Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
V. ТРАКТИРИ «ПУЛИ ГАР»
Ҳар ки мисли ман пои пиёда Фаронсаи Ҷанубиро сайр кардааст, эҳтимол, миёни Белгарду Бокер, тақрибан дар миёнароҳи байни деҳкадаву шаҳр, декин ба ҳар ҳол наздиктар ба Бокер нисбат ба Белгард трактири на он қадар калонеро дида бошад, ки дар рӯи лавҳаи тунукагии овезонаш, ки аз андак вазидани шамол ғаричас садо мебаровард, пули Гар булъаҷаб тасвир ёфта буд. Ин трактир, агар кас бо рафти ҷараёни Рона поён равад, дар самти чапи роҳи калон қарор гирифтааст, ки девори тарафи пушташ ба дарё нигоҳ дорад. Дар пешаш он чи мавҷуд аст, ки дар Лангедок боғ меномандаш, яъне ки қитъаи замини гирдаш иҳотадоре; ҳота чанд дарахти қадпасти пажмурдаи зайтуну анҷири худрӯи баргҳояш чангпахшкардаи нуқрафоме дошт, ки дар байни ин дарахтон сабзавот, асосан сир, қаланфури сурх ва пиёз мерӯид; ниҳоят дар як гӯша, ба мисоли посбони аз хотир баромадае, санавбари румии яка дар зери шӯълаи офтоби ҳарораташ сидараҷа қасар-қасаркунон сар ба осмон кашида қоим меистод.
Ҳамаи ин дарахтон, хоҳ калону хоҳ хурд, ба таъсири табиат каҷ шудаву яктарафа, ба он самте, ки хушкбоди сарди шимолӣ мевазид, хам оварда буданд; ҳамин хушкбоди сарди шимолӣ – мистрал, яке аз се офати Прованс буд; ду офати дигараш, чунон ки маълум аст, ё чунон ки, шояд, маълум набошад, Дуранс1 ба ҳисоб мерафту парлумон.
Дар гирду атроф, дар ҳамвории шабеҳ ба кӯли азими чанг, ҳар ҷоҳар ҷо яктаю нимта хӯшаҳои гандум ба назар мерасиданд, ки боғдорони маҳал, эҳтимол, аз кунҷковӣ мекориданд ва ин гандумпояҳо барои зиллаҳое, ки бо чир-чири гӯшхарошу якнавохташон сафаракиҳои гузорашон ба ин биёбон расидаро безор мекарданд, ба сифати нишемангоҳ хидмат мекарданд.
Ҳафт сол мешуд, ки ин трактир ба ҷуфти зану шӯе тааллуқ дошта, хизматпешагонаш аз Принетта ном занаку саисе иборат буд, ки Пако лақаб дошт; Воқиан, ду нафар хидматгор тамоман кифоят буд, зеро аз он даме, ки миёни Бокеру Эг-Морт наҳр канда об сар дода буданд, сафинаҳои болокушодаи дарёӣ тантанавор ҷои аспони чопориро гирифта буданду киштиҳои ҳамлу нақл – ҷои каретаро.
Ин наҳр, ки ба шӯри трактирчии сарсахт, аз байни Ронае, ки онро бо об таъмин мекарду роҳе, ки онро ба комаш мекашид, дар масофаи ягон сад қадам аз трактир мегузашт, трактире, ки мо мухтасар, вале аниқ ҳамин ҳоло тасвираш кардем.
Соҳиби ин тарктираки фақирона марди тақрибан чилупанҷсолае буд, ҷанубии рафта истодагӣ – қоматбаланд, қоқинаи серрагу пай, чашмонаш дурахшони дар фарқи сараш чӯкида, биниаш уқобиву дандонҳояш ба мисоли дандони ҳайвони ваҳшӣ сап-сафед. Мӯи сараш, ки аз афташ хоҳиши сафед шудан надошт, сарфи назар аз пешхабари пирӣ, чун риши кулӯтааш серу ҷингила буд ва танҳо ягон-ягон тораҳои сафедаш ба назар метофт. Ранги рӯяш, ки табиатан гандумгун будааст, дар асари одати мардаки бечора, ки аз субҳ то шом сари остона нишаставу чашм ба роҳ медӯхт, ки шояд мусофире – пиёда ё саворае – пайдо шавад, қариб тамоман сип-сиёҳ шудааст; ӯ одатан баръабас нигарон мешуд ва рӯяшро ба ҷуз рӯмоли сурхе, ки ба мисоли харколони испанӣ ба гирди сараш баста буд, чизе аз гармои тамуз панаҳ намедошт. Ин шахс шиноси дерини мо Гаспар Кадрусс буд.
Зани ӯ, ки замони духтарихонагиаш Мадлена Радел ном дошт, як занаки қуткандаи лоғару дардманде буд; ӯ дар ҳаволии Арли ба дунё омадаву асари ҳусну ҷамоли якзамонӣ, ки занони он музофот бо чунин муҳассанот шӯҳрат доранд, дар симояш маҳфуз монда буд; аммо чеҳраи ӯ аз хуруҷи табларзаи ниҳон аз назар, ки дар миёни мардуми гирду атрофи толобҳои Эг-Морту ботлоқи Камарг хеле интишор дошт, ҷозибаашро хеле барвақт аз даст дода буд. Бинобар ин, вай қариб ки ҳеҷ гоҳ аз хонаи воқеъ дар ошёнаи дуюм берун намеомад ва рӯзи дароз бо тани ларзон дар курсии нарм ёнбош кашида ё болои кат пойҳояш овезон нишаста мебаромад, ҳол он ки шавҳараш, аз рӯи одат, сари остона посбон истода, бо дили нохоҳам постгоҳашро тарк мекард, зеро ҳар боре, ки ба назди завҷаи ҷанҷолиаш бармегашт, вай ӯро бо нолиданҳои муттасилаш аз қисмати носоз ба ҷон мерасонд, ки дар ҷавоби ин шикваҳо одатан мардак файласуфвор ҷавоб мегардонд:
– Хомӯш, Карконта! Маълум, ки хости худо ҳамин будааст.
Лақаби «Карконта» аз он пайдо шудааст, ки Мадлена Радел дар деҳаи Карконт, миёни Салону Ламбеск таваллуд ёфтааст; азбаски дар он ҷойҳо одамонро қариб ҳамеша на бо исмашон, балки бо лақабашон ном мегирифтанд, шавҳари ӯ ҳам номи Мадленаро ба ҳамин лақаб бадал кард, ки шояд барои шеваи гуфтори дурушти Гаспар ниҳоят навозишкоронаву гӯшнавоз бошад.
Аммо, сарфи назар аз чунин сар фуровардани дурӯғин ба хости қисмат, набояд гумон бурд, ки гӯё трактирчии мо аз аҳволи қашшоқонааш, ки наҳри наҳси Бокер ба он боис гардидааст, наменолида бошад ва навҳаву шевани муттасили занашро бепарво таҳаммул мекарда бошад.
Ба мисли ҳама аҳли ҷануб ӯ марди ниҳоят қаноатпешаву шикастанафсе буд, вале ҳар он чи ба ороиши зоҳир дахл дошт, нисбат ба он бепарво набуд, аз ин ваҷҳ ӯ шӯҳратпарастие дошт; дар давраҳои таносоиаш вай ягон феррада1, ягон намоиши бо тараскро2 фурӯ намегузошт ва ҳамроҳи Караконтаи худаш бо кару фар дар он ҷо ҳозир мешуд: ӯ – дар либоси пурнақшунигори аҳли ҷануб, ки аз як навъ пӯшоки омехтаи каталонию андалусӣ иборат буд, завҷааш – дар сарутани назаррабои зани арлезианӣ, либосе, ки тарзи дӯхташ мисле ки аз юнониҳову арабҳо ахз шуда аст. Аммо майда-майда занҷираки соат, зеби гардан, такбандҳои рангубаранг, корсажҳои гулдӯзӣ, нимтанаҳои махмалин,ҷӯлобҳои абрешимини нақшаҳояш нафис, соқпӯшҳои рах-рах, кафшҳои сагакашон нуқрагин ғоиб шудан гирифтанд. Гаспар Кадрусс бошад, азбаски аз имконияти дар маъракаҳо бо дабдабаву ороиши мутантан пайдо шудан маҳрум гардида буд, ҳамроҳи завҷааш аз иштирок дар тантанаҳои идона даст кашид; шӯру шаафи ин тантанаҳо ба дилаш доғе гузошта, садоҳои хушҳолонааш то ба трактири бечораҳолонаи ӯ мерасиданд, трактире, ки ӯ, на барои он медошт, ки даромаде медиҳад, балки барои он, ки шуғле дошта бошад.
Кадрусс аз рӯи одат, нигоҳи пурандӯҳашро аз алафзори на он қадар калоне, ки он ҷо мурғон гашту гузор доштанд, бардошта, ба ду нуқтаи канории роҳи холие, ки як тарафаш ба самти ҷануб мебурду тарафи дигараш ҷониби шимол мерафт, равона карда, ним рӯзи озод дами дари трактир истода буд, дар ҳамин ҳин овози гӯшхароши занаш баланд гардида водораш кард, ки дидбонгоҳашро тарк кунад. Ӯ ғурғуркунон аз дари трактир даромаду ба ошёнаи дуюм баромад, дарро, лекин, яланғоч кушода фурӯ гузошт, мисле ки раҳгузаронро даъват карданӣ бошад ҷониби трактири онҳо тоб хӯранд.
Дар ҳамон лаҳзае, ки Кадрусс ба трактир даромад, роҳи калоне, ки аз хусусаш сухан рондем мо ва нигоҳи ӯ ба он равона шуда буд, ба мисли биёбони нимрӯзӣ холиву беодам буд. Ин роҳ ба сурати тасмаи беохири сафеде миёни ду канори дарахтони пажмурда тӯл мекашид ва маълум буд, ки ягон мусофире ба ихтиёри худаш дар чунин соате сафари ин Саҳрои Кабири ҷонгудозро пеш нахоҳад гирифт.
Дар ин миён, бар алайҳи ҳар гуна эҳтимоле, агар Кадрусс дар ҷояш қарор меистод, ӯ медид, ки аз тарафи Белгард саворае бо чунон гашти боадабонаю ором асп ронда омада истодааст, ки далолат ба мувофиқати пурраи муносибати аспу аспсавор дорад; савор марди рӯҳоние буд дар тан ҷомаи дарози мазҳаби католикию дар сар кулоҳи сегӯшае, сарфи назар аз он, ки офтоби соати зӯҳр замину замонро метафсонд; асп, ки як аспи ахтаи юрғае буд, резачорпо пеш меомад.
Марди рӯҳонӣ дами дари трактир таваққуф кард; наметавон гуфт, ки асп саворро боздошта бошад, ё савор аспро; вале дар ҳар сурат марди рӯҳонӣ аз асп фуромад ва яккаҷилави онро гирифта ба ғалақаи даричаи фарсудаи паси тиреза, ки ба як ошиқмаъшуқ ҳамоил меистод, бурда баст; сипас, назди дар рафту бо рӯмолчаи сурхи матоаш пахтагин арақи мисли ҷолаю борон аз рӯяш шорида истодаро пок карда, бо асои оҳанакдори дасташ се дафъа ба остона тук-тук зад.
Ҳамонзамонӣ як саги сиёҳи азимҷусса бархосту чанд қадаме пеш омада ба ак-ак даромад ва дандонҳои сап-сафеди тезашро гиз кардан гирифт, – ин рафтори дучанд адоватомези саг далели он буд, ки вай ба дидани мардуми ғайр чандон одат накардааст.
Нардбони чӯбине, ки ба девор ҷафс гузошта шуда буд, ҳамонзамонӣ дар зери қадамҳои вазнини соҳиби манзили фақирона ба садо омад; ӯ дуқат шуда қафонокӣ ҷониби марди рӯҳонии дами дар истода фуруд меомад.
– Рафта истодаам, – мегуфт Кадрусси ниҳоят ба ҳайрат афтода. – Э хап меистӣ ё не, ту, Марго! Натарсед, тақсир, ин ак-ак кунад ҳам, намегазад. Шумо май мехоҳед, гапам рост ё не? Охир ин гармои сабилмонда... Оҳ, бубахшед, – давом дод Кадрусс суханашро, бо чӣ гуна раҳгузаре корафтод шуданашро дида. – Бубахшед, ман нигоҳ накардаам, ки шарафи истиқболи чӣ касе ба ман муяссар шудааст. Чӣ хоҳише доред? Ба шумо чӣ хидмате карда метавонам, ҷаноби аббат?
Аббат чанд сонияе бо диққат ҷониби Кадрусс нигоҳ карда истод; ба назар чунин мерасид, ки ӯ ҳатто саъй дорад, диққати ӯро ҳам ба худаш ҷалб кунад. Вале, азбаски ваҷоҳати соҳиби трактир ба ҷуз таҳайюре, ки чаро меҳмон ба суолаш ҷавоб намедиҳад, чизи дигареро ифода намекард, ӯ лозим дид ин саҳнаро хотима бахшад ва ба лаҳни итолиёвии ошкорое бигӯяд:
– Оё ҷаноби Кадрусс шумо ҳастед?
– Оре, тақсир, – ҷавоб гардонд соҳиби манзил, шояд аз суоли меҳмон нисбат ба хомӯшии ӯ бештар ба ҳайрат афтода бошад, – манам; Гаспар Кадрусс дар хидмати шумо.
– Гаспар Кадрусс?.. Оре ... Ба хаёлам ҳамин тавр буд. Шумо як замоне дар хиёбони Мел, дар ошёнаи чорум истиқомат доштед?
– Ҳа, дуруст.
– Ва ба пешаи хайётӣ машғул будед?
– Оре; вале корам пешрав нашуд. Ҳавои он Марсели манҳус чунон гарм аст, ки гумон мекунам, ба ҳамин қарибиҳо мардумаш аз баҳри либос пӯшидан мебароянд. Воқиан, аз бобати гармо: оё майли андаке салқин шудан надоред, ҷаноби аббат?
– Хайр. Ягон шиша майи аз ҳама беҳтаринатонро биёред ва мо дар сари май сӯҳбатамонро давом медиҳем.
– Ҳар чи мефармоед, ҷаноби аббат, – гуфт Кадрусс.
Ва то ин ки мавриди қулаи ба фурӯш расондани яке аз охирин шишаҳои кагорашро аз даст надиҳад, Кадрусс ба бардоштани палконаи дар фарши хона насб гардида шитофт; хонае, ки дар айни замон ҳам толор буду ҳам матбах.
Даме ки баъди панҷ дақиқа ӯ боз пайдо шуд, аббат болои курсии бемуттако оринҷашро ба рӯи миз такя монда менишаст, дар ин миён Марго, ки зоҳиран, адоваташ ба меҳр табдил ёфта аст, ки май фармудани ин сайёҳи ғалатиро дарёфта, гардани лоғарашро рӯи зонуҳои ӯ гузошта буд ва бо нигоҳи тамаллуқомез ҷонибаш назар мекард.
– Шумо ин ҷо як худатон танҳо зиндагӣ мекунед? – пурсид аббат аз соҳиби манзил, даме ки ӯ шишаву истаконро пешаш гузошт.
– Оре, танҳо, ё қариб ки танҳо, ҷаноби аббат, зеро занам ба ман дастёрӣ кардан наметавонад; вай доимо нотоб аст, Карконтаи бечораи ман.
– Пас шумо, зану шӯ ду касетон! – гуфт аббат ба лаҳни тараҳҳумомез, ба атрофаш назар андохта, ки гӯё арзиши чизу чораи нокироии зану шӯи бенаворо муқаррар карданӣ бошад.
– Шумо чунин меҳисобед, ки ман бенавоям, ҳамин тавр нест, ҷаноби аббат? – гуфт, оҳ кашида, Кадрусс. – Лекин чӣ метавон кард; барои накуаҳвол будан дар ин дунё одами ҳалол будан кам будааст.
Аббат нигоҳи борикбинашро ба ӯ равона кард.
– Оре, одами ҳалол; бо ин худситоӣ карда метавонам ман, ҷаноби аббат, – гуфт соҳиби манзил рост ба рӯи аббат нигариста ва дастонашро ба сандуқи дилаш пахш карда, – вале дар замони мо на ҳар кас гуфта метавонад инро.
– Боз беҳтар, агар он чи шумо аз ваҷҳаш худситоӣ доред, рост бошад, – гуфт аббат. – Ман имони комил дорам, ки зуд ё дер одами ҳалолу поквиҷдон мукофот меёбаду бадкирдор ба ҷазо мерасад.
– Мартабаатон водор мекунад, ки шумо чунин суханоне бигӯед, ҷаноби аббат, – гашта гуфт Кадрусс бо ҳасрат, – лекин ҳар кас соҳибихтиёр аст, ки ба суханони шумо бовар кунад ё накунад.
– Беҳуда шумо ин тавр мегӯед, тақсир, – гуфт аббат, – шояд ки худи ман аз рӯи адолат будани суханонамро собит гардонам ба шумо.
– Ин яъне ки чӣ тавр? – ба ҳайрат афтода пурсид Кадрусс.
– Ана чӣ тавр: пеш аз ҳама ман бояд итминон ҳосил бикунам, ки оё шумо аниқ ҳамон касе ҳастед, ки ман зарурате дорам ба ӯ.
– Хӯш чӣ гуна далелҳо лозим ба шумо?
– Оё шумо дар соли як ҳазору ҳашт саду чордаҳум ё ҳазору ҳашт саду понздаҳум Дантес ном маллоҳеро мешинохтед ё не?
– Дантес!.. Оё ман Эдмони бечораро мешинохтам ё не! Набошад чӣ, охир вай беҳтарин дӯсти ман буд-ку! – нидо зад Кадрусс, суп-сурх даргирифта, дар ин миён чӣ дараҷа чашмони мусаффову ороми аббат мисле ки васеъ гардиданд, то мусоҳибро бо як нигоҳ фаро гиранд.
– Оре, ба хаёлам номаш Эдмон буд.
– Албатта, номаш Эдмон буд! Набошад чӣ! Ин айнан мисли он аниқ аст, ки маро ном Гаспар Кадрусс аст. Хайр ҳолаш ба чӣ расидааст, ҷаноби аббат, ҳоли Эдмони бечора? – давом дод соҳиби трактир. – Шумо ӯро мешинохтед? Оё ҳозир ҳам зинда бошад? Озод шудагист? Оё хушбахт аст?
– Ӯ дар вазъияти аз гирифторони каторга ҳам навмедонаву бадбахттар ки санг дар по бастагӣ дар каторгаи Тулон мегарданд, дар зиндон бимурд.Ранги шабеҳ ба ранги мурда ҷои сурхии навакак дар чеҳраи Кадрусс пайдо шударо гирифт. Ӯ рӯяшро ба дигар сӯ гардонд ва аббат дид, ки вай бо гӯшаи рӯмоли сурхи дар сараш бастагӣ ашки чашмонашро пок мекунад.
– Бечора! – ғурангӣ кард Кадрусс. – Мана ба шумо боз як далел дар тасдиқи суханони ман, ҷаноби аббат, ки парвардигор фақат раҳми одамони бадро мехӯрад. Оре, – давом дод суханашро Кадрусс, – дунё рӯз аз рӯз бадтар шуда истодааст. Кош осмон ба замин аввал борони кибрит равон мекарду баъд борони оташ – ва кор тамом вассалом!
– Аз афташ шумо ҳамон ҷавонмардро аз самими дил дӯст медоштаед, – гуфт аббат.
– Оре, ман ӯро хеле дӯст медоштам, – гуфт Кадрусс, – агарчи бояд изҳори надомат кунам, ки як дафъа аз хушбахтии ӯ ҳасад бурда будам; лекин баъд, қасам ба виҷдонам, аз қисмати баде, ки ба сараш омад, сахт пушаймон шудам.
Дақиқае хомӯшӣ ба миён омад, дар тӯли ин хомӯшӣ аббат нигоҳи синчакоронаашро аз чеҳраи таассуротбахши соҳиби трактир барнадошт.
– Ва шумо берӯзиро мешинохтед?
– Ман дар сакароташ ҳозир будаму вопасин амри маъруфро базлаш кардам, – ҷавоб гардонд аббат.
– Аз чӣ мурд ӯ? – пурсид Кадрусс бо овози дар гулӯ печида.
– Дар синни сӣ ба ҷуз ранҷу анои зиндон аз чӣ мемиранд дар маҳбас?
Кадрусс қатраҳои арақеро, ки аз чеҳрааш фурӯ мечакид, пок кард.
– Аз ҳама аҷоибтараш ин, – давом дод суханашро аббат, – ки Дантес дар бистари марг салибро бӯса карда савганд хӯрд, ки сабаби воқеии зиндонӣ гардиданаш маълум нест бар вай.
– Дуруст, дуруст, – зери лаб гуфт Кадрусс, – вай онро донистан наметавонист. Оре, ҷаноби аббат, писараки бечора рост гуфтааст.
– Бинобар ҳамин ҳам вай маро фармуд ба кунҳи сабабҳои шӯрбахтиаш бирасам ва номи некашро барқарор кунам агар ба ягон васила доғдор шуда бошад.
Ва нигоҳи то рафт кунҷковонаи аббат ба чеҳраи ғамолуди Кадрусс дӯхта гардид.
– Як ингилиси сарватманд, – давом дод аббат, – рафиқи дар бадбахтӣ шарики ӯ, ки дар замони реставратсияи дуюм аз ҳабс озод шуда буд, як алмоси гаронқимате дошт. Ҳангоми аз зиндон баромаданаш вай ҳамон алмосро ба нишони миннатдорие, ки Дантес дар айёми беморӣ чун бародари зоида нигоҳубинаш мекардааст, ба вай бахшида будааст. Дантес, ба ҷои он ки ришва дода, дили зиндонбононро ба даст оварад, ки онҳо, воқиан, ришва гирифта, баъд ба аҳд вафо намекарданд, вай алмосро эҳтиёт карда мондааст, ба умеди ин, ки як рӯз озод мешудагист; агар вай аз зиндон халос меёфт, ин алмосро фурӯхта якбора бадавлат мешуд.
– Хӯш, ба гуфти шумо, – пурсид Кадрусс, ки чашмонаш шарарбор шуда буданд, – арзиши он алмос бисёр баланд буд?
– Ҳама чиз нисбист дар олам, – ҷавоб гардонд аббат. – Барои Эдмон он сарвате буд; онро панҷоҳ ҳазор франк баҳо дода буданд.
– Панҷоҳ ҳазор франк! – нидо зад Кадрусс. – Чӣ, ба андозаи чормағз буд магар?
– Не, андак хурдтар, – ҷавоб гардонд аббат, – лекин худатон инро қазоват карда метавонед, чун ки вай дар дасти ман аст.
Чашмони Кадрусс, мисле ки дар такопӯи алмос, зери пӯшоки аббатро кову чов доштанд.
Аббат қуттичаи ба рӯяш кемухт кашида шудаеро аз киса берун оварда, онро кушод ва ба Кадрусси ҳайратзада алмоси пурҷилои дар нигинхонаи хотами нодиракорие шинонда шударо нишон дод.
– Ҳамин панҷоҳ ҳазор франк арзиш дорад?
– Бе чанбарааш, ки ғайри алмос қимати худаш ҳам хеле баланд аст, – ҷавоб гардонд аббат.
Ӯ қуттичаро пӯшонду алмосро ба киса андохт, ки дар мадди назари хаёли Кадрусс ҳамчунин шаъшаъапошӣ дошт.
– Лекин ба чӣ тариқ ин алмос ба дасти шумо афтод, ҷаноби аббат? – суол кард Кадрусс. – Магар Эдмон шуморо вориси худаш таъйин кардааст?
– Ворис не, балки васӣ. «Ман се дӯсти самимию як арӯс доштам, – гуфт ӯ ба ман, – итминонам комил аст, ки ҳар чорашон ба ёди ман месӯзанд; яке аз ин дӯстонро ном Кадрусс буд».
Кадрусс як қад парид.
«Дигареро, – давом дод суханашро аббат, чунин вонамуд карда, ки изтироби Кадруссро пай намебарад, – ном Данглар; сеюмӣ, барафзуд ӯ, агарчи рақибам буд, вале ӯ ҳам дӯст медошт маро».
Иблисвор табассуме пайдо шуд дар лабони Кадрусс; вай гуфтори аббатро қатъ карданӣ шуд.
– Сабр кунед, – гуфт аббат, – монед суханамро ба охир расонам, сипас, агар ягон гапи ба ман гуфтание дошта бошед, мегӯед, «Сеюмӣ, агарчи рақибам буд, вале ӯ ҳам дӯст медошт маро ва Фернан ном дошт; вале номи арӯсам...». Ман номи арӯсро фаромӯш кардам, – гуфт аббат.
– Мерседес, – гуфт Кадрусс.
– Бале, бале, комилан дуруст, – бо оҳи дар гулӯ печон тасдиқ кард аббат, – Мерседес.
– Хӯш, баъд чӣ? – суол кард Кадрусс.
– Як машраба об биёред ба ман, – гуфт аббат.
Кадрусс ба ҳосил кардани муроди ӯ шитофт.
Аббат ба истакон об гардонду чанд ҷуръате гирифт.
– Мо ба куҷо расида будем? – пурсид ӯ, истаконро рӯи миз гузошта.
– Арӯсро ном Мерседес буд.
– Бале, бале. «Шумо ба Марсел мераведу ...». Ин ҳамаро Дантес мегуфт, мефаҳмед шумо?
– Мефаҳмам.
«Ин алмосро мефурӯшед ва пули ба даст омадаро миёни панҷ тан дӯстонам, ягона касоне, ки дар рӯи замин дӯст медоштанд маро, тақсим мекунед».
– Чӣ хел панҷ тан? – гуфт Кадрусс. – Шумо ба ман фақат чор танро номбар карда будед.
– Зеро панҷумаш, чунон ки ба ман гуфтанд, вафот кардааст ... Панҷумӣ падари Дантес буд.
– Дареғо, ин гап рост, – гуфт Кадрусс, дар вартаи эҳсоси мухталиф афтода, – пирамарди сарсахт вафот кард.
– Ман инро дар Марсел фаҳмидам, – ҷавоб гардонд аббат, бо саъй худро бепарво нишон доданӣ шуда, – вале вафоташ ин қадар бармаҳал ба вуқӯъ пайваста будааст, ки ман аз тафсилоташ чизе фаҳмида натавонистам... Шояд, шумо аз марги мӯсафед ягон чиз медониста бошед?
– Ман надонам, кӣ медонад? – гуфт Кадрусс. – Ман ҳамсояи ӯ будам... Э худо! Аз ғоиб гардидани писараш як сол ҳам нагузашта мурд пирамарди берӯзӣ!
– Хайр аз чӣ мурд ӯ?
– Духтурҳо дарди ӯро ... ба хаёлам, илтиҳоби меъда номида буданд; касоне, ки ӯро мешинохтанд, мегуфтанд, ки аз ғам мурд ... лекин ман, ки ҷон доданашро дида будам, ман мегӯям, ки вай аз ...
Кадрусс забон хоид.
– Аз чӣ? – бо изтироб пурсид аббат.
– Аз гуруснагӣ мурд ӯ!
– Аз гуруснагӣ? – нидо зад аббат, тохта аз ҷояш хеста. – Аз гуруснагӣ! Пасттарин махлуқ аз гуруснагӣ намемирад. Саге, ки сар-сарӣ дар кӯчаҳо мегардад, дасти тараҳҳуме пайдо мекунад, ки ба сӯяш як тика нон мепартояд, вале инсон, насроние бар байни дигар инсонҳое, ки худро насронӣ меноманд, аз гуруснагӣ мемурдааст! Имкон надорад! Ин аз имкон берун аст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё