Зеҳн
ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.

Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа

Идоракунӣ
Аз аввал хондан

Натиҷаи чунин сиёсат буд, ки аз ҷумла дар чанд соли ахир сафи кишварҳо ва инвесторони хориҷӣ афзоиш карда, ҳаҷми сармоягузориҳои онҳо ба маротиб афзун гаштааст, ки дар ниҳояти кор ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳалли бештари мушкилиҳои иҷтимоии кишвар мусоидат намудааст. “Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд. Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд. Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд,”- омадааст дар Паём.

Чуноне ки Пешвои миллат зикр намуданд, “ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд”.

Хулоса, Паёми навбатии Президенти кишвар ҳамчун сарчашмаи илҳом ва санади тақдирсоз, ки аз тарафи шаҳрвандони кишвар гарм пазироӣ гашт, барои ҷаҳониён низ як пайки хуш ва борисолати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳи бардавоми саросарӣ, таъмини субот ва рушду устувори махсусан минтақи Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад.

Сафаре, ки сулҳу суботро дар минтақа таҳким мебахшад

Дар ҷаҳони муосир ҳаракат ба сӯи ҷаҳони озод, ки дар он арзишҳои аслии инсонӣ мақоми махсус доранд ва инсон дар маркази таваҷҷуҳи он аст, хусусияти ҷаҳонӣ ба худ касб кардааст. Ва ин табиист. Дар тули таърих инсоният ҳамеша дар орзуи зиндагии осоишта ва шоиста будааст ва ин орзу ҳамчун маяк ва шуълаи умед онҳоро ба муборизаҳо ва талошҳои бардавом водор сохтааст. Аммо ин роҳ ва ин мубориза ҳаргиз якранг ва осон набудааст. Воқеияти ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз аз дирӯз дар ин замина чандон тафовуте надорад. Ҳодисаҳои ахири Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон кардааст. Ба ақидаи муҳаққиқи афғон Шарофуддин Шарафёр, мушкилот дар Афғонистон монанди захми ибтидоие аст, ки дар оғоз мешуд бо амали ҷарроҳии дақиқ аз пайкараи ҷомеа бартараф сохта шавад, вале инак, мутаассифона, бар асари бетаваҷҷуҳии масъулин ба марази саратон табдил гардидааст, ки умед ба дармон ва беҳбудии он душвор ба назар мерасад. Зеро ин беморӣ на танҳо дар пайкараи ҷомеа ва сиёсати давлат амиқ реша гирифтааст, балки бо вусъати доманадор ба бахшҳои мухталифи дигар низ сироят кардааст.

Аслан ба сари қудрат омадани Толибон ин худ як шикасти бузург дар парвариш ва рушди арзишҳои аслии инсонист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давоми солҳои зиёд барои он мубориза бурдааст. Эътирофи Толибон рӯй гардондан аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва хок пошидан ба он дастовардҳо дар роҳи таҳкими бештари ҳуқуқи башар ва эъмори як ҷомеаи мардумсолор аст. Дар ин замина изҳороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурарзиш ва баҷост. Пешвои миллат на фақат садои худро барои истиқрори сулҳу субот, адолати иҷтимоӣ, дифоъ аз арзишҳои аслии инсонӣ баланд кард, балки ҷасорати сиёсӣ ва фаҳмиши дурусти қазияи Афғонистонро ба ҳайси як марди сиёсат иброз намуд, ки шоистаи таҳсин ва дастгирист.

Сафари навбатии Пешвои миллат ба Аврупо сафари оддӣ нест. Он дар фазои норавшани сиёсӣ ва мушкили марбут ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон, ғасби қудрати сиёсии ин кишвар аз тарафи Толибон сурат мегирад. Хушбахтона, мавқеи Президенти Фаронса дар ин бобат равшан ва ҳамсадо бо изҳороти расмии Тоҷикистон аст. Аммо дигар кишварҳои Аврупо чӣ? Оё Иттиҳоди Аврупо низ дар маҷмӯъ аз чунин мавқеъ ва бархурд пуштибонӣ хоҳад кард? Агар ҳа, дар кадом шакл ва агар не, чӣ бояд кард? Роҳи ҳалли ин қазия ва ин падидаи номатлуб кадом аст?

Хулоса, сафари навбатии Президент Эмомалӣ Раҳмон бояд ба ин торикиҳо равшанӣ андозад ва раванди ҳалли ин мушкилотро ба самти дуруст ва қобили қабули ҷомеаи байналмилалӣ равона созад. Дар ин кори пуршараф ва сафари таърихӣ ба Пешвои миллат барори кор мехоҳем!

ХУШБИНИИ ЭҲТИЁТКОРОНА

ё НАЗАРЕ БА МУЛОҚОТИ МАҶОЗИИ ПУТИН ВА БАЙДЕН

Фазои сиёсии ҷаҳон таи чанд моҳи ахир, мутаассифона, хушбинона нест. Чунин ҳолат, ба иловаи оқибатҳои вазнини пандемия дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, мушкилиҳои муҳоҷирон, баланд рафтани нархи сӯзишвориҳо, поён омадани сатҳи зиндагии тӯдаҳои васеи мардумон дар саросари ҷаҳон ва ғайра, ба тезутунд шудани муносибатҳои байн ду кишвари абарқудрат – Федератсияи Россия (ФР) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ШМА) робитаи мустақим дорад. Дар маркази чунин ҳолати ғайриоддӣ, албатта, вазъи Украина ва ҳодисаҳои марбут ба ин кишвар, дар ҳамин замина истиқрори нерӯҳои НАТО дар ин минтақа ва наздикшавии бештари онҳо ба сарҳадҳои ФР қарор доранд. Кор то ҷое расида, ки ҳатто сафирони ФР ва ШМА ба кишварҳои худ бозхоста шуданд ва дараҷаи ҳамкориҳо аз тариқи муносибатҳои дипломатӣ ба андозаи нигаронкунанда поён рафт.

Инак, рӯзи 7 декабри соли равон президентҳои ин ду кишвар Владимир Путин ва Ҷозеф Байден аз тариқи видео бо ҳам мулоқот намуданд, ки бештар аз ду соат тӯл кашид. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Кремл, сарони ин ду кишвар дар бораи “машваратҳои ҷиддие” роҷеъ ба масъалаҳои ҳассоси амниятӣ, аз ҷумла рад кардани тавсеаи НАТО ба самти Шарқ ва истиқрори силоҳҳои зарбазан дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин, иҷрои қарорҳои нишасти Женева, муколама роҷеъ ба амнияти киберӣ ва мушкилоти равобити дуҷониба, аз ҷумла маҳдудиятҳои кори дипломатҳоро баррасӣ карданд.

Ба ақидаи раиси Кумитаи Думаи давлатии Россия Леонид Слутский, натиҷаҳои гуфтугӯи раисҷумҳурҳои Россия ва Амрико Владимир Путин ва Ҷо Байден ба коҳиши танишҳо миёни ду кишвар умед мебахшад. Ба андешаи ӯ, бо вуҷуди ихтилофи назар раҳбарони Россия ва Иёлоти Муттаҳида розӣ шуданд, ки ба намояндагони худ дастур диҳанд, то машваратҳоро дар доираи ҳама масъалаҳои мавриди назар оғоз намоянд.

Албатта, мулоқоти рамзӣ он таъсир ва аҳамияте, ки гуфтугӯи рӯбарӯ метавонад дошта бошад, надорад. Вале дар ҳар сурат мулоқоти навбатии сарони ин ду кишвар ба поён овардани сатҳи шиддати сиёсӣ ва ба эътидол овардани буҳрони саросарии ҷаҳони имрӯз мусоидат хоҳад намуд. Маълум, ки ҳеҷ кас дар ин бобат интизори мӯъҷизаҳо нест, аммо ҳақиқат ин аст, ки чунин як мулоқот аз иродаи нек ва хоҳишу кӯшишҳои ин ду кишвари абарқудрат дар бобати ба низом даровардани муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳамдигарӣ, ки дар ниҳояти кор ба боло рафтани сатҳи ҳамгироиҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд, гувоҳӣ медиҳад. Масалан, дар сурати пазируфта гаштани пешниҳоди президент Путин дар бобати ба эътидол овардани сиёсати шарқгароёнаи НАТО, оғози тоза бахшидан ба муносибатҳои дипломатии байни Россия ва Амрико аз тариқи сарфи назар кардани камбудҳо ва норозигиҳои пешина, ҳалли мушкилиҳои Украина дар доираи аҳдномаи Минск ҷаҳон метавонад нафаси осуда бикашад, ки танишҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳои байни ин ду кишвар боиси ҷанги нав нахоҳад гашт. Ба мувофиқа расидан дар бобати идомаи гуфтугӯҳо ва баррасии роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, ки яке аз натиҷаҳои хуби ин мулоқот аст, ба ин гуфтаҳо умеди тоза мебахшанд.

Бояд зикр намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тарафдори онанд, ки муносибатҳои хубу муфид ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ин ду кишвари абарқудрати ҷаҳон пойдор гарданд, чун дар ниҳояти кор фазои солими байналмилалӣ ба таъмини бештари

Ҳамоиш барои демократия: мақсад чӣ буд?

Ба таърихи 9-10 декабри соли 2021 бо ташаббуси маъмурияти Президент Байден дар Вашингтон ҳамоиш (саммит) барои демократия доир гардид. Дар кори он намояндагони 111 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Ҳамоиши мазкур аз тариқи онлайн (рамзӣ) сурат гирифт, чун дар шароити пандемия ва дар як муддати кӯтоҳ дар ШМА ҷамъ овардани ин миқдор кишварҳо ғайриимкон буд.

Ба ақидаи Стивен Фелдстейн, ба ҳамоиши мазкур дастаи мухталиф ва омехта аз кишварҳои дорои демократияҳои либералӣ, демократияҳои нисбатан заифтар ва якчанд давлатҳои дорои хусусияти авторитарӣ (масалан, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Покистон) даъват шудаанд. Аз назари ӯ, бо такя ба гузоришҳои расмии Freedom House дар соли 2021, аксарияти даъватшудагон – ҳафтоду ҳафт кишвар “озод” ё комилан демократӣ ном бурда мешаванд, дар ҳоле ки сиву як давлати даъватшуда ҳамчун "қисман озод" ва се кишвари дигар ба лагери “ноозод” дохил мешаванд. Баъзе иттифоқчиёни ШМА, аз ҷумла иттифоқчиёни НАТО (Туркия ва Маҷористон) ба ин нишаст даъват нашуданд, гарчанде ки Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар Иёлоти Муттаҳида иттифоқе ҳисобида мешавад, ки на танҳо ба манфиатҳои умумии амният, балки ба арзишҳои умумии демократӣ асос ёфтааст. Намояндагони баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, масалан ҳамаи кишварҳои Шарқи Араб (ба истиснои Ироқ) ва ё тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҳамоиш амалан ҳузур надоштанд. Покистон баъдан аз иштирок дар ҳамоиш ба нисбати иштироки Тайван даст кашид.

Мавзӯи асосии ҳамоиш мазкур, ки таҳти шиори “Таҷдиди демократия дар доираи сиёсати дохилӣ ва мубориза бо низомҳои худкома дар доираи сиёсати хориҷӣ” сурат гирифт, асосан ба се масъалаи зерин ихтисос дода шуда буд: ҳимоят аз низомҳои худкома (авторитаризм), мубориза бо фасод ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон. Албатта, дар доираи ин се мавзӯъ масъалаҳои марбут ба тараққиёти дохилии сиёсӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатии мамлакатҳои иштироккунанда (мубориза ба муқобили фасод ва чораҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон), ҳамчунон масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ (муқобилияти якчоя ба ҳуҷуми глобалии авторитаризм) ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баррасии ҷараёни ҳамоиши мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадафҳои ҳамлаи идеологии Амрико ҳамоно Чину Русия, инчунин дигар мухолифони геосиёсии ШМА (Эрон, Венесуэла, Куба, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Мянма, қисман давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра) боқӣ мондаанд. Даъвати Тайван ба ин ҳамоиш тамоюли зиддихитойии ин нишастро қувват бахшида, гувоҳи он аст, ки ШМА принсипи “Хитои ягона”-ро қабул надорад ва мехоҳад онро тадриҷи назар намояд. Ба ақидаи баъзе аз муҳаққиқон, ШМА аз тариқи ин ҳамоиш аслан мехоҳад мақоми худро дар арсаи байналмилалӣ, ки баъд аз хуруҷ аз Афғонистон коста шуда буд, баланд бардорад ва нишон диҳад, ки арзишҳои аслии демократия барои сиёсати хориҷии роҳбарияти сиёсии имрӯзи кишвар ҳанӯз ҳам муҳим ва пурарзишанд. Агарчанде аз назари гурӯҳи дигаре, арзишҳои ҷомеа ва манфиатҳои шаҳрвандон моҳият ва самти сиёсати хориҷии ШМА-ро, ки ба манфиатҳои миллӣ бештар асос ёфтааст, муайян месозад.

Ба ҳар ҳол, ҳамоиши мазкур як падидаи муҳим дар раванди сиёсӣ ва авзои байналмилалии муосир ба ҳисоб рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки ШМА дар баробари таваҷҷуҳ ба мушкилиҳои дохилии кишвар, дифоъ аз манфиатҳои миллии он ҳамчунон сиёсати хориҷии худро дар бобати таъмини рушди устувори демократия дар ҷаҳони хориҷ аз тариқи дастгирии кишварҳои демократӣ ва моил ба чунин низоми идора идома хоҳад дод. Ташаббуси нави Президент Байден, ки ҳамчун натиҷаи ин ҳамоиш дар бобати дастгирии демократия дар ҳаҷми 424,4 млн доллар эълон гардид, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Ҳадафи ташаббуси мазкур, агар аз тарафи Конгресс дастгирӣ шавад, иборат аз кумак ба ҳукуматҳои хориҷӣ дар рушди расонаҳои мустақил, мубориза бо фасод, татбиқи ислоҳоти демократӣ, ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳо, ҳимоят аз интихоботи демократӣ ва пешбурди технологияҳои нав дар сиёсат хоҳад буд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамоиши мазкур бо қабули ягон баёния ё эъломияи ниҳоӣ анҷом наёфт. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамоиши навбатӣ дар соли 2022 ва аз тариқи иштироки бевоситаи кишварҳои даъватшаванда (на он-лайн) сурат хоҳад гирифт.

Суханронии Ҷо Байден дар Варшава Ҷо Байден, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ба таърихи 21 феврали соли 2023 дар Варшава, пойтахти кишвари Лаҳистон суханронӣ кард. Ин суханронӣ аз ду ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст. Яке, ба сабаби он, ки Президент Байден қабл аз сафар ба Варшава дар Киев бо Президент Зеленский мулоқот кард, агарчи ин сафар ғайричашмдошт ва ғайрирасмӣ буд. Ин мулоқот дар кишваре сурат гирифт, ки фазои ноором ва пурхатареро дар асари муноқишаҳои яксолааш бо Россия касб кардааст ва, албатта, дар чунин шароити номусоид ва ноамн ба ин кишвари ҷангзада сафар кардани як роҳбари олимақоми давлати абарқудрат аз муҳим будани ин сафар ва, аз тарафи дигар, аз ҷасорати сиёсии он шаҳодат медиҳад.

Чуноне ки рӯзномаи The New York Times менависад, Байден ба шаҳри Киев субҳи 20 феврал ба воситаи поезд ворид шуд. Ин нахустин сафари ӯ ба Украина ба ҳайси Раиси Ҷумҳури Амрико буд. Ногуфта намонад, ки моҳи июни соли 2022 ба ҳамин тариқ (аз тариқи поезд) президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Конслери Германия Олаф Шолтс, Сарвазири Италия Марио Драги ва баъдтар дар моҳи ноябри ҳамон сол Сарвазири навтаъсиси Британияи Кабир Риши Сунак низ аз Киев дидан намудаанд. Мақсади асосии ин ҳама боздидҳои расмию ғайрирасмӣ, албатта, ибрози ҳусни ният, дастгирӣ ва пуштибонии режими Киев дар мубориза бар зидди Россия мебошад. Аз ҷумла, Президент Байден низ ҳамин нуктаро ба такрор хотирнишон кард, ки Амрико “ба ҳеҷ ваҷҳ Украинаро дар муборизиааш бар зидди таҷовузи Россия танҳо нахоҳад гузошт ва, аз ҳамин тариқ, демократия ва озодиро дифоъ хоҳад намуд”.

Дуюм, суханронии мазкур худи ҳамон рӯзе сурат гирифт, ки Президенти Россия Владимир Путин дар Маскав паёми солонаи худро ба парламенти кишвараш ироа намуд. Чунин ба назар мерасад, ки суханронии Байден дар Варшава як навъ посух ба паёми солонаи Путин дар Маскав буда бошад, махсусан бо назардошти ин нукта, ки Путин дар паёми навбатиаш иштироки Россияро дар Қатъномаи яроқҳои стратегӣ (ҳастаӣ) муаваққатан боз дошт.

Суханронии Президент Байден дар Варшава аз нигоҳи ҳаҷм тақрибан чор маротиба кӯтоҳтар аз суханронии Путин буд. Он дар муҳтаво ҳамон масъалаҳоеро дар бар гирифтааст, ки ҳам Байден ва ҳам мақомоти расмии Амрико таи моҳҳои ахир ба ириботи вазъи сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳолати низоми муносибатҳои байналмилалӣ иброз доштаанд. Моҳияти онро пуштибонӣ аз демократия, озодии сухан ва таъмини амнияти саросарӣ ташкил медиҳад. Албатта, ҳамзамон мавзӯи Украина ва муносибати ШМА ба масъалаҳои марбут ба авзои сиёсию исҷтимоӣ ва бехатарии ин кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Масъалаҳои марбут ба дифоъ аз демократия ва густариши бештари он дар саросари ҷаҳон, мубориза бар зидди фасод ва автократия ва низомҳои сиёсии ғайридемократӣ, ҳамбастагии кишварҳои Ғарб ва паймони НАТО ва ғайра дарт феҳристи ҳамин мавзӯъҳо қарор доранд. Мағзи гап ва моҳияти аслии сафар ва суханронии Байден дар Варшаваро низ ҳамин нукта ташкил додааст: “Як сол қабл ҷаҳон интизори шикасти Киев буд. Ман имрӯз бо сароҳат метавонам бигӯям, ки Киев истодагарӣ кард, ҳанӯз ҳам тавоност, муҳимтар аз ҳама – озод аст! ... Россия ҳеҷ гоҳ бар Украина пирӯз нахоҳад гашт”, - аз ҷумла таъкид кард Байден дар Варшава.

Нуқтаи дигари қобили таъкид ин аст, ки Президент Путин дар Паёми худ асосан оид ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти дохиливу хориҷии кишвараш ҳарф зад ва ягон маротиба роҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла Амрикоро ном набурд. Аммо Президент Байден бошад, дар ин суханронии кутоҳаш 10 маротиба аз Путин ва 26 маротиба аз кишвари Русия ёдовар шуд. Чунин ба назар мерасад, ки эълони боздошти иштироки Россия дар Қатъномаи яроқҳои стратегӣ, ки хавфи ҷанги ҳастаиро воқеан ба миён овардааст, роҳбарони кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаро ноором ва нигарон сохтааст.

Аз тарафи дигар, Байден ҳеҷ чизи нав ва ҷавобгӯ ба вазъи ноором ва нигаронкунандаи ҷаҳони имрӯз нагуфт. Ӯ гуфтаҳои пешинаи худро такрор кард. Чунин ба назар мерасад, ки Вашингтон то ҳанӯз ҷавоби саҳеҳ ва роҳҳалҳои мушаххасеро барои тағйири вазъи нобасомони кунунӣ ва қатъи моҷарои байни Россияву Украина, аз як тараф, ва буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии махсусан кишварҳои Аврупо, аз тарафи дигар, дар даст надорад.

ТАВБАФАРМОЁН ЧАРО ХУД ТАВБА КАМТАР МЕКУНАНД? ё Чаро конгресси ШМА ба ифоқа намеояд?

Инак бори сеюм аст, ки палатаи поёнии Конгресси ШМА наметавонад сухангӯи худро барои ду соли навбатӣ интихоб ва тасдиқ намояд. Чунин зарурат баъди аксариятро соҳиб шудани ҳизби ҷумҳурихоҳон ҳамчун натиҷаи интихоботи миёндавраии моҳи ноябри соли 2022 ба миён омад. Тавре ки маълум аст, дар ин интихобот ҷумҳурихоҳон дар палатаи поёнии Конгресси ШМА 222 курсӣ, демократҳо бошанд, 213 курсиро соҳиб шуданд. Ин чунин маънӣ дорад, ки акнун бояд курсии сухангӯи Конгрессро, ки аз соли 2019 ба ин тараф хонум Пелоси, намояндаи ҳизби демократҳо соҳибӣ мекард, намояндаи ҷумҳурихоҳон ишғол намояд. Ба ин мансаб Кевин Маккарти, роҳбари фраксияи ҷумҳурихоҳон дар Конгресс номзадии худро пешниҳод кардааст, аммо, чуноне ки дар боло ишора рафт, инак бори севвум аст, ки номзадии ӯ аз тарафи ҳаммаслаконаш ба таври комил пазируфта намешавад. Барои соҳиб шудан ба ин мансаб ба Маккарти лозим аст, ки ҳадди ақал 218 овозро ба даст оварад. То ҳанӯз номбурда ҳамагӣ 202 овозро соҳиб шудасту халос, аммо ӯ даъво дорад, ки номзадии худро ҳаргиз пас нахоҳад боз хонд. Сарчашмаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд,ки чунин вазъияти ногувор таи сад соли ахир бори аввал сурат мегирад.Чаро?

Воқеан, чаро дар Конгресс чунин як ҳолати ғайримуқаррарӣ ва ногувор ба миён омадааст? Чаро намондагони ҳизби ҷумҳурихоҳон наметавонанд ба ифоқа оянд ва номзади арзандаи худро ба мансаби сухангӯи Конгресс тасдиқ намоянд? Чунин ба назар мерасад, ки вазъи ногувори Конгресс намоёнгари равшани вазъи ногувор ва бесомони ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи имрӯзи ШМА дар маҷмӯъ мебошад. Яъне, имрӯз низоми сиёсии пуриқтидортарин ва демократитарин давлати замони муосир мувоҷеҳи буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Чунин ҳолат аз камбуд, иштибоҳ ва холигиҳо дар сиёсати дохиливу хориҷӣ ва стратегияи инкишофи роҳбарияти сиёсии ШМА гувоҳӣ медиҳад. Аз тарафи дигар, мухолифат ва муборизаи беамони ду ҳизби ҳокими ШМА ҷомеаи кишварро ба ду қисмат тақсим кардааст, ки дар ниҳояти кор оқибатҳои ногувор ба бор хоҳад овард.

Албатта, дар ШМА низоми озмудашудаи ба истилоҳ “санҷиш ва мувозинат” (“система сдержек и противовесов”), ки ба се шоҳсутуни низоми сиёсии кишвар асос ёфтааст (мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судҳо), барҷой аст ва он замонат медиҳад, ки волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ таъмин бошад. Аммо дар шароити буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ин ниҳодҳои муътамад ва муътабар метавонанд корношоям гарданд ва чунин ҳолат хатари беназмиву тахрибкорӣ ва низоъву нооромиҳоро дар ҷомеа ба миён меоварад.

Аз назари мо, чунин ҳолат натиҷаи равандҳои номатлуби умумиҷаҳонӣ низ мебошад, ки имрӯз на фақат ШМА, балки аксарияти кулли кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Гумон меравад, ки ба ин ҳолат ба эътибор нагирифтани манфиатҳои тӯдаҳои васеи мардум, нодида гирифтани аҳамият ва мубрамияти ҳамгироиҳо ба хотири таъмини рушди устувор ва сулҳи саросарӣ боис гаштааст. Дар ШМА низ, ба гумони комил, сарфи назар кардани хостаҳои мардум ва фақат ба эътибор гирифтани манфиатҳои муғризона ва ночизи ҳизбӣ (на миллӣ!) ба чунин ҳолат боис гаштааст.

пешина
аз 12
навбатӣ