Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Х. ИТОЛИЁ. СИНДБОДИ ДАРЁГАРД

Дар ибтидои соли 1838 дар Флоренсия ду ҷавонмарде умр ба сар мебурданд, ки ҳар ду ба беҳтарин ҷомиаи Париж мансуб буданд: виконт Албер де Морсер ва барон Франс д' Эпине. Онҳо аҳд карда буданд айёми карнавалро дар Рим гузаронанд ва Франс, ки инак чор сол боз дар Итолиё истиқомат дошт, бояд ба Алберт ба сифати роҳбалад хидмат мекард.

Дар Рим гузаронидани карнавал кори ҳазл нест, хусусан ки агар кас шабро дар зери осмони кушод дар Пяттса-дел-Пополо ё дар Кампо Ваччино гузаронданӣ набошад, бинобар ҳамин ҳам онҳо ба устод Пастринӣ, соҳиби меҳмонсарои «Лондон» дар Пяттс – ди-Спаня нома навиштанд, то вай барои онҳо як ҳуҷраи хубе нигаҳ дорад.

Устод Пастринӣ ҷавоб гардонд, ки ба онҳо фақат ду дар хонаи хобу як хонаи меҳмонпазироӣ пешниҳод карда метавонад al secondo piano,1 ки барои ин хонаҳо музди на он қадар зиёде мегирад, яъне рӯзе яклуидорӣ. Ҷавонмардҳо ризоияташонро иброз доштанд; Албер, то ин ки вақти то оғози карнавал боқӣ мондаро аз даст надиҳад, ба Неапол равон шуд, Франс бошад, дар Флоренсия бимонд.

Аз ҳаёти шаҳри авлоди Медичии шӯҳратёр лаззат бурда, дар биҳиште, ки Кашина ном дорад, хуб сайру гашт карда аз меҳмоннавозии аъёни муқтадир, соҳибони Флоренсия воқиф гардида, вай ки Корсика, гаҳвораи Бонапартро пеш аз ин медонист, дар андешаи сафар кардан ба дуроҳаи Наполеон – ҷазираи Элба афтод.

Инак як бегоҳ вай фармуд заврақи бодбондореро аз ҳалқаи оҳание, ки онро дар борандози бандари Ливорн занҷирбанд карда буд, бикшоянд, худашро ба боронӣ печонда даруни он дароз кашиду ба маллоҳон фақат се калимае гуфт: «Ба ҷазираи Элба». Заврақ ба мисоли мурғе, ки аз лона парвоз мекунад, бо суръати тамом ба баҳри кушод баромад ва рӯзи дигар Франсро дар Порто-Феррайо фуровард.

Франс ба асари изи қадамҳои таҳамтан пеш рафта ҷазираи императорро тай карду дар Марчан боз ба баҳр баромад.

Пас аз ду соат вай боз ба соҳил, ба ҷазираи Пианоз фуромад, ки он ҷо, чунон ки ба вай ваъда дода буданд, як дунё кабкҳои сурх интизораш буданд. Сайд бебарор омад. Фрас баазоб чанд мурғи лоғаре шикор кард ва чун ҳар як сайёд, ки фурсату қувваташ беҳуда сарф мешавад, бо табъи ниҳоят хира ба заврақ нишаст.

– Агар ҷанобашон майл дошта бошанд, – гуфт соҳиби заврақ, – чандон бад шикор накардан имкон дорад.

– Дар куҷо будаст ин?

– Ҳо он ҷазираро мебинед? – давом дод суханашро соҳиби заврақ, тарафи ҷануб кӯҳпораи азамати махрутиеро, ки аз миёни баҳри кушоди сиёҳчатоб баланд шуда буд, нишон дода.

– Ин чи гуфтанӣ ҷазира? – пурсид Франс.

– Ҷазираи Монте-Кристо, – ҷавоб гардонд заврақхудо.

– Лекин ман барои шикор кардан дар ин ҷазира рухсатнома надорам. – Рухсатнома лозим нест, ҷазира номаскун аст.

– Ана гапу мана гап! – гуфт Франс. – Ҷазираи номаскун дар баҳри Миёназамин! Ин ғалатӣ-ку.

– Ҷои тааҷҷуб надорад, ҷаноб. Ҷазира саросар сангистон, дар он як порча замини ҳосилхез намеёбад кас. – Хӯш ба кӣ тааллуқ дорад?

– Ба Тоскана.

– Чӣ гуна сайде дорад?

– Бузи кӯҳӣ лаб задагӣ.

– Ки ғизояшон санглесист, – гуфт Франс, бо табассуми нобоварона. – Не, онҳо навдаи халанҷ, мӯрд ва дарахтони сирешимиеро, ки дар тангноҳо мерӯянд, мечаранд.

– Хӯш дар куҷо хоб меравам ман?

– Даруни ғорҳои ҷазира ё дар заврақ худро ба боронӣ печида.

Воқиан, агар ҷанобашон майл дошта бошанд, мо метавонем баъди шикор зуд биравем. Чунон ки ҷанобашон медонанд, мо зери бодбонҳо ҳам шабу рӯз роҳ мепаймоем, агар зарурат афтад, бел зада ҳаракат кардан ҳам метавонем.

Азбаски Франсро то мӯҳлати мулоқот бо ҷӯрааш фурсат кофӣ буд ва манзил дар Рим муҳайё, вай ин пешниҳодро пазируфт ва тасмим гирифт шикори бебарорро ислоҳ кунад.

Даме ки вай ризоияташро иброз дошт, маллоҳон байни худ ба пичир-пичир даромаданд.

– Чӣ гуфта истодаетон шумо? – пурсид ӯ. – Монеае ҳаст магар?

– Ҳеҷ гуна монеае нест, – ҷавоб гардонд соҳиби заврақ, – вале мо бояд ҷанобашонро огоҳ кунем, ки ҷазира зери назорат аст.

– Чӣ маъно дорад ин?

– Маънояш ҳамин, ки Монте-Кристо номаскун аст ва баъзан он ҷо паноҳ бурдани қочоқчиёну роҳзанони баҳрӣ аз Корсика, Сардиния ва аз Африқа ҳодис мешавад ва агар фаҳманд, ки мо он ҷо будаем, моро дар Ливорно шаш рӯз дар карантин бозмедоранд.

– Ӯҳ сабил! Ин тавр бошад, намешавад. Шаш рӯз-а! Расо ҳамон қадаре ки барои офариниши дунё ба ҳазрати парвардигор даркор шуда буд. Ин аз ҳад зиёд, дӯстонам.

– Хӯш кӣ мегӯяд, ки ҳазраташон дар Монте-Кристо будаанд?

– Хайр ба ҳар ҳол на ман, – нидо баровард Франс.

– Мо ҳам не, – гуфтанд маллоҳон.

– Хайр, ин тавр бошад, ба Монте-Кристо меравем!

Заврақхудо фармон дод. Ба сӯи Монте-Кристо роҳ гирифта, заврақ бо суръати тамом пеш рафт.

Франс сабр карда истод, то ки тоб хӯрданд ва даме ки акнун ба самти нав пеш мерафтанд, ҳангоме ки шамол вазида бодбонҳоро таранг карду ҳар чор маллоҳ дар ҷойҳои худашон қарор гирифтанд – се кас рӯи хараку як касашон дар сари суккон, – вай аз нав ба сухан даромад.

– Мӯҳтарам Гаэтано, – рӯ овард вай ба соҳиби заврақ, – гӯё шумо ба ман гуфта будед, ки ҷазираи Монте-Кристо барои роҳзанони баҳрӣ ба сифати паноҳгоҳ аст, лекин ин сайд, назар ба бузҳои кӯҳӣ, тамоман аз навъи дигар аст.

– Оре, ҷаноб, ҳамин тавр ҳам ҳаст.

– Ман медонистам, ки қочоқчиён вуҷуд доранд, вале гумон мекардам, ки аз давраи ишғол гардидани Алҷазоир ва мағлуб шудани Ноибуссалтанаи Барбария ин тараф роҳзанони баҳрӣ дар романҳои Купер ва капитан Марриэта вуҷуд доранд.

– Ҷанобашон иштибоҳ мекунанд; вуҷуди роҳзанони баҳрӣ ҳам мисли роҳзанони хушкигард аст, ки папа Леви XIII гӯё ки қирашон кардааст ва онҳо бо вуҷуди ин ҳамарӯза дар худи дами дарвозаи Рим мусофиронро ғорат мекунанд. Магар шумо нашунидаед, ки ним сол қабл аз ин гумоштаи Фаронсаро дар умури ҳузури сарири ҳазрати ҳумоюнӣ дар масофаи панҷоҳ қадам аз Валлертри ғорат карда буданд?

– Ман инро шунида будам.

– Агар ҷанобашон мисли мо дар Ливорно зиндагӣ мекарданд, дар он сурат ҳар гоҳ ба гӯшашон мерасид, ки кадом-як киштӣ ҳамроҳи бораш ё сафинаи сабуксайри ботаҷаммули ингилисие, ки дар Бастия, дар ПортоФеррайо ё дар Чивита-Веккия нигаронаш буданд, бе ному нишон шудааст ва гумон мекарданд, ки ба эҳтимоли қавӣ ин сафина ба сахрае бархӯрда дарҳамшикастагист. Ҳол он ки сахра – киштии пастаку борики бе аршаи дорои шаш ё ҳашт касе будагист, ки сафинаро дар ягон щаби торики тӯфонӣ дар қарибии ҷазирачаи беодаме дошта ғорат кардагистанд, айнан мисли он ки роҳзанони хушкигард каретаи почтаро дар канори ҷангале дошта ғорат мекунанд.

– Лекин, – гуфт Франс, борониро ба танаш печонда, – барои чӣ ғоратшудагон додхоҳӣ намекунанд? Барои чӣ онҳо аз болои ин роҳзанони баҳрӣ ба ҳукуматдорони Фаронса ё Сардиния, ё Тоскана арз намекунанд?

– Барои чӣ мегӯед? – пурсид табассумкунон Гаэтано.

– Оре, барои чӣ?

– Барои он ки пеш аз ҳама аз киштӣ ё аз сафинаи сабуксайр – яхта тамоми чизу чораро ба киштии бе аршаи худашон мегузаронанд; баъд ҳайати он киштӣ ё сафинаро дасту по мебанданд, ба гардани ҳар кадомашон санги бистучорфунтӣ меовезанд, дар синҷи киштии дастгир кардаашон ба андозаи қутри як чалак сӯрохе мекушоянд, ба арша баргашта, тамоми равзанаҳоро маҳкам мекунанду ба киштии беаршаи хадашон мегузаранд. Баъди даҳ дақиқа киштӣ ба пулуқ-пулуқ кардан медарояд, нолиш мекунад ва майда-майда ба об фурӯ рафтан мегирад, аввал як паҳлуяш, баъд паҳлуи дигараш. Вай баланд мебарояд, баъд боз гашта поён мефурояд ва чуқуртар ба об фурӯ меравад. Нохост ба мисли тӯппаронӣ садое мабарорад, – ин ҳаво аршаро дарҳаммешиканад. Киштӣ ба мисли каси ғарқ шуда истода беқарорӣ мекунад, то рафт ҳаракаташ суст шудан мегирад. Дере нагузашта об аз девораҳо роҳи баромад наёфта, аз сӯрохҳо зада баромадан мегирад, мисле ки кашалот – гови анбари азамате аз почакҳои биниаш фаввораи об сар медода бошад. Оқибат, киштӣ хирроси ҳолати назъ бароварда, як бори дигар паҳлу мегардад ва тамоман ба қаъри баҳр фурӯ рафта гирдоби азиме ба амал меоварад; дар ибтидо давраҳояш намуда меистанд, баъд сатҳи об ҳамвор мешавад ва ҳамааш ғоиб мегардад; баъди ягон панҷ дақиқа дар қаъри баҳр киштии ғоиб гардидаро фақат дидаи парвардигори олам муқаррар карда метавонаду бас.

– Акнун шумо фаҳмидед, – барафзуд соҳиби заврақ бо табассум, – ки чаро киштӣ ба бандар гашта намеояду барои чӣ ҳайати он додхоҳӣ намекунанд.

Агар Гаэтано ҳамаи инро пеш аз он ки таклифи дар ҷазираи МонтеКристо сайд карданро ба миён овард, ҳикоят мекард, Франс, эҳтимол, андеша мекард, ки кирои ба чунин саёҳате баромадан дорад ё не; вале онҳо аллакай равон шуда буданд ва ӯ ба дил гуфт, ки гаштан аз ният буздилӣ зоҳир кардан мешуд. Ин ҷавонмард яке аз он касоне буд, ки ба ихтиёри худашон ба истиқболи хатар намераванд, вале агар бо он рӯбарӯ зананд, бо хунсардии оромона пешвоз мегирандаш; ва низ яке аз он касони қавииродае буд, ки хатар барояшон ҳарифи дар ҷанги тан ба тан барин чизе буд: ин қабил касон ҳаракатҳои ҳарифро пай мебаранд, қувваташро андоза мегиранд, чӣ қадаре ки лозим аст, таъхир мекунанд, то дам гирифтаву нафас рост кунанд ва дар айни замон тарсӯ вонамуд нашаванд ва бо як назар ба ҷамеи афзалиятҳояшон баҳо дода тавониста, ба як зарба мекушанд.

Ман саросари Ситсилияю Калабрияро тай кардаам, – гуфт ӯ, – ду дафъа аз миёни галаҷазирае шино карда гузаштаам ва ягон маротиба ҳатто сояи роҳзани хушкигард ва роҳзани баҳриро надидаам.

– Э ман ҳамаи инро на аз баҳри ҳазраташон ҳикоят кардам, – ҷавоб гардонд Гаэтано, – ки шуморо аз раъйатон гардонам, шумо марҳамат карда аз ман пурсидед, ман ҳам ҷавоб додам, тамом вассалом.

– Дуруст, азизам Гаэтано, сӯҳбати бо шумо хеле мароқангез аст маро; дилам мехоҳад боз ба гуфтори шумо гӯш диҳам, баъди ҳамин ба Монте-Кристо меравем.

Дар ин миён онҳо ба ҷои ният кардаашон хеле тез наздик мешуданд; шамоли салқин мевазид ва заврақ бо суръати шаш ё ҳафт мил дар як соат пеш мерафт. Ҳар қадар ки онҳо ба ҷазира наздик мешуданд, вай, ба назар ки аз даруни баҳр мебаромад; дар партави соати ғуруб баръало суробаш падид омад, сангҳо мисли гулӯлаҳо дар кӯрхона болои ҳам фурӯ рехта шуда буданд, вале дар тангнои миёни сахраҳо халанҷ сурхча метофту дарахтон сабзфом ба назар мерасиданд. Маллоҳон, агарчи изтиробе зоҳир намекарданд, яқинан ҳозиру нозир буданд ва ба сатҳи мусаққали баҳр, ки рӯ-рӯяш пеш мехазиданд, бо диққати тамом чашм медавонданд ва уфуқро, ки он ҷо фақат бодбонҳои сафеди ба моҳихӯрак шабеҳи заврақхои моҳигирон, заврақҳои дар сари ёлаи мавҷҳо алвонҷхӯранда ба чашм мерасиданд, назора мекарданд.

То Монте-Кристо на бештар аз понздаҳ мил боқӣ монда буд, ки қурси офтоб дар паси Корсика ба фурӯ рафтан сар кард, Корсикае, ки кӯҳҳояш аз тарафи рост дандонҳои муҳибашонро ҷониби осмон рост карда, қомат кашида буданд; ин кӯҳпораи азамат, ки ба мисоли Адамастори од дар рӯбарӯи заврақ таҳдидкорона пайдо шуда буд, батадриҷ пеши офтобро гирифта, аз назар панаҳ кард онро; майда-майда торикии шом сатҳи баҳрро фаро гирифта, сафои равшании рӯзи умраш ба поён расида истодаро аз худаш дур меронд; вопасин шӯълаҳое, ки ба қуллаи шахи махрутӣ расида буданд, лаҳзае даранг карданду ба мисоли чанбараи оташини вулқон якбора аланга заданд. Ниҳоят, торикӣ, ки то рафт баланд мехест, қулларо фурӯ бурд, чунон ки пеш аз ин доманаи кӯҳро фурӯ бурда буд, ва ҷазира ба кӯҳпораи тираи сияҳфом табдил ёфтан гирифт. Баъди ним соат торикии чашмногузаре ба миён омад.

Хушбахтона, ба белзанҳо ин роҳ шинос буд, тамоми галаҷазираҳои Тосканаро панҷ ангушташон барин медонистанд онҳо; вагарна, Франс ба зулмоти амиқе ки заврақро печонда буд, бо нигоҳи на холӣ аз изтироб чашм медавонд. Корсика ғоиб гардид; ҳатто ҷазираи Монте-Кристо ба назар наменамуд, вале маллоҳон дар торикӣ силовсин барин медиданд ва нохудо, ки сари суккон нишаста буд, заврақро ба итминон ва қатъият пеш меронд.

Аз фурӯ рафтани офтоб тақрибан ягон соат гузашта буд, ки Франс банохост дар тарафи чап, дар масофаи ягон чоряки мил кадом-як пуштаи сиёҳеро пайхас кард; вале тарҳаш чунон норавшан буд, ки вай мабодо маллоҳон абрпораро замин гумон бурдаст гуфта ба ҳолам наханданд гуфта, аз изҳораш тарсид ва хомӯш истоданро авло донист. Нохост дар соҳил рӯшноии баланде пайдо шуд; замин абрпора барин намуданаш мумкин, вале оташ бешак шиҳоб набуд.

– Ин чӣ оташест? – пурсид Франс.

– Хомӯш! – зери лаб гуфт заврақхудо. – Ин гулхан.

– Шумо ҷазира номаскун гуфта будед-ку!

– Ман гуфта будам, ки саканаи доимӣ надорад, лекин инашро ҳам гуфта будам, ки ҷазира ба қочоқчиҳо ба сифати паноҳгоҳ хидмат мекунад.

– Ба роҳзанони баҳрӣ ҳам!

– Ба роҳзанони баҳрӣ ҳам, – такрор кард Гаэтано, – бинобар ин ман фармудам аз канораш гузаранд: чунон ки мебинед, гулхан дар ақиби мост.

– Лекин ба гумони ман, – гуфт Франс, – ки гулхан ғолибан ба мо бояд тасалло бахшад, на ин ки изтироб оварад, агар одамон аз ошкор кардани худ бим медоштанд, гулхан намеафрӯхтанд.

– Ин ҳеч аҳамият надорад, – гуфт Гаэтано. – Шумо дар торикӣ вазъи ҷазираро дида наметавонед, вагарна, пай мебурдед, ки гулханро на аз соҳил, на аз Пианоза дидан мумкин нест, балки фақат аз баҳри кушод менамояд.

– Хӯш, ба фикри шумо, ин гулхан аз ҷомиаи номатлубе огоҳ мекунад моро?

– Ҳозир мефаҳмем мо, – ҷавоб гардонд Гаэтано, аз ин ситораи заминӣ чашм наканда.

– Хӯш чӣ хел мефаҳмем инро?

– Ҳозир мебинед инро.

Гаэтано бо рафиқонаш ба пичир-пичир даромад ва пас аз машварати панҷдақиқаина заврақ бесадо давр гашту боз ба самти омадааш рафтан гирифт; пас аз чанд сония оташ ғоиб шуд, дар хами кадом-як теппае монд.

Он гоҳ нохудо сукконро тоб дод ва киштичаи хурдакак ба ҷазира хеле наздик рафт; дере нагузашта дар масофаи ягон понздаҳ қадам аз он қарор гириф.

Гаэтано бодбонро фуровард ва заврақ бозистод.

Ҳамаи ин дар хомӯшии том ба субут расид; аз ҳамон дақиқае, ки заврақ ақиб гашта буд, касе сухан ба забон наёвард.

Гаэтано, ки ин саёҳатро пешниҳод карда буд, масъулиятро пурра ба зимма гирифт. Чор тан маллоҳ аз вай чашм наканда, белҳоро омода дошта меистоданд, то агар зарурате афтад, бо тамоми қувват бел зада, аз торикӣ истифода бурда, ғоиб шаванд.

Лекин Франс бошад, бо он хунсардие, ки ин дам ба мо маълум аст,аслиҳаашро аз назар мегузаронд; вай дуто туфанги думилаву як карабин дошт; ба аслиҳааш тир ҷо кард, қулангҳоро санҷид ва нигарон истод.

Дар ин миён Гаэтано нимтанаву куртаашро кашид, банди шалворашро таранг кард ва азбаски пойҳояш луч буд, пойафзор кашиданаш лозим наомад. Бо чунин пӯшок, ё аниқтараш, бе пӯшок, вай худашро ба об андохт, пеш аз ин ангушт ба лаб бурд, ва чунон боэҳтиёт сӯи соҳил ба шино кардан даромад, қи ҳатто андаке шалпос задани об шунида намешуд. Танҳо аз рӯи хати дурахшоне, ки дар рӯи об боқӣ мемонд, ҳаракати ӯро назора кардан мумкин буд. Дере нагузашта ҳамон хат ҳам нопадид гардид. Аз афташ Гаэтано ба соҳил рафта расида буд.

Як соати тамом касе аз заврақнишинон ҷунбише зоҳир накард; баъд аз соҳил ҳамон хати дурахшон тӯл кашида наздик омадан гирифт. Дақиқае пас, қулочкаш шино карда, Гаэтано ба заврақ расид.

– Хӯш чӣ будааст? – ба як овоз пурсиданд Франк ва маллоҳон.

– Ҳамин, ки онҳо қочоқчиҳои испанӣ будаанд; ҳамроҳашон фақат ду роҳзани корсикоӣ.

– Хӯш чӣ тавр роҳзанони корсикоӣ дар миёни қочоқчиҳои испанӣ пайдо шуда бошанд?

– Эҳ, ҷаноби олиқадр, – гуфт Гаэтано ба лаҳни пуршафқати воқеии насроние, – охир ба якдигар ёрӣ кардан даркор! Баъзан дар хушкӣ аз дасти жандармҳову карабинерҳо аҳволи роҳзанон танг мешавад; хайр, дар соҳил онҳо заврақе пайдо мекунанд, дар заврақ бошад – мо барин одамони нек. Онҳо дар хонаҳои шиновари мо сарпаноҳ металабанд. Оё ба бечорае, ки таъқибаш мекунанд, ёриро дареғ доштан мумкин аст? Мо ӯро қабул мекунем ва барои бемалолии кор ба баҳр мебароем. Ин барои мо заҳмате надорад, ҳол он ки инсоне аз марг наҷот меёбад ё ҳеҷ набошад, ба озодӣ мерасад; ягон вақт вай қусури ин некиро мебарорад, ягон ҷояки паноҳеро нишон медиҳад, ки аз назари кунҷковон канора борро фуровардан мумкин мешавад.

– Ана гап, дӯстам Гаэтано! – гуфт Франс. – Пас шумо ҳам бо қочоқчигӣ машғул мешудаетон-дия?

– Чӣ метавон кард, ҷаноби олиқадр? – гуфт Гаэтано бо табассуме, ки қалам аз тасвираш оҷиз аст. – Андак-андак кас ба ҳама кор машғул мешавад; охир ягон роҳи зиндагиро ёфтан даркор.

– Пас, ин касони дар Монте-Кристо буда барои шумо бегона набудаанд-дия?

– Ҳамин тавр гӯем ҳам мешавад; мо маллоҳон ҳам аҳли фаромӯшхона барин, – якдигарро ба ишорат мешиносем.

– Ва шумо гумон доред, ки мо метавонем осуда ба соҳил фуромадан гирем?

– Дилам пур; қочоқчиҳо дузд нестанд.

– Роҳзанони корсикоӣ чӣ? – пурсид Франс, қалбан ҳар гуна эҳтимоли хатарро пешбинӣ карда.

– Онҳо на ба айби худ роҳзан шудаанд, – гуфт Гаэтано, – дар ин кор ҳукуматдорон айбдоранд.

– Барои чӣ?

– Ҳа набошад чӣ? Онҳоро барои ким-кадом кори тагаш тар дастгир мекунанд, буду шудаш ҳамин; гӯё ки корсикоӣ интиқом гирифта наметавониста бошад.

– Шумо кори тагаш тар гуфта чиро дар назар доред? Куштани одамку не? – пурсид Франс.

– Нест кардани душман, – ҷавоб гардонд заврақхудо. – Рафтем, аз қочоқчиҳову роҳзанон меҳмоннавозӣ таваққӯъ медорем.

– Лекин мепазируфта бошанд моро?

– Бадеҳист.

Чанд нафаранд онҳо?

– Чор кас, ҷаноби олиқадр ва ду роҳзан; ҳамагӣ шаш кас.

– Мо ҳам ҳамин қадар. Дар ҳоли рӯи хуш нишон надодани ин ҷанобон қувваҳои мо баробар аст, ва, аз ин мебарояд, ки мо онҳоро ӯҳда карда метавонем. Инак, масъала ҳал, ба Монте-Кристо меравем.

пешина
аз 99
навбатӣ