АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
ШИНОХТИ БЕШТАРИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ
ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Рӯзгор ва осору зиндагии мутафаккирони форсу тоҷик дар ҳаллу фасли муаммоҳое, ки бар мабнои иродаву озодии инсон ва ихтиёру ақидаҳои гуногун дар ҷаҳони андешаи илмӣ падид омадаанд, дар пешрафти илму дониш нақши муассир доранд. Ҳамонтавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба фаъолият оғоз намудани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ки соли 2016 дар ноҳияи Данғара сурат гирфта буд, изҳор доштанд, ки ин минтақа дар тӯли таърих беш аз 100 нафар мунаҷҷимонро тақдими ҷаҳониён намудааст, ки Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ аз ҷумлаи бузургтарини онҳо ба шумор мераванд.
Бо такя бар ин гуфтаҳо метавон зикр дошт, ки Абурайҳон Берунӣ низ дар радифи дигар бузургони форсу тоҷик дар пешрафти илму маърифат ҷойгоҳи хосаеро бархурдор ва соҳиб аст. Берунӣ (973 – 1048) яке аз донишмандони бузурги шарқ маҳсуб ёфта, дар доираи илм ҳамчун олими энсиклопедист муаррифӣ мешавад. Ӯ асосҳои илмро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Берунӣ қариб аз ҳамаи соҳаҳои илмҳои маъруфи замони худ огаҳӣ дошта, асарҳои пурарзише навиштааст. Ҳамонгунае, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр мешавад Берунӣ муаллифи тақрибан 180 асарҳои илмӣ буда, мутассифона танҳо то ба имрӯз чанде аз онҳоро муҳаққиқон дар даст доранду боқист ва ин меъроси боқимонда аз ин мутафаккири бузург фарогири масъалаҳои табиатшиносӣ, таърих, мардумшиносӣ, динӣ, ситорашиносӣ, ҳандаса, фалсафӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Аввалин таълифоти Абурайҳон Берунӣ “Ал-осор-ул-боқия инал қурун-ул-холия” мебошад.
Асари мазкур дар бораи шинохти мардумони бостон ва дар он инчунин, вижагиҳои системаҳои гуногун, тақвим, ҷадвали солу моҳу рӯз бо сония, дақиқаҳо ва соъатҳо дода шуда, илова бар ин дар бораи ҷашнҳои гуногуни бостонӣ ва шарҳу маросимҳои истиқболи ин ҷашнҳо гуфта шудааст.
Ҳаминро бояд гуфт, ки донишмандон танҳо дар заминаи ҳамин китоб тавонистанд ба низоми печидаи ҷадвали солу моҳу рӯзи мардумони ин сарзамин маълумот пайдо кунанд. Мутассифона то кунун аз ин китоб ҳам ба таври шоистагӣ баҳрабардорӣ нашудааст.
Талошҳои дар роҳи илм анҷомдодаи Форобӣ, Ибни Сино ва Абурайҳон Берунӣ собит месозад, ки донишҳои илмӣ дар садаҳои X-XI мелодӣ дар Хуросони Бузург то кадом андоза шуҳрат доштааст.
Ба ақидаи Берунӣ ҳодисаҳои табиӣ якзайл бо қонунҳои табии худ инкишоф ёфта, онҳо аз якдигар дар кадом масофае, ки набошанд, ба қонунҳои табиат бояд итоат кунанд. Берунӣ бо такя бар донишҳои андухтаи хеш изҳор медорад, ки нури
Офтоб на танҳо ба ивазшавии шабу рӯз ва фаслҳои сол, балки ба тағйирёбии иқлими Замин ва рух додани ҳодисаҳо дар сатҳи он боис мешавад. Мутафаккири варзида ба қонунҳои табиат такя карда талош менамуд, ки асрори ҳодисаҳоро дар заминаи рух додан ва воқеияти аслӣ доштани онҳо, ошкор созад.
Берунӣ ба кашмакашиҳои сиёсии Султон Маҳмуди Fазнавӣ нигоҳ накарда, маҳз дар ҳамин давра бори аввал дар фазои нуҷумшиносӣ ҳалли масъалаи системаи офтобмарказии оламро ҷуст ва онро ба саҳнаи илм ворид намуд.
Дар замони Абурайҳони Берунӣ баъзе олимон тағйироти физикии боду ҳаворо ба тулӯъ ва ғуруби ситораҳо вобаста дониста, даъво менамуданд, ки чунин тағйирот ба ҷисму ҷон ва хислатҳои инсон таъсир мебахшад. Берунӣ ба ин гуна таълимот, ки дар майнаи мардум ҳамчун як фолбинии хушку холӣ ҷой гирифта буд, эътиқод надошт, зеро ӯ медонист, ки ин гуна ақидаҳо ба шуур ва инкишофи тафаккури инсонӣ таъсири манфӣ мебахшад. Берунӣ изҳор карда буд, ки дигаргуншавии олами зиндаи рӯи Замин ҳеҷ гоҳ ба ҳаракати ситораҳо рабт надоранд. Ситораҳо аз мо дар масофаҳои дур воқеанд ва бо як тартиб доимо тулуъ мекунанд ва ба ғуруб мераванд. Олим пайдоиши ҳаёт, тағйирот ва инкишофи онро ба қонунҳое вобаста медонист, ки онҳо дар байни Замину Офтоб ва муҳити атрофи сайёраамон амал мекунанд. Эътирофи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ ӯро яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини
Шарқ арзёбӣ намудаанд. Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осору-л-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китобу-л-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Усули бархӯрди таърихӣ ва илмӣ-табиӣ ба таҳқиқ аз усулҳои роиҷи усулшиносӣ (методология)-и илмии Берунӣ маҳсуб ёфтааст.
Ҳамин тариқ, ба андешаи муҳаққиқон ва мутафаккирон, Берунӣ бузургтарин олим ва файласуфи табиатшиносии амалӣ (эксперименталӣ, озмунӣ, таҷрибавӣ) дар асрҳои миёна ба шумор меравад.
Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё