Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАЪЗЕ МАСОИЛИ ТАЪРИХӢ ВА ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ

ҚАДИМИ ТОҶИКОН ДАР ОСОРИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ

Сайнаков С. П. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Умаров А.Қ. – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Абурайҳон Берунӣ аз барҷастатарин донишмандони асрмиёнагии форсу тоҷик буда, соли 973 дар шаҳри Коти Хоразм ба дунё омадааст. Замоне ки ў ба дунё омад, дар Хоразм сулолаи

Офриғиён ҳукм меронданд, ки дар паи сиёсати хирадмандонаи онҳо илм равнақ пайдо намуда, ин сиёсатро сулолаи Маъмуниён низ идома дода, Берунӣ дар ҳамин муҳити фарҳангӣ ба воя мерасид.

Абурайҳон Берунӣ дар аёми ҷавонӣ бо ҳидояти устодаш Абунасри Мансур ибни Арроқ ба омўзиши фалсафаи юнониён ва дигар халқҳо мепардозад. Барои омўхтани донишҳои замон Абурайҳон Берунӣ забонҳои форсӣ, арабӣ, юнонӣ, санскрит, суриёнӣ, ҳиндӣ ва ибриро азхуд менамояд. Дар натиҷаи донистани забонҳо бевосита ба омўзиши фарҳанги маънавии халқҳои мазкур машғул шуда, дар илм ба дараҷаи ҳамадон расида, дар соҳаҳои фалсафа, нуҷум, математика, ҷуғрофия, тиб, маданшиносӣ, геодезия, филология, таъриху этнография асарҳо эҷод намуд. Махсусан барои мо он чиз муҳим аст, ки Абурайҳон Берунӣ дар асарҳои худ роҷеъ ба таърихи қадими эронинажодон маълумоти ниҳоят муҳим овардааст.

Абурайҳон Берунӣ муддате дар дарбори Зиёриён фаъолият намуда, соли 1000 аввалин асари калонҳаҷми худ «Осор-ул-боқия» - ро менависад. Маҳз дар ҳамин асараш бештар ба масъалаҳои таърихӣ диққат равона намуда, роҷеъ ба пайдоиши олам, ҳаёт, масъалаҳои муҳими таърих ва хронологияи таърихӣ андеша ронда, тақвимҳо, дину оин, ҷашну маросимҳои халқҳои гуногунро инъикос намудааст.

Абурайҳон Берунӣ оид ба аз ҳисоби “моҳрўз”-и эрониён пайдо шудани вожаи “муаррах” ва масдари он “таърих” дар миёни араб маълумот дода, ба масъалаи усули омўзиши таърих ва мушкилот дар ин самт таваҷҷўҳ намуда, менависад, ки «умри инсон ба шиносоии таърихи як миллат кифоят намекунад, то чӣ расад ба таърихи миллатҳо!». Ба қавли олим фаро гирифтани ҳамаи таворих барои одамӣ мумкин нест. Мазбур аз муаррихон талаб менамояд, ки ҳангоми баёни таърих бо роҳи далелҳои ақлӣ ва қиёси ақлӣ такя намоянд, на ин ки аз ҳиссиёт кор гиранд. Яъне ў дар замони худ талабот ба миён гузоштааст, ки дар раванди омўхтани таърих аз усули ақлгароӣ истифода шавад.

Мудоме, ки сухан дар бораи далел (факт) рафт, зарур мешуморем, қайд кард, ки имрўз дар таърихнигорӣ таҳлили мафҳуми факт се муҳиммияти истифодабарии онро муайян менамояд: факт ҳамчун баъзе фиқра (порча, парда) - и ҳақиқат, воқеаи объективӣ, вазъият ё раванд дониста мешавад; факт ҳамчун дониши махсус оид ба воқеа, вазъият ё раванди муносиб ҳисобида мешавад; факт ҳамчун синоними ҳақиқат шуморида мешавад.

Абурайҳон Берунӣ дар муносибат намудан ба мазмуни кутуби динӣ ва асарҳои таърихии муаллифони гузашта менависад, ки “пас аз он ки фикри худро аз омилҳои зиёноваре, ки бад-он одат шуда, аз қабили ғалабаи таассуб ва ҳавобаландию риёсатталабӣ, ки сабаби ҳалоки бисёре аз мардум аст ва монеаи дидори ҳаққу ҳақиқат аст, пок сохтем, бояд фикрҳо ва гуфтаҳои эшонро дар исботи ин мақсуд ба якдигар бисанҷем”. Аз иқтибоси оварда шуда, муайян мегардад, ки ў муаррихонро ҳатто водор менамояд, ки мувофиқи усули қиёсӣ, хулосабарорӣ ва ҳақиқатнигорӣ амал намоянд.

Ба масъалаи таҳқиқи таърихи як халқ ва таърихи умумиҷаҳонӣ назар намуда, муаррих менависад, ки «куллияти умматҳо ва миллатҳое, ки дар сарзаминҳои мухталиф парокандаанд – ҳар як таърихи махсус ба худ доранд. … То он ҷо медонем, қадимтарин ва машҳуртарин умуре, ки мабдаи таърих қарор гирифта, пайдоиши башар аст. Пайравони ин таърих аз аҳли китоб, яъне яҳудон, насоро ва маҷусу гуруҳҳои мухталифи онҳо дар кайфияти ин таърих ба андозае ба ҳамдигар ихтилоф доранд, ки назири ин ихтилоф дида нашуда ва навъан амрҳое, ки бо оғози халқ ва аҳволи қарнҳои пешин тааллуқ мегирад, ба воситаи фосилаи зиёде, ки замони мо дорад, бо матолиби нодуруст ва афсона омехтааст». Сонӣ Абурайҳон Берунӣ дар пайравии каломи Худо ба ин назар аст, ки «Ҳеҷ кас ҷуз Худованд он ахборро намедонад». Муаррихи машҳури немис Л. Ранке низ қайд менамояд, ки таърихи умумиҷаҳонӣ танҳо ба Худованд дастрасу фаҳмо ва аён аст. Муаррих қодир нест, ки то охир мақсади Худовандро дар таърих дарк намояд.

Абурайҳон Берунӣ аз нахустин муаррихони асрмиёнагии тоҷик мебошад, ки оид ба таъсири шароити табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва обу ҳаворо ба симои зоҳирии инсон ишора намудааст. Аз ҷумла, мутафаккир менависад, ки «тағйироти қиёфа, ранги пўсти бадан, ахлоқ, хулку хўй натанҳо ба насаб вобаста аст, балки ба мавзеи зист, об, ҳаво ва ғайра зич алоқаманд мебошад».

Абурайҳон Берунӣ дар осораш ба таърихи қадими тоҷикон назар намуда, яке аз масъалаҳое, ки ба он таваҷҷўҳ зоҳир намудааст, ин дини зардуштӣ ва шахсияти худи Зардушт мебошад. Ў шахсияти пайғомбари дини мазкурро ба тариқи зайл тавсиф додааст: «Зардушт дар илму дониш пояи баланде дошта, ки илми моҳгирӣ назди дониши ў ночиз будааст».

Албатта дар таърихнигории асрмиёнагӣ ва дар бархе мавридҳо дар таърихнигории муосир ҳам тарафдорони як дину оин бар зидди таълимоти дигар дин ақидаҳоро баён ва ба қалам медиҳанд, ки хилофи ҳақиқат мебошанд. Ин масъала ба таълимоти дини зардуштӣ низ дахл дошта, ҳар чи нораворо ба он раво медонанд. Масалан, никоҳи ҳамхунон гўё дар дини зардуштӣ раво будааст. Аммо Абурайҳон Берунӣ онро дар асарҳояш инкор намуда, дар асоси маъхазҳои дасти аввал менависад, ки «аз сипаҳбуд Марзбон бинни Рустам шунидам, ки Зардушт ин амалро ҷорӣ накардааст».

Барои тақвияти гуфтаҳои ў роҷеъ ба меъёрҳои ахлоқӣ ва динии ниёгони мо то зуҳури Ислом ба маълумоти «Таърихи Систон» муроҷиат шавад, ки муаллифи он менависад, ки аҷдодони мо ба тариқати Одам тобеъ буда, «бомдод ва ба вақти завол ва шабонгоҳ намоз кардандӣ ва парастиши Эзад-таъоло ва дигар ба ҳама авқот, ки ба шуғли дунёӣ андаку бисёр хостандӣ шуд, бештар намоз кардандӣ.

Пас аз он бад - он шуғл рафтандӣ ва зино ва лавота ва дуздӣ ва хуни ноҳақ миёнашон ҳаром буд. Ва мурдор нахӯрдандӣ ва то забиҳат накардандӣ, он чи ҳалол аст акнун хӯрдани он, нахӯрдандӣ ва садақа бисёр додандӣ ва ҳамеша мизбон будандӣ ва меҳмонро наку доштандӣ ва ин ҳама аз ҷумлаи фароиз доштандӣ бар хештан.

Духтару хоҳару модарро ба занӣ накардандӣ».

Хусумату бадбинӣ нисбати эронинажодон дар асарҳои атиқа ва асрмиёнагии дигар халқҳо ҷой дорад. Худи Абурайҳон Берунӣ адиб ва олими араб Абўмуҳаммади Абдуллоҳ бинни Муслим бинни Кутайбаи Ҷабалӣ мисол овардааст, ки дар китобаш “Манозир уҷ- нуҷум” нисбати эрониён бадбинӣ ва ифрот содир кардааст.

Минҷумла, муаррих менависад, ки “каломи ў дар ин китоб бар кинаҳо ва душманиҳое, ки бо эрониён дорад, далолат мекунад. Зеро ба ин андоза ҳам розӣ нашуд, ки арабҳоро бар мо, эрониён, бартарӣ диҳад, балки эрониёнро забунтари халқҳо ва пасттарин махлуқ донистааст. Ва аз он чӣ худованд дар сураи “Тавба” тозиёнро ба куфру душманӣ ба ислом васф карда, бештар тавсиф намудааст. Ва умури зишти дигареро низ ба эрониён нисбат дода, ки агар пешиниёни арабҳоро мешинохт, бештар аз гуфтаҳои худро дар бораи ин ду карда такзиб мекард”.

Абурайҳон Берунӣ таърихи Эронро аз ибтидо то зуҳури Ислом ба се қисм даврабандӣ менамояд: давраи якум аз ибтидои таърих то замони Искандари Мақдунӣ; давраи дуюм аз замони пирўзии Искандар бар Эрон то замони Ардашери Бобакон; сеюм, аз давраи Ардашери Бобакон то замони қатли охирин намояндаи Сосониён – Яздигурди Шаҳриёр. Муаррих менависад, ки давраи аввали таърихи эрониён асосан дар ривоёт боқӣ мондааст. Таърихи қадими эронинажодонро баррасӣ намуда, Абурайҳон Берунӣ менависад, ки мувофиқи саргузаштгўии ориёитаборон нахустин инсон дар рўи замин Каюмарс будааст. Дар ин давра Пешдодиён ва Каёниён салтанат ронда, Абурайҳон Берунӣ менависад, ки Пешдодиён шаҳрҳо барпо намуданд, маъданҳоро истихроҷ карданд ва усули саноотро низ ба даст оварданд. Абурайҳон Берунӣ тақсим намудани замин дар байни фарзандони Фаридунро як қисмати алоҳидаи таърихи Эрон ҳисобида, онро мулки Айлон (мардуми баланддараҷа) донистааст, ки ахбори мазкур дар дигар маъхазҳои асрмиёнагӣ зикр нашудааст.

Абурайҳон Берунӣ оид ба баъзе масъалаҳои Каёниёну Калдониён низ маълумоти ҷолиб дода, менависад, ки ҳамин, ки Заҳок ба салтанат расид «то он ки Каёниҳо, ки подшоҳони Бобул буданд ва аҳли Бобул эшонро «Калдониён» мегўянд, ба подшоҳӣ қиём карданд.

… Калдониёнро, намешавад, Каёнӣ донист, балки Калдониён ҳокимоне буданд, ки аз ноҳияи подшоҳони Каён дар Бобул ҳукумат намуданд ва маркази салтанати Каёниён Балх буд, ки чун ба Калда расиданд, мардуми Бохтар эшонро «Калдониён» гуфтанд ва ин номи ҳокимони қаблии ин силсила аст» ва такя ба бархе аз муаррихин менависад, ки «нахустин кишваре, ки дар дунё пайдо шуд, кишвари Бобул буд». Муаррих роҷеъ ба дигар масъалаҳои давлатдории Каёниён низ фикрҳои ҷолибро пешниҳод намудааст. Куруши Кабир ва аз ҷониби ў аз асорати бобулиён озод гардидани яҳудиён ҳам нишон дода шудааст.

Дар раванди баррасии ҳуҷуми Искандар ва сиёсати юнониён дар хоки Эрон, ки онро Абурайҳон Берунӣ ба давраи дуюми таърихи эрониён мансуб донистааст, дар шакли мухтасар таъсири манфии сиёсати истилогаронаи мақдуниёнро нишон додааст. Минҷумла, ў менависад, ки дар натиҷаи забткориҳо «аҳволи умумии эрониҳо дар он аср хароб буд ва мардум ба воситаи азобҳо ва бадрафториҳои Искандару ҷонишинон ў ба худ овора шуданду аз ҳама чиз ғофил монданд.... Искандар ҳар чи аз улуми марғуб ва саноеи бадеъ дар Эрон ёфт, ҳамаро тўъмаи оташ гардонид, ҳатто ин ки миқдори зиёди кутуби диниро сўзонд ва биноҳои баландро аз қабили сохтмоне, ки дар Истахр аст ва дар асри мо ба масҷиди «Сулаймон бинни Довуд» маъруф аст, хароб кард ва оташ зад. Ва мегўянд, ки ҳанўз аз оташсўзӣ дар ҷойҳое аз он бино боқӣ аст». Абурайҳон Берунӣ ба хулосае меояд, ки бо ҳамин омилҳо эрониён муддатеро, ки миёни салтанати Искандару Ардашери Бобакон аст ва юнониён онҳоро идора мекарданд, зикр накардаанд, пас далелҳое, ки гуфта шуд, муддати салтанати Ашкониён сазовортар аст, ки тафовут дар он воқеъ шавад, зеро подшоҳӣ ва фармонравоӣ дар замони Сосониён мунтазам буд, вале дар давраи Ашкониён музтариб ва дарҳамбарҳам буд.

Чуноне ки мебинем Абурайҳон Берунӣ роҷеъ ба кирдори ваҳшиёнаи Мақдуниён дар хоки Эрон ҳарф зада, махсусан аз ҷониби истилогарони юнонӣ хароб гардидани ёдгориҳои мадании аҷдодонаш ёдрас мешавад. Дар идома ў менависад, ки ««Авесто»-ро дар хизонаи Доро бинни Доро, подшоҳи Эрон, нусхае буд тиллокорӣ шуда, ки дар дувоздаҳ ҷилди гов навишта шуда буд. Ва чун Искандар оташкадаи форсро вайрон кард, ин нусхаро низ бисўзонид ва ҳирбадонро аз дами шамшер гузаронид».

Ба нақли Гардезӣ Искандар ҳирбадонро кушта, китобҳои диниро сўхт, аммо фармон дод, ки асарҳои тиббу нуҷум, ҳисобу дигар илмҳоро бошад тарҷима карда, ба Юнон фиристонанд ва “дар миёни Аҷам китоб намонд магар андак моя, ки андар дасти маҷҳулон монда буд андар зовияҳои вилоят”.

Албатта, тибқи ахбори маъхазҳои дигар ва таҳқиқоти муаррихини муосир мақдуниён ба пойтахти Ҳахоманишиҳо шаҳри Порса, маъруф ба «Тахти Ҷамшед», «Чиҳил Манор» (дар адабиёти юнонӣ Персепол) ворид шуда, дар натиҷаи ташкил намудани зиёфати шабона бо шаробу майхӯрӣ Искандар ба вандализм даст зада, қасрро оташ зад, ки дар он дастнависҳои зиёди қадимае, ки солҳои дароз нигоҳдорӣ мешуданд, ба нестӣ расиданд, ки ин амал ба маданияти маънавии эронитаборон зарбаи калон расонд. Порса на танҳо пойтахт, балки маркази муқаддасоти эрониён ба шумор мерафт.

Ҳамин тавр, эронинажодон аз аксарияти сарчашмаҳои нодири таърихии худ маҳрум монданд. Персепол зеботарин шаҳри замони худ буд, аммо дар натиҷаи ваҳшонияти мақдуниён он аз рӯи замин нест карда шуд. Гӯё ин қассосгирӣ барои он буд, ки 150 сол пеш (с. 480 п.м.) аз ин шоҳи Форс Хшоёршоҳи I Афинаро ғорат карда буд. Баъдтар аз ғоратгарӣ мақбараи Куруши Кабир низ дар канор намонд. Баробари ёдоварӣ намудан аз кирдори юнониён Абурайҳон Берунӣ оид ба аз ҷониби арабҳо нобуд карда шудани маданияти маънавии аҷдодони тоҷикон низ ишора кардааст. Минҷумла овардааст, ки дар Хоразм «Кутайба бинни Муслим ҳар касро, ки хатти хоразмӣ медонист, аз дами шамшер гузаронид. Ва онон, ки аз ахбору иттилоот миёни худ тадрис мекарданд, эшонро низ ба дастаи пешин мулҳақ сохт. Бад-ин сабаб ахбори Хоразм тавре пўшида монд, ки пас аз ислом намешавад онҳоро донист». Ва дар ҷои дигар мегўяд, ки «Кутайба бинни Муслими Бохилӣ нависандагону ҳирбадони Хоразмро аз дами шамшер гузаронид. Ва он чӣ мактубот аз китобу дафтар доштанд, ҳамаро тўъмаи оташ кард. Ва аз он вақт хоразмиён омӣ ва бесавод монданд ва танҳо эътимоди эшон дар ниёзмандиҳои таърих ба нерўи ҳофиза аст».

Абурайҳон Берунӣ диққатро ба таърихи шоҳаншоҳии Ашкониён равона намуда, хронологияи идоракунии хонадонро зикр карда, сарсулолаи онҳоро дар шахсияти Ашк бинни Ашкон, бо лақаби «Афғуршоҳ» донистааст. Тибқи маълумоти олим Ашк бинни Ашк писари Балош бинни Шопур бинни Ашкон бинни Осойканор бинни Сиёвуш бинни Кайковус мебошад. Муаррих номи шоҳони ин хонадонро бо тартиби хронологӣ дар ҷадвалҳои алоҳида овардааст.

Абурайҳон Берунӣ менависад, ки дар нақли таърихи ин хонадон ихтилофоте мавҷуд аст. Ба фикри ў «баъзе аз муаррихини Эрон миёни давраи салтанати Искандар ва аввалин подшоҳи Ашкониро ба ҳам муттасил намуда, нуқсони фоҳише содир карданд» . Шарқшиноси маъруф Ричард Фрай ҳам менависад, ки Сосониён низ мекӯшиданд, ки дар бораи ашрофони ашконӣ ва таърихи онҳо хотиротро нобуд кунанд, то ки хизмати пешгузаштагони мазкури худро паст зананд.

Ҳамин тавр, бо сабаби фақат вуҷуд доштани маълумоти парокандаю хилофи якдигари таърихӣ оид ба Ашкониён, муҳаққиқони муосир дар таҳқиқу масъалагузории давлатдории онҳо аз корбурди усули контаминатсионии маълумоти бо ҳам номувофиқ (омехтакунии ду ё якчанд ҳодисот ҳангоми тасвир кардани онҳо) васеъ истифода мебаранд.

Ҷои зикр аст баён намоем, ки хизмати Ашкониён дар таърихи эронинажодон хеле бузург аст. Онҳо аввалин шуда, қисмате аз ватани таърихии аҷдодонро аз тобеияти юнониён озод карданд, агар сарсулолаи онҳо Аршак портҳоро аз асорати юнониён озод карда бошад, пас Меҳрдоди I онҳоро ба ҳукмрони як минтақаи калон табдил дод. Сулола ва шоҳаншоҳии Ашкониён дар таърих ягона империяи ниёгонамон сабт шудааст, ки ҳеҷ гоҳ ба империяҳои бегонагон сар хам накардаанд. Ин шоҳаншоҳӣ бо сабабҳои дохилӣ аз байн рафт, на аз зарби берунӣ. Қудрати Ашкониёнро рақибони асосии онҳо – римиён низ эътироф карда буданд. Масалан, Гней Помпей Трог овардааст, ки дар масъалаи тақсимоти ҷаҳон бо Рим ҳокимияти онҳо дар Шарқ эътироф гардидааст. Ӯ, инчунин оид ба тавоноии портҳо менависад, ки онҳо се маротиба ба ҳуҷуми римиҳо, ки дар сари онҳо сарлашкарони машҳури Рим меистоданд, рӯбарӯ шуданд.

Рим дар он вақт дар айни гул - гулшукуфии қудрати худ қарор дошт ва аз миёни ҳамаи халқҳо портҳо на танҳо бо римиҳо баробар буданд, ҳатто онҳоро мағлуб карданд ва ин дар ҳоле сурат гирифт, ки Ашкониёнро аз ҳар тараф хатар таҳдид мекард.

Дар арафаи заволёбии империяи Ашкониён бошад намояндаи дигари Рим, нотиқ ва адвокати машҳур Марк Корнелий Фронтон иброз намудааст, ки аз миёни ҳамаи халқҳо танҳо портҳо рақиби шоистаи Рим мебошанд. Сиёсатмадор ва ходими давлатии Ҳиндустон Ҷавоҳирлал Неру бошад менависад, ки Ашкониён дар давраи охири мавҷудияти ҷумҳурӣ (дар муҳорибаи назди Карр (Ҳаррон)) римиёнро торумор карданд ва империяи Рим низ, ки баъдтар ба ҷойи ҷумҳурӣ таъсис ёфт, ҳеҷ натавонист, ки ба портҳо зарбаи ҳалкунанда расонад. Аз ин ҷониб илова менамоем, ки натиҷаи муҳорибаи Нисибис (соли 217) бошад шаҳодат аз он дод, ки орзуи бархе аз императорони Рим, ки мехостанд корномаи Искандари Мақдуниро такрор намоянд, ҳеҷ амалӣ нагардид.

Дар асарҳои Абурайҳон Берунӣ, дар баробари масъалаҳои зикршуда, инчунин роҷеъ ба этногенез, тақвимҳо, масъалаҳои монавия, маздакия ва ҷашну маросимҳои аҷдодони тоҷик маълумоти нодир оварда шудааст. Имрўз ахбори ў роҷеъ ба масъалаи этногенез, умумияти этникӣ тоҷикони бостон муҳиммиятро пайдо намудааст.

Зеро, як решаи хунӣ доштани форсҳо, суғдиён, хоразмиҳо ва ғайра дар асарҳояш зикр шудааст. Масалан, олим дини хоразмиён ва суғдиёнро зардуштӣ дониста, худаш, ки хоразмӣ буд, менависад, ки хоразмиён “шохае аз боғистон ва шохоби дарёи форсиён буданд ”, ин ва дигар далелҳо исботест барои он муҳаққиқони муосири кишварҳои туркзабон, ки даъвои мероси этникию фарҳангии ниёгони форсу тоҷикро дар минтақа доранд.

Абурайҳон Берунӣ дар ҷои дигари асараш аз нажоди эронӣ (ориёӣ, тоҷик) будани худро равшан зикр намудааст.

Хулоса, Абурайҳон Берунӣ таърихро яке аз мушкилтарин самтҳои илм дониста, дар масъалаҳои таърихи умумӣ ва таърихи тоҷикони бостон баъзе андешаҳои худро баён доштааст. Ў аз муаррихини баъдина даъват намудааст, ки дар таҳқиқи таърих аз усулҳои қиёсӣ, ақлгароӣ ва ҳаққиқатнигорӣ кор гиранд. Махсусан маълумоти олим роҷеъ ба генеалогия ва хронологияи сулолаҳои эронӣ, тақвимҳо ва ҷашну маросимҳои анъанавии ниёгонамон арзиши баланди илмӣ доранд. Абурайҳон Берунӣ, ба таври мухтасар ҳам бошад, оид ба аз ҷониби истилогарони мақдунию араб нест карда шудани маданияти маънавии ниёгони тоҷик маълумоти воқеӣ медиҳад.

пешина
аз 35
навбатӣ