НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.
Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа
ҲУЛБЎЙ
Абўалӣ Сино табиб будааст.
Вай ҳамаи табибиҳоро аз ўҳдааш мебаромадааст.
Як вақт писари худаш касал шудааст.
Ибни Сино ҳамаи дорую дармонро кардааст, аммо бемор сиҳат нашудааст.
Ниҳоят писараш вафот кардааст.
Баъд аз он Сино шиками писарашро кафонда, аз пеши ҷигар халтачаи заҳрро гирифтааст дидааст, ки дар халтача як чизи санг барин сахте ҳаст.
«Ин чӣ бошад?» гуфта, халтачаро гирифта, ба лаби об рафтааст ва онро ба болои ҳулбўй монда, дасти худро шустааст.
Дасташро шуста, омада дидааст, ки ҳамон санги халтачаи заҳр будагӣ об шуда рафтааст.
Баъд аз он Сино ба дилаш гузарондааст, ки: «Давои санги дар халтачаи заҳр будагӣ ҳулбўй будааст, агар инро мефаҳмидам, фарзандамро аз чанголи марг халос мекардам».
ДАВОИ ДАРДИ ИШҚ
Ҷавоне сахт бемор мешавад.
Ягон табиб ўро сиҳат карда наметавонад.
Абўалиро меоранд.
Ў мефармояд, ки: - Мардеро биёред, ки номи ҳамаи деҳаҳои гирду атрофро донад.
Он мардро меоранд.
Абўалӣ набзи беморро медораду ба он мард мефармояд, ки номи ҳамаи деҳаҳоро якто – якто номбар кунад.
Мард деҳаҳоро якто – якто номбар мекунад ва дар вақти ном бурдани яке аз деҳаҳо набзи бемор аз муқаррариаш тезтар мезанад.
Абўалӣ мегўяд, ки: - Акнун шахсеро биёред, ки тамоми хонаҳои он деҳ ва соҳибонашро якто-якто номбар кунад.
Чунин шахсеро ҳам меоранд ва Абўалӣ боз набзи ҷавонро дошта, он мардро мефармояд, ки соҳибони хонаҳои он деҳро номбар кардан гирад.
Ҳини номбар кардани яке аз хонаҳои деҳ бемор беҳуш мешавад.
Абўалӣ мегўяд: -Соҳиби он ҳавлӣ духтаре дорад.
Он духтарро ин ҷавон дўст медорад, онҳоро зуд никоҳ бандед.
Онҳоро никоҳ мебанданд.
Ҳамин тавр он ҷавон аз марг наҷот меёбад.
ДУРЎҒИ ШИФОБАХШ
Абўалӣ Сино табиб ва олими доно будааст.
Ў ба ҳамаи дарду касалиҳо даво ёфта метавонистааст.
Ба назди ў аз ҳар куҷо беморон омада, ба дардашон шифо меёфтаанд.
Рўзе дар қатори дигар беморон ба назди Абўалӣ Сино як ҷавон низ барои муолиҷа омадааст.
Абўалӣ Сино ба ҷавон як нигоҳ кардаасту чизе нагуфта ба пеши бемори дигар гузашта рафтааст.
Ҷавон гумон кардааст, ки касалии ў бедавост.
Вай хафа шуда ба хонааш рафатааст.
Абўалӣ Сино ба гўши яке аз шогирдонаш чизе гуфта, ўро пинҳонӣ аз дунболи ҷавон фиристодааст.
Ҷавони бемор аз хонааш арғамчинро гирифта ба боғ баромадааст.
Баъд ба ин тараф, ба он тараф нигоҳ кардаасту арғамчинро ба шохи дарахт партофта, худашро овехтан хостааст.
Шогирди Абўалӣ Сино, ки дар паси буттае рафтори беморро мушоҳида мекардааст, Давида рафта бандро буридаасту беморро аз марг халос карда гуфтааст: - Абўалӣ Сино гуфтанд, ки шумо дигар назди он кас наравед, чунки шумо ҳеҷ гуна касалӣ надоред.
Бемор аз шунидани ин суханон якбора шод гаштааст ва аз касалии рўҳӣ, ки чанд вақт боз гирифтор будааст, халос шудааст.
Баъд Абўалӣ Сино ба шогирдаш фаҳмондааст: - Ин гуна беморонро маҷбур кардан лозим аст, ки бар қасди хоҳишашон амал кунанд ва дар ҳолати ғамгинию рўҳафтодагиашон якбора шод шаванд.
ФАРЬЁДИ СУДМАНД
Ривоят мекунанд, ки Абўалӣ Сино ҳафтае як маротиба дар сари кўча беморонро медидааст.
Як рўз Абўалӣ Сино ба назди як бемор рафта, ба рўи ў бодиққат нигоҳ кардааст ва якбора дод зада гуфтааст: - Ҳой, шогирдон, биёед, ки ман қотили падарамро дарёфтам! Шогирдон тозон омадаанд ва беморро кашола карда ба ҳавлӣ даровардаанд.
Баъд бо ишораи Абўалӣ Сино ўро аз ду пояш ба забаррави саисхона овехтаанд.
Абўалӣ Сино бошад, як корди калони тезро ба даст гирифта назди бемор омадааст ва ба ў гуфтааст: - Ман кай боз туро ҷустуҷў мекардам, аммо намеёфтам.
Хуб шуд, ки имрўз туро дар назди худ мебинам.
Падарам дар вақти ҷон доданаш гуфта буд, ки қотили ў дар пешонааш холи калон дорад ва гўши росташ захмӣ мебошад.
Ҳоло ман аломатҳоро дар ту мебинам.
Ман интиқоми падарамро аз ту бояд ситонам.
Бемор ба зорию илтиҷо даромадааст ва гирья карда гуфтааст: - Ман гуноҳ надорам ва ҳеҷ касро накуштаам.
Абўалӣ Сино: - Ман туро зинда ба зинда пўст меканам, - гуфта кордро ба шиками бемор расонидааст.
Бемор сахт тарсида бо тамоми қувва фарёд задаст ва аз шиддати тарсу фарьёд аз даҳони ў як чизи лўнда парида ба замин афтидааст.
Абўалӣ Сино давида рафта он чизро ба даст гирифта гуфтааст: - Иллати дарди ту ана ҳамин буд.
Акнун рафта хурсандӣ кун, ки аз дард халос шудӣ.
Бемор аз Абўалӣ Сино миннатдор шуда, сиҳату саломат ба хонааш баргаштааст.
ДУДИ ҲАЗОРИСПАНД
Як вақтҳо дар тамоми шаҳри Бухоро касалии вабо паҳн мешавад.
Муромурӣ бисьёр авҷ мегирад.
Одамон ҳама ҳайрон, чӣ кор карданашонро намедонанд.
Баъзеҳо Бухороро тарк карда, бо молу ҳолашон ба шаҳрҳои дигар кўчида мераванд, баъзеҳо ба тақдирашон тан дода, «ҳарчӣ шавем, шавем» гуфта, дар хонаҳошон мемонанд.
Подшоҳи Бухоро барои пеши ин касалиро гирифтан ҳамаи уламою донишмандони мамлакатро ҷамъ карда, ба онҳо супориш медиҳад, ки илоҷи аз ин бало халос кардани мардумро ёбанд.
Аммо ҳеҷ кас дар ин бобат ҳеҷ кор карда наметавонад.
Иттифоқо ба подшоҳ хабар медиҳанд, ки кадом як кунҷи шаҳр Абўалӣ гуфтагӣ як табиби ҷавон ҳасту агар тавонад, илоҷи ин хел касалиро фақат ҳамон кас ёфта метавонад.
Одам монда Абўалиро ба пеши подшоҳ гирифта меоянд.
Подшоҳ Абўалиро дида аввал назараш намегирад, баъд дилу бедилон мегўяд: - Агар дар ҳақиқат табиб бошед, ягон чораи ҳамин касалиро бинед.
Абўалӣ «хуб» мегўяд ва хоҳиш мекунад, ки барои ў ҳазориспанди бисьёре ҷамъ карда биёранд.
Бо фармони подшоҳ хоҳиши Абўалӣ зуд иҷро мегардад.
Абўалӣ ҳазориспандро дар мобайни шаҳр ғун карда, онро дуд мекунонад.
Дуд тамоми шаҳрро фаро мегирад.
Ҳама ҷо сип-сиёҳ дуд, ҳама ҷо бўи ҳазориспанд, аз бисьёрии дуд чашм кушода як қадам пеш монда намешавад.
Баъд аз ин ҳодиса ба одамони касал оҳиста-оҳиста ҷон медарояду касалӣ аз шаҳр барҳам мехўрад.
Подшоҳ ба доногии Абўалӣ қоил шуда, ба ў пулу чизи бисьёр медиҳад ва офарин мегўяд.
Аз ин кори Абўалӣ одамон мефаҳманд, ки ҳазориспанд ба касалии вабо даво будааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё