ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.
Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа
Ба ибораи дигар, нерӯи нарм имкон ва ё воситаест барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ дар арсаи байналмилалӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, бовар кунондан ва ҷалби таваҷҷуҳи дигар субъектҳо ба мақсад ва аҳдофи хеш. Дар асл “нерӯи нарм” ин як намуди махсуси фаъолияти сиёсати хориҷист, ки барои паҳн кардани нуфуз ва сиёсати як давлат дар қаламрави дигар давлатҳо ва субъектҳои байналмилалӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, фарҳанги оммавӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, барномаҳои мухталифи таълимӣ, созгор намудани муҳити мусоиди иқтисодӣ, паҳн кардани идеалҳои ҷолиби башардӯстона ва сиёсию иделогии барои кишварҳои дигар ҷолиб ва намунаи ибрат мусоидат менамояд. Имрӯз воқеан ҳам «нерӯи нарм» ба яке аз муҳимтарин ва пуртаъсиртарин воситаи таъсиррасонӣ дар ҷаҳони муосир табдил ёфта, як атрибути асосӣ дар сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии кишварҳои абарқудратро ба худ касб намудааст.
Сарфи назар аз он, ки идеяи истифодаи «нерӯи нарм» барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсати хориҷии кишварҳо ва кӯшиши таъсир расонидан ба ҳамсоягон бо роҳҳои осоишта нав нест ва аз тарафи давлатҳо ба шаклҳои гуногун ҳанӯз дар замони қадим мавриди истифода қарор мегирифт, вале тарҳи консептуалии ин мафҳум нисбатан ба наздикӣ шакл гирифтааст. Соли 1990 ин мафҳумро бори нахуст олими амрикоӣ Ҷозеф Най дар асари худ «Даъват ба роҳбарӣ. Табиати тағирёбандаи қудрати Амрико" ба гардиши илмӣ ворид сохт. Дар соли 2004 худи ҳамин муаллиф дар рисолаи дигараш таҳти унвони “Нерӯи нарм: Воситаҳои муваффақият дар сиёсати ҷаҳонӣ” омӯзиши пурра ва муфассали мафҳуми мазкурро пешниҳод кард. Аз назари Ной, асоси “нерӯи нарм”-ро се унсури муҳими зерин ташкил медиҳад: 1) фарҳанг, ки метавонад ба таври шоиста таваҷҷуҳи оммаи васеи мардумро ба худ ҷалб намояд, 2) арзишҳои ҷолиби сиёсӣ (дар дохил ва берун аз кишвар) ва 3) сиёсати расмии хориҷӣ (фаъолияти ин ё он давлат бояд дар байни дигар давлатҳо сазовори эътибор ва арзиши ахлоқӣ дошта бошад)
Чуноне ки ишора рафт, барои татбиқи пурсамари “нерӯи нарм” аз восита ва шеваҳои мухталиф истифода мегардад. Дипломатияи ҷамъиятӣ дар ҳамин замина самараноктарин ва маъмултарин роҳи татбиқи “нерӯи нарм”-и давлатҳо ба шумор рафта, лоиҳаҳои фарҳангӣ, маориф, варзишӣ, ВАО, илмӣ ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад. Мақсади чунин лоиҳаву чорабиниҳо аз тариқи дипломатияи ҷамъиятӣ/мардумӣ дар ҳамкорӣ бо элита ва ҷомеаи кишварҳои дигар муаррифӣ сохтани симои ҷолиб ва қобили қабули кишвари худ мебошад. Ба ибораи дигар, дипломатияи ҷамъиятӣ маҷмӯи тадбирҳоест, ки ба омӯхтан, маълумот додан ва ташаккул додани афкори мусбати ҷамъиятии хориҷӣ нисбат ба як давлати муайян нигаронида шудааст. Иштироккунандагон ва фаъолони дипломатияи ҷамъиятӣ на танҳо ҳукуматҳо ва мақомоти давлатӣ, балки ташкилоту ниҳодҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори омма, сохторҳои тиҷоратӣ, гурӯҳҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида ҳамчун иштирокчиёни гуфтугӯ ва муколимаи фарҳангии байни тамаддунҳо буда метавонанд. Ногуфта намонад, ки махсусан солҳои ахир аз ин воситаи пурсамари идеологӣ кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз қабили ШМА, Иттиҳоди Аврупо, Япония дар муносибатҳои байналмилалии хеш дар арсаи ҷаҳонӣ ва сатҳи минтақа хуб ва пурасамар истифода мекунанд. Кишварҳое чун Чин, Ҳиндустон, Бразилия ва ғайра низ бештару беҳтар аз ин воситаи пурсамар баҳра мебаранд. Масалан, кишвари Чин таи солҳои ахир дар асари дастовардҳои бузурги технологиву коммуникатсиониаш, аз як тараф, ва фаъолона пайвастанаш ба равандҳо ва созмонҳои ҳамгироии байналмилаливу минтақавӣ, аз дигар тараф, дар истифодаи дуруст ва пурсамари “нерӯи нарм”,
аз ҷумла дипломатияи ҷамъиятӣ ба натиҷаҳои чашмрас муяссар гаштааст. Чунин тарзи бархӯрд ба роҳбарияти сиёсии ин кишвар иҷозат додааст,ки сиёсати хориҷии худро бештар ва муваффақонатар амалӣ созад ва нуфуз ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб боло бубарад. Аз тарафи дигар, тибқи маълумоти коршиносон, чунин сиёсат ба ҳаллу фасли муваффақона ва баланд бурдани сатҳи бовари мардум дар дохили кишвари Чин низ мусоидат кардааст. Дар Тоҷикистон, аз назари мо, то ҳанӯз аз ин механизми муосири пурсамар дар амалӣ сохтани сиёсати хориҷӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани нуфуз ва эътибори худ камтар истифода мебаранд, аниқтараш, таҳияву ташаккул ва корбурди идея ва амалияи дурусти он ба як низоми муайян дароварда нашудааст.
Дар ҳамин замина истифодаи васеъ ва самаранок аз “нерӯи нарм” ба НАТО низ иҷозат додааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеъ ва мақоми қобили мулоҳизаро ба даст оварад. Ба ибораи дигар, ба НАТО лозим омад, ки барои шарҳу тафсири мантиқии фаъолият ва амалиёташ, сиёсат ва стратегияи амали худ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон аз дипломатияи ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи “нерӯи нарм” ба таври васеъ истифода намояд. Ба таври равшан ва мушаххас натиҷагирӣ кардан аз фаъолиятҳои НАТО дар ин бобат аслан ғайриимкон аст, чун пурсишҳои ғайрирасмии мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бобати муносибати онҳо ба НАТО асосан манфӣ ва адами некбинона будани ин муносибатҳост. Махсусан баъд аз ҳодисаҳои Украина ва куллан ранги манфӣ гирифтани муносибати Россия бо НАТО мавқеъ ва мақоми ин паймон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳснок ва нигаронкунанда боқӣ хоҳад монд. Вале, аз назари коршиносон, маҳз истифодаи босамар ва дуруст аз дипломатияи ҷамъиятӣ ва анвои мухталифи “нерӯи нарм” ба НАТО имконият хоҳад дод, ки дурнамои фаъолияташро дар ин минтақа дуруст тарҳрезӣ намояд ва барои инуишофи чунин фаъолиятҳо умедвор бошад.
Ҳадафи ҳамкориҳо аз тариқи дипломатияи ҷамъиятӣ бо шарикон дар Осиёи Марказӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Паймон ва манфиатҳои шарикӣ бо НАТО, инчунин ҷалби роҳбарон ва ходимони барҷастаи сиёсию ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии минтақа ба андешаву афкор ва идеологияи ин созмон мубошад. Чунин фаъолиятҳо аз рӯзҳои аввали ҳузури НАТО дар Осиёи Маразӣ то ба имрӯз дар саросари минтақа дар шаклҳои мухталиф, мсасалан, аз тариқи эҷоди шабакаҳои муттассил бо донишгоҳҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ВАО идома дорад. Созмонҳо ва сохторҳои маҳаллӣ ё созмону ниҳодҳои ғайридавлатӣ, ки аз ҷониби НАТО дастгирӣ мешаванд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар қисматҳои мухталифи кишвар чорабиниҳои гуногун, аз қабили семинарҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳо ташкил мекунанд ва пеш мебаранд.
Соли 2007 дар Алмаато (Қазоқистон) Маркази захиравӣ ва иттилоотии НАТО таъсис дода шуд, ки то имрӯз фаъолият мекунад, то дастрасиро ба нашрияҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ беҳтар созад. Паймон ҳамчунин шабакаи китобхонаҳои депозитарӣ ва гӯшаҳои чандрасонаии НАТО-ро дар минтақа, аз ҷумла дар Донишгоҳи Иқтисоди Ҷаҳонӣ ва Дипломатияи Тошканди Ӯзбекистон (дар аввали соли 2014) ба роҳ мондааст. Аз тарафи дигар, тадқиқотчиён, ходимони давлатию ҷамъиятии кишварҳои минтақа ба таври мунтазам ба қароргоҳи НАТО даъват карда мешаванд, то бо фаъолияти ин созмон аз наздик шинос шаванд. Намояндагони НАТО низ ба минтақаи Осиёи Марказӣ сафар карда, бо намояндагони давлатҳои дахлдор мулоқот ва дар чорабиниҳои оммавӣ суханронӣ мекунанд. Метавон гуфт, ки масъулини робита бо ҷомеаи НАТО дар Осиёи Марказӣ аз тариқи истифодаи васеи имконоти дипломатияи ҷамъиятӣ, бахусус тавассути ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО ва ширкат дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ нақши фаъол мебозад.
Воқеияти замони муосир ин аст, ки дипломатияи ҷамъиятӣ имрӯз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ низ ба таври васеъ корбаст мешавад. Сиёсати НАТО дар Осиёи Марказӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Омӯзиши масъала аз он шаҳодат медиҳад, ки НАТО воқеан ҳам дар шаклҳои мухталиф дар бобати истифода аз дипломатия ҷамъиятӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овардааст, махсусан дар соҳаи таълиму тарбия (масалан, барномаҳои марбут ба бозомӯзии кадрҳои низомӣ), баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили дараҷаи донишҳои коршиносони бахшҳои алоҳида, корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва ғайра. Дар бобати дараҷаи фаъол будан ва муваффақияти НАТО оид ба истифодаи дипломатияи ҷамъиятӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ метавон гуфт, ки дараҷаи чунин фаъолиятҳо дар Қазоқистон баландтарин ва дар Туркманистон поёнтарин мебошад. Ба таври мушаххас ва равшантар ошкор сохтани дараҷаи чунин фаъолиятҳо ҳанӯз ҳам андаке мушкил аст, агарчанде, масалан, пурсишҳои ғайрирасмии аҳолии кишварҳои минтақа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муносибати онҳо нисбат ба НАТО ва сиёсати он дар минтақа хушбинона (мусбат) нест. Ин ҳолат НАТО ва мақомоти марбутаи онро водор месозад, ки чунин воқеият ва мушкилотро таҳаммул намоянд ва, аз тарафи дигар, роҳҳои муассир сохтани чунин фаъолиятҳоро таҷдиди назар кунанд. Он нукта низ муҳим аст, ки ҳодисаҳои солҳои ахир, махсусан ҳолати имрӯзаи муносибатҳои байналмилалӣ дар асари муноқиша ва низоъҳои байни Россия ва Украина ба фаълият ва мақоми НАТО дар Осёи Марказӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва дар чунин шароит ба НАТО лозим меояд, ки аз дипломатияи ҷамъиятӣ бо диди нав ва шаклҳои тозаи корбурд истифода намояд ва ҳузуру тақдири ояндаи худро дар ин минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ муҳим таъмин намояд.
Хулоса, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз субъектҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ мубаддал гашт. Мавқеъ ва мақоми Тоҷикистон махсусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бештари геостратегӣ ва геополитикиро ба худ касб намуд. Яке аз дастовардҳои арзишманди роҳбарияти сиёсии кишвар муваффақона амалӣ намудани сиёсати “Дарҳои боз” аст, ки дар асари он Тоҷикистон тавонист худро дар арсаи байналмилалӣ беҳтар муаррифӣ намояд ва доираи шарикони ҳамкорашро ба маротиб афзоиш диҳад. Дар ҳамин қарина сиёсати гуногунҷабҳаи Тоҷикистон, ки ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши доираи шарикони ҳамкор асос ёфтааст, кӯшишҳои роҳбарияти сиёсии кишварро дар бобати бунёди ҷомеаи озод ва ҳуқуқбунёд, аз як тараф, ва таъмини мизони сиёсӣ дар муносибатҳояш бо акторони асосии минтақа, аз тарафи дигар, тақвият мебахшад. Густариши ҳамкориҳои минбаъда бо НАТО дар доираи барномаҳои мухталифи он, махсусан барномаи “Ҳамкорӣ барои сулҳ” низ ба ин раванди созанда мусоидат хоҳад намуд.
Таваҷҷуҳ ба “нерӯи нарм” ва имконоти васеи он дар раванди давлатдории миллии Тоҷикистон ва бештару беҳтар муаррифӣ сохтани сиёсат ва диди стратегии кишвар тақозои замон аст. Аслан бояд тазаккур дод, ки мазмун ва муҳтавои консепсияи “нерӯи нарм” ва дипломатияи ҷамъиятӣ/мардумӣ созгор ва ҷавобгӯ ба сиёсати сулҳхоҳонаи роҳбарияти сиёсии кишвар дар замони Истиқлолияти давлатист, ки ба ормон ва афкори иҷтимоии таърихии халқи тоҷик асос ёфтааст. Намунаи равшан ва бузурги он, аз ҷумла, гуфтаҳои зерини Мавлоно Ҷалолиддини Румист, ки фармудааст:
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Чунин бархӯрд ва махсусан истифодаи бештар ва пурсамар аз дипломатияи ҷамъиятӣ ба кишвари мо, ки дорои анъанаҳои бои таърихии илмиву фарҳангист, низ иҷозат медиҳад, то дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир мақоми шоистаро сазовор гардад ва сафи дӯстон ва шарикони ҳамкорро барои таъмини ояндаи шукуфон ва сулҳу амнияти саросарӣ афзун намояд.
Идоракунии пурсамар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
Имрўз дар тамоми гўшаву канори дунё ҳаракат ба сўи таҳкими бештари низомҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккул, такомул ва вусъати ҳамаҷонибаи он аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти низомҳои сиёсии миллӣ ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҳам раванди демократисозии ҷомеа ва давлатдории миллии нав босуръат ҷараён дорад.
Яке аз императивҳои замони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ ин аст, ки инкишоф бояд ба идоракунии пурсамар асос ёфта бошад. Дар санадҳои Барномаи рушди СММ, ки бори нахуст истилоҳ ва назариёти Good Governance истифода ва баён гардида буд, тавре ки аз муҳтавои ин санадҳо бармеояд, идоракунии пурсамар маънои онро дошт, ки идоракунӣ дар асоси усули таҷзияи ҳукумат, мардумсолорӣ, интихобӣ ва ивазшаванда будани шахсиятҳои мансабдор дар сатҳи олӣ, ҳисобдиҳанда будани ниҳодҳои ҳукумати иҷроия, волоияти қонун, бисёрандешии сиёсӣ, фарогир будан (инклюзивӣ), шаффофият, партисипативӣ, воситаҳои ахбори оммаи озод амалӣ мегардад ва хусусияти демократӣ дорад. Нуктаи муҳимми дигаре, ки дар санадҳои СММ таъкид шудааст, он аст, ки идоракунӣ ҳамзамон бо демократӣ буданаш ҳатман бояд босамар ҳам бошад. Дар ин ҷо босамар будан ба маънои ноил гардидан ба ҳадаф дар вақти муқарраршуда ва бо сарфи ками захираҳои ҷамъиятӣ аст. Барои ин лозим аст, ки аз тамоми роҳҳо ва захираҳои имконпазир истифода шаванд.
Аммо давлат дигар наметавонад ба танҳоӣ чунин идоракуниро анҷом диҳад, чун мафҳум ва амалияи такя ба заминаҳои васеи иҷтимоии ҷомеа ва дастгирии шаҳрвандон аҳамияти махсус касб кардааст. Азбаски равандҳои солҳои охир дар қаринаи ҷаҳонишавии умумӣ шарту шароити низоми давлат ва давлатдориро ба таври қобили мулоҳиза тағйир додааст, давлатҳо дар умури идораи хеш дигар наметавонанд ба шеваи пешин ва бидуни кумак ва дастгирии сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолият кунанд: ин кумакро дар идораи давлат ва мудирияти пурсамар метавонанд созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) анҷом диҳанд. Шароити нав тақозо мекунад, то давлат ва идоракунии пурсамари давлат бо иштироки фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад. Масалан, дар Чехия масъалаи назорат ва мониторинги дараҷаи ришватхўрӣ, фасод ва коррупсияи сохторҳои давлатӣ аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ анҷом дода мешавад ва маблағи хароҷоти онро худи давлат мепардозад. Чунин намунаи хуби ҳамкорӣ ва боварии давлат нисбат ба созмонҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳам ба назар мерасад. Дар назди Вазорати адлияи ин кишвар Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба муборизаи зидди фасод ва коррупсия амал мекунад, ки дар фаъолияти он созмонҳои ғайридавлатӣ ба таври фаъол ширкат меварзанд. Ба қавли Марат Карпов, вазири собиқи адлияи ин кишвар, созмонҳои ғайридавлатӣ амали назорат ва арзёбии сохторҳои давлатиро дар бобати ришват ва коррупсия хеле хуб ва беҳтар аз дигарон анҷом медиҳанд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба ҳайси ҳамкорони интеллектуалии давлат ва сохторҳои давлатӣ эътироф шудаанд. Ба ҳамин сабаб ҳам мухолифат ва зиддият миёни давлат ва ниҳодҳои ҷомеа шаҳрвандӣ хеле ночиз аст, чун ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ ба гунаи захираи тиллоӣ ва сарчашмаи боэтимоди кадрҳои миллӣ барои давлат ва сохторҳои давлатӣ матраҳ ва арзёбӣ мегардад.
Давлат ба инкишофи СҒД в СҒД ба устувор будани давлат ҳавасманданд. Яъне, дар муносибатҳои ҳамдигарии давлат ва СҒД «девори Чин» вуҷуд надорад, онҳо ҳамеша ҳамдигарро пурра мекунанд, тақвият медиҳанд ва аз имконоти ҳамдигар истифода мебаранд. Масалан, собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико Мадлен Олбрайт (Madeleine Albright) имрўз роҳбарии яке аз СҒД бонуфузи ШМА - National Democratic Institute-ро ба уҳда дорад. Хонум Кандализа Райс (Condoleezza Rice) пеш аз соҳиб шудан ба мақоми роҳбари Департаменти давлатӣ дар яке аз марказҳои таҳлилӣ кор мекард. Собиқ вазири мудофиаи ин кишвар (Donald Rumsfeld, UN Secretary of Defense, 2001-2006) пештар ба ҳайси муовини президенти яке аз ширкатҳои хусусӣ ва вазири дигари мудофиаи Амрико (Robert M. Gates, US Secretary of Defense, 2006-2008) ба ҳайси раиси Донишгоҳи Техас кору фаъролият кардаанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкориҳои байни давлату СҒД ҳамеша ба манфиати ҷомеа ва тамоми шаҳрвандони кишвар аст.
Идоракунии пурсамар, ки бояд ҳатман натиҷабахш ва демократӣ бошад, танҳо дар сурати мавҷуд будани ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифта метавонад. Зеро мавҷудияти воқеии он амалӣ гаштани умдатарин усулҳои демократияро, аз қабили шаффофият (прозрачность), ҳисобдеҳ будан (подотчетность) ва масъулияти иҷтимоӣ (социальная ответственность) кафолат медиҳад. Ин, дар навбати худ, ба боло рафтани сатҳи бовари мардум ба давлат ва сохторҳои давлатӣ, аз як тараф, ва таҳкими бештари раванди бунёди давлатдории миллӣ, аз тарафи дигар, мусоидат менамояд. Пас, давлат бояд алоқаманди ташаккул ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он бошад.
Имрўз Тоҷикистон дар инкишофи худ ба марҳилае ворид шудааст, ки рушду такомули минбаъдаи кишвар аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи иштироки шаҳрвандон дар раванди эҷод ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз як тараф, ва андозаи саҳми онҳо дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи навбунёди тоҷикон, аз дигар тараф, ва, ниҳоят, фаъолияти озоди сохторҳои ҷамъиятӣ вобастагии комил дорад. Дар ҳамин замина муҳаққиқон дуруст қайд кардаанд, ки, масалан, нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар иттиҳод ва ба ҳам овардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккул ва сари вақт ба мақомоти қудрати давлатӣ расонидани хостаҳо ва талабҳои мардум, танзими гуфтугўҳои солим ва созанда бо давлат ба хотири дифоъ аз ин манфиатҳо махсус аст.
Идоракунии пурсамар, албатта, ба шоҳсутунҳои асосии давлатдории солим, аз ҷумла мавҷуд будани иродаи неки сиёcӣ, стратегияи мушаххаси инкишоф ва сиёсати дурусти кадрҳо асос меёбад. Мавҷудияти ин рукнҳои муҳим ба раванди бунёд ва инкишофи давлатдори миллӣ мусоидат менамояд. Аммо гарав ва кафолати инкишофи устувор ва суботи давлат маҳз дараҷаи фаъолнокӣ ва сифати ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҷомеаи шаҳрвандии баркамол гарави пешгирӣ аз ҳамагуна низоъҳои номатлуб ҳам мебошад. Сиҳатӣ ва камолоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дараҷаи фарҳанги умумии шаҳрвандон, маърифати ҳуқуқӣ ва муносибатҳои иқтисодии пешрафта вобаста аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлати пуриқтидор ва пешрафта бештар фоида мебинад, нисбат ба давлати заиф. Аммо қудрат ва иқтидори давлат ва давлатдории солим на ба маънои диктатура ва худхоҳист, балки ба маънои асос ёфтани он ба усулҳои аслии мардумсолорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, волоияти қонун ва риояи ҳуқуқҳо ва арзишҳои аслии инсонист. Бояд чунин давлат, аз тарафи дигар, ба рукнҳои миллии давлатдорӣ ва аризишҳои умумиинсонӣ (меъёрҳои байналмилалӣ) такя намояд.
Чунин мақсаду маром ва масъулиятро дар ҳар як ҷомеа дар баробари давлат ва сохторҳои давлатӣ ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бар дўш доранд. Сухан, пеш аз ҳама, дар хусуси ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун намунаи хуби институтҳои муҳташами ҷомеаи шаҳрвандӣ меравад.
Воқеан, мавҷуд будани низоми пешрафтаи бисёрҳизбӣ аз аломатҳои муҳими дараҷаи инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ гаштани усулҳои аслии демократия маҳсуб мегардад. Чунин низом дар Тоҷикистон ҳанўз дар марҳилаи ташаккул аст, ҳарчанд имрўз аксари ҳизбҳои сиёсии расман номнависшуда дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар намояндагони худро доранд. Аслан низоми бисёрҳизбӣ имконият медиҳад, то ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон ва ифодаи манфиатҳои иҷтимоии онҳо ба таври васеътар ва мукаммалтар фаро гирифта шаванд. Аз тарафи дигар, мавҷуд будани ҳизбҳои сиёсӣ ва амалияи низоми бисёрҳизбӣ гувоҳи дараҷаҳои баландтари инкишофи солими низоми сиёсии кишвар ҳисоб мешавад. Бисёр муҳим аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ чеҳраи равшани сиёсӣ ва мавқеи муайяни иҷтимоӣ дошта бошанд, ки ба мавҷуд будани барномаҳои мушаххаси ҳизбӣ, идеологияи ифодакунандаи манфиатҳои усмумимиллӣ, сохторҳои всеи инкишофёфта ва қобили кор асос меёбад. Ба ибораи дигар, фаъолияти пурсамари низоми бисёрҳизбӣ ҳамчун нишони боризи камолоти ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам давлат мавҷудият ва ҳамкориҳои гурўҳҳои иҷтимоии муташаккил ва ё ташаккулёбандаро тақозо мекунад, ки ифодакунандаи манфиатҳои айнӣ ва огоҳонаи иҷтимоӣ буда, амалӣ сохтани ин манфиатҳо аз роҳи таъсир ба сохторҳои марбутаи низоми сиёсии кишвар ва бо иштироки бевоситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сурт мегирад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар ин замина таҷрибаи чандон кофӣ надорад. Ин падида дар ҳаёти сиёсии кишвар дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардида, ҳанўз дар зинаҳои аввали инкишофи худ қарор дорад. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар камолоти касбии худ қадамҳои нахустинро мегузоранд. Албатта, дараҷаи инкишоф ва дастовардҳои онҳо якхел нест. Баъзе аз онҳо ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои сиёсию иҷтимоии гурўҳҳои муайян аллакай дар миёни мардум маъруфият пайдо кардаанд, аммо қисмати бештари онҳо ҳанўз ҳам хусусияти умумимиллӣ касб накардаанд, чун аз доираи маҳдуди дохилиҳизбии худ берун наомадаанд. Ба таври умум метавон гуфт, ки низоми бисёрҳизбии Тоҷикистон ҳанўз муташаккил нест, раванди ташаккули касбии ҳизбҳои сиёсии кишвар давом дорад, камолоти сиёсии онҳо дар маҷмўъ такони ҷиддӣ мехоҳад.
Созмонҳои ғайридавлатӣ низ қисмати муҳимми сохторҳои мавҷудаи ҷомеаи шаҳрвандии имрўзи Тоҷикистонро ташкил дода, дар раванди бозсозии кишвар саҳми босазо доранд. СҒД ҳам миқдоран ва ҳам аз нигоҳи сифат рўз то рўз такмил меёбанд. Аввалин СҒД дар Тоҷикистон дар шаклҳои гуногун дар замони бозсозӣ (охири солҳои 80-уми садаи ХХ) арзи вуҷуд намуданд. Солҳои 90-ум давраи ташаккул ва инкишофи СҒД ба шумор мераванд. Аммо давраи инкишоф ва такомули касбии СҒД дар Тоҷикистон аз оғози солҳои 2000-ум сурат гирифтааст. Агар дар ибтидои фаъолияти худ СҒД фaқат машғули фароҳам сохтани кўмакҳои башардўстона бошанд, пас, дар давраи баъдии инкишофи худ бештар ба масъалаҳои марбут ба инкишоф ва такомули ҷомеа ва шаҳрвандони он таваҷҷўҳ кардаанд. Таҳия ва пешбурди барномаҳои маърифатӣ моҳияти асосии фаъолияти СҒД -ро ташкил медиҳад.
Ҳамкориҳои густурдаи иҷтимоӣ бо давлат ва бахши хусусӣ қисмати такибии фаъолиятҳои созандаи СҒД ба шумор мераванд. Дар ҳамин замина имрўз СҒД Тоҷикистон ба фактори муҳимми иқтисодӣ низ мубаддал гашта, аз тариқи эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва бозомўзии соҳибкорон дар раванди инкишофи иқтисодии кишвар, амалӣ сохтани барномаҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан поён овардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар нақши арзанда ва шоистаи таҳсин доранд.
СҒД воқеан ҳам паёмбарони бозсозиҳои боровари кишваранд. Имрўз дар асл соҳае нест, ки намояндагони СҒД дар ҳаллу фасли мушкилоти он ширкат намеварзида бошанд. Ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ махсусан дар бозомўз ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас аст. Аввалин марказҳои бозомўзи замонавӣ, кор бо занону кўдакон, маъюбону барҷомондагон, таъсиси аввалин корхонаҳои хурди тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам сохтани аввалин кўмакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кўтоҳмуддат бо истифода аз васоити пешқадами рўз барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави кор барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо, мусоидат ба истифодаи комил аз шаклҳои алтернативии нерўи барқ ва беҳдошти муҳити зист дар кишвар ва саросари минтақа – чунинанд номгўйи нопурраи фаъолиятҳое, ки ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар давоми 30 соли охир ба он сару кор доранд.
Масъалаи ҳамкориҳои иҷтимоии СҒД бо дигар сохторҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар ин замина ҳамкориҳо бо сохторҳои давлатӣ мақоми аввалиндараҷа дорад, чун ин ҳамкориҳо дар ниҳояти кор ба идораи хуби давлат ва давлатдорӣ, аз як тараф, ва амалӣ гаштани унсурҳои аслии демократия, иштироки васеи шаҳрвандон дар идораи давлат ва назорати ҷамъиятӣ, аз тарафи дигар, мусоидат мекунад. Кору фаъолияти, масалан, «Маркази тайёркунии кормандони мунитсипалӣ» таҳти роҳбарии Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илми иқтисод профессор Назаров А.А. намунаи хуби чунин ҳамкориҳост. Ин марказ солиёни дароз ба масъалаҳои баланд бардоштани савияи коркунони мунитсипалӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос ва соҳибкорон, инчунин паҳн намудани донишҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ; густариш ва боло бурдани доира ва сатҳи маълумоти профессорону муаллимон, коркунони мунитсипалӣ, ходимони илм ва соҳибкорони хурд дар инкишоф ва таҳкими минбаъдаи низоми мунитсипалӣ дар кишвар муваффақона сару кор дорад.
Равшанфикрони кишвар, махсусан кормандони соҳаи илму фарҳанг, низ аз ҷумлаи ниҳодҳои арзишманди чунин як ҷомеаи пешрафта ба шумор мераванд. Равшанфикрон ҳамчун қисмати муҳимми ҷомеаи шаҳрвандии пешрафта ва солим бояд афзалиятҳоро дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи осоишу некўаҳволии мардум дуруст ва сари вақт муайян намоянд. Аз тарафи дигар, онҳо бояд дар якҷоягӣ бо ҳизбҳои солиму созанда ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккул ва инкишофи «сармояи иҷтимоӣ» - шаҳрвандони огоҳу озод ва фаъолу масъулиятнок, ки асоси ҳамагуна рушд ва суботи ҷомеа маҳсуб мешаванд, саҳмгузор бошанд. Ин рисолати таърихӣ ва масъулияти иҷтимоии онҳост. Равшанфикрон ҳамчунон метавонанд ба эҳёи анъанаҳои неки миллии халқамон дар мавриди гиромӣ доштани мақоми дониш ва донишманд, тарбияи солими шаҳрвандон ва алалхусус ҷавонон дар рўҳи садоқат ва гиромидошти арзишҳои аслии инсонӣ, ташаккул ва густариши гуфтугў ва муколШМАҳои мустақим ва бардавом миёни давлат, бахши хусусӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мусоидат намоянд, ки дар ниҳояти кор ба баланд бурдани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ, ҳисси масъулият ва алоқамандии аҳолии кишвар, аз як тараф, ва таҳкими бештари раванди бунёди давлатдории миллии мо ва шукуфоии минбаъдаи миллат, аз тарафи дигар, оварда мерасонад.
Хулоса, идоракунии пурсамар ва раванди давлатдории солим бе иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконнопазир аст. Маҳз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд барномаву лоиҳаҳои тақдирсози роҳбарияти кишварро беҳтар амалӣ созанд, иштироки тўдаҳои васеи мардумро дар равандҳои таҳия ва қабули чунин барномаҳо таъмин намоянд, сатҳи бовари шаҳрвандонро ба давлат ва Ҳукумат боло бардоранд, назорати ҷамъиятӣ ва мониторинги мутадовими иҷрои босамари нақшаҳои иҷтимоан муҳимми давлатиро ба роҳ монанд, гуфтугў ва муколамаи бардавомро пеш баранд, сатҳи касод ва фасоди ҷомеаро поён оваранд, низоъҳои номатлубро дар ҷомеа пешгирӣ ва дар асари таъмини суботу ризоияти умумимиллӣ ба рушду такомули устувор ва шукуфоии бештари миллат мусоидат намоянд. Чунин бархўрд ва шеваи кор, аз тарафи дигар, ба раванди бунёди давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ дода, пояҳои давлат ва давлатдориро мустаҳкамтар ва устувортар месозад, якпорчагӣ ва эътимоди боровари байни давлат ва ҷомеаро таъмин менамояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё