Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ-ПОЯГУЗОРИ МАРДУМНИГОРӢ,

МАРДУМШИНОСӢ ВА ИНСОНШИНОСӢ

Шоинбеков Аловиддин Абдуллобекович – н.и.т., мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров

Мутаффаккири маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар ақсои олам аз бузургтарин алломаҳои асрҳои миёна эътироф шудааст. Ӯ дар илмҳои дақиқӣ риёзию табиатшиносӣ, нуҷум, ҷуғрофия, геология, ботаника, фармакалогия, таърих, этнография бо кашфиётҳои дақиқу ҷоллиби худ олами илмро мунаввар сохтааст.

Дар тули зиёда аз ҳазор сол аст, ки оид ба дастовардҳои назаррасӣ ин нобиғаи илм асарҳою мақолаҳои зиёд дарҷ гардиданд ва дар ҳар яки онҳо саҳми ин олими шинохта? дар ин ё он соҳаи илм нишон дода шудааст. Вале ба фикрам, то кунун ба таври возеҳу равшан ва аниқ муайян нашудааст, ки А. Берунӣ дар ҷодаи илмҳои этнография, этнология ва антропология то кадом дараҷа саҳмгузорӣ намудааст? Мо дар ин мақола тасмим гирифтаем, ки фақат дар асоси китоби «Осор-ул-боқия»-и А. Берунӣ ба ин масъала каму беш равшанӣ андозем ва итминон дорем, ки дар оянда таваҷҷӯҳи мардумшиносон ба он бештар зоҳир мегардад.

Қабл аз он, ки ин масъаларо баррасӣ намоем, мехостем аввал ёдрас намоем, ки дар замони Шӯравӣ дар собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС ва баъзе кишварҳои хориҷ фани этнография, дар қисмате аз кишварҳои хориҷ фани этнология ва дар кишварҳои англисизабон бошад фани антропология маъруф буд. Баъди пошхӯрии ИҶШС дар Россия дар солҳои 90-уми қарни XX байни этнографҳо баҳсу мунозираҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз ин се фан кадом фан қобили қабул аст ва ҳар як фан кадом вазифаҳои мушаххаси худро дорад? Дар натиҷа ба хулоса омаданд, ки гарчанде ки ин фанҳоро як фан шумурдан мумкин аст вале дар алоҳидагӣ низ ҳар яки онҳо вазифаҳои худро доранд ва аз ин хотир алҳол касе, ки дар ин самт рисола ҳимоя мекунад дар дипломаш ҳар се фан дарҷ карда мешаванд ва ӯро мутахассиси ин се фан маҳсуб медонанд.

Дар забони ноби тоҷикӣ бошад ин се фанро фолклоршиноси закӣ Равшани Раҳмонӣ дуруст тарҷума ва муайян кардааст. Ба қавли Равшан Раҳмонӣ мардумнигорӣ ин этнография, мардумшиносӣ – этнология ва инсоншиносӣ - антропология мебошад.

Ҳақиқатан, ҳам мардумнигорӣ ҳаёт ва рӯзгорӣ мардумро тасвир мекунад, мардумшиносӣ онро меомӯзад ва доираи омӯзишӣ антропология бошад ин худи инсон аст.

Акнун дида мебароем, ки А. Берунӣ дар “Осор-ул-боқия”-и худ дар кадом самт дар мардумнигорӣ ё мардумшиносӣ ва ё инсоншиносӣ бештар саҳмгузорӣ намудааст.

Донишманди шинохтаи тоҷик Кароматулло Олимов А. Беруниро асосгузори антропология дар сарзамини Шарқ маҳсуб медонад ва чунин ибрози ақида кардааст: “Ба он хотир ӯро асосгузори антропология номидан мумкин аст, ки ӯ бори аввал усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ мондааст. Ин усулро метавон дар китобҳои “Осор-ул-боқия”, “Мо-лил-Ҳинд” ва “Китоб- ул-ҷамоҳир-фи-маърифат-ил ҷавоҳир” мушоҳида кард. Дар ин китобҳо сабабҳои пайдоиш ва фаъолияти ҷомеъаро шарҳ дода, аз ҷумла зарурати ба ҳам омадани одамон, қобилият ва ба ҳам эҳтиёҷ доштани онҳоро, таъкид намуда, мегӯяд, ки одамон дар тафовут аз дигар ҳайвонҳо дар танҳои вуҷуд ва фаъолият дошта наметавонанд.

Сабаби тафовути пӯсти одамонро на ба ҳодисаҳои фавқулода, балки ба ҳолати минтақаҳои табиӣ, ба макон ва ҷойи зисташон алоқаманд медонад, ки аз нигоҳи муосир дуруст аст”.

Донишманди дигари маъруфи тоҷик Н. Амиршоҳӣ Абурайҳони Беруниро ба ҳайси мунаҷҷим, ҷуғрофидон, риёзидон, файласуф ва муаррихи бузург муаррифӣ кардааст. Азбаски илми мардумшиносӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти халқро меомӯзад ва халқ бо тамоми илмҳо сару кор дорад ва А. Берунӣ тамоми илмҳои замони худро аз худ карда будааст, пас бевосита дар асарҳои ӯ маълумотҳои фаровони этнографӣ дида мешавад.

Олими шинохта Н. Амиршоҳӣ саҳми А. Беруниро дар таърихнигорӣ ва мардумнигорӣ чунин нишон додааст: “Роҳи беҳтарини омӯзиши таърих фақат пайравӣ аз аҳли кутуб ва адёни мазоҳибҳост. А.Берунӣ яке аз аввалин муаррихонест, ки аз роҳӣ илмӣ ба интиқод ва таъинкунии тақвимҳою солшумориҳои зиёд пардохт ва сабаби падид омадани онҳоро равшан сохт... Бо ин равиш, ӯ таъкид медорад, ки дар таърихи мардумону адён ва расму русуми баъзе аз мардумони олам тахқиқоти муҳим мебояд бурд, дар бораи пайдоиши забонҳо ақидаҳои муҳим пешниҳод кард. Махсусан дар муайян кардану ташхис додани давлатҳои пешазисломии эрониён ковишҳои амиқи илмӣ кард ва муваффақиятҳое ба даст овард. Силсилаҳои ҳукмрони эрониро таҳқиқу баррасӣ ва тартиби замонии ононро таъйин намуд, албатта дар ин роҳ ба ағлоте ҳам рафт, ки он иллат асосан дар манобеи истифодашудаи ӯ будааст.... Расму русум ва одоти қадимаи эрониёни мухталифулмаҳаллро бо якдигар муқоиса кард, фарқу умумиятҳои ононро ба риштаи таҳрир кашид ва фазоили мардуми қадимаро бо далоилӣ қавӣ бар дигарон тафзил дод. Умуман бисёре аз осори миллии гумшударо бори дигар ҷустуҷӯ ва эҳёи маънавӣ кард, ба ибораи дигар, то тавонист шукӯҳи рафтаро бори дигар дар пеши назарҳо ҷилвагар сохт.

Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки А. Берунӣ нахустин касест, ки вазифаҳои фани мардумнигорию мардумшиносиро муайяну пешниҳод кардааст ва усулҳои таҳқиқотҳои ў мувофиқ ба ин фанҳост.

Муҳаққиқи тоҷик А. Валиев саҳми А. Беруниро дар мардумшиносии тоҷик нишон дода аз ҷумла чунин қайд намудааст:

“Дар “Осор-ул-боқия” А. Берунӣ диққати асосиро на ба таърихи сиёсию, фаъолияти шоҳону паҳлавонон балки ба таърихи фарҳанги халқҳо, расму оини онҳо додааст. Аз ин хотир асари “Осор-ул-боқия” на ин ки асари таърихӣ, балки таълифоти “таърихию-этнографӣ” ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз муҳити хеле хуби мусоиди сиёсию фарҳангии сулолаи Зиёриён ба А. Берунӣ имконият фароҳам овард, ки ӯ дар баробари дигар илмҳо ба мардумнигорию мардумшиносӣ шуғл варзад. Ҳануз 40 сол қабл аз таваллуди А. Берунӣ, Мардовиҷ бини Зиёри Дайламӣ (928-935), ки ба сулолаи Зиёриён асос гузошта буд бо тамоми ҷисму ҷонаш тарафдори эҳёи оини бостонии сарзамини Эрон буд. Маҳз Мардовиҷ амр карда буд, ки дар Исфаҳон ҷашни Садаро бо тантана қайд намоянд. Шаш сол (соли 967) қабл аз таваллуди А. Берунӣ (973) ба сари қудрати сулолаи Зиёриён Шамсулмаоли Қобус меояд, ки ӯ то соли 1012 ҳукмронӣ кардааст ва А. Берунӣ 40-соли ҳаёти худро дар давраи ӯ гузарондааст.

Шамсулмаоли Қобус шахси олим, то андозае мутафаккир ва хаттоти чирадаст будааст ва беҳуда нест, ки А. Берунӣ ба хидмати Шамсулмаолӣ Қобус даромада, дар синни 27-солагӣ асари маъруфи худ “Ал-Осор-ул-боқия ан ул-қурун-ал-ҳолия” иншо намудааст ва онро ба ин амири фозил бахшидааст.

Азбаски майлу рағбати сулолаи Зиёриён ба эҳё кардани расму оинҳои аҷдоди зиёд буд ин муҳити хуби сиёсию-фарҳангӣ А. Беруниро водор менамуд, ки ӯ низ ба мардумнигорию, мардумшиносӣ ҳусну таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намояд.

Дар қарнҳои XVII-XIX як қисми кишварҳои Аврупо ва Амрико ба сохти нави сармоядорӣ гузашта барои ба даст овардани ашьёи хом, забти мустамликаҳо, дар тобеъияти худ нигоҳ доштани онҳо ва аз нав тақсим кардани ҷаҳон талоши зиёд доштанд. Ва ин яке аз сабабҳои асосии пайдоиши илмҳои этнография, этнология ва антропология гашта буд. Дигар ин, ки шавқу завқ, қобилияти фавқултаббиӣ ва ҷаҳонбинии васеи А. Берунӣ ба ӯ имкон дод, ки ӯ ба нигориши ҳаёту рӯзгори қавму тоифаҳои гуногун, тафовуту умумияти урфу одатҳо, расму оинҳо, ҷашну маросимҳои онҳо даст занад.

То кунун яке аз усулҳои муҳим ва аввалиндараҷаи илми мардумнигорӣ ин ҷамъ овардани маводи хаттию шифоҳӣ буда, маълумотҳои шифоҳӣ бояд бевосита аз “соҳибони фарҳанг” ҷамъ оварда шаванд. Сипас бо методу усулҳои мардумшиносӣ дар муқоиса бо ҳам беғаразона таҳлилу таҳқиқ карда шаванд. А. Берунӣ ин усулҳоро ҳанӯз дар замони худ хуб ба кор бурдааст, чуноне ки дар сарсухани асараш овардааст: “...мо ҳар кадом аз ахборро, ки наздиктару машҳуртар аст, аз соҳибони он гирифтем ва то андозае, ки метавонем, онро ислоҳ кунем. Ва дигар гуфтаҳои эшонро ба он тавре, ки ҳаст, бигузорем....Гӯем, наздиктарин сабабе, ки маро ба он чи аз ман пурсидаанд, мерасонад, шиносоии ахбори умматҳои гузашта ва таворихи қарнҳои гузашта аст ва бештари ин аҳвол, одатҳо ва усулест, ки аз эшон ва розу сирри эшон боқӣ мондааст. Ва ин корро бояд аз роҳи далелҳои ақлӣ ва қиёси ақлӣ донист, бо ҳиссиёт наметавон азхуд намуд. Ва интиҳои роҳе, ки мавҷуд аст, ин аст, ки аз “Аҳли китобҳо” ва дин ва асҳоби ҳамраъёну мазҳаб, ки ингуна таворих нишонаи асосии вуҷудиёти онҳост, тақлид ва пайравӣ кунем ва он чи онон барои худ асос қарор додаанд, мо низ чунин кунем. Ва пас аз он ки фикри худро аз омилҳои зиёноваре, ки бад-он одат шуда, аз қабили ғалабаи таассуб ва ҳавобаландию риёсатталабӣ, ки сабаби ҳалоки бисёре аз мардум аст ва монеи дидори ҳаққу ҳақиқат аст, пок сохтем, бояд фикрҳо ва гуфтаҳои эшонро дар исботи ин мақсуд ба якдигар бисанҷем. Ва ин равиш беҳтарин роҳест, ки моро ба ҳақиқати мақсуд мерасонад...”.

А.Берунӣ андешаву ақидаҳои мардумони гуногунро дар бораи пайдоиши инсону олам меорад ва дар бисёр масъалаҳо шубҳа менамояд, зеро “он санҷида нашудааст ва он чи санҷида намешавад ба он бовар намудан душвор аст”,-мегӯяд ӯ. Аз ин ҷиҳат, мехост, ки ҳақиқати илмии ҳар масъаларо собит намояд. Ин методи бисёр муҳими илмӣ аст, ки дар асри X Берунӣ ҳам пешниҳод ва ҳам дар асарҳои худ риоя намудааст. А. Берунӣ маҳз тавассути ин усулҳо тавонист, ки бисёр масъалаҳои муҳими мардумнигорию мардумшиносиро ҳақиқатнигорона ба қалам диҳад.

Қайдҳои А. Берунӣ оид ба антропонимия, ному номгузории сулолаҳо, қавму тоифаҳои мухталиф дар илми мардумнигорӣ арзиши баланди илмӣ доранд, зеро ки маҳз тавассути ном ва номгузорӣ як тоифа аз тоифаи дигар фарқ дорад. Дар китоби “Осор-ул-боқия” номи чандин тоифаҳо аз қабили ҳимярҳо, эрониён, хоразмиён, тозиён, румиён, суриён, қайсариҳо, лахмиён, яҳудиён, сиҷистониён, дайламиён, қибтиён ва ғайра оварда шудаанд, ки аз номи қисмате аз онҳо муайян мешавад, ки кадом тоифадар кадом минтақа (масалан, эрониён дар Эрон, румиён дар Рум, суриён дар Шом ва ғ) сукунат доранд. Яъне дар асари “Осор-ул-боқия”-и А. Берунӣ таснифи ҷуғрофии халқҳо, ки як ҷузъи таърихи этникии халқҳои ҷаҳон аст дида мешавад.

А. Берунӣ ҳатто оид ба чандин тоифаҳои хурд (масалан, тоифаҳои гуногуни яҳудиён, дар куҷо сукунат доштани онҳо (масалан, нигоштааст, ки қибтиён дар Миср сукунат доштанд, маълумот додааст. Ҳамчунин маълум аст, ки аз рӯйи хусусиятҳои хоси номгузорӣ муайян кардан мумкин аст, ки ин ё он фард ё мардум ба кадом гурӯҳи этникӣ ё халқ мансуб астанд. Масалан, агар номи касоне, ки бо пайвандаки “ян” анҷом ёбад маълум аст, ки ӯ арманӣ аст ва ё агар дар миёни халқиятҳои Гурҷистон номи касоне, ки бо пайвандаки “зе” бошад ин маънои “зода” дошта аз мансубияти ӯ ба эрониён ифода мекунад ва агар бо пайвандаки “ашвили” хотима ёбад аз юнонию римӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад. Ва ё номҳое, ки бо исмҳои хоси “гул” “дил” ва пасояндҳои “зода”, “шоҳ”, “бек” “бегим” ва ғайра меоянд номҳои ноби тоҷикиянд. А. Берунӣ низ ба ин масъала диққати хоса дода чунин нигоштааст: Силсилае аз подшоҳони Яман астанд, ки аввали номашон бо “зу” ва “зи” оғоз меёбад. Чунин тарзи номгузорӣ фақат ба мардуми Яман хос аст ва номи якчанд касро мисол овардааст. Яъне аз китоби “Осор-ул- боқия” мо метавонем оид ба таъриху ҳайати этникии халқҳои ҷаҳон, таснифи ҷуғрофии халқҳо, мансубияти этникӣ маълумот гирем.

Дар “Осор-ул-боқия” маълумотҳои ниҳоят зиёди генеологию насабшиносӣ дода шудааст, ки дар муайян кардани аслу насаби шахсони таърихию сулолаҳо, мансубияти этникии онҳо, этногенезияи халқҳою қавмҳо аҳамияти хоса доранд.

А. Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” оид ба дар кадом дину оин ё мазҳаб қарор доштани ин ё он қавму бани инсон (яъне мансубияти этнконфессионалии халқҳо Ш.А.) маълумотҳои ниҳоят ҷоллиб додааст. Масалан, дар ҷое чунин нигоштааст: “....гурӯҳе гуфтанд, ки Суристон Шом аст. Ва агар ин гуфта саҳеҳу рост бошад, мардуми он ҷо пеш аз ислом масеҳӣ буданд”.

Дар “Осор-ул-боқия” маълумотҳои зиёд оид ба хислату характери гурӯҳҳою тоифаҳо, рафтору кирдори онҳо дода шудааст, ки имрӯз онҳо объекти асосии тадқиқотии фани этнописихология ба шумор мераванд.

Қисмати асосии мазмуну мундариҷаи “Осор-ул-боқия” ба моҳшуморӣ ва солшумории халқҳои гуногуни дунё ва дар робита бо он ба гузаронидани ҷашнҳо бахшида шудааст. Моҳшуморӣ ва солшуморӣ дар илмҳои мардумнигорию мардумшиносӣ низ мавқеи асосию калидӣ доранд. А. Берунӣ сабаби номгузории моҳҳою хосияти онҳоро вобаста ба ҳодисаҳои таърихӣ, тағйирёбии иқлим, шуғли аҳолӣ шарҳу тавзеъ додааст. Масалан, моҳи муҳаррам- “моҳи ҳаром”, дар моҳи сафар арабҳо ба вабо гирифтор мешуданд, дар ду моҳи рабеъ-давраи шукуфоии ғунча ва борону шабнами зиёд, дар ду моҳи ҷумодӣ –об ях мебандад, дар моҳи рамазон чунон гарми аст, ки санг ҳам доғ мешавад, дар моҳи зулҳиҷҷа ба ҳаҷ мераванд ва ғ.

Ё ин ки А. Берунӣ навиштааст, ки дар Шом ва Ироқ вобаста ба расидан ва нашуънамои зироат ҳисоби қамарӣ (кабиса) кардан одат кардаанд. Албатта, ҳар яки ин маълумотҳои пурарзиши этнографӣ маҳсуб меёбанд, зеро ки вобаста ба хосияти моҳҳо мардум худро ба кишту кор, чамъоварии ҳосил, ҷашну маросимҳо омода месохтанд, шуғли рӯзмарраи худро тағйир медоданд, аз иҷрои корҳои ношояму нописандида (табу) худорӣ мекарданд ва расму оинҳои худро иҷро мекарданд. Хуллас, фақат як худи “ номҳо ва хосияти рӯзҳою моҳҳо” дар осори А. Берунӣ дар оянда як тадқиқоти алоҳидаи мардумшиносиро тақозо дорад.

Дар “Осор-ул-боқия” маълумотҳои фаровони этнографӣ аз ҷумла оид ба хислату характери мардум, симою афту башар, таъбиру бовариҳои мардум нисбат ба ҳайвону парандагон, тасаввуроти мардум оид ба деву ҷин, фолу фолбинӣ оини обпошӣ, номи фариштагон ва дар кадом кору амал муваккал будани онҳо, парастиши арвоҳ, соати нек, расму оинҳо вобаста ба оташ ва ғайра дода шудааст.

Дар ин асар дар кадом рӯз Худованд чиро офаридааст ва мардум дар ин шабу рӯзҳо чи корҳою расму оинҳо анҷом медиҳанд маълумотҳои пурарзиш дода шудаанд.

Дар “Осор-ул-боқия” фасле, ки ба таърихи пайғомбарони дурӯғин бахшида шудааст, дар баробари таърихи пайдоишу афкори онҳо, кадом расму оинҳоро дар миёни пайравони худ ҷорӣ кардаанд маълумот дода шудааст.

Фасле, ки дар ин асар ба иду ҷашнҳои порсиён, суғдиён, аҳолии Хоразм, румиён яҳудиён маликоиёни насронӣ, тарсоёни насронӣ, настуриёну зукронҳои насронӣ, маҷусиёни қадим, арабҳои давраи ҷоҳилият, мусулмонон, бахшида шудааст, бевосита яке аз бахшҳои асосии мардумнигорию мардумшиносӣ ба шумор меравад. Бахусус, маълумотҳо оид ба таърихи пайдоиши ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва расму оинҳои онҳо арзиши баланди мардумншиносӣ доранд.

Аз нигоштаҳои А. Берунӣ бармеояд, ки ниёгони форсҳо қабл аз Ислом Наврӯзро як моҳи пурра табақа ба табақа ва дар дигар моҳҳо бошад дар он рӯзе, ки номи рӯзу моҳ якхела меояд ҷашнҳо таҷлил кардаанд. Масалан: Фарвардинрӯз-рӯзи нӯздаҳуми Фарвардинмоҳ, ҷашни “Фарвардагон”; Урдибиҳишт-рӯзи сеюми моҳи Урдибиҳишт- ҷашни “Урдибиҳиштгон”; Хурдод- рӯзи шашуми Хурдодмоҳ-ҷашни Хурдодгон; Тираҳмоҳ, рӯзи шашуми он хурдод, “ҷашни Нилуфар”, рӯзи сездаҳуми он рӯзи тир аст ва идест, ки Тиргон ном дорад”;

Мурдодмоҳ- рӯзи ҳафтуми он рӯзи мурдод аст-чашни Мурдодгон;

Шаҳривармоҳ- рӯзи чоруми он шаҳривар аст-ҷашни Шаҳриваргон, рӯзи аввали ин моҳ “Озарҷашн” аст ва ин ид оғози зимистон аст;

Меҳрмоҳ- рӯзи шонздаҳуми он рӯзи Меҳр аст-ҷашни Меҳргон.

Вале бояд тазаккур дод, ки дар “Осор-ул-боқия” баъзе масъалаҳои марбут ба мардумнигорӣ ба шарҳу тавзеҳ ниёз доранд.

Масалан, дар саҳифаи 239 омадааст: “Хурдодмоҳ, рӯзи шашуми он рӯзи хурдод аст. Тираҳмоҳ, рӯзи шашуми он хурдод аст”. Наход рӯзи шашуми ҳар ду моҳ хурдод аст ё ки тираҳмоҳ ва хурдодмоҳ як моҳ астанд? Боз дар ҳамин саҳифа омадааст: “Рӯзи сездаҳуми он (кадом моҳ маълум нест? Ш.А.) рӯзи тир аст ва идест, ки Тиргон ном дорад”.

Албатта ин ҳам мусаллам аст, ки нигоштаҳои А. Берунӣ тамоми масъалаҳои мардумнигорию мардумшиносӣ ё худ инсоншиносиро фарогир шуда наметавонанд. Чуноне ки худи ӯ дар ин иқрор шудааст: “Умри инсон ба илми дақиқ ба ахбори як миллат аз миллали мухталиф вафо намекунад, то чи расад ба илми дақиқ ба ахбори ҳама миллатҳо, ки ғайримумкин аст.

Вале новобаста ба ин А. Берунӣ яке аз нахустин мутафаккире аст, ки дар нигориш ва омӯзиши мардум, халқиятҳои майда, гурӯҳҳои гуногуни этникӣ саҳми калон гузоштааст. Ҷоллибияти маълумотҳои мардумнигории А. Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” дар он аст, ки дар кадом рӯз (баъзан ҳатто шаб), дар кадом моҳ, дар кадом сол, кадом воқеа рух додааст, чигуна иқлим тағйир меёбад ва сокинони минтақаҳои гуногуни як қисмати Осиёю Аврупо дар ин шабу рӯз, солу моҳ кадом ҷашну маросим, расму оин мегузаронанд ва ё кадом корҳо анҷом медиҳанд маълумотҳои зиёду ҷоллиб дода шудаанд.

Ҳамчунин номҳои шахсони алоҳида, номи сулолаҳою тоифаҳо, номи рӯзҳо, моҳҳо, номи фариштаҳо ва ғайра объекти тадқиқотӣ барои забоншиносон, мардумшиносон, таърихшиносон ва нуҷумшиносони муосир аст. Хуллас, аз асари энсиклопедии “Осор-ул-боқия” бармеояд, ки А. Берунӣ бунёдгузорӣ донишҳои мардумнигорӣ, мардумшиносӣ ва инсоншиносӣ маҳсуб ёфта, яке аз нахустин поягузорони ин илмҳо дар доираи мутафаккирони оламшумули ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Хизмати ин олими барҷаста дар ин самт беназир ва беҳамто аст.

пешина
аз 35
навбатӣ