Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хуб шудаст, ҷаноби олиқадр, лекин шумо ба мо иҷозат медиҳед, ки боз баъзе чораҳои эҳтиётӣ бинем?

– Бадеҳист, азизам! Чун Нестор хирадманду чун Улисс маккор бошед. Ман ба шумо на фақат иҷозат медиҳам, ман инро аз шумо хеле илтимос мекунам.

– Хуб шудаст. Ин тавр бошад, ҳама хомӯш! – гуфт Гаэтано.

Ҳама лаб фурӯ бастанд.

Барои Франс барин кас, ки ба ҳар чиз аз рӯи ақл менигарист, вазъият хатарнок набошад ҳам, ба ҳар ҳол хеле таваккалӣ менамуд.

Вай дар миёни баҳри кушод буд, дар зулмати том, бо маллоҳони ношиносе, ки барои вафодор будан ба ӯ ҳеч гуна ваҷҳ надоштанд, нағз медонистанд, ки дар камари ӯ як чанд ҳазор франк ҳаст ва ягон даҳ дафъа, аз ҳасад набошад ҳам, ақаллан аз кунҷковӣ, ба муоянаи яроқи хеле хуби ӯ пардохта буданд. Ин ҳам кам: дар бадрақаи ин касон вай ба ҷазирае мерасид, ки номи ҷудо ҳам порсоёнае дошт, вале азбаски ҳузури қочоқчиҳову роҳзанон ба меҳмоннавозии дигаре, ба ҷуз он, ки Масеҳоро дар Голгоф нигарон буд, умед намебахшид; илова бар ин ҳикояти киштиҳои ғарқгардида, ки рӯзона ба назараш муболиға намуда буд, ин дам, шабона, як дараҷа ба ҳақиқат наздик мерасид. Ба ҳамин тариқ, дар иҳотаи хатари дутарафа монда, ҳарчанд ки шояд дар гумонаш чунин вонамуд мешуд, вай бо диққати тамом маллоҳонро назора мекард ва туфангро аз дасташ фурӯ намегузошт.

Дар ин миён маллоҳон аз нав бодбонҳоро бардоштанд ва бо он роҳе равон шуданд, ки аллакай ду дафъа тай карда буданд. Франс, ки дар ин муддат як дараҷа ба зулмат одат карда буд, дар торикӣ кӯҳпораи хорониҳодро ташхис дод, ки қад-қади он заврақ бесадо пеш мерафт; ниҳоят даме ки заврақ гӯшаи кадом-як шахеро давр зада гузашт, вай гулханеро дид, ки аз аввала ҳам равшантар фурӯзон буд ва чанд кас дар гирди он менишастанд.

Шунаҳи алов ягон сад метр дар сатҳи баҳр паҳн мешуд. Гаэтано аз канори соҳати равшанирасида гузашта истода, кӯшиш кард ба ҳар ҳол заврақ ба хати рӯшноӣ дохил нашавад, баъд ҳине ки дар рӯбарӯи гулхан қарор гирифт, вай онро рост ҷониби оташ гардонда бо ҷуръати тамом ба доираи рӯшноӣ дохил гардид, ба хондани таронаи моҳигирон шурӯъ кард, ки маллоҳон дар хондани нақарот ба вай ҳамовоз шуданд.

Баробари баланд шудани нахустин садои сурудхонӣ гирдиаловнишастагон бархостанд, лаби баҳр рафтанду заврақро аз назар гузарондан гирифтанд, зоҳиран саъй доштанд андозаи онро муқаррар кунанд ва бифаҳманд, ки чӣ нияте дорад. Дере нагузашта онҳо, аз афташ, аз муояна карданашон қаноат ҳосил карданд ва ҳама, баҷуз як нафар, ки дар лаби баҳр истод, ба назди гулхан баргаштанд, гулхане, ки дар рӯи он як бузичаи тамом кабоб мешуд.

Ҳангоме ки заврақ ба фосилаи ягон бист қадам ба соҳил наздик шуд, каси дар лаби баҳр монда ба мисоли шахси дар посбонӣ истода, ки ҳангоми дидани дастаи гаштӣ мекунад, туфангро ҷониби онҳо рост карду ба лаҳҷаи сардинӣ нидо зад:

– Кӣ меояд?

Франс бо хунсардӣ ҳар ду кӯлангро кашид.

Гаэтано бо он шахс чанд калимае радду бадал кард, ки Франс аз он ягон ҳарфе нафаҳмид, агар чи, зоҳиран, сухан аз хусуси ӯ мерафт.

– Ҷанобашон майли гуфтани номашонро доранд ё мехоҳед онро пинҳон доред? – пурсид Гаэтано.

– Номи ман ба касе чизе намефаҳмонад, – ҷавоб гардонд Франс. – ба онҳо ҳамту фаҳмонед, ки ман фаронсавиям ва барои рағбати худам ба саёҳат баромадаам.

Даме ки Гаэтано ҷавоби ӯро расонд, посбон ба яке аз лаби алов нишастагон ким-чӣ фармоише кард ва ӯ бетаъхир бархосту дар миёни сахраҳо нопадид шуд.

Ҳама хомӯш истоданд. Ҳар кадомашон, аз афташ, фақат ба кори худашон машғул буданд; Франс – ба фуромадан, маллоҳон – ба ғундоштани бодбонҳо, қочоқчиҳо – ба кабоб кардани бузича; вале ҳини ин бепарвоии зоҳирӣ ҳамаашон ноаён якдигарро назора мекарданд.

Он ки рафта буд, гашта омад, вале на аз он тарафе, ки рафта буд, балки аз тарафи муқобили он; вай ҷониби посбон имо кард, ӯ ҷониби заврақ баргашту як даҳан гуфт:

– S'accomodi.

S'accomodi-и итолиёвӣ тарҷума ношуданист. Ин калима дар як вақт ифодакунандаи чунин маъниҳост: «Бифармоед, фуроед, хуш омадед, худро мусофир наангоред, хона хонаи худатон». Ин мисли ибораи туркии Молйер аст, ки бо мафҳумҳои бешумори дарбаргирифтааш марди мешчани доираи дворянҳоро сахт дар ҳайрат гузошта буд.

Маллоҳон бори дуюм даъват карданро интизор нашуданд; бо чор бел задан заврақ ба лаби соҳил расид; Гаэтано ба замин ҷаст, бо овози паст байни ваю посбон чанд калимае радду бадал шуд; маллоҳон пасиҳам фуромадан гирифтанд; ниҳоят навбат ба Франс расид.

Вай як туфангашро ба китф овехт, дигараш дар дасти Гаэтано буд; карабинро маллоҳе мебурд. Тарзи либоспӯшии Франс миёни озодагии олуфтаҳову лоуболии рассомон буд, ки ин чиз дар замири соҳибони манзил шубҳае ба амал наовард, яъне ки хавф ҳам набурданд.

Заврақро дар лаби соҳил бастанду худашон равон шуданд, ки қароргоҳи мувофиқтаре пайдо кунанд; вале, аз афташ, самти интихоб кардаи онҳо ба қочоқчии назорат карда истода маъқул наёмад, ки Гаэтаноро садо кард:

– Не, ба он тараф не!

Гаэтано ғурунгосзанон узр хосту баҳсу мунозира накарда, ба самти муқобил равон шуд; дар ин миён ду нафар маллоҳ назди гулхан рафта яктоӣ машъала фурӯзон карданд.

Ягон сӣ қадам рафта, онҳо дар майдончае қарор гирифтанд, ки дар атрофаш дар дили шахҳо нишастгоҳ барин ҷое кофта шуда буд; кофтаҳо хоначаҳоеро ба хотир меоварданд, ки дар онҳо як ҷо нишаста қаровулӣ кардан мумкин аст. Атроф дар тасмаи камбари замини мусмир булутҳои пакана руста буданду чакалаки анбӯҳи мӯрд. Франс машъаларо хам карду тӯдаи хокистарро дид, дарёфт, ки на вай аввалин касе будааст, ки мувофиқ омадани ин ҷойгоҳро шинохтааст ва ин маъво, зоҳиран барои омаду рафткунандагони ҳарҷоии ҷазираи Монте-Кристо ба сифати қароргоҳи маъмулӣ хидмат мекардааст.

Ӯ дигар ягон воқиаи ғайри чашмдорро нигарон набуд; ҳамин ки вай ба замини соҳил қадам гузошт, ба муносибати дӯстона набошад ҳам, ба ҳар ҳол ба табъи лоуболонаи соҳибони манзил итминон ҳосил кард, хотираш ҷамъ шуд ва бӯи гӯшти бузича, ки дар оташ кабоб мешуд, ба ёдаш овард, ки гурусна аст.

Вай инро ба Гаэтано гӯшзад кард ва ӯ ҷавоб гардонд, ки муҳайё кардани хӯроки шом – як пула гап, зеро дар заврақ онҳо нон доранд, май, шашто кабк, оташ гирондан бошад, кори осон.

– Воқиан, – илова кард ӯ, – агар бӯи гӯшти бузича ин қадар ба димоғи ҷанобашон хуш расида бошад, ман метавонам ба ивази як тикка кабоб ба ҳамсоягонамон дуто кабк пешниҳод кунам.

– Бисёр нағз, Гаэтано, бисёр нағз, – гуфт Франс, – шумо, дарвоқеъ, истеъдоди табии гуфтушунид кардан доштаед.

То ин дам маллоҳон халанҷ чиданд, шохаҳои сабзи мӯрду булутро шикаста як ҷо ҷамъ карданд ва як гулхани пурзабонае афрӯхтанд.

Франс накҳати гӯшти бузичаро шамида, бесаброна гашта омадани Гаэтаноро нигарон буд, вале ӯ ба ваҷоҳати ниҳоят мушавваш ба наздаш омад.

– Чӣ хабар? – пурсид Франс. – Онҳо розӣ нестанд?

– Баръакс, – ҷавоб гардонд Гаэтано. – Саркардаашон фаронсавӣ будани шуморо фаҳмида, даъват дорад, ки ҳамроҳашон хӯроки шом сарф кунед.

– Вай хеле меҳрубон будааст, – гуфт Франс, – ва ман сабаби рад карданро намебинам, хусусан ки ман ҳиссаи хӯроки худамро бурда истодаам.

– Гап дар ин не: вай чизи мехӯрдагӣ дорад ва ҳатто аз дараҷаи кофӣ ҳам бештар, вале ӯ шуморо фақат ба як шарти ниҳоят ғалатие дар хонааш пазируфта метавонистааст.

– Дар хонааш мепазируфтааст? – такрор кард ҷавонмард. – Чӣ, вай барои худаш хона пӯшондааст?

– Не, вай манзили хеле бароҳат доштааст, ба ҳар ҳол бо итминон чунин мегӯянд.

– Чӣ, шумо ин саркардаро мешиносед? – Дар борааш шунидагӣ дорам.

– Ба некӣ ё ба бадӣ?

– Ҳам ину ҳам он.

– Ҷин занад! Шарташ чӣ будааст?

– Монед, ки чашматонро банданд ва бандро фақат даме мекушодаанд, ки худаш кушоед гӯяд.

Франс кӯшиш кард дар чашмони Гаэтано бихонад, ки дар зимни ин пешниҳод чӣ чизе ниҳон бошад.

– Ҳа, ҳа, – ҷавоб гардонд ӯ, – андешаи Франсро пай бурда, – худи ман ҳам мефаҳмам, ки ин ҷо хуб андеша кардан даркор.

– Хайр дар ҷои ман шумо мебудед, чӣ гуна рафтор мекардед? – Хайр ман ҳеч чиз бой намедодам; ман мебудам, мерафтам. – Шумо даъваташро қабул мекардед?

– Оре, ақаллан фақат барои кунҷковӣ.

– Дар манзили вай оё ягон чизи ғалатие дидан мумкин бошад?

– Гӯш кунед, – гуфт Гаэтано овозашро паст карда, – фақат намедонам рост мегуфта бошанд ё не...

Ӯ ба атроф назар кард, мабодо ягон кас гапашро нашунида истода бошад.

– Хӯш чиҳо мегӯянд?

– Мегӯянд, ки вай дар хонаи зеризаминие зиндагӣ дорад, ки дар қиёси он қасри Питтӣ ба як пули сиёҳ намеарзад.

– Ин дар хаёлатон? – гуфт Франс нишаста истода.

– Не, дар хаёлам не, – таъкид кард Гаэтано, – ин тамоман рост. Кама, суккондори «Фердинанди Пок» як дафъа дар он ҷо буд ва ҳангу манг баромад аз он ҷо; вай мегӯяд, ки ин гуна ганҷ фақат дар афсонаҳо мешавад.

– Ҳамту-я! Оё шумо медонед, ки бо ин гапатон маро водор мекунед ба ғори Алибобо дароям?

– Ман ба ҷанобашон фақат он чиро батакрор мегӯям, ки худам шунидаам.

– Хӯш шумо маслиҳат медиҳед, ки розӣ шавам?

– Ин тавр нагуфтаам ман. Ихтиёр ба ҷанобашон. Дар ин гуна маврид ман ҳадди маслиҳат додан надорам.

Франс каме фикр кард, ба дил гуфт, ки чунин каси сарватманд аз паси чанд ҳазор франки ӯ наметозад ва дар зимни ин ҳама вай фақат хӯроки шоми олиҷанобро диду бас, бинобар ин қарор дод биравад. Гаэтано рафт, ки ҷавоби ӯро бирасонад.

Аммо чунон ки болотар гуфтем мо, Франс ҷавони эҳтиёткор буд, бинобар ҳамин ҳам мехост дар бораи мизбони ғалативу пурасрораш ҳар чи батафсилтар иттилоъ дошта бошад. Вай баргашта ба маллоҳе рӯ овард, ки ҳангоми гуфтугӯи худашу Гаэтано бо ваҷоҳати шахсе, ки аз вазифааш ифтихор дорад, кабк пар меканд, ва аз ӯ пурсид, ки ин одамон бо чӣ омада бошанд, модом ки на заврақе менамояд, на сафинае, на киштие.

– Ин маро безобита намекунад, – ҷавоб гардонд маллоҳ. – Ман киштии онҳоро медонам.

– Хуб аст киштиашон?

– Ин хелашро ба ҷанобашон ҳам орзу мекунам, то гирди оламро давр бизананд.

– Калон аст киштиашон?

– Ягон сад тона меояд. Воқиан, ин киштӣ барои дилхушӣ, яхта, чунон ки ингилисҳо меноманд, лекин чунон мустаҳкам, ки ба шароити ҳар гуна обу ҳаво тоб меоварад.

– Дар куҷо сохта шуда бошад?

– Намедонам; бояд дар Генуя бошад.

– Ба чӣ тариқ, – давом дод Франс, – саркардаи қочоқчиҳо оё наметарсад, ки дар бандари Генуя ба худаш яхта мефармояд?

– Ман нагуфтаам, ки соҳиби киштӣ ҷочоқчӣ аст, – ҷавоб гардонд маллоҳ.

– Лекин Гаэтано гӯё ҳамин тавр гуфт-ку.

– Гаэтано ҳайати киштиро аз дур дид ва бо ягон нафаре аз онҳо ҳамсӯҳбат нашудааст.

– Лекин агар ин шахс саркардаи қочоқчиҳо набошад, пас кист вай?

– Аъёни сарватманде ва ба ҳавои дили худаш саёҳат карда мегардад. – «Шахсияти, аз афташ, хеле пурасрор, – аз дил гузаронд Франс, – модом ки фикрҳо дар борааш ин қадар мухталифанд».

– Хӯш чӣ ном дорад?

– Ҳар гоҳ инро аз вай пурсанд, ҷавоб мегардонад, ки номаш Синдбоди Дарёгард. Вале ман ба ин шак дорам, ки номи воқеии вай бошад. – Синдбоди Дарёгард?

– Бале.

– Хӯш дар куҷо зиндагӣ мекунад ин аъён?

– Дар баҳр.

– Худаш куҷоӣ аст?

– Намедонам.

– Ягон бор дидаед ӯро?

– Иттифоқ афтода буд.

– Афту башарааш чӣ хел аст?

– Худатон мебинед, ҷаноб.

– Вай маро дар куҷо пазироӣ мекарда бошад?

– Бояд дар ҳамон қасри зеризаминиаш бошад, ки Гаэтано ба шумо гуфт.

– Ва шумо ягон вақт саъй накардед, ки ба ҳамон қасри ҷодуӣ роҳ ёбед?

– Набошад чӣ, ҷаноб, – ҷавоб гардонд маллоҳ, – ва ҳатто на як бору ду бор; вале ҳамааш баръабас; мо тамоми ғорро кофтуков кардем ва дар ҳеч ҷо ҳатто андаке роҳи гузаштан наёфтем. Ғайр аз ин мегӯянд, ки дар на бо калид, балки бо сухани соҳирие боз мешудааст.

– Бешак, – зери лаб гуфт Франс, – ман ба афсонае аз афсонаҳои «Ҳазору як шаб» афтодаам.

– Ҷаноби воломақом шуморо нигаронанд, – овозе ба гӯш расид аз пасаш, ки вай овози посбонро шинохт.

Ду маллоҳ аз ҳайати яхта бадрақа карданд ӯро.

Франс ба ҷои посух аз кисааш дастрӯмолчаро бароварду ба посбон дод. Хомӯш чашмонашро бастанд ва хеле бо диққат бастанд, – онҳо маълум буд, ки бим доштанд ягон ғадре накунад ӯ; баъди ин ба вай пешниҳод карданд қасам хӯрад, ки ҳаргиз ба кушодани баста саъй намекунад.

Франс қасам хӯрд.

Он гоҳ маллоҳон аз зери бағалаш гирифта бурданд, посбон бошад, пеш-пеш рафт.

Баъди ягон сӣ қадам рафтан, аз рӯи накҳати ҳавасовари кабоби бузича ӯ пай бурд, ки варо аз канори қароргоҳ гузаронда истодаанд, сипас ӯро боз ягон панҷоҳ қадам бурданд, ба тахмин, ба ҳамон самте, ки рафтани Гаэтаноро манъ карда буданд; Акнун ин манъ кардан ба вай фаҳмо гардид. Дере нагузашта, аз рӯи тағйири ҳаво, Франс дарёфт, ки ба зери замин даромад. Баъди чанд сония қадам задан садои андак қисиросе баромаду гармии фораме ба рӯяш расид; ниҳоят эҳсос кард, ки қадамаш ба қолии фохире расида истодааст, роҳбаладҳо дастонашро сар доданд. Хомӯшӣ ба миён омад ва овози касе ба забони фаронсавии бенуқсон ба гӯшаш расид, агарчи лаҳни гуфтораш хориҷи буд.

– Хӯш омаданд, акнун метавонед бастаро кушоед.

Бадеҳист, ки Франс мунтазири бори дуюм даъват кардан нашуд; вай рӯмолчаро кушоду дар рӯбарӯи худаш шахси ягон чилсолаеро дид, дар пӯшоки аҳли Тунис, яъне дар сараш каллапӯши пӯпаки абрешимии кабуддор, дар танаш камзӯли моҳути сиёҳи таг то боло зардӯзӣ, шалвораш кушоди суп-сурх, соқпӯшҳояш низ ба ҳамин ранг, мисли камзӯлаш зардӯзӣ ва дар пояш кафши зард; камарбандаш аз шоли фохири кашмирӣ, ки ба он ханҷари теғаш каҷи хурде гузаронда шуда буд.

Сарфи назар аз мурдавор рангпарида буданаш, ҳусни ҷамолаш касро дар ҳайрат мегузошт; чашмонаш серҳаракати зирак буданд; хатти мустақими қариб бо ҷабин ҳамвори биниаш қиёфаи соф юнониро ба ёд меовард; дандонҳои сап-сафеди дурдонавораш дар иҳотаи сиблати қиргун сиёҳаш чашмхиракунанда ҷило медоданд.

Аммо рангпаридагии чеҳрааш табиӣ набуд; мисле ки солҳои зиёдеро ин шахс дар гӯр ба сар бурда ва рангу лавни зиндагӣ дигар натавониста бошад барқарор бишавад дар симояш.

пешина
аз 99
навбатӣ