Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

АҚИДАҲОИ ИЛМИЮ ФАЛСАФИИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ

Мирзоев Абдураҳмон Неъматович - муаллими калони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Берунӣ мутафаккири зуфунун ва бисёрҷабҳа буд. Ӯ қариб дар тамоми соҳаҳои илм асар эҷод карда, ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала ба таври мушаххас баён намудааст. Ақоиди илмию фалсафии ӯ бештар ҷанбаи табиатшиносӣ доштанд ва назари ӯро мухтасаран назари натурфалсафӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад, зеро фаъолияти илмию ҷаҳоншиносии Берунӣ аксаран роҷеъ ба баррасии соҳаҳои гуногуни илми табиатшиносӣ аст.

Таҷрибаи илмиву амалии Берунӣ (таҷриба, озмун), ба масъалаҳои заминшиносӣ, маъданшиносӣ, илми ҳайъат, улуми дақиқ, осори илмиву фарҳангӣ, расму русум (антропология)-и халқу миллатҳои гуногун бахшида шудааст. Ӯ ба муҳокимаронӣ ва фаъолияти назариявию муроқибавии хосси тарзи тафаккури асримиёнагӣ муқобил буд. Берунӣ аслан олими зуфунун — энсиклопедист аст.

Аз мероси ӯ ба мо дар маҷмӯъ бештар аз 143 асар ба ёдгор мондааст, ки ба улуми риёзӣ (математика), ситорашиносӣ (нуҷум), ҷуғрофия, натурфилософия, минералогия, фармакология, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва ғ. бахшида шудаанд. Ба ғайр аз ин миқдори бузурги асарҳое ҳастанд, ки бо иштироки Берунӣ эҷод шудаанд. Баъзе аз асарҳои нодири мутафаккир то ба замони мо нарасидаанд.

Омӯзиши осори мутафаккир ҳанӯз аз асри 20 шурӯъ шуда буд.

Ба асарҳои ӯ бузургтарин олимони табиатшиноси замон ва тамаддуни ислом Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Улуғбек, Қозизодаи Румӣ ва диг. такя ва истинод кардаанд. Мувофиқи шаҳодати муаррихони машҳури таърихи илм, омӯзиши осори ӯ тавассути аврупоиён дар миёнаи асри 19 бо тарҷумаи баъзе аз порчаҳои «Мо ли-л-Ҳинд» оғоз ёфт. Дар ин кор хидмати шарқшиноси олмонӣ Э. Захау (1845—1930), дар нашру тарҷумаи асарҳои мутафаккир хидмати муаррихон Э. Видеман, К. Налино, К. Шой ва диг. хеле бузург аст. Аз байни муаррихони эронӣ Акбари Доносиришт ва аз миёни муҳаққиқони давраи шӯравӣ хидмати олимон Э. Сале, С. П. Толстов, А. Берунӣ Халидов, У. И. Каримов, П. Г. Булгаков, А. Д. Шарипов, Берунӣ А. Розенфелд, М. М. Рожанская, Э. К. Соколовская оид ба таҳлилу баррасии осору ақоиди Берунӣ хеле бузург аст. Ақидаҳои Берунӣ ҳамчун олими табиатшинос оид ба ҳастӣ, оламу одам, маърифат, фаҳмиши таърих ва ҷамъият бештар хусусияти амалӣ ва таҷрибавӣ доранд. Дар мукотибаи худ бо Абуалӣ ибни Сино ӯ ба назарияи табиатшиносии Арасту аз дидгоҳи интиқодӣ назар намуда, ҳамвора назарияи машшоии қадимии оламро қабул надорад ва тарафдори ҳудуси олам мебошад.

Хизмати Берунӣ дар инкишофи атомистика, таълимоти натурфалсафӣ дар бораи ҳаракати коинот ва тамоми моддаҳои олам, табдили моддаҳо ба шаклҳои гуногун ва ҳаракати даврии олам (эволютсия ва инволютсия) хеле бузург аст. Дар ин самт Берунӣ бисёр ақидаҳои сирф диалектикиро баён карда, нақши зиддиятро дар табиат хеле бузург арзёбӣ намуд ва ҳаракату тағйирёбиро хосияти умумии мавҷудот шуморида буд. Берунӣ таълимоти Арастуро дар бораи «маҳалли табиӣ» рад карда, мегӯяд, ки ҳамаи чизҳо ба сӯи маркази олам кашида мешаванд ва бо ин заминаро барои ғояи таълимот дар бораи қувваи ҷозибаи олам ба вуҷуд овард.

Берунӣ ҳаракати ҷисмҳо ба сӯи маркази Заминро эътироф намудааст, ки он амалан фикри баъдан пешниҳодкардаи физикадони бузурги англис И. Нютон (асри XVIII) дар бораи қувваи ҷозибаи Замин ба хотир меорад. Ӯ тарафдори мавҷудияти оламҳои бисёр дар Коинот ё худ таълимот дар бораи касрати олам мебошад ва муътақид аст, ки ин оламҳо метавонанд дар шаклҳои дигар ва бо қонуниятҳои ба худ хос арзи вуҷуд дошта бошанд. Берунӣ дар масъалаи атомистика низ ақидаи мустақили худро дорад.

Ӯ тақсимпазирии зарраҳои оламро эътироф карда, то ба беохир ва беинтиҳо тақсим шудани онҳоро рад мекунад, зеро он метавонад ба инкори ҳаракат оварда расонад. Вай барои исботи ботил будани тақсимшавии беохир мисоли ҳаракати Моҳу Офтобро меорад, ки ин «беохирӣ»-ро паси сар мекунанд ва яке аз дигаре пеш мегузарад. Берунӣ бисёр масъалаҳои физикавию табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғайраро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Нахустмоя ё асоси моддии ақсоми кайҳон, ба эътирофи Берунӣ, чор унсур — обу хоку боду оташ мебошад. Дар масъалаи амали қонуни сабабият дар олам Берунӣ аз мактаби Арасту ва машшоиён пайравӣ карда, сабабиятро дар кайҳон меписандад ва Муҳаррики аввалро, ки ба мавҷудияти Олам такони аввал мебахшад, «Иллат-ул- илал» меномад.

Берунӣ амали қонуни сабабиятро дар силсилаи маротиби вуҷуд, ҳамчунин нисбати падидаҳои дигари табиату ҳодисаҳои ҷамъият имконпазир медонад, ки ҳар яке барои дигаре сабабу натиҷа шуда метавонанд.

Берунӣ, бархилофи уламои дигари ислом, тамоми масъулияти оламро ба дӯши Офаридгор нагузошта, мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва ҷомеаи инсониро таъкид кардааст. Дар ин робита ӯ ба мақоми Ақл (қонунмандӣ) дар кайҳон ва ҳаёти инсон диққат додааст. Инсони дорои ақл дорои масъулият низ мебошад.

Дар масъалаи назарияи дониш мутафаккир тамоми раванди маърифатро ба се қисм тақсим мекунад: ҳис, ақл ва қалб. Берунӣ дар дарку маърифати олам ба эҳсос баҳои сазовор додааст. Ба фикри ӯ, нақши ҳиссҳо дар таҷрибаҳои илмиву амалии мутафаккир хеле бузурганд. Бовар доштан ба эҳсос ва маълумоти ҳисҳо заминаи муҳимме барои мушоҳидаҳои амалӣ мебошанд, нодида гирифтани нақши онҳо дар ҷараёни маърифат боиси коста шудани дониши инсон мегардад.

Инсон бояд ба воситаи қувваи биноӣ барои маърифати олами офаридаи Худованд кӯшиш кунад ва маълумоти ҳисси биноӣ дар тасмимгирии ақлонӣ кумак хоҳад кард. Ҳисси шунавоӣ бошад, барои аз худ кардани суханҳои Оллоҳ мақоми муҳим дорад. Ҳамин тариқ, Берунӣ чунин мешуморад, ки агар эҳсос барои Ақли инсон дар шинохти Олам ва барои аз худ кардани суханони Худо (Қуръон) мадад кунад, инсон ба ҷузъ онҳо эътиёҷ ба ақлу қалб низ дорад. Ба ибораи дигар, агарчи инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва қувваи ҳиссӣ аз дигар мавҷудоту ҳайвонот заифтар аст, Худо маҳз бо ақл ӯро мусаллат гардонида, ҳамчун мавҷуди шарифи олами хокӣ вайро ба ҷойнишинии худ дар рӯйи Замин (халифат-ул-арз) сарафроз кардааст. Инсони дорои ақл на фақат дар назди инсоният, балки дар назди олами набототу ҳайвонот низ масъул аст, онҳоро бояд бо қудрати ақли худ муҳофизат ва муроқибат намояд. Дар баробари рисолати ақлонии инсон Берунӣ дар масъалаи дин ва ахлоқ ба мақоми қалб таъкид мекунад, ки аз тариқи омехтани қувваи ақлонӣ бо қалб имони одамӣ дучанд мешавад. Аз ин рӯ, фалсафаи Беруниро метавон таълимоти натурфалсафӣ ва ратсионалистӣ номид. Дар баъзе мавридҳо дар ҷаҳонбинии ӯ, ба қавли муҳаққиқон, тобишҳои андешаи деистӣ зуҳур мекунад. Берунӣ ба аҳкоми асосии дини ислом зиддияти шадид нишон намедиҳад ва ба зарурати ҳар гуна дин (зардуштия, яҳудият, масеҳият, ислом, боварҳои динҳои ҳиндиву буддоӣ) барои оромиши равонии ҷомеа таъкид мекунад. Берунӣ аҳаммияти фолбинӣ ва муайян кардани асрори олам аз тариқи астрология ва усулҳои ғайриҳирфаии таҳқиқотро ба зери суол мегузорад.

Бо истинод ба сарчашмаҳо ва эътирофи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ, ӯро метавон яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ арзёбӣ намуд. Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осор-ул-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Усули бархӯрди таърихӣ ва илмӣ-табиӣ ба шайъи таҳқиқ аз усулҳои роиҷи усулшиносӣ (методология)-и илмии Берунӣ мебошад.

Дар масъалаи шинохти моҳияти ҷамъият Берунӣ чунин мешуморад, ки сабабҳои пайдоиш ва фаъолияти ҷомеа аз нукоти зер иборат мебошанд: 1) одамон аз рӯйи зарурат, барои бартараф намудани хатар ва таъмини эҳтиёҷоти худ ба ҳам меоянд; 2) одамон дорои қобилиятҳои гуногун мебошанд, як кас наметавонад, ки тамоми қобилиятҳоро дошта бошад ва ё ҳамаи касбҳоро азхуд карда бошад, аз ин рӯ, онҳо ба ҳамдигар эҳтиёҷ доранд, бо ҳам мубодилаи мол ва доду ситад мекунанд, то ки барои таъмини мавҷудияти худ ба ҳам кумак карда бошанд; 3) эҳсоси иҷтимоии инсон, тибқи хулосаи таълимоти Берунӣ, дар ниҳояти кор пайдоиши ирсӣ доранд, онҳо, яъне одамон дар тафовут аз дигар ҳайвонот дар танҳоӣ вуҷуд дошта ё фаъолияти амалӣ карда наметавонанд. Абурайҳони Берунӣ мақоми омили ҷуғрофиёиро низ дар инкишофи тамаддуни инсоният ҳалкунанда мешуморад ва мегӯяд, ки «…тафовути бадани (мардум) аз ҷойи зисти онҳо сарчашма мегирад».

Саҳми Берунӣ дар илми риёзиёт (арифметика, алгебра ва ғ.), инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил (ҳисоб кардани қимати адади π (пи) аз тариқи дарозии доира ва диамет-ри он ва ғ.), илми нуҷум (ситорашиносӣ) — усули мушоҳидаи кусуфи моҳ якбора аз ду нуқтаи замин, сохтани устурлоби мукаммалтар, таълимот дар бораи гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва эҳтимолияти гардиши он дар гирди Офтоб — ба вуҷуд овардани заминаҳои зарурӣ барои назарияи Галилей ва Коперник дар бораи ҳаракати Замин ва офтобмарказият, кашфиёти зиёди илмӣ дар соҳаи ҷуғрофия — назарияи иқлимҳо, қабатҳои геологӣ (пастиву баландиҳо ва қабатҳои умқҳои замин) ва ғ., маълумоти муфид ва нодир дар бораи минералогия (ҷавоҳирот), маводди доруворӣ (фармакология) ва ғ. хеле бузург аст.

Осори азхудкардашудаи юнонӣ ба мутафаккирони мусулмон, аз ҷумла Берунӣ имкон дод, ки гузориши масъалаҳои ҳисоббарорӣ ва алгоритмиро дар дараҷаи сифатан нав ба роҳ монанд. Дар натиҷа дар ҷое, ки риёзидонони ҳиндӣ қоидаи мушаххаси ҳисобро ташаккул дода буданд, олимони риёзидони мамолики ислом назарияҳои комилан васеъро ба вуҷуд оварданд. Мас., дар асарҳои математикии мутафаккирони мусулмон диққати зиёд ба исботи масъалаҳо дода мешуд, дар ҳоле ки дар осори ҳиндиҳо ин чиз ба назар намерасид.

Берунӣ дар инкишофи арифметикаи назариявӣ, ки асосҳои он дар китобҳои 7-9-уми Уқлидус (Евклид) ва яке аз пайравони Фаисоғорис (Пифагор) — Николай Герезӣ нигошта шуда буданд, саҳм гузошта, мувофиқи таснифи арифметикаи назариявӣ ададҳои пурраро мавриди омӯзиш қарор дод, ки мувофиқи он «адади воҳиди аслӣ тақсимнашаванда аст». Баъдан Берунӣ мафҳуми ададҳои воҳиди «шартиро» ҷорӣ кард, ки ба қисмҳои дигар (ба касрҳо) тақсим мешавад.

Аз рӯйи ҳамин тасниф Никомах Берунӣ ададҳои ҷуфт ва тоқ, ададҳои шаклиро баррасӣ намуд, ки дар забони ҳиндӣ «санкалита» (ҷамъ кардан барои секунҷа) ва «санкалита» (ҷамъ барои махрут, конус) ном доштанд. Берунӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷамъбандии қаторҳо ва комбинаторика (таҳлили комбинаторӣ) низ саҳм дорад. Ӯ усули комбинаториро дар омӯзиши назарияи санъати шеъри ҳиндӣ татбиқ мекунад. Мутафаккир дар ин кор аз таҳқиқоти математикии сохтори шеъри ҳиндии Браҳмагупта пайравӣ карда, пешниҳод менамояд, ки чунин кор нисбати назарияи шеъри юнонӣ низ анҷом дода шавад.

Берунӣ усулҳоеро дар такмили чор амали илми ҳисоб: ба мураббаъ (квадрат) ва куб (мукааб) баровардани ададҳо, баровардани решаи квадратӣ ва кубӣ, инчунин, мафҳумҳои решаи «ақлонӣ ё ратсионалӣ» ва «ғайриратсионалӣ»-ро пешниҳод мекунад.

Решаи ғайриратсионалӣ гуфта мутафаккир чунин решаеро дар назар дорад, ки онро ба воситаи сухан ифода кардан мумкин нест, мас., решаи иборат аз даҳ адад. Барои чунин реша пайдо кардани чунин ададе аз имкон дур аст, ки дар сурати зарб задани он ба ҳамон миқдор адади даҳ ҳосил шуда бошад. Чунин ададро, одатан, фақат ба таври тахминӣ пайдо кардан мумкин аст. Берунӣ дар ин ҷо усули Диофант (математики а. 3-и Искандария)-ро барои пайдо кардани ҳар гуна дараҷаи адад истифода мекунад. Як ҷиҳати хосси таълимоти Берунӣ назари умда ва глобалӣ доштан ба системаи донишҳо мебошад, ки дар он минтақа, нажод, ирқ ягон аҳаммияте надошт ва ӯ донишҳои халқҳо ва давраҳои гуногунро ба таври зинда омезиш медод. Берунӣ ҳангоми баррасии силсилаҳои ҳисоб ҳам силсилаи даҳгонӣ ва ҳам силсилаи «арабӣ»-и шастгонаро, ки «ҷумал» ном дошт ва дар он на рақам ба таври абстрактӣ, балки тасвири образноки рақам ифода гардида буд, ба таври муқоиса дида баромад.

Мутаассифона, асарҳои махсуси Берунӣ бахшида ба ирратсионалҳо то замони мо нарасидаанд ва мо дар ин маврид фақат аз порчаҳое, ки дар асарҳои дигари мутафаккир ба мисли «Китоб-ут-тафҳим» ва «Қонуни Масъудӣ» мавҷуданд, истифода бурда метавонем.

Берунӣ барои ошкор намудани моҳият ва усули ҳисоб кардани адади π (пи), нисбати дарозии доира ба қутр (диаметр)-и он айнан ҳамин тавр амал мекунад. Истифодаи мафҳумҳо ва усулҳои арифметикӣ дар нисбати бузургиҳои санҷиданашавандаи геометрӣ яке аз ҷиҳатҳои хосси тамоюли арифметиккунонӣ дар илми асрҳои миёна мебошад. Муҳаққиқони осори Берунӣ ва муаррихони таърихи илм баронанд, ки муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил хизмате дар илми математика аст, ки дар ниҳояти кор ба Берунӣ нисбат дорад. Ғояи Берунӣ дар мавриди васеъ кардани мафҳуми ададҳо баъдан аз тарафи олими дигар — Умари Хайём ҳаматарафа инкишоф дода шуд. Берунӣ моҳияти фалсафии ин масъалаҳои риёзиро шарҳ дода, ишора мекунад, ки таносуби байни «адад» ва «ҳисобшавандаро» бояд ҳама вақт ба назар гирифт, зеро ададҳои мутлақ ва абстрактиро бо ашёи ҳисобмешуда набояд айният дод, ки онҳо объекти шумор ба ҳисоб мераванд ва наметавонанд ба таври механикӣ як чиз шуморида шаванд.

Саҳми Берунӣ дар инкишофи илми алгебра (алҷабр) низ хеле бузург аст, зеро маҳз ба туфайли риёзидонҳои мусулмон алгебра ба сифати илми мустақил дар миёни илмҳои дигар арзи вуҷуд намуд.

Асари алоҳидаи Берунӣ оид ба алгебра ба дасти мо нарасидааст, вале масъалаҳои алгебравиро дар асарҳои дигари мутафаккир, аз ҷумла дар «ҳафт суолу ҷавоб»-и китоби ба илми нуҷум бахшидаи ӯ пайдо кардан мумкин аст.

Кашфиёти бузургтарини Берунӣ ғояи таълимоти офтобмарказӣ (Манзумаи Офтобӣ) мебошад, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла назарияҳои аврупосентристӣ дар илм то ба ҳол ба таври пурра арзёбӣ нашудааст. Берунӣ дар «Мо-л-ил-Ҳинд» менависад, ки Офтоб аз ҷисми оташангез иборат аст ва дар гирди он сайёраҳои дигар қарор гирифтаанд, ки аз он нур мегиранд.

Аз ин андеша фақат чунин хулоса ба даст меояд, ки Офтобу ситорагон табиати моддӣ дошта, Офтоб дар маркази кайҳон қарор гирифтааст. Дар китоби «Қонуни Масъудӣ» ӯ доираи Офтобро чунин менигорад: «… Офтоб барои дигар ситораву сайёраҳои гирди он манбаи нигоҳдории тартиби ҷойгирии онҳо мебошад ва мақоми он дар байни онҳо ба мисли мақоми подшоҳ аст дар нисбати мамлакат, ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ба ҳаракати Офтоб вобаста мебошад, он ҳаракати дигар ҷирмҳоро идора мекунад» (саҳ. 23-24). Дар асари дигари худ, ки ба илми нуҷум бахшида буд, Берунӣ дар бораи Офтоб чунин менависад: «ба мисле, ки ҳаракати ҷирмҳои дигари осмонӣ, сайёраҳо аз Офтоб вобаста мебошад, ҳамин тавр равшании онҳо низ аз он вобаста аст». Бо вуҷуди он ки Берунӣ тибқи суннати муқарраршудаи ҷаҳони ислом пайравӣ аз манзумаи кайҳонии Батлимус (Птолемей), ки дар заминаи заминмарказӣ, сохта шудааст пайравӣ мекунад, андешаҳои озодонаи худро дар шинохт ва пайравӣ аз системаи офтобмарказӣ баён намуда, дар асараш «Мо-ли-л-Ҳинд» андешаҳои мутафаккирони ҳиндиро дар масъалаи мақоми марказияти Офтоб ба таври васеъ истифода мебарад. Ӯ манзумаи офтобмарказиро на фақат рад намекунад, балки даъват мекунад, ки ин масъала бояд боз ҳам мушаххастар омӯхта шавад.

Ҳамин тариқ, ба андешаи муҳаққиқон ва мутафаккирон, Берунӣ бузургтарин олим ва файласуфи табиатшиносии амалӣ (эксперименталӣ, озмунӣ, таҷрибавӣ) дар асрҳои миёна ба шумор меравад. Ӯ ба тарзи тафаккуре, ки баъдан дар давраи нави Аврупо ба таври васеъ интишор ёфта, дар инкишофи улуми табиатшиносӣ ва технологияи саноатии Аврупо саҳми ҳалкунанда гузошта буд, таъсири боризе расондааст.

пешина
аз 35
навбатӣ