Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МУХТАСАР ДАР БОРАИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ВА ИЛМҲОИ

РИЁЗӢ, СИТОРАШИНОСӢ ВА ТАБИӢ

Комилӣ А.Ш. – д.и.ф.-м., профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав Султонҳайдаров Н.Х. – н.и.п., дотсенти ДДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода Саломов М. А. – ассистенти ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Дар бораи санаи дақиқи таваллуд ва вафоти Абурайҳони Берунӣ дар аксари таҳқиқоти мавҷуда дар ҷумҳуриҳои собиқ СССР, мутаассифона иштибоҳ роҳ ёфтааст, ки дар вақти баргардон кардан аз солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба григорианӣ рух додааст.

Дар мақолаи мазкур зодрӯзу маргрӯзи ин донишманди овозадорро мо тибқи солшумориҳои гуногун: ҳиҷрии қамарӣ, ҳиҷрии шамсӣ, григорианӣ, юлианӣ, зардуштӣ ва яҳудӣ нишон додаем, ки чунин аст: рисолаи ҷолибе бо номи ―Рисола дар маърифати Офтоб ва кура (―Рисола т-танҷим (―Китоби андарз барои оғози илми ситорагон) ва дигаре энсиклопедии риёзӣ ва табиӣ бо номи ―Китоб-ут-тафҳим ли авоил синоа- Тамоми осори илмии ӯ ба истиснои ду асар: яке аз шоҳасари фарҳанги ҷаҳонӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд. ба мерос гузоштааст, ки бидуни шакк дар хазинаи тиллоии илму гузоштааст. Берунӣ аз худ осори ғанӣ (беш аз 150 номгӯй) ва гаронбаҳое гаронбаҳои худ дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми бузург 17.12.1048, Ғазна) яке нобиғагони овозадори тоҷику форс буда, бо осори Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунии Хоразмӣ (08.09.973, Кос – таваллуду вафот ва маҳалли он ҳодисаҳо чунин навиштан салоҳ аст.

Хоразмӣ тибқи солшумориҳои гуногуни зерин Санаи таваллуди Абурайҳон Муҳаммад писари Аҳмад Берунии дар донистани Офтоб ва кура) ба забони илмии талаботи замонааш забони арабӣ таълиф карда, ду асари номрафтаро ба забони порсии дарӣ (тоҷикӣ) навиштааст.

Берунӣ аз хурдсолӣ ба таҳсили илм оғоз карда, беш аз ҳама ба илми ситорашиносӣ шуғл дошт. Рағбати ӯ ба илми ситорашиносӣ то андозае буд, ки ҳатто дар асарҳои таърихию ҷуғрофию забоншиносиаш ба монанди ―Осор-ул-боқия ва ―Мо ли-л-Ҳинд масъалаҳои марбут ба ситорашиносӣ, аз ҷумла гоҳшиносӣ ва солноманависиро ёдрас шудааст.

Устоди аввалини ӯ дар ин соҳа мунаҷҷиму риёзидони бузурги Хоразмӣ Абунаср Мансури Ироқ буд. Абурайҳони Берунӣ дар илмҳои риёзӣ, (математика), табиӣ (физика), ситорашиносӣ (астрономия), дорушиносӣ (фармакопея), маъданшиносӣ (минералогия), ҷуғрофия, таърих ва забоншиносӣ алломаи замонааш буд. Абурайҳони Берунӣ аз миёни донишмандони олами ислом аввалин шахсе буд, ки нимқутри Заминро бо дақиқияти ҷолибе андозигирӣ кардааст. Усули андозагирии ӯро чунин шарҳ медиҳанд. Шахси мушоҳидакунанда дар болои кӯҳ (дар нуқтаи А) қарор гирифтааст. Баландии кӯҳро аз сатҳи Замин то нуқтаи болоии он (АЕ) бо ишора мекунем.

Порчаи CA дар ин ҳолат ба суммаи порчаҳои СЕ (радиуси Замин) ва СЕ (баландии нуқтаи мушоҳида) баробар аст Мушоҳидакунанда тавассути устурлоб кунҷи байни хатти уфуқии АD ва дуртарин нуқтаи дидашавандаи сатҳи Замин АВ-ро андозагирӣ кардааст. Яъне кунҷи ∠DAB-ро, ки дар нақша бо ишора шудааст, муайян кардааст. Мушоҳида кардан душвор нест, ки кунҷи ∠DAB бо кунҷи ∠BCA, ки кунҷи байни ду нимқутри кураи Замин аст, баробар мебошад. Дар ҳақиқат, ∠BCA=90−∠FCD буда, азбаски ∠FCA ва ∠DAC кунҷҳои рост мебошанд, ∠FCD=∠BDA мебошад. Дар навбати худ ∠BDA=180−90−α мебошад, зеро ҳосили ҷамъи кунҷҳои секунҷа 180 дараҷа аст. Аз ин рӯ, ∠DBA низ кунҷи рост ҳисобида мешавад ва муодилаи оддии зеринро ҳосил мекунем: ∠BCA=90−∠FCD. Азбаски дар сурати баробар будани кунҷҳо косинуси онҳо низ баробаранд, баъд аз андозагирии кунҷи ∠DAB косинуси кунҷи ∠BCA муайян карда мешавад.

Дар секунҷаи росткунҷаи ABC таносуби CB-ро ба CA ҳамчунин нисбати катет ба гипотенуза дониста, муодилаи зеринро ҳосил мекунем: дар ин ҷо где СВ – ин нимқутри мавриди назар, яъне радиуси Замин мебошад. Порчаи CA дар ин ҳолат ба суммаи порчаҳои СЕ (радиуси Замин) ва СЕ (баландии нуқтаи мушоҳида) баробар аст.

Аз ин ҷост, ки Формулаи мазкурро ба таври зерин табдил медиҳем:

Ин муодиларо ба тақсим карда, ҳосил мекунем:

Пас аз ҳар ду тарафи муодила тарҳ кардани ҳосил мегардад:

Ниҳоят формулаи зерин ҳосил мегардад, ки аз рӯи он нимқутри Замин, яъне радиуси онро андозагирӣ кардан мумкин аст:

Андозагириҳои нимқутри Замин аз тарафи Берунӣ аз натиҷаи илмии замони муосир тақрибан 30 км тафовут дорад, ки ин барои асрҳои миёна дастоварди хеле олӣ маҳсуб мегардид.

Агарчанде дар раддабандии донишҳои асримиёнагии олами ислом илмҳои ситорашиносӣ (астрономия) ва табиӣ (физика) ҷузъе аз илмҳои риёзӣ, дпр маҷмӯъ ҳамчун илмҳои ақлӣ пажӯҳиш мегардид, ниёгони асримиёнагии мо илмҳои ақлиро дар ҳамгироии якдигар таҳқиқ мекарданд. Берунӣ ҳам агарчанде рисолаҳои махсуси риёзӣ (ба маънои математикӣ) таълиф кардааст, вале натиҷаи онро дар пажӯҳишоти ситорашиносӣ, табиӣ ва ҳатто маъданшиносӣ истифода кардааст. Сафҳае аз китоби ―Қонуни Масъудӣ бо тасвири мароҳили Моҳ ва гирифтани Моҳ (хусуф) Берунӣ дар бораи курашакл будани Замин ва ҳаракати он дар атрофи меҳвари худ муътақид буд ва бар табиати оташини Офтобу ситораҳо ва андозаи азиму дур будани онҳо аз Замин боварӣ дошт. Ӯ квадрант (рубъи зовиясанҷ)-и Аҳмади Насавиро то дараҷае комил кард, ки дар муддати 400 сол бузургтарин квадранти ҷаҳон ҳисоб меёфт.

Берунӣ вазни хоси бисёре аз маъданҳоро муайян карда, тақрибан 50 намуди маъдан, фулуз ва хӯларо тавсиф кардааст. Абурайҳони Беруниро дар баробари Муҳаммад Закариёи Розӣ яке аз асосгузорони физикаи амалӣ дар асрҳои миёна номидан равост. Вай дар роҳи муайян намудани вазни хоси ҷисмҳо комёбиҳои ҷолиберо ноил гашт ва натиҷаҳои ба дастовардаи ӯ аз натиҷаҳои имрӯза, ки бо дастгоҳҳои дақиқтар ва техникаҳои ҷадид ба даст омадааст тафовути хеле кам дорад.

Физикдони шинохтаи рус Орест Данилович Хволсон (04.12.1852 – 11.05.1934) дар асари худ «Курс физики» (соли 1923) усули бамиёновардаи Абурайҳони Беруниро барои муайянсозии вазни хоси ҷисмҳо дар радифи усулу тарзҳои муосир қарор додаст. Муоинаи зерин, ки дар он дастовардҳои Абурайҳони Берунӣ бо натиҷаҳои илмии муосир муқоиса мешавад, шаҳодати хубест барои жарфнигарӣ ва тавоноию дақиқкории ин донишманди воломақом. Берунӣ барои андозагирии (ченкунии) вазни хоси ҷисмҳо асбоби махсуси конусшакли зеринро ихтироъ карда буд: Асбоби ихтироъкардаи Берунӣ барои муайян кардани вазни хоси ҷисмҳо Як кори ӯ дар соҳаи физикаи эксперименталӣ қобили таваҷҷӯҳ аст, ки як таҷрибаро чандин маротиба (бино бар баъзе маълумот) то 20 маротиба такрор мекард, то натиҷаи саҳҳеҳ ба даст орад. Чунин рафтор дар факултетҳои физикаи донишгоҳҳои муосир низ истифода карда мешаванд.

Инак муқоисаи натиҷаҳои ҳосилкардаи Берунӣ ва натиҷаҳои замони муосир барои муайян кардани вазни хоси ҷисмҳо Вазни хоси таъйиншуда Вазни хос тавассути аз тарафи Берунӣ илми муосир

Ҷисм

Тилло 19,05 19,25

Нуқра 10,43 10,50

Мис 8,70 8,93

Оҳан 7,87 7,86

Арзиз (Қалъагӣ) 7,31 7,28

Симоб 13,58 13,55

Сурб (Руҳ) 11,33 11,34

Лаъл 3,58 3,5-4,1

Булӯр 2,50 2,59-2,66

Зумуррад 2,75 2,67-2,77

Каҳрабо 0,85 1,05-1,10

-вазни хос, -вазн ва -ҳаҷми ҷисм. Дар замони муосир

-зичӣ, -масса, -ҳаҷми ҷисм

Инчунин масъалаҳои гуногуни илми физикаро ҳам дар асарҳои махсусаш ва ҳам дар мукотибаи илмиаш бо Шайхурраис Абӯалии Сино роҷеъ ба «Физика»-и Арасту пайдо кардан мумкин аст. Вай ба монанди Ибни Сино мӯътақид буд, ки суръати нур аз суръати садо бештар аст.

Хулоса, осори арзишманди Абурайҳони Берунӣ дар соҳаи риёзиёт, табииёт, ситорашиносӣ, дар баробари фалсафа, тиб, таърих, забоншиносӣ, ҷуғрофиё ва ғайра барои донишмандони оянда новобаста аз мазҳабу миллат ва дину нажод таъсири муайяне расонидааст.

пешина
аз 35
навбатӣ