷмалу-т-таворих» китобест, ки фаҳму дарки он барои оммаи хонандагон мушкилоте надорад. Муҳаққиқон боэътимодии далоили таърихии ӯро қоиланд. Асари мазкур аз ҷониби Маҳмуди Фаррух солҳои 1960 ва 1962 дар шаҳри Машҳад, дар ду ҷилд ба дасти чоп ба нашр расидааст.
Бояд гуфт, ки соли 1980 як қисмати асари Фасеҳи Хофӣ «Муҷмали Фасеҳӣ»-ро таърихшинос Д.Ю.Юсупова,, ки ба рӯйдодҳои солҳои 701/1301-1302-845/1441-1442 марбут аст, аз забони форсӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Мутаассифона, дар таърихнигории миллӣ то ҳанӯз бисёр паҳлуҳои ин асари таърихӣ, бавижа давраи ҳукмронии хонадони Темур ва Темуриён ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиши муҳаққиқон қарор нагирифтааст.
Фасеҳӣ дар осори «Муҷмали Фасеҳӣ» ба зикри чанд воқеаҳои таърихии даврони сарбадорон иктифо намудааст, вале баъзе ҷузъиётҳоеро, ки дар сарчашмаҳои дигар дида намешавад, зикр мекунад. Дар асари вай солу моҳи бар сари кор омадани ҳамаи фармонфармоёни сарбадор ва воқеаҳои он даврон дарҷ ёфтааст.
Агарчи гоҳе нодуруст аст.
Чун муаллиф шоҳиди бештари воқеаҳои таърихии асраш аст, аз ин сабаб низ ба он эътимоди бештар кардаанд. Беҳуда нест, ки як зумра муҳаққиқон: В.В.Бартолд, Ғ.Ғоибов, Н.Амиршоҳӣ, Ҳ.Камол, Б.А.Ахмедов, Ҳусайни Мирҷаъфарӣ ва дигарон дар асару таҳқиқоти худ зимни омӯзиш ва баррасии ҳодисаҳои таърихии нимаи дуюми асри XIV ва аввали XV-и Мовароуннаҳру Хуросон аз асари Фасеҳи Хофӣ истифода намудаанд.
«Муҷмали Фасеҳӣ» маълумотномаест, ки дар он аз рӯйи суннати муқарраргардидаи он замон, аз офариниши олам то замони таълифи асар таърихи рӯйдодҳои муҳимтарин оварда шудааст.
Мавқеи асосиро дар асар таърихи сиёсӣ ишғол мекунад, ки аз нуқтаи назари ҳукмронии як сулолаи муайян баррасӣ мешавад. Дар он муаллиф доир ба тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, шоирон, олимон, одамони машҳур, инчунин дар бораи аксари рӯйдодҳои муҳимми он замон маълумот додааст.
Муаллиф маводи воқеиро дар асари худ аз осори мухталифи пешгузаштагонаш, ки дар ихтиёраш буданд, истифода намудааст. Ба ин қисми таълифот ӯ дар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ ва бозгӯйи ҳамзамонон дар бораи воқеаҳои замони худ маълумот илова кардааст. Фасеҳӣ дар муқаддимаи асараш дар хусуси «Муҷмал» чунин мегӯяд: «Ва ин «Муҷмал» муаррихон ва ҷамъеро, ки вуқуф бар таърих доранд фоидаи тамом медиҳад, чи ҳар гоҳ ки хоҳанд, ки амре аз умур ё хабаре аз ахбор маълум кунанд, ки дар чӣ замон ва макон буда, ҳароина аз ин «Муҷмал» зудтар бар мақсуд зафар ёбанд».
Бояд тазаккур дод, ки навиштани ин асар дар солҳои 845/1441- 1442 ба анҷом расидаст, яъне вақте ки муаллифи он ба қавли академик В.В.Бартолд қайд кардааст, дар ҳолати ногувор қарор дошт: «Дар замони Шоҳрух, вале комилан мустақил аз дарбор «Муҷмали Фасеҳ» навишта шудааст…». Эҳтимол, аз ҳамин сабаб ҳам муаллифи асар ба таърифи табақаи ҳукмрон, инчунин сиёсати онҳо даст намезанад, воқеаҳои ба манфиати онҳо тасвиршударо зебу зинат намедиҳад, балки аз мавқеи воқеъбинона, бе ягон мулоҳизаи шахсӣ нисбат ба онҳо, асосан ба факту далелҳо рӯй овардааст. Ин тафовут осори ӯро аз бисёр сарчашмаҳои ривоятӣ- солномаҳои таърихии он замон қавитар месозад.
Аммо бояд гуфт, ки Фасеҳӣ дар баробари маълумоти хеле муҳим дар бораи ҳаракати сарбадорон дар Хуросон дар солҳои 736/1335-1336 тавсифи базмҳои гуногун ва ҳамчунин зиндагии як қатор шайхҳо ҷойи зиёде медиҳад, ки дар ин давра дар суди идораи молия хизмат мекард. Ӯ дар бораи мавқеи беҳуқуқӣ ва хору залилонаи мардуми одӣ, задухӯрдҳои шаҳрвандон ва андозҳои зиёдатӣ маълумоти зиёд доштааст. Фасеҳӣ ба анъанаи амиқи муаррихони дарбор пойбандӣ дошта, ба далели мансубияти синфӣ ин далелҳоро фақат дар мавридаш зикр мекунад.
Бо вуҷуди ин, муҳаққиқони муосир метавонанд аз ин сарчашмаи нодир маълумотҳои дақиқ ба даст оранд, инчунин оид ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳр ва Хуросони нимаи дуюми асри XIV ва аввали асри XV дастрасӣ дошта бошанд.
«Муҷмалу-т-таворих» аз муқаддима, ду мақола ва як хотима таркиб ёфта, таърихи оламро то валодати пайғамбари ислом (с) хулоса кардааст. Дар мақолаи аввал доир ба таърихи олам то замони ҳиҷрати Пайғамбари ислом ба Мадина маълумот додааст. Мақолаи дуюм бошад, ҳодисаву воқеаҳои солҳои аввали ҳиҷратро то соли 845/1442 муфассалу муҳимтар фаро гирифтааст. Дар соли 807/1405 ӯ бо се нафари дигар дар умури марбут ба аъёни девоне вазифа доштааст. Дар соли 818/1415, ҳангоме ки Шоҳрух барои саркӯбии бародарзодааш Бойқаро ба Шероз мерафт, вай дар рикоби ӯ буд. Дар соли 825/1422 ӯро барои анҷоми умури молиёт ба Кирмон фиристоданд. Дар соли 827/1424 вай мавриди таваҷҷуҳ ва лутфи амирзода Бойсунғур қарор мегирад.
Дар соли 843/1439 ба фармони Гавҳаршод ба зиндон меафтад. Муҷаддадан дар соли 845/1441, ки соли анҷоми воқеаҳои китоби ӯст, маҳбус мешавад. Зоҳиран дар 15 зулҳиҷҷаи ҳамон сол китоби худро ба Шоҳрух тақдим менамояд. Бори дигар Фасеҳи Хофӣ бо фармони Шоҳрух ба ҳамроҳии амир Абдусамад, писари амир Ҳоҷӣ Сайфиддин ва Баканабахш вазифадор мешаванд, ки барои овардани хазонаи хоссаи он Шоҳрух ба Самарқанд назди шайх Умар Хозан бираванд. Шайх Умар, хазинаро таҳвил намедиҳад ва қасди ҷони намояндагони Шоҳрух мекунад. Фасеҳӣ воқеаи гурехтани худ ва ҳамроҳонашро зимни ҳаводиси соли 808/1406 чунин баён мекунад: «…хазона надода, қасди гирифтани бандагон карда буданд ва дар шаб огаҳӣ ёфтем, аз Самарқанд ҳам дар шаб фирор карда ва он шаб ва рӯзу шаби дигар тохт кардем ва рӯзи дувум сабоҳ ба сафоҳ аз Омуя убур карда ба шарафи бисотбӯс ҳазрати олӣ хоқонӣ…мушарраф шуд».
Зимнан бояд ёдовар шуд, ки ин ахбори Фасеҳи Хофӣ дар ягон манбаъ ва сарчашмаи дигари таърихӣ ба назар намерасад. Пас аз рӯйи кор омадани амир Сайид Алӣ Тархон ба ҳукумати Шероз дар соли 817/1414, Фасеҳӣ дар мулозимати ӯ ба ҳаллу фасли умур пардохт. Дар соли 818/1415 Шоҳрух ӯро аз Сайид Алӣ тархон талаб медорад ва мулозими рикоби хеш мекунад. Он гоҳ дар соли 819/1416 ба ӯ муҷаи (муҷа дар луғат ба маънои соҳибҷоҳ, шуғлу мақом ва мансаб омадааст) девон арзонӣ медорад.
Дар соли 820/1417 пас аз барканор шудани Хоҷа Алоуддин Алӣ Шағонӣ аз девони Шоҳрух, Фасеҳи Хофӣ бо дастгирии Хоҷа Сайид Муртазӣ амир Алӣ нависанда ва Хоҷа Низомуддин Аҳмад Калор ба он мансаб таъйин мешавад. Ҳанӯз як сол аз фаъолияти ӯ дар девон нагузашта, ки дар соли 821/1418 аз девони Шоҳрух барканор мешавад ва Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Тоҳир ба дастгирии Хоҷа Ғиёсуддин Пир Аҳмад ва Сайид Муртазӣ ба ҷойи эшон ба девон меояд.
Шоҳрух аз нав ёздаҳуми сафари соли 825/1421 Фасеҳи Хофиро даъват мекунад ва ӯро ҷиҳати муҳиммоти девон ба Кирмон мефиристад . Ӯ ду сол дар Кирмон мегузаронад ва дар ғарраи рабеулохир соли 827/1423 ҳангоме ки Шоҳрух дар Бодғис озими шикори Сарахс буд, ба ӯ мепайвандад ва ҳамроҳи вай озими Ҳирот мешавад. Дар ҳаждаҳуми рамазони соли 828/1424 бори дигар ба мансаби девони Бойсунғар интихоб мешавад ва дар девони ӯ машғул ба кор мешавад. Чанд сол баъд дар соли 833/1429 ба ҳамроҳии Бойсунқар озими Ҳирот мешавад ва дар Симнон Фасеҳи Хофиро ҷиҳати забти муҳиммот ва қазоёи он ҷо маъмур мекунад.
Дар бистуми рамазон соли 836/1432 Бойсунқар ӯро аз девон дур мекунад ва кори ӯро ба муҳассил месупоранд. Сахтиҳои зиндагии ӯ маҳз аз ин ҷо оғоз мешавад. Дар хусуси аз мусибат ва сахтиҳои он давра дар муқаддимаи китоби «Муҷмали Фасеҳ» чунин шиква мекунад: «Дар ин воло ки аз навоиби аёми нофарҷому ҳаводиси сипеҳри бемеҳри бадром муқаррари ин тақриру муҳаррар ин таҳрирро Абдуллоҳ ал Хофӣ Аҳмад бини Муҳаммад бини Яҳё…ба Фасеҳ ал-Хофӣ,…рафиқоне, ки матобеи суҳвалату рахо буданд, аз мурофиқату мусоҳибат инқибоз (фишурдагӣ) намуда ва тақоут (канорагирӣ) ҷуста ва мувофиқоне, ки ба сабаби умури дунявӣ мутаффиқ-ул-лафзу вал-калима буданд, мухолифату муноқишат зоҳир гардонида, дӯстоне, ки вафодории эшон муҷиби ҷазби манфиату дафъи мазаррат (зарар, зиён) буд, ҷафокорӣ гузида, дилу хотир аз андешаи рӯзгори ҷафопеша ва хулони (аблаҳ, девона) беандеша моломол шуда ва аз мусоҳибати руфақову ихвон ва муонисати (бо ҳам унс доштан) аҳиббову (дӯстон) ақрон маъюс гашта, фариду ваҳид, беёру мунис ва ғам (аблаҳ, девона) гусор монда».
Фасеҳӣ пас аз барканор шудан аз мансаб муддате хонанишин шуд ва дар Ҳирот рӯзгор мегузаронд, то ин ки ҳодисаи вабо ва тоун дар соли 838/1435 дар Ҳирот сар зад. Ӯ шарҳи ин ҳодисаро мухтасар чунин баён мекунад: «Дар вабое, ки дар ин сол воқеъ шуд, мардуми бисёр ҳалок шуданд. Аз ҷумла, қариб даҳ ҳазор мурда дар шаҳр ва берун афтода буд, ки гандида ва омосида (варам) шуд ва ҳеҷ кас ба дафни эшон намепардохт, чунончи дар як рӯз эҳтиёт кардаанд, чаҳор ҳазору ҳафтсад тобут ва ғайра, ки бар чаҳорпоён бор карда аз дарвозаҳои Ҳирот берун бурда буданд, ғайри он чӣ дар ҳаволии Ҳирот мурда бошад, ки шаҳри Ҳирот бо вуҷуди берун ва булукот рабъ (манзил) бошад ба қиёс. Ва ҳамоно, ки аз мардуми Ҳироту булукот ва ҳаволии шаҳр аз ҳар дувист нафар як кас монда бошад ва ҳеҷ офарида тобут ва кафан намеёфт ва он чӣ ба мақбараҳо нақл мекарданд, аксар бар чаҳорпоён бор карда ҳаммолон мебурданд ва бар ҳар чаҳорпоё чаҳор ва панҷ бор мекарданд ва ҳафираҳо (чуқуриҳо) мезаданд ва мардумро дар он ҷо меандохтанд ва хок бар болои эшон мерехтанд ва ҳар чӣ дар ин боб гӯянд, зиёдат аз он буд.
Тазаккур бояд дод, ки Фасеҳи Хофӣ дар асари худ номи ашхоси бисёре аз бузургони Ҳиротро, ки дар ин воқеа даргузаштаанд, зикр мекунад. Ӯ ба ҳамроҳи хонаводааш чаҳоруми зулқаъдаи ин сол барои эмин мондан аз вабо ва тоун ба Фордамин фирор мекунанд. Фордамин маҳаллае аст дар атрофи Ҳирот, ки аз марази вабо ва тоун эмин монда буд. Тайи ду моҳ дар он ҷо зиндагӣ мекунад ва дар аввали соли 839/1436 барои рафтан ба назди Шоҳрух аз Фордамин озими Озарбойҷон мешавад ва чун ба Сорӣ мерасад, элчии шоҳзода Алоуддавла баҳодур расида, ӯро банд карда ба Ҳирот боз мегардонад. Тибқи иттилои Фасеҳи Хофӣ дар «Муҷмал» нишон аз ихтилофи ӯ бо дарбори темурӣ буд.
Мутаассифона, муаррих сабаби ба Озарбойҷон ба урдуи Шоҳрух рафтан ба Озарбойҷон ва элчӣ ба дунболи ӯ фиристодан, то ӯро даст баста баргардондан, иттилое надодааст.
Пас аз чанд сол ҳамсари Шоҳрух Гавҳаршод дар панҷшанбеи савуми зулҳиҷҷа соли 843/1440 ба Фасеҳи Хофӣ аз нав қасд мекунад ва дар рӯзи чаҳоршанбе, ӯро банд мекунанд ва дар хонаи Амирбек, аз ҷумлаи мулозимони Гавҳаршод ба ҳабс мегиранд. Муаллиф ба ин ғазаб ва банду қайд гирифтор шуданашро аз Хоҷа Ғиёсуддин Пир Аҳмад
Хофӣ медонад. Аммо аз иллати он гузориш намедиҳад.
Пас аз озодӣ бори дигар дар шаби ҷумъа ҳаждаҳуми ҷумодиулсонӣ соли 845/1441, ӯро дастгир ва ба хонаи Амирбек меоваранд ва аз нав ӯро ҳабс мекунанд. Ҳабси ӯ то шаби душанбе чаҳоруми раҷаб давом кард ва сипас ӯро озод карданд.
Дар душанбе бисту панҷуми зулҳиҷҷаи ин сол бори дигар ба назди Шоҳрух меравад, аммо аз тақдири минбаъдаи ӯ иттилооте дар даст нест. Аз ахбори мавҷуда баръало аён аст, ки Фасеҳи Хофӣ тайи ин солҳо муноқишаҳои зиёд бо Гавҳаршод-ҳамсари Шоҳрух ва Алоуддавла доштааст. Бояд тазаккур дод, ки саъю талошҳои Ғиёсуддин Пир Аҳмад Хофӣ дар бадном сохтани шахсияти ӯ таъсири худро расонд. Соли фавти ӯ низ дақиқ маълум нест. Тибқи иттилои баъзе сарчашмаҳо ӯ дар охири соли 845/1441 ё аввали соли 846/1442 фавтидааст. Ҳамчунин, муаллиф дар мавриди кай ба анҷом расидани асараш маълумоте надодааст. Ӯ дар дебоча, китобро дарбаргирандаи муқаддима, ду мақола ва хотима медонад, аммо ҳаргиз ба анҷоми мақолаи дувум ва баёни хотима дар зикри баъзе аз аҳволи Ҳирот таваҷҷуҳ накардааст. Бояд гуфт, ки қисми зиёди асарҳои таърихии ин давра ва пас аз он бо иборотпардозӣ ва орояҳои адабии фаровон ба забти вақоеу ҳаводис пардохтаанд. Дар ин миён Фасеҳӣ ҳаводисро дар «Муҷмал» бо камтарин калимоту кутоҳтарин сурати мумкин дар зимни вақоеи ҳар сол баён карда ва аз овардани ибороти зиёдатӣ, ки дар матни таърихии ин давра ҳамчун «Зубдату-т-таворих»-и Ҳофизи Абрӯ ва «Матлаъу-с-саъдайн»-и Абдураззоқи Самарқандӣ зиёд ба чашм мехӯрад, дурӣ ҷӯста ва аз коргирии саноеи адабӣ ва луғот то ҳадди мумкин дурӣ доштааст. Нашри китоб дар ҳама ҷо содаву мухтасар ва дар баъзе ҳолатҳо омехта бо абёти форсӣ ва арабӣ аст. Фасеҳи Хофӣ дар асари худ вақоеи марбут ба ҳаводис, вафот, ҷангҳо, ҳаводиси ногувор ҳамчун вабо, тоун, таваллудҳо, таърихи нигориши бархе осори мактуб, гӯристонҳо, ҷойҳо ва ғайраро ҷой додааст. Хамзамон, ӯ дар муқаддима дар хусуси «Муҷмал» чунин менигорад: «Ва ин «Муҷмал» муаррихон ва ҷамъеро, ки вуқуф бар таърих доранд фоидаи тамом медиҳад, чи ҳар гоҳ ки хоҳанд, ки амре аз умур ё хабаре аз ахбор маълум кунанд, ки дар чӣ замон ва макон буда, ҳароина аз ин «Муҷмал» зудтар бар мақсуд зафар ёбанд».
Фасеҳ ҳангоме ки аз айёми нофарҷом шиква дорад ва аз бевафоии ёрону даврон меранҷад ба нигориши ин асар эҳтимом меварзад. Ӯ пас аз барканор гардидан аз девони Бойсунқар хонанишин ва пас аз марги Бойсунқар дар 837/1433 худро бекас тасаввур мекунад. Дар ҳамин ҳангом ӯ тасмим мегирад, ки китобе дар ҳаводису вақоеъ аз зуҳури ҳазрати одам то давроне, ки дар он зиндагӣ мекунад, бинависад. Фасеҳ дар дебоча, соли оғози нигориши китобро соле пас аз марги Бойсунғар ва рӯйи кор омадани Шоҳрух баён мекунад. Ба назар мерасад, ки ӯ дар ҳамон овон пас аз фавти Бойсунғар дар соли 837/1433 муқаддамоти таълифи ин асарро дар чанд сол фароҳам меоварад ва аз манобеу маъхази мухталиф, ки дар даст доштааст, ёддоштбардорӣ мекунад ва соли 842/1439 ба навиштани асар шуруъ мекунад ва ин амр то охири соли 845/1442, ки ҳаводиси китоб ба поён мерасад, идома дорад. Вай аз манобеи худ номе ба миён намеоварад, чаро ки бар ин бовар аст, ки ин навъ нигориш муҷмалнависӣ, агар бо зикри санад ҳамроҳ шавад аз мақсади худ дур хоҳад шуд.
Ӯ бисёре аз иттилооти дақиқ ва муҳимми ин солҳоро бо истифода аз манобеи гуногун, аз қабили «Ҷомеъу-т-таворих»-и Хоҷа Рашидуддин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ, «Зайли «Ҷомеъу-т-таворих»-и Ҳофизи Абрӯ, «Маҷмаъу-л-ансоб»-и Муҳаммад ибни Алӣ бини Муҳаммад Шабонкораҳӣ ва ғайра, ки дар ихтиёр худ дошт, баён мекунад. Зикр намудан ба маврид аст, ки муҳимтарин бахши китобро марбут ба солҳое донист, ки Фасеҳ худаш онро дарк карда ва гузориши онро дар китоб овардааст. Иттилооти ӯ дар хусуси даврони ҳукумати Бойсунқар ва Шоҳрух ва ҳаводисе, ки дар он давра дар шаҳри Ҳирот ба вуқуъ пайваста, беназир аст ва дар бисёре аз сарчашмаҳои он давра ёфт намешавад. Фасеҳи Хофӣ дар асараш аз бисёре аз бузургони он давра, ки дар Ҳирот зиста ва дар ҳамон ҷо дар ҷавори бузургони илму адаби он хитта ба хок супурда шудаанд, ёд мекунад. Аз гӯристонҳо, мадорис, хонақоҳҳо, вазирон, доруғагон, нақибон, девониён, муҳаддисон, ҳофизон, шуаро ва аз ҳаводисе чун зилзила, вабо, тоун, ҷанг, сел ва харобии иморот ва зер офатҳои он шаҳр гузоришҳои возеҳу равшан медиҳад.
Ӯ дар зикри ҳаводис ба рӯзу моҳ ва маҳалли дақиқи ҳодиса таваҷҷуҳ дода ва то ҷое, ки имкон дорад хабари худро комил ироа мекунад.
Фасеҳии Хофӣ аз аъзои коргузорони ҳукумати Шоҳрух ва дар ибтидои салтанати вай раиси молиёту муҳосиби хазинаи давлатӣ буд.
Ӯ «Муҷмал-ут-таворих»-и худро, ки «Муҷмал»-и аз таърихи умумии ҷаҳони ислом ба услуби солшуморӣ аст, дар як муқаддима ва ду мақола ва як хотима фароҳам овард ва вақоеъро то соли 845/1442 сабт кард. Таърихи ӯ дар мавриди рӯйдодҳои рӯзгораш арзиши баланди илмӣ дорад. Фасеҳӣ ҳар хабарро бо камтарин калимоту кутоҳтарин сурат гузориш кардааст.
Ҳамин тавр, дар баробари дигар сарчашмаҳои хаттии асрҳои XIV-XV асари «Муҷмал-ут-таворих»-и низ аз манобеи муҳими таърихӣ буда, бавижа дар равшан сохтани таърихи салтанати Темуру Темуриён ҳамчун мадраки хаттӣ маҳсуб меёбад. Иттилооти таърихи Фасеҳӣ ҷолиби таваҷҷуҳ буда, чун манбаъ ва маъхази адабӣ низ ба шумор рафта, дар баёни ҳолати шеъру шоирӣ ва муҳити адабии давр аз маъхазҳои нодир ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё