Зеҳн
НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.

Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

УЗР

Мегўянд, ки Абўалӣ ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст.

Ў нафақат дар шаҳри худаш, балки дар мамлакатҳои дигар ҳам деҳа ба деҳа гашта, беваю бечорагонро бемузу беминнат табобат мекардааст.

Як рўз вай барои дам гирифтан ба кўча баромадааст.

Дар вақти аз назди як ҳавлӣ гузаштан дидааст, ки дар сари як касал одами бисьёр ҷамъ шуда, ҳаёҳуй карда истодааст.

Абўалӣ Сино ин ҳодисаро дида, ҳайрон шудааст ва за дилаш гузарондааст, ки чаро мардум дар болои одами касал ғавғо мекунанд? Охир ў тоқат карда натавониста, ба он хона даромадааст.

Домуллоҳо ин одами ношиносро дида амр кардаанд, ки ў аз он ҷо зуд баромада равад.

Сино ба гапи онҳо гўш надодааст ва хоҳиш карадааст, ки ба ў касалро нишон диҳанд.

Домуллоҳо ба вай гуфтаанд: - Ҳозир чильёсин кардем, агар ба шумо нишон диҳем, ҷину аҷинаи вай ба ҷонат зарар мерасонанд.

Яке аз одамон гуфтааст: - Майлаш, монед, канӣ бинем, ин одам чӣ кор мекунад? Абўалӣ Сино касалро дида, ба ў дору додаст.

Баъди доруро хўрдан касал камтар ором шуда, сарашро аз болишт бардошта, ба домуллоҳо гуфтааст: - Ҷину аҷина худи шумо будаед.

«сиҳат мекунем» гуфта, одамро мекуштаетон-ку! Ҳама ҳайрон монданд, ки касали ҳеҷ гап зада наметавонистагӣ, ба гап даромад.

Яке аз одамҳо Абўалӣ Синоро шинохта, кӣ будани ўро ба мардум фаҳмондааст.

Баъд одамон ба Абўалӣ Сино саҷда карда, аз ў узр хостаанд.

ИБНИ СИНО ВА ПОДШОҲ

Рўзе аз рўзҳо подшоҳе касал шуд.

Ба дарди бисьёр бад гирифтор шуд.

Абўалӣ Сино дар кадом мамлакат шунид, ки подшоҳи шиносаш касал шудааст.

Нону намакхўрда, ки буд, омад.

Омад, дид, як дарде, ки на по кор мекунад, на даст.

Дар тахт як халта барин хоб мекунад.

Подшоҳ гуфт, ки: - Э, буродар, Абўалӣ Сино, ту бародари манӣ.

Ман ба ҳамин дар гирифтор шудам.

Ягон роҳи табобати касалии ман ҳаст ё не? Абўалӣ Синод диду гуфт, ки: - Табобати ин дард осон, ҳеҷ гап не.

- Осон? Дар дуньё на табиб монд, на бало монд, на бадтар, сиҳат нашудам! – гуфт подшоҳ.

- Хайр, мешавад-дия, зиндагӣ-дия.

Мана пагаҳ саб-сиҳат мешавӣ, - гуфт Абўалӣ Сино.

Подшоҳ ҳайрон шуду гуфт, ки: - Чи бояд кард? - Ба халқ эълон кунанд, ки, - гуфт Абўалӣ, - ба ҳаммом пагоҳ ҳеҷ кас наравад.

Подшоҳ гуфт, ки: - Хуб! Ба ҳаммом ҳеҷ кас нарафту Абўалӣ Сино фармуд, ки подшоҳро ба замбар андохта ба ҳаммом баранд.

Гирифта бурданду ҳаммомро гарм карданд.

Абўалӣ Сино ҳам дорую давои вайро тайёр карда, ба ҳаммом бурд.

Баъд одамҳоро фармуд, ки: - Дароетон, подшоҳро дар байни ҳаммом монетону дарро маҳкам кунетон.

Якта аспи нағзи погайҳчиро зину авзол карда, ба дари ҳаммом бурда монетон.

Аспи пойгаҳчиро ҳам ба дари ҳаммом оварда бастанд.

Абўалӣ Сино подшоҳро ба ҳаммом дароварду дарро маҳкам карду дид, ки ҳаммом гарм.

- Канӣ, домулло, хеста як ин сў-он сў гардед, - гуфт ба подшоҳ.

- Шумо ғалатӣ гап мезанед-а! ман агар гашта метавонистам, шуморо даъват мекардам-мӣ? – гуфт подшоҳ.

- Хез, ин ҷо ҷои подшоҳӣ не! – гуфту ба дасташ як даста химчаи хорро гирифта, кашидаю кушода, ба тахтапушти подшоҳ чунон зад, ки куртааш тит-тит шуд.

- Э, дар гўри дадет туя, - гуфта, ҳайбат кард подшоҳ.

Ғазаби подшоҳ омад, дар ҷаҳл шуд.

Аз як тараф гармии ҳаммом таъсир карда, рагу пайвандҳо кушода шудан гирифтанд.

Бо яктаи дигар заду: - Хез, ин сў-он сў қадам мон! Ин ҷой ҷои подшоҳи не! – гуфту боз якта зад.

Қаҳри подшоҳ омад, хеста каллаи Абўалӣ Синоро гирам мегўяду илоҷаш не.

Абўалӣ Сино дид, ки аз ғояти қаҳру ғазаб ҳамаи рагу пайвандҳои подшоҳ кушода шуданд.

Подшоҳ аз ҷояш хеста ду-се қадам монд.

Абўалӣ дарро кушод, боз маҳкам пўшиду ҳамон аспи бузтозро сувор шуда, ҳай кард- дияе! Подшоҳбо ҳамон қаҳру ғазаб тўппа-тўғри ба идорааш рафту гуфт, ки: -Эй аспро савор шавед, падарнаълатро даст гиред, дар гўри дадои ин Абўалӣ Сино фалону беҳмадон, манро қариб кушта буд-ку! Вай маро сиҳат намекардааст, вай маро мекушатааст! Вазирҳо гуфтанд, ки: -Ҳой, тавба кунед, аз ҳамон ҳаммом худатон омадуд ё ягон кас пуштора карда омад? - Худам омадам.

- Э, тавба кунед-е! Дардатон ҳам бад будаасту давояш ҳам бад, тавба кунед! Подшоҳ, дар ҳақиқат фикр карду фаҳмид, ки аз ҳаммом худаш омад, охир ҷунбида наметавонист.

Баъд қаҳраш паст шуда, мулоим шуду гуфт, ки: - Рафта азоб надода, ба асп савор карда биёретон! Ду одам пешакӣ рафтанду аз ким-куҷо, даҳ чақрим-мӣ, бист чақрим- мӣ, сӣ чақрим-мӣ, Абўалӣ Синоро дастгир карда дасташро бастанд, пояшро бастанд, дар рўи асп одамкуш барин гирфта оварданд.

«Ҳай дареғ, инҳо маро ягон кор мекунанд» -гуфт дар дилаш Абўалӣ Сино.

Баъд як кас аспро обу арақ кунонду рафту гуфт, ки: - Э, кушоед дасту пои Абўалӣ Синоро.

Абўалӣ Сино гуфт, ки: «Хайрият, ягон кас некӣ кардааст».

Кушоданд.

То Абўалӣ Синоро овардан вазирҳо боз ба подшоҳ фаҳмонда доданд: - Бародар, ту аз ин ҷаҳлат гард! Дардат ҳам бад будааст, давош ҳам бад.

Агар ҳамин тавр намекард, ту сиҳат намешудӣ! Чанд сол ту хоб кардӣ, ҳамин қадар, ки табобат карданд, ба болои курпаи нозу пари қу хобонданд, ту сиҳат нашудӣ! Подшоҳ аз корҳои кардагиаш пушаймон шуду Абўалӣ Синоро оварданд.

Подшоҳ аз ҷояш хесту даҳани дар рафта, бо лабу даҳани пурханда Абўалиро ошноӣ карда овард, ба паҳлўяш шинонд.

- Буродар, - гуфт, - акнун ҳамин коре, ки ман кардам, аз рўи ҷаҳлу ғазабу хашм буд, ту ин гуноҳро мегузарӣ.

Ман ҳам гуноҳи туро гузаштам.

Ана ин калиди хазина, ана ин шаҳр, гиру хўру гард.

Абўалӣ Сино гуфт: - Буродар, сиҳат шудӣ? - Сиҳат шудам.

- Думи манро дигар нагир.

- Не, - гуфт подшоҳ, - ман туро намемонам.

Ман як беақлӣ кардам, гуноҳамро мегузарӣ, лекин туро намемонам! - Не, - гуфт Абўалӣ, - думи манро нагир.

Ман одами сайёра, ба куҷое хизмат кунам, ба куҷое кор кунам, ба куҷое кайф кунам, ихтиёрам.

Подшоҳ гуфт: - Не, намемонам.

Баъд Абўалӣ Сино гуфт, ки: - Э буродар, ҳама ҷо ба ҷо шинанд, ман як ҳикоят мекунам, агар ба шумоҳон маъқул шавад, гўетон «маъқул», маъқул нашавад, гўетон «номаъқул».

Баъд гуфтанд, ки: - Канӣ, ҳикоятро сар кун! Абўалӣ Сино ҳикоятро сар мекунад: - Як марди камбағал буду ҳеҷ рўзаш беҳ намешуд.

Аммо дар дари хонааш як мор хона дошт.

Як рўз ба худаш фикр кард, ки: «Ҳамин шири модаговро ба бозор барам, фурўшаму ягон чиз харам, биёрам, зиндагӣ кунам».

Ҳамин говро ҷўшиду ширро дар хурма гирифту ба бозор бурд.

Ширро тифоқан ҳеҷ ки нахарид.

Марди камбағал маъюс шуду бозгашт кард.

Дар роҳи хонааш як ғор буд.

Дар рў ба рўи ҳамон ғор хурмаро монду таҳоратшиканӣ шишт.

Аз ҷояш хесту дид, ки аз даруни ғор як мор баромад, омад, ҳамон ширро хўрду монду рафт.

Ин мард саросема нашуда боз озмуду гуфт, ки: «Аҷаб мор будаст-а?» Ҳамон мор рафту дар даҳанаш дута тиллоро оварду даруни хурма партофт.

Ду тиллоро мард гирифту аҳволаш нағз шуд.

Камбағал хурсанд шуд, «аҷаб ҷояшро ёфтам» гуфт.

Қиса кўтаҳ, ҳаррўз, ба касе нафаҳмонда, шири ҷўшидаашро бурда дар ҳамон ҷо мемонд, мор мехўрду ду тилло меоварду ба хурма мепартофт.

Ҳамин қатӣ ин таҳхона кард, болохона кард.

Ў як писари оқипадар дошт, аз омадани давлат хабар надорад.

«Ин падари ман аз куҷо меёбад» - мегўяд.

Охир, тоқат карда натавонист, як пагоҳ барвақт хесту омад пеши падараш,чорзону карда шишту шамшерро аз миёнаш кашиду ба пеши падараш партофта гуфт: - Эй падар, ҳамин давлати ёфтагиро мегўӣ аз куҷо? Агар намегўӣ, бо ҳамин шамшер мезанам, калаат мепарад! Марди камбағал гуфт: «Оббо, кор ганда шуд.

Чӣ кор кунам? Агар ба ин гўям, ин як бачаи аҳмақи намешудагӣ, морро мехўсонад.

Агар нагўям, манро мекушад.

Гашта фикр карда фикр карда гуфт: - Писарам, ту хўрданатро дону пўшиданатро дону аз куҷо омадани давлатро напурс.

Агар пурсӣ, ҳам ту хафа мешавию ҳам ман.

- Не, падар, гапамро ду накун, - гуфт бача.

Баъд дид, ки намешавад, камбағал гуфт, ки мана масъала ҳамин.

Ин гапро бача фаҳмиду гуфт: - Набошад, ин пагоҳӣ ширро ман мебарам.

Камбағал бисьёр хафа шуд, гуфт, ки: «Ин морро хурсанд мекунад ё хафа мекунад».

Ин оқипадар ҳама вақт дар миёнаш шамшер дошт.

Ширро бурду дар ҳамон ҷои муқаррарии камбағал мемондагӣ монду гашта омада камтар поида истод.

Мори бечора ақидаи ҳаррўза карда, баромад, ширро хўрда акнун ба тилло мерафт, ки бача тоқат карда натавониста гуфт: - Широ бепул хўрдӣ, пул напартофта меравӣ? Қаҳру ғазабаш омад бачаро, хуни бачагӣ дар ҷўш омад, шамшерро кашиду зад, як ваҷаб думи мор бурида шуда ғалтиду мор ба даруни ғор даромад.

Мор ба худаш фикр кард, ки: «Во аҷабо, ин чӣ хел ноҷинс буд, ки манро ин тавр кард? Тоқат накард, ки ман ҳаққашро диҳам».

Мор аз ғор баромад, рўи бача ба тарафи хона буд, ки бо тамоми қувваташ заҳр зад, бача ғалтиду дар ҳамон ҷо сип-сиёҳ шуда мурд.

Марди камбағал фикр кард: «Аз мўлҷар гузашту барои чӣ дараки Писарам не?» тарафи ғор рафт.

Омад, дид, ки бача рўяш ба тарафи хонаю мурда мондааст.

Хурмаро дид, ки холӣ истодаасту думи мор як ваҷаб буридагию сари мор ба тарафи ғор.

Марди камбағал фикр кард: «Барои чӣ ин тавр шудааст.

Ҳамин мор аз хона баромадааст, омадааст, ширро хўрдааст, вақти акнун «тилло мебиёрам» гуфта ба тарафи хонааш рафтан ин «чизе надод» гуфта ҷаҳли бачагӣ ғолибӣ кардааст, задаст, думи мор бурида шудааст.

Аммо мор сиҳат ба хона даромадааст.

Аз кори кардагии бача хашмнок шуда, таоми қувваташро ҷамъ карда вақти бача хурмаро гирифта ба тарафи хона рафтан заҳр задаст, бача мурдааст.

Ин айби мор несту бачаи худам».

Мард чунин хулоса бароварду фарёд кард: -Ҳой, морҷўра, баро! Мо ҷўраи қадима, ман хафа намешавам.

Мор боз дам назад.

Сеюм бор ҷеғ зада буд, ки мор баромад.

Гуфт, ки: - Ту барои чӣ хафа шудӣ? Мор гуфт, ки: - Ту худат барои чӣ наомада, ҳамин бачаро фиристодӣ? Камбағал гуфтугўи писарашу худашро ба мор гуфт, ки мор ҳам қаноатбахш шуд.

Марди камбағал гуфт, ки: - Буродар, ту акнун думи буридаатро ба хотир набиёр, ман бачаи мурдагиамро.

Мо мисли пештара дўстӣ кардан мегирем.

Мор гуфт, ки: - Не, аз ҳамин рўз бутун буродариро мебурем.

- Сабаб? - Сабаб ҳамин, ки агар ман даруни ғор будагӣ тиллоро бароварда ба ту диҳам ҳам, ҳамин заҳр зада бачаатро куштагиам аз дилат намеравад.

Дар мавридаш дар дилат мегўӣ, ки «ту ҳамон падарнаълат нестӣ, ки бачаи маро заҳр зада кушта будӣ?».

Ту агар даҳта гови ҷўшоӣ гирию ширашро ман хўрам, ба якаш не, ба якаш ба дилам меояд, ки: «Ту ҳамон падарлаънат нестӣ, ки бачаат думи манро бурида буд?».

Ин ду гап то зинда будани тую ман аз диламон намеравад.

Аз ҳамин рўз паноҳи ту ҳам ба худо, паноҳи ман ҳам ба худо.

- Э, буродар, вазирҳо, - гуфт Абўалӣ Сино, - агар ҳамин подшоҳ калиди хазинаашро диҳад, тамоми хазинаро ман барбод кунам, як рўз не, як рўз ба дилаш мебиёд, ки «Ту ҳамон падарлаънат нестӣ, ки дар даруни ҳаммом маро ба химчаи хордор зада будӣ?».

Ба дили ман мебиёяд, ки: «Ту ҳамон подшоҳ нестӣ, ки аз пасам ду касро фиристода «ўро баста биёр, мекушам» гуфта будӣ? Буродар, ин ду гап аз дили мою ту намеравад.

Ин гапам маъқул ё номаъқул? Подшоҳ гуфт: - Маъқул, ин то мурдан аз дил намеравад.

- Ҳамин хел, ки бошад, - гуфт Абўалӣ Сино, - буродар, паноҳат ба худо.

Агар ягон касал – пасал шудӣ, манро хабар куну аммо умед накун, ки ман меистам.

Бо ҳамин Абўалӣ Сино хест, аспашро савор шуд, аз пушти кори худаш рафт.

АБУАЛӢ ВА БЕМОР

Абўалӣ Сино ба табибӣ ном баровардагӣ буд.

Ҳар рўз ба назди ў одамони бисьёр барои табобат меомаданд.

Ҳамаи онҳо қатор менишастанд ва Абўалӣ ҳар кадомро дида, касалашро мегуфт ва табобаташро ҳам нишон медод.

Як рўз вай аз ҷумлаи беморон як касро намебинад ва ба ў чизе намегўяд.

Он бемор бо димоғи сўхта ба хонааш меояду ба занаш мегўяд: - Умри ман ба охир расидааст, ҳатто Абўалӣ ҳам ба ман чизе нагуфт.

Бемор дар ҳуҷрааш парў зада, бо табъи хира мехобид.

Як вақте бедор мешавад, ки бисьёр ташна мондааст.

Дар зарфе шир меёбад ва онро гирифта менўшад.

То бегоҳ аҳволи ў беҳ мешавад ва то рўзи дигар сиҳат меёбад.

Ҳафтаи дигар ў боз ҳамроҳи беморон ба назди Абўалӣ Сино меравад.

Абўалӣ Сино боз аз хона берун шуда, беморонро дида, ба ҳар кадоми онҳо табобат мефармояд.

Ин бемор ба Абўалӣ рўй оварда мегўяд: - Маро табобат нафармудед, дидед, ман сиҳат ёфтам.

Абўалӣ дар ҷавоб мегўяд: - Дуруст аст, касалии туро заҳри мор дуруст мекард, чун ёфтани он мушкил буд, ман чизе нагуфтам.

Ту дар хонаат шир хўрдӣ ва дар он шир мор заҳрашро қайд карда буд, бинобар ин сиҳат ёфтӣ.

Бемор ба дониши Абўалӣ аҳсан мехонад.

СИНО ВА ҶАВОНИ ДАРДМАНД

Пас аз Луқмони Ҳаким Абўалӣ ибни Сино ном табиб гузаштааст.

Вай дар давраи бачагиаш рамапоӣ карда мегаштааст.

Дар ҳамон давраи бачагии Абўалӣ ибни Сино ду ўламои забардаст будааст.

Онҳо мактабҳои калон-калонро бо азобу машаққат хонда, олими зўр шудаанд.

Як рўз онҳо нишаста ба ҳамдигарашон гуфтаанд, ки «Моён азоб кашида мактабро тамом кардем, акнун мехоҳем, ки бе азобу машаққат аз рўи илму ҳикматамон баҳузўр зиндагонӣ карда гардем».

Бо ҳамин мақсад як рўз дар роҳ мерафтанд, ки аз пешашон як одами мўйсафед баромадааст.

Баъди салому алек мўйсафед гуфтааст: - Сафар ба хайр бачаҳо? Онҳо гуфтаанд: - Мо мактабҳои замони ҳозираро бо азоб хонда тамом кардем, акнун мехоҳем, ки аз рўи илму ҳикматамон кор карда, осуда умр ба сар бурда гардем.

Баъд ин мўйсафед гуфтааст, ки: - Шумоён ба фалон ҷо меравед, дар як дашт як кўҳ ҳаст, дар паси кўҳ як дашт, дар пеши дашт як ғор ҳаст.

Ба ҳамон ғор даромада чил рўз чилла мешинед.

Баъди чил рўз аз даруни ғор як мори зард мебарояд.

Морро баромадан баробар дошта, сарашро мебуреду ба дег андохта ҷўшонда мехўред, он вақт ҳамаи гуфтаҳоятон иҷро мешавад.

Баъд аз ин он ду нафар бисьёр роҳ гашта ҳамон ғорро ёфтаанду ба даруни ғор даромада, дар он ҷо чил рўз чилла шиштаанд.

Пас аз чил рўзи чилла дар соати гуфтагиаш аз даруни ғор як мори зарди бадҳайбат пайдо шудааст.

Он ду кас якбора ба мор ҳуҷўм карда, онро кушта гирифтаанду даррав ба дег андохта алов кардаанд.

Аммо вақти пазам-напазами мор он ду касро алов суст кардаасту хоби ҳардуяшон ҳам бурда мондааст.

Як маҳал Абўалӣ ибни Сино рамаро ҳай карда омада истода будааст, ки нохост чашмаш ба даруни ғор афтодааст.

Вай зеҳн монда дидааст, ки дар даруни ғор ду кас хобу дар наздашон оташ милт-милт мекунад.

Абўалӣ ибни Сино оҳиста-оҳиста боз дарунтар даромада, дидааст, ки дар дег як ҳасиб барин чиз ҷўшида истодааст.

Вай оҳиста дегоро бардоштаасту аз ғор берун баромадааст.

Баъд аз оби шўрбо як чумча хўрдааст, ки ақлу ҳушаш тамоман дигар шудааст.

Ибни Сино оби боқимондаи шўрборо ҳам пок-покиза хурдааст.

Пас аз ин Сино чӣ будани дуньёро фаҳмидааст.

Вай донистааст, ки замин чӣ хел осмон чӣ хел, ситора чӣ хел, хок чӣ хел, гиёҳ чӣ хел ва ғайра.

Аз ҳамин ҷо хеста рамаҳоро ба соҳибаш супоридаасту рост ба Бухоро омадааст.

Ба Бухоро омадаасту як камтар дар ҳамин ҷо хондааст-мӣ, нахондааст-мӣ, духтури калон шудааст.

Духтури калон шуда касалхона ташкил карда, тамоми чўлоқў тамоми калу шалро сиҳат кардан гирифтааст.

Кадом дарде, ки набошад дору дода сиҳат мекардааст.

Оҳиста-оҳиста дар рўи дуньё машҳур шудааст.

Дар ҳамин вақт як бача аз Тошканд ба касалии бисьёр ганда гирифтор шудаасту ягон табиб вайро сиҳат карда натавонистааст.

Баъд бача фаҳмидааст, ки дар Бухоро як Абўалӣ ибни Сино гуфтагӣ табиби зўр пайдо шудааст.

хешу таборашро ҷамъ карда гуфтааст, ки: - Манро пеши ҳамон табиб баред, ҳамон табиб бинад, ё мемурам ё мезиям.

Тамоман дар азоб мондам-ку аз дасти ин дард.

Аз ҳамон ҷо даррав ба аробаю пароба, ба уштуру пуштурҳо савор кунонда, ба Бухоро гирифта оварданд.

Хешовандони бача диданд, ки Абўалӣ ибни Сино дар Бухоро ба ҳар куҷо кату ҷою ҷалол карда, табибӣ карда гаштааст.

Баъд онҳо ҳам касалашонро бурдаанду Абўалӣ Синоро ҷеғ зада оварда гуфтаанд: -Ҳамин касали моро ҳам қабул кунед.

Абўалӣ ибни Сино омада дидаасту як бор «мешавад» гуфта қабул кардааст.

Онҳо касалро партофта, монда рафтаанд.

Як чанд маҳал ба пеши касал Абўалӣ ибни Сино наомадааст.

Худ ба худаш бача фикр карда гуфтааст, ки: мабодо ин фиребгару нағмачӣ набошад? Ҳамин қадар катҳоро дар ин ҷо оварда монданаш ё барои анҷом ё барои тилло набошад? Модарам маро оварда ба вай супорид, вай ягон бор ба тарафи ман намебиёяд, намепурсад, ин чӣ хел табиб будааст? Бача боз чанд вақти дигар истодааст, Абўалӣ ибни Сино боз назди вай меомадаасту ягон дору накарда, боз гашта мерафтааст.

Баъд бача ба модараш хат кардааст: «Ин табиб набудааст, фиребгар будааст, манро ҷеғ зада гиреду баред.

Ин як дарди ман сад дард шуд».

Баъд модараш одамҳояшро фиристодааст, одамҳо омада касалро ба шутур бор кардаанду бо чӣ азобу уқубатҳо ба Тошканд гирифта рафтаанд.

Дар Тошканд як рўз дар болои суфа хоб карда будааст, дили бача бисьёр шир хостааст, вай ба модараш гуфтааст, ки: - Ба ман ним коса шир пухта биёр.

Модараш ним коса ширро пухта овардаасту ба болои сараш мондааст.

Бача «баъд мехўрам» гуфта, касалии худашро фикр карда, хафа шуда истода будааст, ки аз поёнии суфа як мори зард баромада ҳамон ширро хўрдаасту гашта ба даруни шир қайт кардааст.

Қайт карда боз аз суфа фаромада ба роҳаш монда рафтааст.

Бача дар дилаш гуфтааст, ки: «Дуньё дар назар торик шуд.

Аз ин хел азоб мурданам беҳ аст.

Биё, ҳамин заҳри мор ба шир аралаш шуд.

Ҳамонро якбора хўраму мурам, аз дуньё халос шавам».

Баъд ширро гирифтаасту хўрдааст.

Хўрдан баробар чунон баданаш ларзида, дар баданаш як гармӣ пайдо шуда, як арақ кардааст, арақ карда, хобаш бурдааст.

Як шабонарўз маст хоб рафтааст.

Баъд аз як шабу як рўз якбора ба ҳуш омада дидааст, ки тамоми дарди дар баданаш будагӣ нест шудааст.

- Э, ман нағз шудам, - гуфта модарашро ҷеғ задаст.

Ба модараш: - Канӣ, манро камтар бардор, мехезам-мӣ, - гуфтааст.

Модараш аз қўлтуқи бача андак бардоштааст, ки бача хестааст.

Ҳамин тавр бача оҳиста-оҳиста сиҳат шуда рафтааст.

Баъд бача як шаб хешу таборҳояшро ҷеғ зада гуфтааст, ки: - Абўалӣ ибни Сино гуфта, таъриф мекунанд, бекор гап будааст.

Вай табиб ҳам набудааст, фақат халқро фиреб мекардааст.

Раваму худашро дар байни бозори Бухоро дошта, як шарманда кунам, чӣ мегўед-а?.

Баъд ҳамаи хешовандон розӣ шудаанд.

Бача як маҳал аробаю пароба, шутуру путур карда, ба пеши Абўалӣ ибни Сино рафтааст.

Вай ба бозори Бухоро даромада, дар як кунҷ пойда истодааст.

Абўалӣ ибни Сино аз даруни бозор майда-чуйда карда баромада истода будааст, ки якбора чашмаш ба ҳамин бача афтидааст.

-Э бача, ин ҷо биё, - гуфтааст Абўалӣ ибни Сино.

Бача ҳеҷ гап назада давида ба пеши Сино омадааст.

- Ту, - гуфтааст Абўалӣ ибни Сино, - заҳри мори афъиро аз куҷо ёфта хўрдӣ, ки аз дард халос шудӣ? Аёнро баён кун.

Бача гуфтааст, ки: - Модарам ширро пухта овард, як мори зарди бадҳайбат омаду ширро хўрду заҳраралаш карда партофт.

Ман ҳамонро хўрдаму аз дард халос шудам.

Абўалӣ ибни Сино гуфтааст: -Ҳамон вақт ки модарат туро оварда ба дасти ман супорид, ман донистам, ки ба ғайр аз заҳри мори афъӣ дигар ягон хел чиз ба дарди ту таъсир намекунад.

Он вақт мори афъиро ман наёфтам, якчанд ҷойро кофтам, пайдо накардам.

Дар айни кофтукови ман ту қаҳр кардию баромадию рафтӣ.

Хайр, тағдират дар ҳамин будааст, мана, худ аз худ ҳамин мор омаду дар шират заҳр андохту ту онро хўрдию нағз шудӣ.

Ҳамин хел ҳардуяшон хеле сўҳбат кардаанд.

Баъд бача хайрухуш карда ба Тошканд рафтааст.

Вай фаҳмидааст, ки Абўалӣ Сино ҳақиқатан ҳам табиби машҳури рўи дуньё будааст.

КЎДАКӢ

Ибни Синои яксоларо канизак дар бағал гирифта аз назди мактабхона мегузаштааст.

Синои кўдак овози мактаббачаҳоро шунида, ба мактаб рў оварда қанотак задаст.

Канизак ўро ба мактабхона бурдааст.

Ибни Сино дарси мактабдорро шунида, чеҳрааш шод шудааст.

Мактабдор пай бурдааст, ки кўдак дарси ўро бодиққат гўш мекунад.

Баъд дар ин хусус ба шогирдонаш гуфтааст.

Онҳо бовар накардаанд.

мактабдор Ибни Синоро дар паҳлўяш гирифта, як шогирдашро назадаш ҷеғ зада, бо вай дар хусуси ҳар гунна гапу ҳодисаҳои бемаънию беҳуда баҳс кардааст.

Ибни Сино афташро турш карда, аз мактабдор рўй гардондааст.

Мактабдор як шогирди дигарашро ҷеғ зада, бо вай баҳси илмӣ кардааст.

Ибни Сино сўҳбати онҳоро бодиққат гўш карда, чеҳрааш кушода шудааст.

Мактаббачаҳо ҳақ будани муаллимашонро фаҳмида, аз ў узр хостаанд.

УСТОД ВА ШОГИРД

Абўалӣ ибни Сино рўзе бо хотири парешон як асар навишта, онро барои тозанавис кардан ба як шогирдаш додаст.

Шогирд иншои Ибни Синоро дуруст хонда натавонистаасту ба устодаш муроҷиат карда гуфтааст: - Устод, хататонро хонда натонистам, илтимос минбаъд камтар бодиққат нависед, моён шогирдҳоятон, мабодо маънии асаратонро ғалат нафаҳмем.

Абўалӣ дар ин ҷавоб фақат як шеър гуфтааст, ки он шеър ин аст: Ҳарчанд, ки мекунам такопў, Н-омад зи қалам нақши некў.

Азбаски қалам шикастасар буд, Хотир зи қалам шикастатар буд.

СИНО ВА ШАВҲАРИ ҶАВОН

Як зану шавҳари ҷавон фарзанддор мешаванду ду моҳ гузаштан пас ҳардушон маслиҳат мекунанд, ки пеши Абўалӣ ибни Сино рафта, таълими кўдаккалонкуниро ёд гирифта биёянд.

Майда-чуйда, савғотӣ гирифта, онҳо хонаи Абўалӣ Сино мераванд.

Абўалӣ Сино онҳоро меҳмондорӣ карда баъд мепурсад: -Ягон хизмат бошад, шарм накарда гўед, ман ба хизмати шумо ҳозирам: Занаки кўдакдор мегўяд: - Тақсир, мо нав як кўдак ёфтем, чӣ хел тарбия кардани вайро намедонем, пеши шумо омадем, ки ба мо таълим диҳед.

Баъд Абўалӣ Сино мепурсад, ки: - Кўдакатон чандрўза шуд? Онҳо мегўянд: - Думоҳа.

Абўалӣ Сино дастонашро дар сари зону зада мегўяд: - Дер шудааст, дер! Кўдакро мебоист дар ҳамон рўзи таввалуд шуданаш меовардед, акнун худатон ўро чӣ хеле, ки хоҳед, ҳамон тавр тарбия кардан гиред! 17 СЎҲБАТИ АБУАЛӢ СИНО БО ПОДШОҲ Чунин мегўянд, ки Абўали Сино дар даргоҳи подшоҳе як муддат хизмат карда будааст.

Рўзе он подшоҳ ба одамонаш фармон додаст, ки тахти ўро ба берун бароранд.

Вақте ки тахтро бардошта ба берун мебурданд, Абўалӣ Сино дар назди подшоҳ будааст.

Подшоҳ ва Абўалӣ Сино муддате дар ҳавои кушод бо ҳам сўҳбат кардаанд.

Дар ин вақт аз дур сиёҳие намоён шудааст, ки он ба саққо монанд будааст.

Подшоҳ тааҷуб кардааст, ки он чӣ бошад.

Абўалӣ Сино ин тааҷуби подшоҳро бартараф намуда гуфтааст: - Подшоҳам, он сиёҳӣ марди аспсаворе мебошад, ки дар хўрҷин асал дорад ва гоҳ-гоҳ аз он лесида меояд.

Подшоҳро тааҷуб зиёд шудааст ва аз Сино пинҳонӣ шахсеро барои фаҳмидани он, ки оё Абўалӣ рост мегўяд, ба сўи он сиёҳи омадаистода равон кардааст.

Дар ҳақиқат он шахс хабар овардааст, ки гуфтаи Сино рост аст.

Подшоҳ ҳайрон шуда, ба Сино гуфтааст: -Хайр, ту донистӣ, ки он сиёҳӣ савораест, пас аз куҷо фаҳмидӣ, ки вай дар хўрҷин асал дорад? - Ман, - гуфтааст Аьўалӣ Сино, - дидам, ки магасҳо ўро иҳота кардаанд ва аз ҳамин фаҳмидам, ки дар куҷои вай шириние ҳаст.

Подшоҳ Синоро ситоиш карда, ба ў тўҳфа додаст.

пешина
аз 9
навбатӣ