Зеҳн
ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.

Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа

Идоракунӣ
Аз аввал хондан

Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои онҳо бо созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон

Созмонҳои байналмилалиеро, ки бо СҒД Тоҷикстон ҳамкорӣ доранд, метавон шартан ба ду гурӯҳ тақсим кард: созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва созмонҳое, ки берун аз қаламрави кишвар ҷой гирифтаанд, аммо ба таври мустақим ва ё ғайримустақим ба Тоҷикстон кӯмак мерасонанд. Қобили қайд аст, ки аксари кулли ин созмонҳо дар асоси қарордодҳои дутарафаи байни давлатҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Миқдори онҳо аз рӯзҳои авввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш будааст. Гурӯҳе ба ин фикранд, ки созмонҳои байналмилалии ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон дар асари нооромиҳои дохилӣ ва махсусан ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Аз ин рӯ, фаъолияти онҳо ба фароҳам сохтани кӯмакҳои башардӯстона ва баъдтар ба таҳкими сулҳ ва оромӣ дар кишвар равона карда шудаанд . Аммо назари мо ба ин аст, ки сабаби асосии ба Тоҷикистон ворид шудани аксари кулли созмонҳои байналмилалӣ ба нисбати истиқлоли давлатии кишвар ва дар ҳамин замина ба миён омадани имконоти нав дар бобати равандҳои демократӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифтааст. Яъне, вазифаи асосии ин сохторҳо кӯмак ба шаҳрвандони Тоҷ икистон дар бобати идораи нави давлатӣ аз тариқи барномаҳои мухталифи омӯзишиву маърифатӣ дар шароити нави гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ, фароҳам сохтани шароити бештару беҳтар ба равандҳои созандаи кишвар, мусоидат ба таъсис ва инкишофи ниҳодҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ ба роҳ мондани ислоҳоти умумии кишвар дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави бозаргонӣ будааст. Таҳкими раванди сулҳ қисмати муҳим, вале фақат яке аз самтҳои фаъолияти созмонҳои баналмилалии муқими Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин муносибат метавон аз мафҳуми «кӯмакҳои техникӣ» ёдовар шуд, ки мақсаду маром ва асоси фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар маҷмӯъ ташкил медиҳад. Ин мафҳум, ки дар амалияи сиёсати хориҷии Амрико дар соли 1949 арзи вуҷуд кард , фароҳам сохтани кӯмакҳои техникиро ба кишварҳои рӯ ба инкишоф дар назар дошт. Гап дар сари он меравад, ки шеваи пештараи кор дар бобати расонидани кӯмак ба кишварҳои эҳтиёҷманд, ки дар давраи баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ махсусан дар мисоли кишварҳои Аврупо хеле муваффақ буд (масалан, амалиёти Маршалл), дигар чандон натиҷа набахшид. Махсусан дар мисоли кишварҳои Осиё. Шикаст хӯрдани режими Чан Кайши дар кишвари Чин дар соли 1948 барои сиёсати хориҷии Амрико, ки миллиардҳо долларро барои дастгирии он масраф карда буд, як таконе гардид. Маълум буд, ки маблағҳои ҷудошуда дар ин кишварҳо барои ҳадафҳои аслӣ ва ба таври пурсамар истифода намешаванд. Чӣ бояд кард? Ана дар чунин шароит дар сиёсати хориҷии Амрико мафҳуми тозае таҳти унвони «фароҳам сохтани кӯмакҳои техникӣ» ба миён омад, ки баъдтар аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд ва мавриди истифода қарор гирифт. Фалсафаи ин мафҳум хеле содда ва равшан буд: агар кишварҳои эҳтиёҷманд рӯ ба инкишоф мушкилоти зиёди иҷтимоӣ доранд, онҳоро бояд омӯзонд, то мушкилоти хешро худашон ҳал намоянд. Чунин тарзи кор ҳам пурсамартар ва ҳам арзонтар хоҳад буд. Ҳамин тавр ин мафҳум арзи вуҷуд кард. «Кӯмаки техникӣ» ба раванди густариши донишу таҷриба, арзишҳои нави инсонӣ, муносибатҳо ва технологияи ҷадид дар кишварҳои қафомонда ва ҷомеаҳои анъанавӣ мусоидат карда, бо истифода аз намояндагиҳои давлатҳои мутараққӣ ва коршиносони варзида ба хотири эҷоди заминаҳои мусоид барои инкишофи устувори сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои мавриди назар пешбинӣ шудааст.

Мавҷудияти созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва кӯмакҳои техникии онҳо дар ҳамин қарина аз чанд ҷиҳат шоистаи тақдир аст. Пеш аз ҳама, мавҷудияти онҳо ба эҷоди фазои солими созанда ва таҳкими равандҳои демократӣ ва дар ниҳояти кор ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ба таври васеъ мусоидат мекунад. Аз тарафи дигар, фаъолияти онҳо боиси ба майдон омадани теъдоди зиёди ниҳодҳои тозабунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла СҒД гардид, ки баъдтар бо ҳидоят ва дастгирии моддии ин созмонҳо ба фаъолияти мустақил дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар шурӯъ намуданд. Мавҷудияти онҳо ба ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи тозабунёди тоҷикон низ мусоидат кард, чун онҳо, аз як тараф, бевосита худашон теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кор ва маоши хуб таъмин карданд ва, аз тарафи дигар, маблағҳои қобили мулоҳизаро дар ихтиёри созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ қарор доданд, ки низ барои хароҷоти ҳам кормандони ин созмонҳо ва ҳам ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷамъият аз тариқи барномаҳои мухталиф сафарбар карда шуданд. Ниҳоят, ҳамкориҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, сохторҳои мухталифи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони байналмилалии тандурустӣ ва ғайра ба шинохти дуруст ва эътирофи СҒД аз тарафи давлат ва мақомоти қудрати давлатӣ дар маҳалҳо мусоидат намуд, ки дар маҷмӯъ раванди умумии демократисозии ҷомеаи навтаъсиси тоҷ иконро вусъат бахшид. Ин ҳама аз падидаҳои мусбат ва қобили қадр дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон аст. Чунин хусусияти нек бештар хоси он созмонҳоии байналмилалист, ки фаъолияташон дар асоси қарордодҳои байни давлатҳо ва ё бо истифода аз маблағҳои давлатӣ ҷараён гирифтааст. Хазинаи Оғо Хон (Agha Khan Foundation), агентии Иёлоти Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва даҳҳо дигар намояндагиҳо аз ҷумлаи чунин сохторҳоянд.

Аммо фаъолияти созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон аз камбудиҳо низ холӣ нест. Масалан, дар фаъолияти баъзе аз онҳо махсусиятҳо ва имконоти дохилии миллии кишвар ба назар гирифта нашудааст. Чунин ба назар мерасад, ки созмонҳои байналмилалӣ стратегияи ягонаи инкишоф надоштаанд, дар фаъолияти худ ба кадрҳои беҳтарини миллӣ камтар таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, барномаҳои амали онҳо на ҳамеша ҷавобгӯи хостаҳои аслии миллӣ буда, ба инкишоф ва тавоноии қудрати давлатӣ ва давлатдории навин пурра мусоидат накардаанд. Маоши аз андоза зиёди кормандони ҳам хориҷӣ ва ҳам маҳаллӣ боиси дар миёни мардум пайдо шудани ҳамагуна овозаҳои носолим ва ҳисси нобоварии аҳолӣ ва худи давлат гаштааст. Хатоиҳо дар таъсиси сохторҳои нав низ ба назар мерасанд, чун хусусиёти маҳалҳо ва махсусан мавҷудияти сохторҳои анъанавии миллӣ ва имконоти онҳо аз мадди назар дур мондаанд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки умри аксари кулли сохторҳои навтаъсис, ки бо ҳамин усул ба вуҷуд омадаанд, чандон тӯлонӣ нест. Одатан, бо анҷоми фаъолияти созмонҳои маблағгузор ва қатъи кӯмакҳои молӣ фаъолияти сохторҳои маҳаллии навтаъсис низ ба итмом мерасад. Ин ҳолат махсусан дар деҳот бештар ба чашм мехӯрад, чун созмонҳои байналмилалӣ дар амалӣ сохтани барномаҳои худ аз имконоти сохторҳои анъанавии миллӣ, ба мисли маҳалла ва ҷамоат камтар истифода кардаанд ва гоҳо мавҷудияти онҳоро сарфи назар ҳам кардаанд.

Маслиҳат ин аст, ки тамоми созмонҳои байналмилалӣ дар фаъолияти худ пеш аз ҳама ба сохторҳои мавҷудаи ҷамъиятии анъанавии миллӣ рӯ оваранд ва танҳо дар ҳолатҳои алоҳида даст ба эҷоди сохторҳои нав зананд. Чунин бархурд имконият медиҳад, то ҳам натиҷаи барномаҳои мавриди назар ва ҳам дараҷаи инкишофи устувори сохторҳои ҷамъиятии маҳаллӣ бештар ва беҳтар гардад. Ба ақидаи мо, мақсаду мароми таъсиси ниҳод ва сохторҳои нав аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ бояд ба хотири таҳкими ҳарчи бештари низоми нави давлатдорӣ ва устувортар сохтани пояҳои давлатдории миллӣ сурат гирад ва, ба ҳамин тариқ, ҳамчун қисми таркибии ин низом ба иттиҳоди миллӣ ва истиқлоли давлатӣ бештар мусоидат намояд.

Ниҳоят, камбуди дигар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон мавриди истифода қарор нагирифтани забони тоҷикӣ ҳамчун ягона забони расмии давлатӣ дар тамоми қаламрави кишвар аст.

Мутаассифона, дар фаъолияти аксари кулли ин созмонҳо таҳия ва нашри маводи таълимӣ ва коргузории расмӣ асосан ба забони русӣ сурат гирифтааст, на ба забони тоҷикӣ. Ин масъала махсусан дар деҳот боиси он гаштааст, ки сатҳи барномаҳои маърифатӣ ва натиҷаи онҳо ба таври қобили мулоҳиза паст гардад. Ташвишовар аст, ки созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ низ дар пайравӣ ба созмонҳои байналмилалӣ созмонҳои маблағгузор дар фаъолиятҳои худ аксаран истифодаи забони тоҷикиро сарфи назар кардаанд, чун бештари кормандони муассисоти хориҷӣ забони русиро нисбат ба забони тоҷикӣ афзалтар медонанд.

Агентии ШМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) аз ҷумлаи он намояндагиҳоест, ки дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раванди бозсозии кишвар саҳми босазо гузоштаанд. Кӯмакҳои ин ташкилот ба таври бевосита ва аз тариқи созмонҳои мухталиф, аз қабили ABA, AED, ACTRA/ACCELS, Counterpart Consortium, IFES, Internews, Urban Institute ва амсоли он фароҳам оварда шудааст. Масалан, Академияи инкишофи маориф (Academy for Educationbal Development - AED) яке аз ҳамин муассисот буд, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли 1994 оғоз кард. Ин даврае буд, ки дар кишвар ҳанӯз ҳам нооромӣ ҳукмфармо буд. Дар фаъолияти давлати навтаъсис бозомӯзи кадрҳои миллӣ аз самтҳои афзалиятнок бошад ҳам, аммо бо сабабҳои маълум ба ин масъала таваҷҷӯҳи камтар зоҳир карда мешуд. Дар чунин ҳолат AED бо кӯмакҳои молию моддии USAID силсилаи барномаҳои омӯзишиву маърифатиро рӯйи кор гирифт. Аз тариқи барномаҳои кӯтоҳмуддат шаҳрвандони Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои ҳам давлатӣ ва ҳам хусусиву ғайридавлатӣ, барои таълим ва омӯзиш ба Амрико, Аврупо ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили Латвия, Литва, Федератсияи Россия, Молдова, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ғайра равона карда мешуданд. Барномаҳо асосан дар чор самт сурат мегирифтанд:

• бахши иқтисод ва инкишофи соҳибкорӣ

• таҳкими равандҳои демократӣ

• бахши иҷтимоиёт, ба шумули соҳаи тандурустӣ

• ҳифзи муҳити зист ва истифода аз захираҳои табиӣ

Яке аз хизматҳои бузурги ин ташкилот ба роҳ мондани барномаҳои дохилӣ (In-country Programs) аст. Чунин бархурд имконият дод, то маблағҳои пешбинишуда пурсамартар мавриди истифода қарор гиранд, чун хароҷоти чунин барномаҳо, ки дар дохили кишвар сурат мегирифтанд, дар муқоиса бо дигар барномаҳо (US Programs, Third-country Programs - барномаҳое, ки берун аз қаламрави кишвар доир карда мешуданд) ба маротиб камтар буд. Ин имконият медод, ки миқдори барномаҳои мавриди зарурат афзоиш ёбад, теъдоди бештари шаҳрвандон фаро гирифта шавад. Аз тарафи дигар, дар чунин барномаҳо коршиносони дохилӣ бештар истифода мешуданд, ки ҳам дар таъминоти иҷтимоӣ ва ҳам инкишофи касбии онҳо нақши муҳим мебозид. Ниҳоят, чунин тарзи бархӯрд боиси ба миён омадани миқдори муайяни СҒД ва инкишофи устувори онҳо низ гардид, чун дар амалӣ сохтани ин барномаҳо СҒД миллӣ ба таври васеъ ҷалб карда мешуданд. Дар маҷмӯъ, аз июни соли 1994 то июни соли 2006, бештар аз 17 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба барномаҳои мухталифи ин созмон фаро гирифта шуданд, ки ба ҳайси як саҳми бузург дар бозомӯз ва инкишофи касбии шаҳрвандони кишвар бояд арзёбӣ гардад.

Дар шароити имрӯз эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз мақсадҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятнок дар барномаҳои миллӣ ва стратегияи инкишофи кишвар эълон ва шинохта шудааст. Ба ҳамин муносибат кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани сатҳи рифои мардум ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои мубрам дар сиёсати роҳбарияти сиёсии кишвар аст. Дар ҳамин қарина фаъолияти Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон қобили қайд ва шоистаи таҳсин аст. Яке аз хусусиятҳои ин созмон аз он иборат аст, ки барномаҳои худро бо назардошти талабот ва имконоти маҳалҳо ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудрати давлатӣ тарҳрезӣ мекунад. Умуман, дар фаъолияти Хазинаи Оғохон такя ба сохторҳои анъанавии маҳаллӣ ва ё таъсиси сохторҳои нав бо истифода аз имконоти маҳалли зисти шаҳрвандон бештар эҳсос карда мешвад. Масалан, барномаҳои марбут ба иштироки бевоситаи худи шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва муҳити зист дар деҳоти Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯхистон» (MSDP) таи солҳои ахир хеле шӯҳрат пайдо кард. Ин барномаҳо дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳибкории реза ва миёна, ҷоннок кардани иштироки бевоситаи бошандагони маҳал дар ҳалли мушкилоти иҷ тимоӣ ва ғайра муваффақиятҳои чашмрас ба даст овардаанд. Дар натиҷа ин барномаҳо дар дигар қисматҳои кишвар, аз қабили ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Рашт, Роғун, Тавилдара, Тоҷикобод, Файзобод, Ҷиргатол) ва вилояти Хатлон (Кӯлоб, Мӯъминобод, Нуробод, Ховалинг, Шӯробод) низ мавриди истифода қарор гирифтанд ва имрӯз бомуваффақият амал мекунанд. Шабакаи васеи чунин сохторҳо ва ҳамкориҳои наздики онҳо бо мақомоти маҳаллии қудрати давлатӣ ба беҳтар шудани вазъи ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва муносиботи байни СҒД ва сохторҳои давлатӣ низ ба таври пурсамар мусоидат кардааст.

Барномаҳои марбут ба инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз самтҳои дигари бомуваффақияти ин созмон аст, ки бо ҳамкории СҒД дар саросари кишвар дар амал татбиқ карда мешавад. Ин барномаҳо аз тарафи агентии давлатии кишвари Инглистон (DFID) маблағгузорӣ ва ҳайати кормандони Хазинаи Оғохон идора ва танзим мегардад. Ба таври умум, барномаи инкишофи ҷомеаи шаҳрвандии ин созмон ба рушду такомули касбӣ ва устувори СҒД дар Тоҷикистон ва таҳкими бештари арзишҳои демократӣ дар кишвар ба таври мусбат мусоидат кардааст. Таъсиси як теъдод порталҳои СҒД, ба шумули портали умумимиллии СҒД Тоҷикистон, чопи маводи марбут ба инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ, анҷом додани тадқиқотҳои назаррас дар бобати вазъи имрӯзи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нашри онҳо, гузаронидани нахустин Форуми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки Барномаи миллии инкишоф ва Одобномаи СҒД-ро қабул кардааст, ба нашр расонидани аввалин маълумотномаи СҒД Тоҷикистон, ба навор гирифтани филми мустанад оид ба фаъолият, дастовардҳо ва мушкилоти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон – чунинанд номгӯйи нопурраи корҳое, ки бо ҳидоят ва дастгирии ин барнома ва бо иштироки бевоситаи СҒД кишвар анҷом дода шудаанд.

Хазинаи Оғохон ахиран ба ибтикори тозае даст задааст. Таи чанд сол аст, ки бо кӯшиш ва ибтикори ин созмон чорабиниҳои мушаххас дар бобати таълим ва амалӣ сохтани усулҳои бархурди нав дар идора ва танзими кор дар қаринаи фаъолиятҳои шабакаи Оғохон оид ба инкишоф (AKDN) анҷом дода мешаванд. Ин усул бо номи танзими масъулияти корпоративии иҷтимоӣ (Corporate Social Responsibility) ёд мешавад, ки мақсад боз ҳам васеътар фаро гирифтани доираи масъалаҳои иҷтимоӣ дар раванди ташкил ва инкишофи истеҳсолот ва фаъолиятҳои муассисаҳои хусусӣ мебошад. Чунин бархурд иҷозат медиҳад, то арзишҳои аслии инсонӣ аз мадди назари бизнес дур намонанд ва хостаҳои иҷтимоии мардум ва ҳифозати муҳити солими зист то ҳадди имкон ба назар гирифта шаванд. Аз тарафи дигар, ин имконият медиҳад, то миқдоре аз даромадҳои ин муассисот барои дастгирии барномаҳои иҷ тимоӣ ва махсусан аз тариқи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла СҒД равона карда шавад. Бонки молии якум (Первый финансовый банк) ва муассисаҳои «Вавилон», «Индиго», ки аз шарикони ҳамкори Хазинаи Оғохон ҳастанд, аллакай ин усули навро дар танзими фаъолияти хеш, таҳияи барномаҳои хусусияти иҷтимоидошта ва дастгирии СҒД дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор додаанд.

Андеша ва мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар афкори иҷтимоии Мавлоно Румӣ

Мавзўи ташаккул ва такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давоми садсолаҳои зиёд мавриди таваҷҷуҳ ва омўзиши муттафаккирони Аврупо будааст. Донишмандони мо низ, аз қабили Абўнасри Форобӣ, Абўалии Сино, Низомии Ганҷавӣ, Хоҷа Насараддини Тўсӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон аз ин падидаи иҷтимоӣ бо номҳои «мадинаи фозила», «утопиё» /ормоншаҳр/, «шаҳри офтобӣ», «атлантиси ҷадид», «шаҳри зебоӣ», «мадинаи одила», «шаҳри некӣ», «фаромўшхона» ва ғайра ёд овардаанд. Ҳаким Фирдавсӣ аввалин бор тасвири шаҳри ормонҳоро бо номи Сиёвушгард ба риштаи назм кашид, ки онро метавон намунаи барҷастае дар раванди ташаккули андешаи иҷтимоии озодипарастии мардуми эронинажод номид. Осори гаронбаҳои Мавлоно Румӣ низ дар ҳамин замина намунаи хуби андеша ва афкори озодихоҳонаи мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки агар амиқтар назар афканем, бисёр андешаву афкори ҷолиберо созгор бо рукнҳои усулӣ ва арзишҳои аслии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он дармеёбем.

Мадинаи фозила ё ормоншаҳре, ки саромадони илму адаби Шарқ бунёдашро орзу намудаанд, ҷоест, ки дар он барои бошандагонаш беҳрўзӣ ва саодати комил таъмин буда, онҳо озоданд, ҳама бо ҳам баробаранд, тамоми корҳояшонро бо маслиҳату машварат ҳаллу фасл менамоянд ва ғ. Агар дуруст мулоҳиза шавад, метавон дид, ки дар он ҷомеаи камоли матлуб хусусиятҳои аслӣ ва зотии ҷомеаи шаҳрвандии муосир ба назар мерасад. Ва ин худ далели мўътамади он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ на шарқӣ асту на ғарбӣ, балки умумиинсонист. Дар ҳамин қарина, барои Мавлоно Румӣ низ «озодӣ ва эҳсосоти инсон, пеш аз ҳама озодии ботинии он,... муҳимтарин омили ҳаёт буд»:

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,

На аркони табииям, на аз афлоки гардонам.

Осори классикони адабиёти форсии тоҷикӣ саросар фарогири таърихи андешаи иҷтимоӣ ва озодипарастии мардуми мост. Муборизаи ҷовидонии байни некиву бадӣ дар анъанаи қиссанигории ниёгонамон, ки ҳазорсолаҳо вуҷуд доштааст, равшан ба назар мерасад. Достонҳои қаҳрамонии бахшида ба муборизаи зидди Заҳҳоки морон, корномаҳои шоён ва ибратбахши Гаршосп, Барзу, Исфандёр, Рустами Дастон, Сиёвуши ҷавонпаҳлавон ва ғайра намунаи барҷастаи қиссаҳои қаҳрамонист, ки дар худ рўҳи озодипарастӣ ва матонату шуҷоати ниёгонамонро таҷассум кардаанд. Ин қиссаҳои қаҳрамонӣ ва моломол аз андешаи озодпарастӣ ҳам дар осори замони паҳлавӣ («Бундахишн», «Денкард», «Меноги хирад» ва ғайра) ва баъд аз он, махсусан дар «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар осори адабиёти форсии тоҷикӣ ба шеваҳои гуногун тасвир ёфтаанд. Ин андеша ва мафҳумҳо дар санъати ҳунарӣ ва рассомии давраҳои қадим низ инъикос карда шуд. Масалан, дар харобаҳои Панҷакенти бостонӣ тасвири саҳнаи задухўрди Рустам бо девҳо, силсилаи наққошиҳое бахшида ба муборизаи шоҳони замон зидди қувваҳои аҳрШМАнӣ ва саҳнаҳои муборизаи Кова ва шоҳзода Фаридун зидди Заҳҳок дар Истаравшан дар кофтуковҳои бостоншиносон ба даст омадаанд. Дар санъати кулолгарии давраи сосониҳо ва сомониҳо низ ифодаи ин мафҳумҳо ба чашм мерасад. Мавҷудияти фалсафаи Авесто ва таълимоти Маздак, дар ҳамин замина тасвири муборизаи некӣ бар зидди бадӣ ва инъикоси васеи он дар осори адабӣ ва тасвириву наққошии гузашта гувоҳи равшани андеша ва ормонҳои озодихоҳӣ ва адолати иҷтимоии ниёгонамон дар гузаштаҳои дур будааст, ки бо гузашти солҳо аз шакли ибтидоӣ ва чандон номукаммали худ дар давраҳои баъд як шакли мукаммал ва мушаххаси ифодаи ормонҳо ва андешаи иҷтимоиро ба худ касб кардааст. Онро метавон ҳамчун замина ва унсурҳои ибтидоии ташаккул ва такомули андешаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таърихии афкори иҷтимоии мардуми тоҷик баррасӣ кард.

Агар Хоҷа Ҳофиз, масалан, ҳамеша дар ҷустуҷўи «инсони комил» буд, Мавлоно Румӣ мақом ва арзиши инсоният (инсони нек будан)-ро болотар ва муқаддамтар аз ҳама чизи дигар донистааст:

Ҳазорсола роҳ аст то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Албатта, мафҳум ва моҳияти иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маънӣ ва мақоми имрўзааш худ маҳсули гузаштаи начандон дур аст. Ин мафҳум аз ормон ба як воқеият аввал дар Амрико ва баъдтар дар кишварҳои аврупоӣ мубаддал гашт. Ин раванд баъд аз шикасти Иттиҳоди Шўравӣ ва аз байн рафтани низоми сиёсии кишварҳои сотсиолистӣ дар охири солҳои 80-уми садаи XX ривоҷи тозае ба худ касб кард. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ҳанўз дар оғози марҳалаи демократикунонии ҷомеа ва саргаҳи роҳи дурударози ташаккули давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Дар тўли солҳои истиқлолият мо тавонистем бо интихоби роҳи усулан нави пешрафти кишварамон, ки ба арзишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ такя мекунад, таҳкурсии асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Аз тарафи дигар, воқеиятҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии замони нав, тағйироти куллие, ки дар асари раванди умумиинсонии ҷаҳонгароӣ ба бор омадаанд, дар низоми сиёсии давлатҳо ба таври умум ва дар шеваи давлатдории онҳо аз он ҷумла бетаъсир намондааст. Мафҳуми давлатдории хуб мазмун ва моҳияти наверо ба худ касб кард. Зарурате ба миён омад, ки шеваи нави давлатдорӣ ҳатман ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ асос ёфта бошад, то тавонад хостаҳои мардумро бештар бароварда созад, иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳалли мушкилиҳои мавҷуда таъмин намояд, боварӣ ва эътимоди мардумро ба давлат ва сохторҳои мухталифи давлатӣ афзояд. Чунин ҳамкории иҷтимоӣ ва чунин тарзи солими давлатдорӣ бидуни иштироки бевоситаи сохторҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон гардид. Маҳз бо иштироки васеи онҳо метавон муҳимтарин усулҳои демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории хубро дар амал татбиқ кард, сулҳу суботи саросарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва, ба ҳамин васила, рушду инкишофи устувори ҷомеаро таъмин намуд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Ҷомеа ҳамеша дар инкишоф аст, аммо на ҳамеша дуруст ва натиҷабахш. Яке аз сабабҳои чунин ҳолати номатлуб, аз назари муҳаққиқон, нодуруст муайян сохтани афзалиятҳо ва самтҳои аввалиндараҷаи инкишоф аст. Аз тарафи дигар, бидуни таъмини иштироки фаъол ва алоқамандонаи тўдаҳои васеи мардум аз тариқи сохторҳои мухталифи маҳаллӣ ҳалли муваффақонаи ин масъала ғайриимкон хоҳад буд. Аз ин рў, машварат ва машваратҳои ҷамъиятӣ, масалан, ҳамчун яке аз роҳҳои ба ҳам овардани ҷомеа ва давлату муассисаҳои марбута пешниҳод мешавад . Тибқи ин бархўрд бояд мардум дар сатҳҳои мухталиф – аз маҳаллӣ то миллӣ – бояд ҳар сари чанд вақт барои машварату маслиҳат (машваратҳои миллӣ) ҷамъ оянд, то фазои зисти худро арзёбӣ кунанд, оид ба тарафҳои мусбату манфии он табодули назар намоянд, самтҳои афзалиятноки фаъолиятро барои беҳбуди ҳолати мавҷуда муайян созанд, нақшаи корро таҳия ва онро дастаҷамъона

дар амал татбиқ намоянд. Ин бошад, дар навбати худ, стратегия ва барномаи мушаххаси амали ҳукуматҳо ва иродаи хастанопазири шаҳрвандонро дар бобати иштироки фаъолонаашон тақозо менамояд. Ба қавли Мавлавии бузург,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Чунин ба назар мерасад, ки андешаи шаҳри ормонӣ, саодати ҳамешагии инсонҳои баробарҳуқуқ ва эҷоди як ҷомеаи адолатпарвар барои гузаштагони мо бегона набудааст. Ба қавли шоири паштузабони афғон Хушҳолхони Хатак, «Як соли давлатдории одилона баробар аст ба чил соли ибодат». Барои расидан ба ин мақсад халқи мо як роҳи «бузург ва тўлонӣ»-и ташаккули андешаи иҷтимоӣ ва раванди инкишофи онро тай кардааст. Фарҳанги исломӣ ба ташаккул ва инкишофи он такони бештар бахшид. Дар қаринаи Ислом ва фарҳанги исломӣ мафҳуми инсон ва инсоният, адолати иҷтимоӣ ва андешаи озодипарастӣ моҳият ва арзиши бештареро ба худ касб кард, ки дар осори бебаҳои Мавлоно Румӣ низ ба таври равшан инъикоси худро ёфтааст.

АНДЕША ВА МАФҲУМИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР АФКОРИ ИҶТИМОИИ МАВЛОНО РУМӢ

Мақолаи мазкур ба мавзўи ҷанбаҳои пайдоиш ва рушди ғоя ва мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи андеша ва тафаккури иҷтимоии мардуми тоҷик бахшида шудааст. Албатта, мафҳум ва моҳияти иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маънӣ ва мақоми имрўзааш худ маҳсули гузаштаи начандон дур аст. Ин мафҳум аз ормон ба як воқеият аввал дар Амрико ва баъдтар дар кишварҳои аврупоӣ мубаддал гашт. Муаллиф ба ин фикр аст, ки андеша ва мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, саодати ҳамешагии инсонҳои баробарҳуқуқ ва эҷоди як ҷомеаи адолатпарвар барои гузаштагони мо бегона набудааст. Барои расидан ба ин мақсад халқи мо як роҳи «бузург ва тўлонӣ»- и ташаккули андешаи иҷтимоӣ ва раванди инкишофи онро тай кардааст. Фарҳанги исломӣ ба ташаккул ва инкишофи он такони бештар бахшид. Дар қаринаи ислом ва фарҳанги исломӣ мафҳуми инсон ва инсоният, адолати иҷтимоӣ ва андешаи озодипарастӣ моҳият ва арзиши бештареро ба худ касб кард, ки дар осори бебаҳои Мавлоно Румӣ низ ба таври равшан инъикоси худро ёфтааст.

пешина
аз 12
навбатӣ