Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАҲРАБАРДОРИИ ОЛИМОНИ ҒАРБ АЗ АФКОРИ

ФАЛСАФИВУ ТАЪРИХИИ ЗАРДУШТ

Ҳақназаров А. – д.и.т.,профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Назарияи ҳамгироии Кайҳону Замин ҳамчун Қонуни ягонагии мавҷудияти Олам аввалин бор аз ҷониби пайғамбари ориёиҳо Зардушт мавриди андеша қарор дода шуда буд. Ў, дар бахши якуми Авесто - «Гоҳон», Оламро аз мавҷудоти сегона: Кайҳон, Инсон ва табиат иборат донист ва қарор дод, ки он Нерўи Ягона, Хирад (Худо) аз торикӣ берун оварда, равшан гардонд. Ва он то кунун, тариқи зиддияти ду мабда - торикӣ (зуломот) ва рушноӣ (хирад), идора мешавад. Ин ду нерў доимо боҳам дар ситезанд, пирўзи ва шикаст ба навбат насибашон мегардад, вале ба ғолибияти мутлақ намерасанд, зеро чунин шавад вуҷодот аз рушд мемонад ва Олам аз миён меравад.

Мушоҳидаҳои мунаҷимон баъд аз ў инчунин кайҳоншиносони муосир тасдиқ кардаанд, ки асли воқеа ҳамн тавр аст ва онро такмил доданд. Замин миёни сайёраҳои қутби Офтобӣ барои Одам чун гавҳора, ба мисли биҳишт дилкушо ободу зебо офарида шудааст ва зиндагии ў, бо муқаррароти Кайҳон маҷро мегирад.

Замин дар гирди Офтоб доимо дар ҳаракат аст ва тариқи он қарор ёфтаву мавҷуд аст. Олимон ҳисоб кардаанд, ки Замин дар атрофи меҳвари худ бо суръати 1670 километр (км) дар як соат чарх45 мезанад ва суръати гардиши он дар атрофи Силсилаи Офтобӣ дар як соат 108 000 км-ро ташкил медиҳад, Дар Галактика (Роҳи Каҳкашон) тақрибан 200 миллиард ҷисмҳо ба монанди ситораву планетаҳо ва ғайра вуҷуд доранд ва он дар Қайҳон бо суръати 950 000 км дар як соат чарх мехўрад. Вале бо ҳикмати ин қонун, бо вуҷуди ингуна чархзаниҳои пуршитоб, дар таърихи мвҷудияти Замин дар параллел бо ҷисмҳои кайҳонӣ, миёни инсонҳо ягон бор ҳодисаи бархўрд рўй надодааст.

Мўъчизаи аз ҳама бузург он аст, ки масофаи миёни ҷисмҳои осмонӣ ва Силсилаи офтобӣ (бо вуҷуди дар паҳнои чен карданашаванда ҷойгир шудаашон) бо хотири мусоидсозии шароитҳои беҳтарини зист дар Замин ва дифои бехатарии он, ниҳоят мутобиқ ҷойгир шудаанд. Мадори Замин дар байни сайёраҳои Зуҳра ва Мирих қарор гирифтааст. Мадори Зуҳра нисбат ба мадори Уторид ва мадори Зуҳра нисбат ба мадори Замин ба Офтоб наздиканд, мадори Мирих бошад нисбат ба мадори Замин аз офтоб дур аст. Сайёраҳои силсилаи Офтобӣ, ки ҳар кадом дар бурҷи хоси худ қарор доранд, ба рушду нумў ва касифиҳо дар сайёраи Замин саҳмгузорӣ доранд. Масалан, сайёраи Муштарӣ Заминро аз бархўрди ҷисмҳои азими кайҳонӣ муҳофизат менамояд. Яъне зарбаи ҷисмҳои осмонии аз таҳсири шўъҳои Офтоб канда шударо ба худ мегирад.

Ба хотири ин назарияро равшан сохтан таърихнигори ориёитабор Мирхонд (сс. 1433-1498) ҳамгироии ҳафт сайёраи Силсилаи офтобӣ: Қамар (Моҳтоб), Аторуд – (Уторид), Тир, (Меркурий), Зўҳра (Венера), Зуҳал (Сатурн), Муштарӣ (Юпитер), Мирих (Марс) ва Офтоб (Хуршед)-ро бо Замин мушоҳида кардааст . Дар асри Х1Х Алома дигари ориёитабор Аҳмади Дониш дар подомани андешаҳои Мирхонд нигоштааст: “Ҷаҳондори таоло ва тақаддус вуҷудиётро ба табъи Офтоб ва Зуҳраву Муштарӣ, адамиётро ба таҳсироти Миррих ва Зуҳалу Қамар вобаста карда, Уторидро ба онҳо муовин сохт. Вазифаи Уторид аз каму зиёд кардани хосияти шаш ситораи аввал, ки дар бурҷҳои осмонӣ дар афзоиши нуқсу баракат дахли том доранд, иборат аст. Офаридагори Олам бо ҳикмати болиға қарор кардааст, ки се ситораи аввал агар дар афлоку нуҷум дар бурҷу дараҷаи худ оянд, дар таи ҳазор сол ҷаҳон обод меистад ва агар се ситораи дигар ба ҳолати худ биёянд, сабаби вайронӣ гарданд.

Мисол, агар дар муҳлати муайян, дар афлоку сайёра вазъ ба мизоҷи Муштарӣ мувофиқ фаро расад, дар тӯли ҳазор сол дар ҷаҳон ба ободиву адлу эҳсон мусоидат мекунад, вале ободии давомдор оқибат сабаби нуқсу футур мегардад. Барои муҳтадил гардонидани ин авзо дар он наздикӣ дар фалаку сайёраҳо вазъи ба миҷози Зуҳал низ, ки таъсири вай ҳам дар ҳазор сол ба харобию зуҳури касру нуқсон равон аст, пайдо мегардад. Вале миҷози охир миҷози аввалро рафъ карда наметавонад, зеро ки ашколи фалакӣ дар ҳар соату дақиқа бо ҳаракати касрӣ ва иродӣ тағйир меёбад. Дар ин росто, агар дар сайри ситораҳо рабиати Миррих бо Зуҳал бувад, миҷози онҳо тамоми саодати Муштариро рафъ мекунанд, ба ин хотир, андаке пас Зуҳра муовини Муштарӣ шуда, ба наҳсиҳои Зуҳал зид мебарояд ва ин дар ҳолате рӯй медиҳад, ки Миррих аз Зуҳал гузашта бошад”.

Бо ҳидояти мантиқ, қонуни умумии мавҷудияти Олам ба шеваи зиндагии одам дар замин нақши муассир дорад ва бо мурури вақт тариқи вусъат додан ва боз ба таназул расонидан зуҳур мекунад.

Ҳодисаҳои таърихӣ бошанд вобаста ба хусусиятҳои умуми ва мушаххаси муҳитҳои ҷуғрофӣ, шарроитҳои иқлимӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, руҳиявӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ минтақаҳо содир мегарданд.

Қонуни мавҷудияти Олам инсонҳоро сарфи назар аз ранги пўст, наҷод, тааллуқоти ҷинсӣ ва бовариҳои мазҳбиашон дар як сатҳ мусовӣ офарадааст, вале шеваи зиндагиашон: бо феъл, рафтору гуфтор аз якдигар тфовути калон доранд. Аз ин лиҳоз дар иҷроиши рисолати таърихӣ созандагӣ, таъмин намудани худ бо шароити хуби зиндагӣ, муроову мадорои якдигар, хиёнат накардан ба манфиатҳои моддиву маънавии ҷомеа ва фардон устувори надоранд. Чунки дар батни бисёриҳо таззодҳои ҷоҳилӣ: худшефтагӣ, ҳасудӣ, шефтагӣ ба сарвату савлат, шуҳрат, маишат, бахиливу шурапўштӣ нуфузи бештар доранд. Ба хотире, ки одамон дар ин самтҳо зиёдрави накунанд, таълимотҳо (динҳо)-и бисёри моҳияти ахлоқӣ, маънавӣ, фалсафӣ, мантиқии аъмолу пешрафти онҳоро рўшан кунанда ба роҳ бароварда шудаанд.

Масалан, Зардушт ақидаҳои хешро фармудаҳои Хиради бузург, - Худои донову тавоно бо исми Аҳурамаздо, (дини Маздоӣ) муарифи кард. Асли таълимоти ў, аз ҷониби пайравонаш «виҷдон» ё дастурҳои ҳидоятгар ба «пиндори нек», «гуфтори нек», «кирдори нек» қарор гирифта буд. Нерўҳои бо ҳам зидди – «торикиву рўшанӣ»- и нишон додаи ў, абстракту устуравӣ ва мифологӣ нею, балки рамзҳое мебошанд, ки тафсироти воқеӣ доранд.

Олам дар ибтидо то пайдоиши нўр (рўшанӣ)-и ҷилои Офтобу Моҳ, торику зуломот буд. Одам баъд аз равшангардии Олам ба вуҷуд омад, дар қолаби ҷоҳилӣ. Ҳанўз як чанд ҳазор сол қабл аз Зардушт, дар таълимотҳои «Каюмарсия» ва «Зарвония» дар хусуси тавлид ёфтани нерўи «торикӣ ва рўшаноӣ» маълумоти зерин вуҷуд дошт.

Дар батни Зарвон, ки рамзи Оламро дорад, торикиву рушноӣ якуякбора ба сифати зкизак ҳамл гаштанд. Торикӣ Аҳриман номбар шудааст, ки аввалин шуда бо феъли зуриву таадӣ, дағаливу бадкешӣ ва фаврӣ берун баромад ва дар Замин 9000 сол ҳукумрони кард.

Баъди он бо муросову мадоро, хираду заковат, дуюмаш тавлид шуд, маъмул бо номи Ҳурмузд. Дар натиҷа ҷаҳон пўртаззоду47 пўрасрор гашт, ки дарку қабули онҳо бо тамом ба нерўи хиради инсонҳо ба таври мусовӣ имконнопазир аст. Зиддияти ин ду нерў дар ҳар маврид, дар ҳама ҷо, ҳатто дар батну ботини инсон ҳам зуҳур дорад ва ё доимо омодаи аз худ хабар додан аст.

Чи тавре мушоҳида мешавд, нерўи бадӣ (ҷоҳилӣ) аз нерўи некӣ (хирад) дида, аз ибтидо пешдасту қавитар зуҳур кардааст. Нерўи некӣ бо мафҳуми дин дар таълимоти Зардуштия маънои виҷдонро дорад.

Виҷдон дар шуури сокинони манотиқи Олам вобаста ба хусусиятҳои иқлимиву табиӣ, ҳолатҳои зист, идроки маънавиву маърифатиашон гуногунмаъно зуҳур кардааст. Бо ин сабаб диндорон бо хислатҳои рабонии худ дар рафъи ҷаҳолат бо ҳам омада наметавонанд, дар аъмоли онҳо ҷаҳолат ва зуломот қавитар аст ва боиси муноқишаҳои фоҷианоки инсонҳо мегардад, вале бо сабаби асоси комил надоштанаш рисолатҳои рўшноӣ: ақлу хирад, адлу инсоф, дўсиву рафоқат, хару эҳсон, раҳму шавқат ва амсоли инҳоро аз мииён бардошта наметавонад.

Бо ин дастур, наслҳои ориётабор дар раванди таърих ба бархурдҳои ниҳоят зиёди дохиливу берунӣ ва асоратҳои қабеҳонаи аҷнабиён дучор омаданд. Хусусан ғосибиҳои юнону макдуниҳо (аа. 1V-11 то м.), форсҳову туркҳо (аа.111- V1 м.), арабҳо (аа. V11-1Х), мўғулҳо (оғози а.Х111-нимаи дуюми а. Х1V), қабилаҳои «Дашти Қипчоқ» бо сарварии Шайбониён, сулолаи Аштархониён, Манғитиён, Россия подшоҳӣ ва Шўровӣ то охири а.ХХ ба фарҳанги моддиву маънавии қавми эронӣ-тоҷикон зарбаҳои фоҳиш расониданд.

Ғарази ҳамаи ғосибон дар истилои марзу буми эронитаборон, як хусуят дошт, - ғорат кардани сарватҳои моддӣ ва ба маънавиёту маърифати худ мутобиқ кунонидани таъриху фарҳанги онҳо. Ҳанўз дар ҳазораи севу дуи пеш аз милод, дар паҳлуи дини Зардуштия паё- пай аз кабилаҳои Сомӣ як зумра пешвоёни тариқати яҳудиён бо рисолати пайғамбарӣ ба майдон омаданд ва бо тариқати диниву ахлокӣ ва маърифатии хеш ба таълимоти Зардушт рақиб гаштанд, то дараҷае, ки ўро ҷодугар хонданд. Баъд аз дини Яҳудия динҳои дигари оламтоб: Буддоӣ, Насронӣ ва Ислом зуҳур кардаанд. Аз миёни ҷонибдорони ин динҳо бештар исломиён бо хусусияти худшефтагӣ худро аз диндорони қабли болотару ба Худо азитару содиқ ва наздиктар донистанд. Тариқати зардуштро бошад, бартарин мояву аъмол шуморида пайравони онро бо истилоҳҳои «муғ», «оташпараст», «габр» (душмани Худо) ва ғайра айбдор карданд.

Дар натиҷа сафи рақибони таълимоти Зардушт афзуд, вале то а. ХV111 шўълаи ҷаҳонтоби худро нигоҳ медошт. Нобиғаҳои илмиву адабии эронитабор агар чӣ ба асорати қабеҳонаи аҷнабиёни дар феълу атвори дину мазҳабҳои гуногун қарор дошта гирифтор буданд ҳам, тавонистанд асолати фарҳангии аҷдодони худро ҳифз намоянд, ғанӣ гардонанд ва ғолибияти маънавии худро нигоҳ доранд. Аммо баъд, дар асрҳои Х1Х ва ХХ ориётаборон (пайравони Зардушт) ба ғосибони қавитар рў ба рў гаштанд, ки ҳадафашон ба муборизаи идеологӣ маҳдуд набуд, балки ба қаламрави зист, сарватҳои табиии онҳо соҳиб шудану назария ва мавҷудоти ориёиҳоро ба нестӣ расонидан мехостанд.

Аз заифгардиҳои мақоми ориётаборон дар масири таърих, истифода карда, олимони Ғарб аз мероси маънавиву маърифатии онҳо ғолибона истифодаи бисёр бурданд. Ҳанўз дар а. ХV111, аз Аврупо Анкетил Дюперрон, Дармстенер, Ҷексон, М. Ҳаут, Улям Ҷонс ва дигарон ба омўзиши Авесто рағбат пайдо карда, борҳо озими Ҳидустон шуданд. Онҳо расму оинӣ ориёиҳои ба инҷо кўчида омадаро омўхта пас, бо забони санскрит ба хондани Авесто машғул шуданд ва то андозе дар ин кор муваффақ гаштанд.

Бархи дигари аврупоиён бо осорҳои гаронмояи нобиғаҳои ориётабор: Ат-Табарӣ, Муҳаммади Балъамӣ, Ибни Муқаффаъ, Балазурӣ, Ал-Хоразмӣ, Закарёи Розӣ, Абўалӣ ибни Сино, Абўрайҳони Берўнӣ, Ҳакими Фирдавсӣ ва дигарон соҳиб шуданд. Онҳоро бо забонҳои худ баргардон карда, дар осорхона, қироатхона ва китобхонаҳо маҳфуз гардониданд ва нусхаҳои аслиашонро ба китобҳои рўйимизии худ табдил доданд. Масалан, осорхонаи Бритониё яке аз хазинаҳои бойтарини меросҳои фарҳангии Олами Шарқ ба ҳисоб меравад. Дар ҳайати онҳо, «Хазинаи Омўдарё» дар феҳристи зиёда аз 100 номгўй қисми арзишмандтари онро ташкил додааст.

Баъд аз тарҷумаи матнҳои Авесто ва таснифотҳои баъдин, мазмуну муҳтавои асли луғавиву мантиқии онҳо хело коста шуда бошад ҳам, дар фикру хаёлоти аврупоиён ангезиши бузурги ба афкори маънавии наҷоди ориёӣ саҳмгузор буданро ба вуҷуд овард.

Онҳо дар талоши гузаштагони худро дар масдари ориёӣ шарик гардонидан, ба ин таълимот аз осорҳои фарҳангии аҷдодиашон чизҳои зиёдро ҳамроҳ сохта, нажоди худро бе мамониат «ҳиндуаврупоӣ» номиданд. Ҳатто як қисме аз онҳо ҷуръат карданд, ки фарҳанги ориёиро «умумиаврупоӣ»-и эълом доранд. Агар раванди таърихи муҳоҷирати тўлонии эрониҳоро ба самтҳои гуногуни олам ба инобат гирем, гуфтан мумкин, ки ин ақидаҳо баъзе далелҳои ҷузъӣ доранд, вале на ба он вазне, ки заминаи фарҳани ориёӣ дар Аврупо пайдо шуда бошад.

Дар ин миён, Жозеф Артур де Гибно (сс.1816-1882) ва Важе де Ляпуш (сс.1854-1936) аз Фронса; Хюстон Стюарт Чемберлен (сс.1855- 1927) ва Френсис Галтон (сс.1822-1911) аз Англя; Алфред Плётс (сс.1860-1940), Алфред Розенберг (сс. 1893-1946), Ганс Гюнтер (сс.1891- 1968) аз Олмон ва чанди дигарон дар ин ҷода аз ҳад гузаштанд.

Қавмҳои худро бо қавмҳои ориёӣ ҳамтабори ҳақони шумориданд, вале муҳтавои адливу маънавии фарҳанги ориёиро ба назарияи милитаристии худшефтагӣ омезиш дода, оламро бо ду ирқ – олӣ ва паст ҷудо намуданд. Як гурўҳи дигар назарияҳои нави «наҷоди ориёии шимолӣ» - «нордизм»-ро ба вуҷуд овард, ки ниҳоят қабеҳона буд. Дар қатори инҳо равияву майлон ва мактабҳои бешумори таърихнигорӣ, фалсафавӣ, диншиносӣ, фарҳангӣ ва ғайраи дигар низ ба роҳ баромада, мазмуну мундаиҷаи афкори фалсафӣ, таърихӣ ва маънавии Зардушту пайравони вайро бадном сохтанд.

Шидати пастравии минбаъдаи шуҳрат ва ба сукуд фурў рафтани нуфузи фарҳанги ориёӣ дар асри Х1Х бо дахолати қудратии кишварҳои аврупоӣ, Русия ва Форс (Эрони имрўза) бештар вусъат ёфт. Ҳар кадоме аз ин давлатҳо бо истифода аз парокандагии сиёсии Осиёи Миёна ва Ҳиндустон бо ҳам ба ситез омаданд, ки ба ин сарзаминҳо соҳиб гарданд.

Англия пешдасти карда, Ҳиндустонро истило намуд ва Афғонистонро ҳам мавриди пуштбонии худ қарор дод. Русия ба Осиёи Миёна ворид шуд ва дар иҷрои мақсади забти Помир ба зиддияти Англия дучор омад. Чун, ки қисми бузурги он дар ҳайти Балху Бохтар ва музофотҳои куҳии он Панҷшеру Ғур ва ғайра (қисмати ғарбии дарёи Панҷ) алакай ба зери назорати Англия даромада буданд.

Дар охир ин ду давлат ба мусолиҳа омада, ин кишвари пурсарвати ориёинаҷод (бо боварии бисёр коҳинони насронӣ зодгоҳ ва манзили охирати Бобои Одам)-ро худсарона миёни худ тақсим намуданд. Дар феъли ин ду кишвар асрори чаро ба маҳвсозии (генотсид)-и этникии тоҷикон даст заданд, то ҳанўз кушода нашудааст. Англия, ки ба асосгузории давлати Афғонистон машғул шуд, онро бо номи қабилаи дар таркиби аҳолии кишвар (бо ғолибияти тоҷикон) камнуфузи «афғон»-ҳо ном гузошт ва қисми ҷуғрофии зисти тоҷиконро «Туркистон» номид.

Россия бошад, бо нияти Осиёи Миёнаро бо пуррагӣ ба худ ҳамроҳ кардан, дар ш. Тошканд (Чочи қадимаи мутааллиқ ба тоҷикон) тартиботи маъмурии русиро ташкил доду онро «Генерал- губенатории Туркистон» номид. Ҳамин тариқ ду давлати сарватҷўй - Англия ва Россия дар ҳарду ҷониби Омўдарё, ки қаблан бо номи Хуросону Моваруннаҳр маъруф буданд, тартиботҳои нави идории худро ба роҳ монданду онҳоро ба афроди афғониву туркӣ мутааллиқ сохтанд. Дар натиҷа дар замони салтанати русҳо дар Мовароуннаҳр ва англисҳо дар Афғонистон (Хуросони таърихӣ) калимаи тоҷик аз ҳуҷҷатҳои давлатии ғосибон ва истеъмолӣ мардумӣ берун монд.

Ба хотири бо тамом аз миён бурдани тамаддуни ориёӣ ва бе манба гардонидани шўъои оламгири маънавии он асосгузори Ҳукумати Шўровӣ В.И. Ленин тадбирҳои хотимабахшро ба роҳ баровард. Артиши Сурх, ки дар Осиёи Миёна Ҳукумати шўроҳоро барқарор сохт, бо тақлид ба сиёсати мустамликавии Ҳукумати подшоҳии Россия, онро “Туркистони шуровӣ” эълон кард. Дар қарор ё ҳуҷҷатҳои расмии ин ҳукумат, ки ба сохторҳои сиёсӣ ва маъмурӣ дар Туркистон тааллуқ доштанд, то соли 1924 вожаи “тоҷик” истифода нашудааст. Дар сиёсат муҳити чунон торик гардонда шуд, ки гўё дар ин минтақа ингуна этноним ё халқ вуҷуд надошт.

Пас аз он, ки барқарорсозии шўроҳҳо дар солҳои 1921-1924 дар Бухорои Шарқӣ ба муқовимати шадидди нерўи зарбазани мардуми маҳаллӣ дучор омад, онро ҳаракати аксулинқилобии мардумӣ нашуморида, балки онро феъли гурўҳҳои авбошон, дуздон, бо мафҳуми «босмачиён» ҷонибдорони тартиботи истибдодии Аморати Бухоро мавриди таблиғ қарор доданд.

Вале рўйдодҳои сиёсии дар ин солҳо дар Бухорои Шарқӣ бо дастгирии мамолики абарқудрати ҷаҳон Ҳукумати Сталиниро маҷбур сохтанд, ки “Туркистон”-ро ба номи аслии қитъавияш “Осиёи Миёна” ва тоҷиконро мардуми таърихан аслии он шиносад.

Кумитаи марказии Ҳизби коммунист бо сардории И.В. Сталин маҷбур шуд, ки дар охири моҳи августи с. 1924 тариқи мусолиҳаомезу риёкорӣ, дар хусуси таҳсис додани воҳиди махсуси маъмурии тоҷикон, бо сифати Мухторӣ дар ҳайати Ҷумҳурии сотсиалистии Узбекистон қарори махсус қабул намояд. Ҳадафи Сталин дар ин ҷода аз он иборат буд, ки ба мухолифини дохилӣ ва ҷаҳонӣ сиёсати хайрхоҳонаву одилонаи Ҳукумати Шўравиро нисбат ба мардуми ба фазои сиёсии он (агарчи ақалиятро ташкил кунанд ҳам) намоиш диҳад ва ошуфтагии онҳоро паст фурорад.

Дар ибтидоӣ с. 1925 дар Душанбе, оҷилан Ҷамъияти омўзиши Тоҷикистон ва мардумони эронитабори ба он ҳамҷавор таҳсис дода шуд. Ба ҳайати он, олимони варзидаи Россия: А.А. Знаменский, А.С. Семенов, И.Л. Коржиневский, М.С. Андреев, В.В. Бартольд ва дигарон шомил карда шуданд.

Дар охири с. 1925 дар ш. Тошканд, нашрияи “Тоҷикистон” №1, чун маҷмўи ахбор чоп гардид. Дар қатори маълумотҳои моҳияти иқсодию иҷтимоӣ дошта, дар он очерки таърихии В.В.Бартольд “Тоҷикон”, мақолаҳои Семёнов “Осорҳои моддии фарҳангӣ ориёӣ”. ва Андреев – “Маводҳо доир ба мифология тоҷикон чоп гаштанд.

Бояд афзуд, ки ин нашрия аввалин ҳуҷҷате маҳсуб шуд, ки давраи расмии омўзиши Тоҷикистонро ҳусни амал бахшид ва аз мавҷудияти тоҷикон чун наслҳои эронӣ (ориёӣ) дар Осиёи Миёна маълумот дод.

Се шарқшиноси варзидаи номбар шуда, ба дурусти арзандаи арҷу сипоси тоҷиконанд, ба омўзиши таърихи онҳо диққати хоса додаанду расму русуми аҷдодиашнро бо таваҷҷўҳи хоса тавсиф намудаанд. Масалан, В.В.Бартольд тоҷиконро дар Осиёи Миёна чун соҳибватан маъруфи карда буд. Мақолаи М.С. Андреев ва ҳисоботи ў, аз кори экспедитсияи мардумшиносии с. 1925 дар Тоҷикистон гузаронида шуда, шаҷараи тоҷиконро ба наслҳои ориёӣ расонид.

Андреев, қайд кард, ки дар ин мардум бисёр падидаҳои асли ба умумияти ҳиндуориёӣ таалуқ дошта мавҷуд аст. Ба хотири тасдиқи ин идао навиштааст – гузоришҳои “Ригведа” - Падар-Осмон ва Модар – Замин, “Ду волидаи бузург” то ҳол дар урфияти ин мардум боқи мондааст. Масалан, дар Язгулом осмонро то имрўз дед – падар, заминро нан – модар меноманд. Фаслҳои солро ҳам бо ин тасаввурот тақсим намудаанд. Тирамоҳу замистонро, ки овони боришот ва бордоршавии замин аст, фаслҳои мардона ва баҳору тобистонро, ки дар ин фаслҳо замину табиат бор меоранд, фаслҳои занона гуфтаанд . Ин ҳолат воқеан қонуни табиат ба шумор меравад. Вале баъд аз он, ки Тоҷикистон аз воҳиди маъмурии вилояти Муторӣ ба Ҷумҳурии Шуровӣ Сотсиалистӣ табдил дода шуду ба маҷрои сотсиализм ҳамроҳ гашт ва моҷароҳои сиёси дар атрофи тоҷикон каме таскин ёфтанд, муносибати И.В. Сталин ба ин миллат кўллан тағйир ёфт. Ваъдаҳои васеъгардонии ҳудудҳои ҷуғрофии Тоҷикистонро қатъ гардонд, шукуфаҳои миллӣ тоҷиконро аз ҷумлаи нобиғаҳои сиёсиву фарҳангӣ ба зери таҳқиб гирифту пайи ҳам ба қатл расонд. Осорҳои муаллифони болозикрро тариқи таҳрири нав, барои идеология коммунистӣ ғайри мақбул шуморид. Забону алифбои қадимаи тоҷикиро тағйир дода адабиёти онро ба адабиёти фарҳанги пролетарӣ мутобиқ гардонд. Дар ин раванд, бозҷўйии осорҳои таърихӣ ва табии оғоз ёфт.

Осорҳои бостонии кашфгашта дар ҳаҷми даҳҳо номгў, ба миқдари садҳо адад аз ҳафриётҳои Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, бойгонии Деваштич, Бунҷикати асри миёнагӣ ва дигарҳо ба Эрмитажу дигар осорхонаҳои Россия интиқол дода шуданд, ки то ҳанўз нусхаҳои онҳо ба маконҳои қаблиашон баргардонда нашудаанд.

Дар ин миён фарҳанги қадимаи тоҷикон бо тамоми атрибутҳояш ба касифии қавитар рў ба рў гашт. Дар охири а. Х1Х ва аввали а. ХХ, пайомади назарияҳои наҷодпарастӣ ва милитаристӣ дар як муддати кутоҳ ду ҷангҳои ҷаҳониро (сс.1914 ва 1941) ба вуҷуд овардан. Ҳанўз касифиҳои ҷанги якуми Ҷаҳон ба ислоҳ нарасида дар сс. 1920-1940, дар мамолики Австрия, Олмон, Италия ва иттифоқчиёни онҳо ҷунбиши фаъолонаи сиёсии натсионал- сотсиалистони Олмони бо сарвари Адолф Ҳитлер руҷўъ кард.

Дар соли 1929 олимони Австрия ба ҳамкори бо Академияи Улуми ИҶШС дар кори «Эъзомияи Помир» доири омўзиши захираҳои табиии Тоҷикистон даст ёфтанд. Ҳадафи муҳимтарини олимони австриягӣ дар ин маъракаи илмӣ аз он иборат буд, ки аз ин сарзаминро ба таҳқиқ омўзанд. Воқеан дар ин ҷода хело муваффақ гаштанд. Бо боварии худ навъҳои гуногуни занбури асал ва аспҳои ба зотҳои ориёӣ тааллуқ доштаро ошкор кардаанд. Дар мавзеи Тибет аз сокинони қаблан ба қавмҳои ҳиндуэронӣ тааллуқ дошта, сувастика (свастика), рамзи қадимаи ориёиёнро дарёфт карданд ва онро чун рамзи абадзиндаи ба ирқи Олии ориёиҳо таалуқ дошта қабул намуданд.

Ҳизби натсионал-сотсиалистӣ дар шакли Иттифоқи нав, ки дар забони олмонӣ маънои «фаш»-ро дорад, дар зери парчами ирқи Олӣ Ҷанги дуюми Ҷаҳонр оғоз намуд. Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аслан бархўрди ҷиддии байни ду нерўи сиёсӣ ва идеологияи бузурги ҷаҳонхоҳ (Иттифоқи натсионал – сотсиалистон ва ИҶШС) барои ҳаёт ё марг сурат гирифт. Ҳадафи фашизм дар оғоз намудани ҷанг иборат буд аз ҳукумрони ҷаҳон гаштан, маҳв сохтани ирқони «паст» яҳудиён ва лулиён, инчунин идеология коммунистии аз Москва таҳким ёфтаистода.

Фашизм дар ҷанг мағлуб гашт. Бо ташаббуси Москва дар соли 1946 Нюренбург мурофиаи судӣ гузаронида шуд ва амали нажодпарастонаи фашизм маҳкум гардид. Наҳсии вай фарҳанги милии тоҷиконро чу мероси тамаддуни ориёӣ дар дарку хиради ҷаҳониён чун падидаи номатлуби таърихӣ сиёҳ гардонд. Дар ИҶШС, ки умумияти нави таърихӣ «мардуми шўровӣ» ба роҳ баромада буд, шумораи душманони халқи тоҷик ниҳоят афзуд. Ҳамаи онҳо дар атрофи идеологияи ҳокими Ҳизби Коммунист муттаҳид гашта, ҳар яке ба боғи миллати тоҷик санге мепартофт.

Ҳатто форсҳои зоҳиран ҳамтабори эрониҳо (тоҷикон) бо истифода аз ин, баъди инқилоби исломиро ба пирўзи расонидан, дар такя ба саҳми арзандаи Куруши Кабир дар такмили тамаддуни ориёӣ, Эрони ҳанўз чор ҳазор сол пеш аз Куруш дар таърих маъруф бударо ба худ мутаалиқ гардониданд ва бо маҳдудият ба ғояи исломӣ аз наслҳои Ҷамшед (тоҷикон) рўй тофтанд. Бо ҳикмати таърих, дар оғози Ҳазорсолаи нав, дар аввали асри ХХ1 Тоҷикистон ба соҳибистиқлолӣ сазовор гашт. Бо шарофияти арҷгуориву ҳифзи Сарвари нави он, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, фарҳанги бостонии ориёӣ ба шукуфоии нав мушараф гашт. Дар моҳи октябри соли 2019 бо роҳбарии ин марди шариф дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилали илмии «Пажўҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирўз то имрўз» тадҷлил ёфт. Дар ин Форум эроншиносону Ховаршиносони машҳури Олам ба хулосае омаданд ки: «дар фазои давлатҳои муосири дар гузашта, дар ташаккули тамаддуни ориёӣ ҳиссагузор, имрўз танҳо Тоҷикистон сазовори унвони сарпараст ва вусъатбахши ин тамаддуни қадимаи башарӣ шуда метавонад».

пешина
аз 35
навбатӣ