ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.
Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа
ТАВВАЛЛУДИ ҶАҲОНИ НАВ
Вазъи сиёсии ҷаҳони муосир дар маҷмӯъ ва ҳодисаҳои атрофи Украина аз ҷумла, сокинони саросари курраи Заминро нигарон сохтааст. Воқеан, чаро чунин ҳолати ногувор ва ташвишовар ба миён омадааст? Ба таври фушурда ва ё ба қавле “бо як-ду ҳарф” намешавад ба ин масъала равшанӣ андохт. Баррасии масъала мулоҳизоти ҷиддиро тақозо мекунад. Инак, чанд мулоҳизаҳои мо перомуни мавзӯи мавриди баҳс.
Си соли давраи баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрате бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ низоми мавҷудаи муносибатҳои байналмилалиро ба таври куллӣ тағйир дод. Мувозинати сиёсӣ ва таносуби мавҷудаи кишварҳо аз байн рафт. Ба арсаи сиёсат барои нахустин бор давлати абарқудрати ҷаҳонӣ (мировая супердерждава) бо номи Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) қадам гузошт. Яъне, дар таърихи инсоният ШМА аввалин кишваре буд, ки на дар сатҳи минтақаи алоҳида, балки дар саросари ҷаҳон яккатози майдони сиёсати байналмилалӣ гардид. Архитектураи сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ дигаргун гашт. Ҷаҳон ба сиёсати якқутбаи муносибатҳои байналмилалӣ ворид шуд. Ҷавҳари онро раванди ҷаҳонишавии умумӣ ташкил дод, ки ба арзишҳои демократияи амрикоӣ (ғарбӣ) ва диду назари стратегии ШМА асос ёфта буд. Иттиҳоди Аврупо дар ин замина ШМА-ро ҳамчун ҳамнафасу ҳамқадам ва шарики боэътимод содиқона пайравӣ ва дастгирӣ менамуд. Кор ба ҳадде расид, ки дараҷаи эътимод ба ин ё он давлати мустақил бо он муайян карда мешуд, ки оё ин кишвар то чӣ андоза ба ШМА ва Иттиҳоди Авурупо содиқ аст?
Дар ин миён ҳодисаҳои Украина сурат гирифтанд. Амали махсуси ҳарбии Россия дар бобати озод кардани Украина аз унсурҳои иртиҷоии миллатгаро ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони русзабон “ҷаҳони Рус”таҳти унвони “демилитаризатсия” ва “денатсификатсия”-и ин кишвар ҷаҳонро ба ду қисмати мухолифи ҳамдигар тақсим кард. Қисмати аввал мавқеи ШМА ва
Иттиҳоди Аврупоро дастгирӣ намуда, ин амалро таҷовуз хонданд ва силсилатаҳримҳои сиёсиву иқтисодиро бар зидди Россия рӯи кор гирифтанд. Қисмати дигар, баръакс, ин ҳамаро напазируфтанд ва амали Россияро кори дохилии ин кишвар хонданд. Чаро чунин тақсимот ба ин қарор сурат гирифт?
Аҳамияти арзишҳои аслии демократия ҷойи баҳс надорад. Имрӯз аксари кишварҳои пешрафта маҳз низоми демократиро, ки дар моҳият умумибашариянд, пазируфтаанд. Озодии сухан, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, шаффофият, ҳисобдеҳ будан, муқаддам ва баҳснопазир будани моликияти хусусӣ ва ғайра аз ҷумлаи ин арзишҳо ва усулҳои аслии низоми демократӣ мебошанд. Мутаассифона, таи солҳои ахир ин арзишҳо бозичаи найрангҳои сиёсӣ гаштанд. Ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои геополитикӣ ин арзишҳоро поймол сохтанд. Саволҳое ба миён омаданд, ки ҷавобашон ба манфиати сиёсати ШМА ва Иттиҳоди Аврупо набуд. Масалан, чаро муносибат ба гурезагону муҳоҷирон марбут ба ранги пӯст ва мазҳаби онҳо гардид - чаро баъзеҳоро, масалан гурезаҳои украинро, қабул доранд, баъзеи дигарро, масалан гурезаҳои Афғонистон ва ё Сирияро, - не? Чаро бомбборони кишварҳое чун Югославияи собиқ, Ироқ, Сурия, Лубнон ва Афғонистон вокӯниши ҷомеаи ҷаҳониро, тавре ки бояду шояд, ба миён наовард? Чаро васоити ахбори омма махсусан дар Аврупо ин ҳамаро нодида гирифт? Чаро дар мавриди ҳодисаҳои Украина вокӯнишҳо маҳз дар ҳамин шакл ва бо ҳамин мазмун сурат гирифтанд? Чаро иртиҷоъ ва ифротгароӣ дар як ҳолат маҳкум ва дар ҳолати дигар, баръакс, дастгирӣ мегардад? Ва ғайра.
Ин саволҳо дар ниҳояти кор ба он оварда расонданд, ки “ҷаҳони дигар” – ҷаҳони берун аз қайду банди ШМА ва Иттиҳоди Аврупо роҳи дигар – роҳи “ғайриамрикоии” инкишоф ва истиқлолияти сиёсиро пеш гирифт. Ин ҳаракат ва ё падидаи нави сиёсиро Россия ва Чин роҳнамоӣ ва кишварҳое чун Ҳиндустон, Эрон, ҷаҳони Араб ва ғайра пайравӣ карданд. Дар асл имрӯз ҳолате фаро расидааст, ки низоми муосири сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ дигар наметавонад рисолати худро дар шакли пештарааш идома диҳад, воқеият низоми нави бисёрқутбаро тақозо мекунад, аммо он ҳанӯз арзи вуҷуд накардааст. Чӣ бояд кард?
Чунин ба назар мерасад, ки ҳодисаҳои Украина дар ниҳояти кор ҷаҳонро ба ду қисмати мухолиф тақсим мекунад. Ин тақсимот ба давраи сифатан нави “ҷанги сард” оғоз мебахшад. Буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки саросари ҷаҳонро фарогир мешавад, аз паёмадҳои нахустин ва гаронтарини он хоҳад буд. Мавҷи пуртуғёни норозигӣ ва талаби таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҳама қисматҳои олам, махсусан дар қаламрави “давлатҳои сеюм” ба таври васеъ доман паҳн мекунад. Амнияти саросарӣ зери хатар мемонад, раванди рушди устувор рӯ ба таназзул меоварад.
Чунин буҳрони саросариро ба миён омадани низоми сиёсии бисёрқутба ба эътидол хоҳад овард, чунки адами чунин тавофуқ тарафҳои даргирро ба ҷанги ҳастаӣ хоҳад кашид, ки дар асл маънои аз байн рафтани инсониятро хоҳад дошт. Пас, тарафҳо дар симои ШМА ва Россия ба мувофиқа хоҳанд расид ва як тавозуни сиёсию иқтисодӣ арзи вуҷуд хоҳад кард, ки дар ниҳояти кор боз буҳронҳоро коҳиш ва раванди амнияти саросарӣ ва рушди устуворро такон ва тақвият хоҳад дод.
Ҷаҳони нав арзи вуҷуд хоҳад кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё