АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
ВАЗЪИ ТАЪРИХНИГОРӢ ДАР АСРҲОИ X-XI
Саидов Абдуқаҳҳор – д.и.т., профессор, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Асрҳои X-XI яке аз давраҳои муҳими таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар асри X тоҷикон давлати худро барпо намуда, соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардиданд ва дар айни замон забони тоҷикӣ ташаккул ёфт. Аксарияти адибону муррихон асарҳои худро бо забони тоҷикӣ офариданд. Дар ин давра дар кишвар илму фан нашъунамо ёфта, рў ба тараққӣ ниҳод. Воқеаҳои сиёсии асри XI, ки дар он замон давлати Сомониён аз миён рафта, Қарохониҳ Мовароуннаҳр ва Ғазнавиҳо Хуросонро ишғол карда буданд, то дараҷае ба ҳаёти илмию адабӣ таъсири манфии худро расонд.
Ҷангҳои бардавом ва зиддиятҳои байниҳамдигарӣ то дараҷае ба рушди забони тоҷикӣ ва илму адабиёти он давра монеа эҷод кард, вале сарфи назар аз ин вазъият дар асри XI илму фан нашъунамо ёфта, рушд намуд. Дар ин давра аз ҷониби олимон дар соҳаҳои мухталифи илм асарҳои зиёде офарида шуданд. Баробари илмҳои дигар дар илми таърихнигорӣ низ шоҳасарҳои зиёде офарида шуданд. Мутаассифона на ҳамаи асарҳои таърихии дар он замон навишташуда то имрўз дастраси мо гаштанд ва дар бораи онҳо аз асарҳои дигар маълумот пайдо менамоем.
Яке аз муаррихони маъруфи ин давр Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид ибни Касир ат-Табарӣ ал-Омулӣ ал-Бағдодӣ (839-923) ба шумор мераавад, ки ў зодаи шаҳри Омули Табаристон буда, дар Бағдод вафот кардааст. Ў чун муарриху муфассир ва фақеҳи арабзабони тоҷик машҳур аст. Вай тафсири Қуръонро таҳти унвони «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили-л-Қуръон» дар сад ҷилд навишта, пас онро ба чиҳил ҷилд мухтасар кард, ки дар олами ислом беназир буд. Китоби маъруфии таърихии ў «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» ном дорад, ки он бо забони арабӣ навишта шуда, муаллифро машҳури ҷаҳон гардонид. Ин асари Табарӣ аз ҷониби Абулқосими Поянда дар 16 ҷилд ба забони форсӣ тарҷума ва нашр гардид. Дар он таърихи олам аз ибтидои офариниш то даҳсолаи дуюми садаи X ба таври хронологӣ оварда шуда, дар бораи халқҳои қадими сарзамини аъроб, давлати Сосониён ва замони ҳукумати онҳо, пайғамбари ислом, замони ў, хулафои рошидин, хилофати Умавиён ва ҳодисоти замони онҳо, таърих ва ҳодисоти замони хилофати Аббосиён маълумоти муҳим ва нодир оварда шудааст.
Соли 1879 гурўҳе аз муҳаққиқони ҳоландӣ бо ҳамкории М.Д. Ҷойҷ ба омўзиши ин асари Табарӣ шуруъ карда, соли 1901 матни пурраи онро дар даҳ ҷилд ба табъ расонида буданд. Баъдан М.Нёлдеке қисмати марбут ба таърихи Эрони онро тарҷума кард. Вале нахустин бор тарҷумаи парокандаи англисии он дар соли 1824 маълум аст. Солҳои минбаъда ин таърихнома мавриди таҳқиқи муҳаққиқони зиёде гашта, он бо забонҳои мухталиф тарҷума ва нашр гардид.
Муҳаққиқи тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ китоби «Таъриху-р-русули ва-л-мулук»-и Табариро аз рўи нашри анҷомдодаи Абулқосими Поянда ба ҳуруфи кириллӣ баргардон намуда, онро соли 2014 дар ҳаҷми 8 китоб нашр намуд.
Се нусхаи дастнависи «Таърихи Табарӣ» дар ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ ва 6 нусхаи дигари он дар ганҷинаи дастхаҳои Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия маҳфузанд.
Таърихнигори машҳури дигари ин давр Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Закариё ибни Хаттоб ибни Шарик маъруф ба Наршахӣ (899 – 959) ба шумор меравад. Ў зодаи Наршахи Бухоро буда, яке аз аввалин муаррихонест, ки роҷеъ ба таърихи Бухоро бори аввал маълумоти муфассал додааст. Ў сармуншии дарбори Сомониён буд ва соли 959 дар Бухоро вафот кардааст. Асари маъруфи ў «Таърихи Бухоро» аст, ки бо номҳои «Таърихи Наршахӣ», «Таърихи Наршахии ҷадид», «Ахбори Бухоро» ва ё «Таҳқиқи вилояти Бухоро» низ маълум аст. Ин асар соли 943-44 бо забони арабӣ таълиф шудааст. Дар нусхаи асли ин асар воқеоти таърихӣ то соли 943 зикр гардиданд. Наршахӣ асари худро бо фармони Нуҳ ибни Наср (942- 953) навиштааст. То ба имрўз нусхаи аслии он номаълум аст ва хушбахтона тарҷумаи форсии он дар шакли хеле мухтасар то имрўз боқист. Соли 1128 Абунаср Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Наср ал- Қубовӣ онро ба таври мухтасар ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Ў қайд мекунад, ки баъзе ахбори дар ин асар овардашуда дилгир менамуданд ва ў онҳоро сарфи назар карда, ин китобро ба иҷмол тарҷума намуд ва дар айни ҳол ба он аз маъхазҳои дигар баъзе иловаҳо ворид намуд. Соли 1178-79 Муҳаммад ибни Умар ном шахсе тарҷумаи мухтасари Қубовиро боз ҳам мухтасартар намуда, онро ба номи Абдулазиз ибни Муфтии Бухоро таълиф кард. Бино бар гуфти Азизуллоҳи Баёт баъд аз китоби хулосашудаи Ибни Муфтии Бухоро «шахси дигаре дар китоб даст бурдааст ва ҳаводиси замонро то ғалабаи муғул ва тасарруфи Бухоро тавассути Чингизхон бар он изофа кардааст, ки ба ҳамин шакл ба замони мо расидааст».
«Таърихи Бухоро»-е, ки имрўз мо дар ихтиёр дорем, хулосашудаи чандинкаратаи он аст.
Воқеаҳое, ки дар «Таърихи Бухоро»-и зикр шудаанд, асосан замони падид омадани ислом ва интишори онро то ба аҳди Сомониён дар бар мегирад. Асари мазкур асосан ба таърихи шаҳр ва навоҳии Бухоро дахл карда, дар он натанҳо таърихи маҳаллҳо, балки ҳатто таърихи қасрҳову бозорҳо ва баъзе аз мансабҳову мансабдорон низ омадааст. Махсусан паҳн шудани ислом ва чигунагии қабул кардани он аз тарафи бухориён ва амсоли ин муфассал навишта шудааст, ки ҳодисоти мазкур бори аввал танҳо тавассути ҳамин таърихнома маълум шудаанд.
Наршахӣ аввалин муаррих аст, ки роҷеъ ба таърихи хонадони Сомонӣ, аслу насаб, ибтидои ба тахт омадани намояндаи ин хонадон ва ҳудуди давлаташон, инчунин ҳукмронии ҳар яке аз умарои Сомониро дар алоҳидагӣ хабар додааст. Дар китоби Наршахӣ таърифоту тавсифоти марсуми асримиёнагӣ дар хусуси ҳукмронони Сомонӣ мавҷуд нест, ки чунин шакли нигориши таърих қобили қабул ва писандидаи муаррихину муҳаққиқин гардидааст.
“Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ соли 1984 дар Теҳрон ба табъ расида буд. Ин китоб бо забонҳои русиву тоҷикӣ низ нашр гардидааст.
Чор нусхаи дастнависи «Таърихи Бухоро» дар ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ ва 10 нусхаи дастхати дигари он дар ганҷинаи дастхаҳои Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия маҳфузанд.
Муаррихи маъруфи дигари ин давр Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ (ваф. марти 974) буд. Ў инчунин сиёсатмадори барҷаста ба шумор рафта, вазири Абдулмалик ибни Нуҳи Сомонӣ (954 – 961) ва Мансур ибни Нуҳ (961 – 976) буд. Падари Муҳаммади Балъамӣ вазири маъруфи Сомониён - Абулфазли Балъамӣ буд, ки ў яке аз ҳомиёни Рўдакӣ ба шумор мерафт. Балъамӣ китоби «Таърихи Табарӣ»-ро ба забони тоҷикӣ ба таври мухтасар тарҷума намуда, бар он иловаҳои зиёд ворид кард, ки дар натиҷа китобе дигар падид овард. Ин асар дар байни муаррихону муҳаққиқон бо унвони «Таърихи Балъамӣ» низ маъруф аст. Балъамӣ мисли Табарӣ дар исботи як ҳодиса ривоятҳои гуногунро оварда ва маъқули онро дар аввал навиштааст, вале дар бисёр маворид аз миёни ахбори пайдарпай як мавзуи боэътимодтари онро интихоб карда, аз дигарҳояш сарфи назар кардааст. Қисмати бештаре аз иловаҳои асноди таърихии Балъамӣ аз арзишҳои баланди илмӣ бархурдоранд.
Балъамӣ аввалин донишманди таърихнигор буд, ки тамоми матолиб ва маълумоти таърихномаи Табариро ба таҳлилу тадқиқи илмӣ кашида, дар асоси он ва маълумоти сарчашмаҳои дигар ба забони дарӣ асари тозае офарид. Асари Балъамӣ соли 2001 аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик М. Умаров ва Ф. Бобоев дар ду ҷилд ба нашр расонда шуд.
Таърихнигори дигари ин замон Абунаср Муҳаммад ибни Абдулҷаббори Утбӣ (тахм. 961 – 1035-39) ба шумор мерафт. Ў муаррих ва нависандаи маъруфи дарборҳои Сомониёну Ғазнавиён буда, дар ҷавонӣ аз зодгоҳаш Рай ба Хуросон назди тағояш - Абунасри Утбӣ, ки мансаби бузурги давлатӣ дошт, омад ва вазифаи котибиро бар уҳда гирифт. Баъдан дар давраи ҳукмронии Ғазнавиён то мансаби соҳиббаридӣ расида, дар замони ҳукмронии Масъуди Ғазнавӣ аз дунё гузашт.
Асари ў «Таърихи Яминӣ» ном дошта, то ба имрўз пурра расидааст. Муаллиф онро бо забони арабӣ навишта, ба номи Яминуддавла Маҳмуди Ғазнавӣ бахшидааст. Пас аз дусад сол Абушараф Носеҳ ибни Зафар ибни Саъд ал-Муншии Ҷарбозақонӣ (ё Гулпоягонӣ) ном шахсе онро ба форсӣ тарҷума намуда, дар он боберо бо номи «Хотима» илова кардааст, ки воқеоти то соли 1207- ро дар бар мегирад.
«Таърихи Яминӣ» доир ба таърихи зуҳури давлати Ғазнавиён яке аз пурарзиштарин сарчашмаҳои таърихӣ ба шумор меравад.
Қобили қайдаст, ки тамоми воқеаҳои дар китоб овардашуда, дар давраи зиндагии худи муаллиф сурат гирифтаанд ва ў шоҳиди бевоситаи он ҳодисаҳо буд, ки ин арзиши илмии онро хеле баланд мебардорад. Муаллиф воқеаҳои давраи суқути оли Сомонро ба чашми сар мушоҳида карда, онро дар асари худ баён намудааст.
Ахбори ў дар бораи Ғуриҳо, оли Зиёр, Дайламиён, Симҷуриён, Хоразмшоҳиён, ақвоми афғонӣ ва роҷеъ ба баъзе масоили иҷтимоию мазҳабӣ маълумоти муҳими дасти аввал ба шумор мераванд, ки он қимати ахбори муаллифро дучанд менамояд. Бисёре аз муаррихон ва муҳаққиқони баъдӣ аз ин асар истифода бурда, ба он шарҳҳои зиёде навиштаанд. Ин китоб бо забони форсӣ нашр гардида, соли 2013 аз ҷониби Н.И. Ғиёсов дар Хуҷанд бо ҳуруфи кириллӣ чоп шуд.
Абусаид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуд Гардезии Ғазнавӣ (асри XI) низ яке аз таърихнигорони маъруфи ин давр буд. Китоби маъруфи ў «Зайну-л-ахбор» ном дорад, ки дар аҳди султони Ғазнин, Зайнулмилла Абдуррашид ибни Маҳмуди Ғазнавӣ (1049 - 1053) ба забони форсӣ навишта шудааст. Муаллиф «Зайну-л-ахбор»- ро дар ҳудуди солҳои 1050-1052 таълиф намуда, онро ба номи султон Зайнулмилла Абдуррашид иншо кардааст. Муаллиф ҳангоми баёни воқеаҳои таърихӣ аз манобеи зиёд истифода бурдааст, ки баъзеи онҳо то мо нарасидаанд ва маҳз тавассути «Зайну-л-ахбор»-и Гардезӣ аз онҳо ахбори арзишманде боқӣ мондааст.
«Зайну-л-ахбор» ба шакли таърихи умумиҷаҳонӣ иншо гардида, дар бораи подшоҳони пеш аз исломии Эронзамин, пайғамбари ислом, хулафои рошидин, таърихи муфассали Хуросон то соли 1041, ҷадвалҳои солшуморӣ, идҳои мусулмонон, зардуштиён, яҳудиён ва исавиён, инчунин роҷеъ ба туркҳову ҳиндуён маълумоти арзишманд медиҳад. Оид ба таърихи Сомониён баъд аз «Таърихи Наршахӣ» дуюмин сарчашмаи нодиру пурарзиш ба шумор меравад.
Гузидае аз китоби мазкур борҳо бо забонҳои мухталифи олам тарҷумаву нашр шудаанд. Асари Гардезӣ дар Теҳрон ба нашр расидааст.
Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (995-1077) аз зумраи таърихнигорни маъруф буд. Ў соли 995 дар деҳаи Ҳорисободи Байҳақ таваллуд ёфтааст. Аз навиштаҳои муаллиф маълум мегардад, ки аввал дар Сабзавор ва баъдан дар Нишопур таҳсили илм намуда, сипас дар синни 27 солагияш ба хидмати девони рисолати султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ба риёсати Бунасри Мушкон даромадааст. Бунаср вазири султон Маҳмуд буд. Ў солҳои зиёд дар девони рисолати Ғазнавиён хидмат мекард, то дар замони Зайнулмилла Абдуррашиди Ғазнавӣ (1049 - 1052) ба мансаби раисии девони рисолат расид. Баъд аз муддати кўтоҳе аз мақоми худ азл шуда, амволаш мусодара ва ба зиндон афтод. Пас аз кушта шудани Абдуррашид муддате низ дар зиндон буд. Баъд аз озод шудан дигар ба хидмати давлатӣ нарафт ва то охири умр ба навиштани асарҳояш машғул буд. Ў дар тобистони соли 1077 аз дунё гузашт.
Асари маъруфи ў «Таърихи Байҳақӣ» ном дорад, ки ўро машҳури олам гардонидааст. Ин асарро «Таърихи оли Сабуктегин» ва «Ҷомеи таърихи оли Сабуктегин» низ ном бурдаанд. Асар дар 30 ҷилд таълиф ёфта, маҳдудаи таърихии он на бештар аз 60 сол аст, ки асосан замони зиндагии муаллиф ба шумор меравад. Мутассифона, аз ин сӣ ҷилд танҳо шаш ҷилди он (ҷилдҳои 5-10) баъзе пурра ва баъзе парокандаву нопурра, дар алоҳидагӣ ва дар кутуби таърихии дигар то ба имрўз расидаанд. Қисматҳои расида асосан замони Масъуди Ғазнавиро (1030 - 1040) дар бар мегиранд ва аз ин сабаб гоҳе онро бо номи «Таърихи Масъудӣ» низ ёд кардаанд.
Матни комили «Таърихи Масъудӣ»-и Абуфазли Байҳақӣ дар Эрон зери унвони «Таърихи Масъудӣ» ва «Таърихи Байҳақӣ» борҳо ба табъ расонида шудааст. Ин асар соли 1969 дар Москва ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардид. Соли 2014 “Таърихи Байҳақӣ” дар Душанбе интишор ёфт. Як нусхаи дастхати “Таърихи Байҳақӣ” дар ганҷинаи дастхаҳои Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия зери рақами С398 (568а) маҳфуз аст.
Яке аз олимони маъруф ва муаррихи варзидаи дигари ин давр Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунии Хоразмӣ маъруф ба Абурайҳони Берунӣ (4.09.973 –11.12.1048) аст. Ў аз зумраи бузургтарин донишмандони Машриқзамин файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷик аст. Теъдоди таълифоти Беруниро муҳаққиқон аз 130 то 180 асар донистаанд, вале 20 асари ӯ то замони мо расидааст. Маъруфтарин асарҳои Берунӣ “Қонуни Масъудӣ” (дар илми нуҷум, ҳайат ва риёзиёт), “Таҳдиду ниҳоёт ал-амокин ли тасҳеҳи масофат ал-масокин” (ҷуғрофия) ва амсоли инҳо мебошанд. Китобҳои таърихии вай «Таҳқиқу маоли-л-11 Ҳинд» ва «Осору-л-боқия ан қуруни-л-холия» аст. Ў дар бештаре аз ҷангҳои Маҳмуди Ғазнавӣ дар рикоби ў ҳамроҳ буд ва ба ин восита борҳо ба Ҳинд рафт ва аз он ҷо муваффақиятҳои илмии фаровоне ба даст овард. Дар миёни донишмандон аввалин нафарест, ки хатти санскрит ва таъриху ҷуғрофиё ва ақоиду урфу одот ва афкори мардумони Ҳиндустонро биёмўхт ва дар ин замина китоби «Таҳқиқу маоли-л-Ҳинд»-ро таълиф намуд. Аз ин китоб метавон далоилеро аз қабили таъсири мутақобилаи фарҳангии ҳиндувону эрониёни қадим пайдо кард.
Дар асари “Осору-л-боқия” масъалаҳои ҳақиқати таърих ва ихтилофи умматҳ, чигунагии таърих ва ихтилофоти он, мабдаи сол ва моҳ, дар бораи иду ҷашнҳои форсҳо, суғдиён, аҳли Хоразм, насрониҳо, яҳудиён, арабҳои давраи ҷоҳилия ва ғайра мавриди баррасии муаллиф қарор гирифтааст.
“Осор ул-боқия”-и Берунӣ соли 1957 дар Тошканд ба забони русӣ ва соли 1982 дар Душанбе бо забони тоҷикӣ ба нашр расидааст.
Ин китоб соли 1973 дар Теҳрон мунташир шуд. Олим ва муаррихи дигар Хоҷа Қивомуддин Сайид Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тусӣ маъруф ба Низомулмулк (4 апрели 1018 – 14 октябри 1092) низ дар ин давр зиста, фаолият намудааст. Ў дар яке аз деҳаҳои Тус таваллуд ёфта, дар шаҳрҳои Марву Нишопур таҳсили илм намудааст. Баъдтар ба хидмати ҳокими Балх - Абуалӣ ибни Шодон ҳамчун дабир ворид шуд, каме дертар ибни Шодон то ба мансаби вазирии Салҷуқиён расид ва Низом- улмулкро бо худ бурд. Аз соли 1038 сар карда, Низомулмулк ба хизмати Салчуқиён ворид шуд ва соли 1063 Алп Арслони Салҷуқӣ ба салтанат нишаст ва соли дигар Низомулмулкро вазири мамлакати худ таъйин намуд. Низомулмулк дар ин мансаб то 14 октябри соли 1092, ки соли қатли ўст, бимонд. Дар тўли вазораташ тавонист, ки бар манфиати халқу мамлакаташ хидматҳои шоистае бикунад.
Тавассути кўшишҳои ў забони форсии дарӣ дар давлатҳои туркии минтақа бештар реша давонд ва мунташиру роиҷ гашт. Макотиби олияи исломӣ бо номи «низомия»-ҳоро асос гузошт, ки дар асрҳои миёна тамоми олами исломро фаро гирифтанд. Сохти давлатдории тоҷикӣ (эронӣ)-и исломиро дар давлати Салҷуқиҳои туркман татбиқ кард. Тавассути ў давлати Салҷуқиён ба яке аз империяҳои бузурги асримиёнагӣ табдил ёфт ва бо қатли ў шикаставу аз ҳам пошида шуд.
Аз ў китобе таҳти унвони «Сиёсатнома» ( ё «Сияру-л-мулук» ва ё «Панҷоҳ фасли Хоҷа Низомулмулк») боқӣ монда, ки то ба имрўз расидааст. Муаллиф онро аввал дар 39 боб навишт ва баъдан ё худи ў ва ё дигаре бар он 11 боби дигар илова намуд.
Баъзе аз ахбори таърихиро бори аввал дар ин асар дарёфтан мумкин аст, аз қабили шўриши бузурги қарматиёни Ғур дар замони Сомониён. Аз ахбори ин муаллиф маълум мегардад, ки вилоёти Ғуру Ғарҷистон, дар ҳайати давлати Сомониён будаанд. Китоби мазкур то ба имрўз бо забонҳои гуногун нашр шудааст.
Матни комили ин асар дар Теҳрон борҳо нашр шуда, баргардони он ба расмулхати тоҷикӣ ва тарҷумаи он ба забони русӣ низ вуҷуд дорад.
Ба ҷуз аз муаррихони фавқуззикр дар ин давра боз чандин муаррихону муҳаққиқони дигаре чун Ибни Қутайба, Ибни Мисквейҳ, Саолибӣ, Абутоҳири Тайфур, Сулаймон ал-Бухорӣ, Аҳмад ас- Салломӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммад ал-Ҷузҷонӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Маҳмуд Каъбии Балхӣ ва дигарон фаъолият намуда, асарҳои зиёд офариданд, ки дар онҳо ҳаводиси он давр баён гаштааст.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар асрҳои X-XI илми таърихнигорӣ рушд намуда, муаррихони зиёде асарҳои нодир таълиф намуданд, ки онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гаштанд.
Дар давраи мавриди назари мо улуми адабӣ тараққӣ ва ривоҷи бисёр дошт. Яке аз сабабҳои асосии ин пешрафт вуҷуди мадрасаҳои зиёде дар минтақаҳои гуногуни сарзаминҳои исломӣ, бахусус Хуросону Мовароуннаҳр буд. Дар марказҳои гуногуни таълимӣ устодони бузург ба тадрис машғул буданд. Дар тамоми ин ниҳодҳои таълимӣ дар радифи улуми исломӣ улуми адаби араб низ таълим дода мешуд. Сабаби дигари ин пешрафт вуҷуд доштани васоили улуми адабӣ аз қабили китобхонаҳо ва мавқуфоти бисёр буд.
Ҳамчунин мавҷуд будани дӯстдорони зиёди ин илмҳо дар миёни султонҳо, вазирон, раисон ва дигар соҳибмансабони ин давра буд.
Маҳз бо ин сабабҳо теъдоди онҳое, ки ба улуми адабӣ иштиғол доштанд, афзоиш пайдо намуда буд.
Дар илми луғат равише, ки дар асри даҳум дар миёни донишмандони улуми забоншиносӣ ривоҷ ёфта буд, яъне танзими луғатҳо бинобар қоидаҳои иштиқоқ, идома дошт. Чизи муҳимми дигар он ки дар баъзе аз китобҳои муҳимми луғат дар ин давра вожаҳои арабӣ ба форсӣ тавсиф шуда ва ин теъдод аз китобҳо фарогири теъдоди фаровоне аз вожаҳои форсӣ буда, ки баъдҳо фаромӯш шуда ва танҳо тавассути ҳамин китобҳо боқӣ мондааст. Аз ҷумлаи ин китобҳо якеаш “Дастуру-л-луға” ё “Китобу-л-халос”-и Бадеуззамони Натанзӣ (ваф.1105) аст, ки дар бисёре аз мавридҳо дар он вожаҳои арабӣ ба забони порсӣ тарҷума шудааст. Асарҳои “Китобу-л-масодир”-и Абуабдуллоҳи Зӯзанӣ (ваф.1093), ки бинобар назми бобҳои феълҳо танзим шуда ва шарҳи луғавии ҳар масдар дар он ба форсӣ омада аст, мебошад. Дар дигар илмҳои адабӣ, аз ҷумла дар илми балоғат низ донишмандони эронитабори он давра ба забонҳои арабӣ ва порсӣ асарҳои арзишманд офаридаанд. Аввалин донишманди бузурге, ки дар ин давра китобҳои асосӣ таълиф карда, Абулқоҳири Ҷурҷонӣ (ваф.1081) мебошад. Вай муаллифи ду китоби арзишманди “Асрору- л-балоға” ва “Далоилу-л-эъҷоз” аст. Ин ду китоб нахустин китобҳои мураттаб ва мудавван дар риштаи маонӣ ва баён ба шумор рафта ва ба сабаби таълифи ҳамин китобҳо аст, ки Имом Фахри Розӣ гуфтааст, ки Имом Абулқоҳири Ҷурҷонӣ қоидаҳои илми маонӣ ва баёнро кашф ва бурҳонҳо ва ҳуҷҷатҳои онро мураттаб кард ва дар кашфи ҳақиқати он кӯшиши фаровон намуд. Имом Фахри Розӣ ин суханонро дар китоби “Ниҳоя-ал-эъҷоз фӣ илм-ал баён”, оварда ва саъю кӯшиш намуда, ки дар ин китоб назму тартиби дақиқтар ва мантиқитаре дар илми баён эҷод кунад.
Дар ҳамин давра таълиф ва таҳияи китобҳо дар илмҳои маонӣ ва балоғат ба забони порсӣ низ маъмул гардида буд. Дар аввалҳои ин давра китоби машҳуре бо номи “Тарҷумон-ул-балоға” доир ба баъзе аз мабоиси маъонӣ, баён ва илми бадеъ ба забони порсӣ таълиф шудааст. Муаллифи ин китоб Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ дар оҳирҳои асри XӀ умр ба сар мебурд. Арзиши ин китоб танҳо дар он нест, ки нахустин китоб доир ба ин илмҳо ба забони порсӣ аст, балки аҳамияти бештараш дар иштимол бар зикри ном ва ашъори зиёде аз шоирони асри X ва ибтидои асри XӀ мебошад. Ин китоб яке аз сарчашмаҳои хуб дар таҳқиқи адаби порсӣ ба шумор меравад.
Китоби “Тарҷумон-ул-балоға” дар асри XII мавриди истифодаи Рашидуддини Ватвот (ваф.1177 ё 1182) дар таълифи китоби машҳури “Ҳадоиқу-л-сеҳр фӣ дақоиқу-ш-шеър” қарор гирифтааст.
Бояд таъкид намуд, ки ин давра яке аз давраҳои бисёр муҳим ва арзандаи адабиёти форс-тоҷик аст. Забон ва адабиёти порсӣ дар ии давра ба суръати ҳайратангезе тавсеъа ва ривоҷу равнақ ёфтааст.
Сабабҳои аслии ин амр инҳо мебошанд:
1. Дар натиҷаи ҷидду ҷаҳде, ки аз миёнаҳои асри ӀX то миёнаҳои асри XI аз ҷониби адибони бузурги Мовароуннаҳр, Хуросон ва Систон дар шеър ва насри порсии дарӣ шуда буд, асоси адаби порсӣ бо устувории тамом ниҳода шуд ва муқаддамоти лафзӣ ва маънавӣ барои баёни мақсадҳо ва мафҳумҳои гуногун дар забонҳои манзум ва мансур барои шоирон ва нависандагони давраи баъдӣ пурра фароҳам гашт.
2. Вуҷуди теъдоди зиёди амирон, хонадонҳои бузург ва шахсони сарватманд дар ин давра василаи бисёр бузурге барои зиёд гаштани сафи шоирон ва нависандагон гардид. Чунки ҳамаи ашхоси соҳибмансаб ва пурнуфуз доштани шахсони фозилу донишманд ва шоирону нависандагонро дар дастгоҳу дарбори худ аз ҷумлаи чизи15 муҳим дар раёсат медонистанд. Ин кор ба ҳукми анъана даромада буд ва ҳар як ҳоким саъю кӯшиш менамуд, ки дастгоҳу дарбораш аз ҷиҳати доро будани олимону адибон аз дарбори дигарҳо бартарӣ дошта бошад. Ин буд, ки дар ин давра шахсони зиёде ба омӯзиши илму адаб пардохтанд ва аз байни онҳо шоирону нависандагони бешумор ба воя расиданд.
3. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Ғазнавиён ва Салҷуқиён ба сарзаминҳои дигар забони рорсии тоҷикӣ аз ватани аслии худ, яъне Хуросони Бузург то соҳилҳои баҳри Миёназамин ва аз канораҳои Даҷла то он сӯи рӯди Синд ва минтақаи Панҷобро ба тадриҷ дар зери нуфузи худ даровард. Ва дар ин минтақаҳои васеъ забону адабиёти форс-тоҷик густариш ёфт.
4. Дар давраи мавриди назари мо марказҳои адаби порсӣ фақат мунҳасир ба машриқи Эронзамин набуда, балки дар минтақаҳои дигаре чун Ироқи Аҷам ва Озарбойҷон марказҳои муҳимми адаби порсӣ ташкил ёфт ва вуҷуди ҳамин марказҳои нав худ василаи зуҳури шоирон ва нависандагони бузурге шуд.
5. Ҳаракате, ки аз аввалҳои асри XӀ тавассути уламои мутакаллимини муътазила ва донишмандоне аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва шогирдони ӯ дар таълифи китобҳои илмӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод шуда буд, дар ин давра бо шиддати бисёре идома ёфт ва ин кор боиси таълифи китобҳои зиёде дар масъалаҳои гуногуни илмӣ ба забони порсӣ гардид, ки ин худ василаи ҷадиде барои густариши доираи адаби порсӣ шуд.
6. Аз ибтидои ин давра шеър ва насри порсӣ дар хонақоҳҳо ва дар осори суфия устувор ва пойдор гардид. Дар тамоми ҷамъомадҳои самоъ, ваъз ва иршод, дар китобҳои ирфонӣ ва манзумаҳои суфиёна, ки дар Эронзамини он аҳд ба вуҷуд омад, забони соддаи порсӣ ба шевае, ки мавриди фаҳми ҳамагон бошад, ба кор мерафт. Бад-ин тартиб, адаби порсӣ, ки то он вақт фақат мавриди ҳимояи дастгоҳҳои давлатӣ буд, дар миёни оммаи мардум роҳ ёфт ва осори дилпазири орифон муштариёни зиёд пайдо намуд, ки ин ҳам яке аз сабабҳои муҳимми ривоҷу равнақи адаби порӣ гардид.
Хуллас метавон гуфт, ки асри XI аз давраҳои нодири таърихи Эронзамин барои тарғибу тарвиҷи забон ва адаби форс-тоҷик ба шумор меравад.
Дар ин давра забони форсии тоҷикӣ, яъне лаҳҷаи дарӣ, ки аз миёнаҳои асри IX лаҳҷаи расмӣ ва адабии Эронзамин шуда буд, нисбат ба давраи пеш хеле густариш пайдо намуда буд, ки тафсири онро метавон чунин баён намуд:
Бар асари густариши шеър ва насри дарӣ аз муҳити нисбатан маҳдуде, ки дар асрҳои IX-X дошт ва ривоҷи он дар Ироқи Аҷам, Озарбойҷон ва дигар минтақаҳо луғат ва таркиботи зиёде аз лаҳҷаҳои маҳаллии дигари Эронзамин вориди лаҳҷаи дарӣ шуд. Ин кор воситаи қатъӣ барои тавсеаи забони порсии дарӣ гардид ва луғату таркиботу таъбироти тозаеро, ки то асри X собиқа надошт, дар он ворид кард. Табъан дар натиҷаи интиқоли лаҳҷаи дарӣ аз шарқи Эронизамин ба дигар минтақаҳо баъзе аз калимаҳо ва луғати шарқи Эронизамин, яъне Осиёи Миёнаи имрӯза, ки дар минтақаҳои дигари Эронизамин маъмул набуданд, оҳиста-оҳиста фаромӯш шуд.
Дар ин давра забони порсӣ бо забони арабӣ омезиш пайдо кард, ки ин раванд дар тӯли ин ду асри XI ва баъд идома дошт. Яке аз сабабҳои ин дар он буд, ки дар натиҷаи таҳсили аҳли адаби ин давра дар мадрасаҳо, ки забони расмии таълим дар онҳо арабӣ буд, ҳамаи онҳо бо забон ва адаби араб ошноии наздик пайдо намуданд.
Омезиши забони порсӣ бо вожаҳои туркӣ. Бояд арз намуд, ки асри XI ва баъдан давраи тасаллут, нуфуз ва вуруди қавму қабилаҳои туркҳои зарпӯст ба Эронзамин буд. Ин нуфуз аз тариқи муҳоҷиратҳои гурӯҳии қабилаҳо ва саҳронавардони зардпӯст ба доҳили Эронзамин ва сукунати онҳо дар минтақаҳои гуногун сурат мегирифт. Дар ибтидои асри XI дар Мовароуннаҳр ва шимоли Хуросон ва атрофи Рай, Исфаҳону Озарбойҷон ба номи гуруҳҳои зиёди туркманҳо бармехӯрем, ки дар ин сарзаминҳо сукунат ихтиёр намуда буданд.
Густариши забони порсии дарӣ. Аз охирҳои асри даҳум ва аввалҳои асри ёздаҳум Ғазнавиёни тоза ба қудратрасида, ки наметавонистанд аз тарафи ғарб сарзамини худро васеъ кунанд, мекӯшиданд, ки сарзаминҳои васеъ ва пурнеъматеро, ки дар тарафи шарқ ва ҷануби шарқи мустамликаҳои онҳо қарор дошт, тасарруф намоянд. Ва он сарзаминҳои обод дар атрофи рӯди Синд ҷойгир буданд. Бар асари лашкаркашиҳои зиёди Насриддини Сабуктегин ва Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ин сарзаминро Ғазнавиён ишғол карданд.
Давлати Ғазнавиён барои дар зери итоати худ нигоҳ доштани ин сарзамин дастаҳои низомии бузургеро, ки аз хуросониён ва дигар минтақаҳои Эрони Шарқӣ ташкил ёфта буданд, ба сарзаминҳои ишғолнамудаи худ мефиристоданд. Бо ҳамин роҳ дини ислом ва забони порсӣ ба сарзамини Синд ва аз онҷо ба дигар минтақаҳои Ҳиндустон роҳ ёфт ва натанҳо забони сиёсию низомӣ, балки забони дини ислом низ гардид. Ин буд, ки аз миёнаҳои асри ёздаҳум ба баъд дар марказҳои ҳукумати Синд ва Панҷоб ва вилоятҳои наздик ба онҳо забони порсӣ ривоҷ пайдо намуда ва шоирони ин сарзаминҳо ба сурудани шеър ба забони порсӣ оғоз намуданд. Нахустин шоири бузурги ин минтақа Масъуди Саъди Салмон аст, ки дар шаҳри Лоҳур дар хонаводаи як муҳоҷири эронитабор ба дунё омадааст. Баъд аз суқути Ғазнавиён сарзаминҳои ишғолнамудаи онҳо ба ихтиёри сулолаи Ғуриён гузашт. Подшоҳони хонадони Ғуриён ҳомии забони порсӣ буданд.
Бояд тазаккур дод, ки илова бар ривоҷи забони порсӣ дар берун аз Эронзамин лаҳҷаи дарӣ ва адабиёти он дар дохили Эронзамин ба тадриҷ аз Эрони Шарқӣ ба Эрони Ғарбӣ тасаллуд ёфт.
Ҳоло ба муаррифӣ ва баррасии муҳимтарин осоре, ки аз ҷониби донишмандони ин давра дар риштаҳои гуногуни улуми филологӣ таълиф намудаанд, мепардозем, ки инҳо мебошанд:
Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ (961- 1037) доир ба улуми адабӣ ва луғат китобҳои “Ятимату-д-даҳр”, “Татимату-л-ятима”, “Фиқҳу-л-луғат”, “Латоифу-л-маориф”, “Симору-л-қулуб фӣ-л-музоф ва-л-муҳозира” ва ғайраро таълиф намудааст. Вай китоби “Ятимату-д-даҳр”-ро дар соли 1000 ба анҷом расонида, дар солҳои 1011-1017 онро аз нав таҳрир кардааст. Дар ин китоб муҳити адабии асрҳои X ва XI-и Миср, Шом,(Сурия), Ироқ, Андалус, Хуросону Мовароуннаҳр ба таври мухтасар тавсиф шуда, аз эҷодиёти адибони машҳур намунаҳо оварда шудааст. Ин асар дар чаҳор қисм, ки ҳар як қисм дорои чандин боб аст, иншо шудааст. Аз ҷумла дар қисми чаҳорум 24 тан аз адибону олимон ёд шуда ва зиндагиномаю намунаи осори онҳо оварда шудааст. “Ятимату-д- даҳр” сарчашмаи муҳим барои омӯзиши адабиёти арабизабон буда, дар пайравии ин китоб чандин тазкира таҳия ва таълиф шудаанд.
Китоби “Татимату-л-ятима”-и муаллиф идомаи “Ятимату-д-даҳр” буда, ки соли 1934 дар Теҳрон табъу нашр шудааст. Абуалӣ ибни Сино (980-1037) доир ба донишҳои адабӣ асари “Махориҷу-л-ҳуруф”- ро иншо намуда, ки роҷеъ ба савтиёт (фонетика) баҳс мекунад. Доир ба адаб рисолаҳои “Ҳудусу-л-ҳуруф”, “Ал-илм ва-н-нутқ” -ро таълиф намудааст. Ҳамчунин дар луғат асаре иншо намуда ба номи “Лисону- л-араб”.
Назариёташро оид ба шеъру шоирӣ ва адабиёт дар қисми мантиқи асараш иброз доштааст. Аз он ҷумла таърифи шеър дар китоби “Шифо” дар таърихи афкори адабии форс-тоҷик мақоми хос дорад. Тибқи таърифи ӯ “шеър сухан (калом)-и мухайял аст, ки аз аҳволи мавзуну мутасовӣ сахта шуда ва назди аъроб дорои қофия ҳам мебошад”.
Абдулфазл Убайдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Алии Миколӣ (ваф.28.4.1045), ки донишманди улуми замони худ буд, дар илми адаб низ чандин асар эҷод намудааст. Инҳо “Махзани-л-балоға” ё “Китобу-л-махзан” (номаҳо ва руқаоти Абулфазли Миколиро ба муосиронаш ва посухҳои онҳоро шомил буда, намунаи боризи насри мусаҷҷаи охири асри X ва аввали асри XI маҳсуб мешавад), “Шарҳу ҳамосат Абитаммом”, “Шарҳ девон ал-Мутанаббӣ” (дар шарҳи ашъори сухансароёни бузурги араб ва арабинавис), “Китобу-л- мунтаҳил (мунтахабе аз назму насри араб аз давраи ҷоҳилият то асри X дар 15 боб) ва ғайра мебошанд. Нухсаҳои хаттии осори Абулфазли Миколӣ дар китобхонаҳои Эрон, Британия, Туркия, Яман нигаҳдорӣ шуда, то ҳанӯз бархе аз онҳо мавриди таҳқиқ қарор нагирифта ва табъу нашр нагардидаанд.
Абумансур Алӣ ибни Аҳмади Асадии Тӯсӣ (тақр.1005/10-1073) асари “Луғати фурс”-ро дар ҳудуди соли 1065 таълиф намудааст. Дар ин китоб луғати осори беш аз 100 нафар шуарои Мовароуннаҳру Хуросон, ки дар асри X ва ибтидои асри XI эҷод кардаанд, гирдоварӣ шудааст. Дар китоб асосан лексикаи душворфаҳм, аз ҷумла номҳои шахсони таърихӣ ва осотирӣ, лексикаи оид ба кору рӯзгор, номҳои растаниҳо, ҳайвонот ва ғайра ҷамъоварӣ шудаанд. Бисёр калимаҳо дар вариянтҳои гуногуни фонетикӣ ва морфологӣ дохил шудаанд, ки аз тафовути лаҳҷа ва забони гуфтугӯӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дар китоб миқдори зиёди вожаҳои марбут ба Эрони Шарқӣ ва суғдӣ ҷой доранд. Калимаҳои зиндаи гуфтугӯӣ ва лаҳҷавие, ки дар “Луғати фурс” омадаанд, барои омӯзиши таърихи забон ва шевашиносӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар китоб пораҳои зиёде аз “Калима ва Димна”, “Синдбоднома”-и Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Офариннома”-и Абушакури Балхӣ, “Вомиқ ва Узро”-и Унсурӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ғайра дарҷ шудаанд. То ба имрӯз шаш нусхаи дастнависи ин китоб маҳфуз монда, ки қадимтарини онҳо соли 1322 китобат шудааст. Дар зимн бояд афзуд, ки Асадии Тӯсӣ дар радифи шоир ва олим будан, хаттоти тавоно низ буда, рисолаи тиббии Абумансур Муваффақи Ҳиравӣ “Китобу-л-анбия” (1056)-ро китобат кардааст, ки ин нусха ҳоло дар шаҳри Венаи Австрия нигоҳдорӣ мешавад.
Абумансур Қатрони Табрезӣ (ваф.1072) китоби “Тафосир фӣ луғоти-л-фурс”-ро ҳудуди солҳои 1045-1050 таълиф намудааст. Ин китоб пас аз “Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ”дувумин фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Дар “Тафосир фӣ луғоти-л-фурс” ҳудуди 300 вожа шарҳ ёфтааст. Дар “Луғати фурс”-и Асадии Тӯсӣ ва “Сиҳоҳу-л-фурс”-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ ёд шудааст. Аз ҷумла Асадии Тӯсӣ дар ин бора менависад, ки “ ...дидам шоиронро, ки фозил буданд валекин луғати порсӣ кам медонистанд ва Қатрони шоир китобе кард ва он луғатҳо бештар маъруф буданд”.
Бояд афзуд, ки Носири Хусрав дар “Сафарнома”-аш менависад, ки бо Қатрони Табрезӣ мулоқот дошт ва Қатрон маънои бархе аз вожаҳои барояш душворфаҳми девонҳои Мунҷики Тирмизӣ ва Дақиқиро аз Носири Хусрав мепурсад. Сабаби хуб надонистани забони порсӣ аз ҷониби Қатрон он буд, ки забони модарии ӯ забони озарӣ, ки яке аз шохаҳои забонҳои эронӣ аст, буд.
Абубакр Абдулқодир ибни Абдурраҳмони Ҷурҷонӣ (ваф.1078) дар илми забоншиносӣ асарҳои “Асрору-л-балоға ва-л-баён” (оид ба илми баён ва услуб), “Далоилу-л-эъҷоз” (дар таҳқиқи услуби Қуръон, назм, грамматика ва илми баён), “Ал-авомилу-л-миа” (оид ба грамматика ва ҳиссачаҳои ба флексияи исму феълҳо таъсиррасонанда), “Ал ҷумал” (граматикаи мухтасари забони арабӣ) мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё