Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

IV. МАРДИ НОШИНОС

Субҳ фаро расид. Дантес бо дидагони боз муддате нигарон буд онро. Баробари тулӯи аввалин шуои офтоб ӯ бархосту чун дирӯза сари рафеътарин шахпораи ҷазира бар шуд, то атрофро назора кунад. Ба мисли дафъаи аввал ҳама ҷо холӣ аз одам буд.

Эдмон поён омад, ба сари ғор рафту сангро дур кард, даромад; ӯ кисаҳояшро аз ҷавоҳирот пур кард, сарпӯши сандуқро ҳар чи ҷафстар маҳкам намуд, ба рӯяш хок пӯшонда бо пояш зер кард, болояш рег пошид, то ҷои кофта шударо панаҳ созад, аз ғор берун омад, даромадгоҳро бо тахтасанг масдуд кард, ниҳоли мӯрду халанҷ шинонд ва об пошид, то ниҳолҳо гиранд ва ба назар чунин расад, ки хеле пештар рӯидаанд, изи пойҳояшро кӯр кард ва бесаброна чашм ба роҳи рафиқонаш нишаст. Акнун ба назораи зару алмос дар ҷазира нишастану чун аждаҳо баръабас болои ганҷ хобидан ҳоҷат надошт. Ин дам ба оғӯши зиндагӣ, ба назди мардум баргаштану мавқеъ, таъсир ва таҳаккум ба даст овардан лозим буд, ки дар ин дунё онро сарват медиҳад ба кас, қуввати азиму беҳамтое, ки инсон соҳиб мегардад ба он.

Қочоқчиҳо дар рӯзи шашум гашта омаданд. Дантес аз масофаи хеле дур аз рӯи шаклу гашташ «Амелияи навҷавон»-ро шинохт; ӯ, ба мисли Филоктети маъюб, покашон худро ба бандаргоҳ расонд, ва, даме ки рафиқонаш ба соҳил фуромаданд, ҳанӯз ба лаҳни шикваомез ба онҳо эълом дошт, ки аҳволаш хеле беҳтар шудааст. Баъд навбат ба шунидани саргузашти онҳо расид. Комёбӣ ёрашон будааст; вале нав фаровардани бор ба итмом расида будааст, ки дарёфтаанд, киштии дусутунаи посбонӣ аз Тулон баромада ҷонибашон омада истода будааст. Ин дам онҳо ба рафтан шитоб карда, афсӯс хӯрдаанд, ки Дантес ҳамроҳашон нест, Дантесе, ки «Амелия»-ро ин қадар ҳунармандона бо суръат ронда метавонист. Дере нагузашта онҳо ҳамон киштии дусутунаро мебинанд, ки ба таъқибашон омада истодааст; вале аз торикӣ суиистифода карда, онҳо фурсат ёфта аз димоғаи Корс тоб хӯрда гузаштаанду ҷон ба саломат бурдаанд.

Умуман сафарашон ба мурод анҷомидааст ва ҳамаи онҳо, хусусан Ҷакопо, афсӯс мехӯрд, ки Дантес дар он амалиёт иштирок надошт ва аз даромад ҳисса набардошт – ҳиссае, ки ба ҳар кадомашон панҷоҳпиастрӣ мерасидааст.

Эдмон ботамкин истод; ӯ ҳатто дами ҳисоб кардани суд, ки агар қудрати ҳамроҳашон тарк кардани ҷазираро медошт, аз он ҳиссае бармедошт, табассум ҳам накард; азбаски «Амелияи навҷавон» фақат барои гирифта бурдани ӯ омада буд, вай худи ҳамон бегоҳ ба аршаи он баромаду аз паси нохудо ба Ливорно равон шуд.

Ба Ливорно расида вай ба назди яҳудии сарроф рафту чорто хурдтарин ҷавоҳироташро ҳар кадоме панҷҳазорфранкӣ пул кард. Яҳудӣ метавонист суол кунад, ки маллоҳе ин гуна сангҳои қиматбаҳоро аз куҷо ёфтааст, вале дам назад, зеро аз ҳар донааш ҳазорфранкӣ фоида гирифта буд.

Фардои он рӯз Дантес заврақи моҳигирии наве харидаву ба Ҷакопо бахшид онро, ба тӯҳфааш барои киро кардани маллоҳон сад пиастр илова кард, фақат ба як шарт, ки Ҷакопо ба Марсел раваду аз пирамард Луи Дантеси сокини хиёбони Мел ва Мерседес ном ҷавонзани сокини деҳкадаи Каталонҳо ба Эдмон хабаре оварад.

Дар ҳамон лаҳза Ҷакопо ба қароре омад, ки хоб дида истодааст; аммо Эдмон ба вай гуфт, ки ба маллоҳӣ рафтанаш барои шӯхӣ буд, чун ки хешовандонаш ба вай пул надодаанд, вале ба Ливорно расида ӯ баъд аз сари амакаш ба меросе соҳиб шудааст. Ниҳоят маълумотнок будани Дантес ин ҳикоятро боварибахш гардонд, бинобар ин Ҷакопо заррае шубҳа накард, ки рафиқи наваш рост мегӯяд.

Баъд, азбаски мӯҳлати хизматаш дар «Амелияи навҷавон» ба сар омада буд, нохудоро падруд гуфт; нохудо, ки мехост ӯро боздорад, аммо ҳадиси меросро шунида, аз далолат кардани маллоҳи собиқ, ки дар хизмати киштӣ бимонад, даст кашид.

Рӯзи дигар Ҷакопо ба сӯи Марсел шиновар шуд. Ӯ бо Дантес шарт гузошт, ки дар ҷазираи Монте-Кристо вохӯранд.

Худи ҳамон рӯз Дантес ҳам аз Ливорно бирафт, ба куҷо рафтанашро ба касе нагуфта; дар соати видоъ ба ҳайати «Амелияи навҷавон» саховатмандона бахшишҳо кардаву ба нохудо ваъда дод, ки ягон вақт аз худаш дарак медиҳад. Дантес ба Генуя рафт.

Он ҷо, дар бандар, дар ҳамин ҳин сафинаи саёҳатиеро аз санҷиш мегузаронданд; сафинаро як марди ингилис фармуда будааст; ӯ беҳтарин киштисозони баҳри Миёназамин будани аҳли Генуяро фаҳмида, дилаш хостааст, ки сафинаи сохти Генуя дошта бошад. Марди ингилис онро ба чил ҳазор франк фармуда будааст; Дантес сафинаро ба шаст ҳазор харидор шуд, ба ин шарт, ки худи ҳамон рӯз ба вай таслим кунандаш. Марди ингилис дар муддати интизории сафинаи худаш ба саёҳати Швейтсария рафта буд. На барвақтар аз як моҳ бояд бармегашт аз сафар: киштисозон қарор доданд, ки дар ин муддат сафинаи дигаре тайёр мекунанд. Дантес устои киштисозро ба дӯкони яҳудие бурд, ҳамроҳаш ба ҳуҷраи ақиб гузашт ва марди яҳудӣ ба усто шаст ҳазор франкро баршумурд.

Устои киштисоз барои киро кардани ҳайати киштӣ ёрии худашро пешниҳод кард. Аммо Дантес изҳори ташаккур карда, гуфт, ки одати танҳо шино кардан дорад ва хоҳиш намуд фақат дар ҳуҷра, дар самти болодасти кат, ҷевони қуфлаш махфие созад, ки дорои се шӯъба бошад, қуфли ҳар се шӯъба низ махфӣ. Ӯ андозаи шӯъбаҳоро нишон дод ва ин супориш дар рӯзи дигар ба ҷо оварда шуд.

Пас аз ду соат Дантес дар зери назораи мардуми кунҷкове, ки гирд омада буданд аъёни испаниеро тамошо кунанд, аъёнеро, ки одати танҳо ба шино баромадан доштааст, аз бандари Генуя берун рафт.

Дантес ба таври аҳсан аз ӯҳдаи идора кардани киштӣ баромад: ба ёрии фақат як худи суккон ӯ сафинаро водор мекард, ки ҳар як амру наҳйро ба ҷо оварад, аз ин ҷо дар назар вай мавҷуди соҳибхираде метофт, ки ба андак водор кардане сар мефурорад ва Дантес дар дилаш ба он розӣ шуд, ки аҳли Генуя аз рӯи адолат шоистаи он буданд, ки унвони беҳтарин киштисозони оламро соҳиб бошанд.

Издиҳом сафинаро бо нигоҳаш гусел мекард, то ин ки аз назарҳо ғоиб гардид, ва он гоҳ баҳсу мунозира сар шуд, ки вай ба кадом сӯ равон аст: якеҳо мегуфтанд, ки – ба Корсика, дигарон – ба Элба; баъзеҳо гарав мебастанд, ки вай ба Испания равон аст; баъзеҳо итминон доштанд, ки ба Африка меравад; вале ба хотири ҳеҷ кас намерасид, ки номи ҷазираи Монте-Кристоро ба забон гирад.

Ҳол он ки Дантес маҳз ба ҳамон ҷазира рафта истода буд.

Дар поёни рӯзи дуюм вай ба манзил расид. Сафина сабуксайр будааст ва сафарро дар сию панҷ соат анҷом дод. Дантес тарҳи соҳилҳои ҷазираро ба таври аҳсан омӯхта буд, аз ин ҷо вориди бандар нагардида, дар халиҷи хурдакаке лангар андохт.

Ҷазира холӣ буд; зоҳиран, аз лаҳзае ки Дантес онро тарк карда буд, касе ба ин ҷо фуруд наёмадааст. Ӯ вориди ғор гардиду ганҷро дар ҳамон вазъе ёфт, ки фурӯ гузошта рафта буд.

Фардои он рӯз ганҷи беҳисоби Дантес ба сафина кашонда шуду дар се шӯъбаи ҷевони ниҳонӣ нуҳуфта гардид.

Дантес боз як ҳафта интизор шуд. Дар тӯли ин як ҳафта вай дар атрофи ҷазира чапғалат зада гашт, чунон ки роиз аспони ҷавонро саворӣ мекунад. Дар ин чанд рӯз ҳама ҳусну нуқси сафинаро муқаррар кард. Дантес тасмим гирифт ҳуснашро фузун гардонаду нуқсашро ислоҳ кунад.

Дар рӯзи ҳаштум Дантес заврақеро дид, ки бодбонҳо таранг бо ҷадал сӯи ҷазира меомад ва шинохт, ки заврақи Ҷакопост, вай ба рамз ишорате кард, ки Ҷакопо ба он ҷавоб гардонд ва пас аз ду соат заврақ ба сафина даррасид.

Эдмонро ба ҳар ду суол ҷавоби нохуше нигарон буд.

Пирамард Дантес вафот кардааст. Мерседес ғоиб гардида.

Эдмон ин ҳар ду хабарро ба осудагӣ гӯш карда истод; вале ҳамонзамонӣ, ба соҳил фуромада, фармуд, ки аз пасаш нараванд.

Пас аз ду соат ӯ гашта омад; ду маллоҳи заврақи Ҷакопо ба сафинаи ӯ гузаштанд, то бодбонҳоро саришта кунанд; ӯ фармуд ба сӯи Марсел роҳ пеш гиранд. Марги падарашро ӯ пешбинӣ карда буд, аммо ҳоли Мерседес ба чӣ расида бошад?

Эдмон бе он ки розашро ошкор накунад, ба ягон гумоштааш супориши пурра дода наметавонист; ғайр аз ин хабар, вай мехост, баъзе маълумоти дигар ба даст оварад, инро бошад, фақат як худаш ба субут расонда метавонист. Дар Ливорно оинаи сартарош ба вай собит карда буд, ки ҳоҷати аз шинохта шудан хавф бурдан нест. Илова бар ин, дар ихтиёри вай ин дам васоили тағйир додани симояш мавҷуд буд. Инак як дафъа дар соати саҳар сафинаи бодбонноки Дантес дар бадрақаи заврақи моҳигирие беҳарос вориди бандари Марсел шуд ва дар муқобили он ҷое таваққуф кард, ки як замон, дар шомгоҳи манҳус Эдмонро дар заврақе нишонда буданд, то ба қалъаи Иф баранд.

Дантес на бе изтироб заврақи карантинии ба сӯяш омада истодаи жандармро дид. Вале ӯ бо дилпурии хотирҷамъонае, ки аз худ карда буд, шиносномаи инглисии дар Ливорно харидаашро ба ӯ дод ва бо мадади ин гузарномаи хориҷӣ, ки дар Фаронса нисбат ба шиносномаи фаронсавӣ эътибори бештаре дошт, бе мамониат ба соҳил фуруд омад. Нахустин шахсе, ки Дантес бо вай дар кӯчаи Каннебйер рӯбарӯ зад, маллоҳе буд аз киштии «Фиръавн». Ин шахс як замоне дар зери дасти худаш хидмат мекард ва қасд кардагӣ барин он ҷо ҳозир буд, то Дантес ба тағйироте, ки дар вуҷудаш ба амал омада буд, итминон ҳосил карда тавонад. Дантес рост ба сӯи маллоҳ рафту ба вай чанд суоле дод ва ӯ ба суолҳояш тарзе ҷавоб гардонд, ки гӯё каси бо вай ҳамгапшударо дар умраш бори аввал медида бошад.

Дантес ба миннатдории маълумоти расондааш ба маллоҳ сиккае бахшид; дақиқае пас ба гӯшаш расид, ки ҷавони нек аз пасаш давидан дорад.

Дантес гашта назар кард.

– Маъзарат мехоҳам, тақсир, – гуфт маллоҳ, – лекин шумо, бояд иштибоҳ карда бошед; шумо, муқаррар, тангаи дуфранкӣ додан мехостед ба ман, вале ба ҷои он сиккаи дучандаи наполеондор додед.

– Гапат ҳақ, дӯстам, ман иштибоҳ кардаам, – гуфт Дантес, – лекин поквиҷдонии ту шоистаи мукофот аст, ва ман аз ту хоҳиш мекунам сиккаи дуюмро ҳам қабул фармоӣ ва ҳамроҳи рафиқонат ба саломатии ман май бинӯшӣ.

Маллоҳ чунон дар ҳайрат монд, ки ба Эдмон ҳатто ташаккур ҳам нагуфт; вай аз пасаш назар карду гуфт:

– Ягон наввобе будагист аз Ҳиндустон.

Дантес роҳашро давом дод; ҳар қадар пештар мерафт, ҳамон қадар тапидани дилаш бештар мегардид; ёддоштҳои бачагӣ, ки ҳаргиз сутурда намешаванду ҳеҷ гоҳ аз андешаи мо дур намераванд, дар ҳар кунҷу канор, дар сари ҳар чорсӯ лапи-лапи пайдо мешуданд. То интиҳои кӯчаи Ноэл расидаву хиёбони Мелро дида, ӯ ҳис кард, ки мадори пойҳояш хушк шуда истодааст ва қариб буд, ки ба зери чархи аробаи даргузар афтад. Ниҳоят ӯ ба назди хонае расид, ки як вақтҳо падараш истиқомат дошт. Чанораку насринҳо аз дами тирезаи манзара, ки баъзан иттифоқ меафтад, пирамард ин қадар саргарми нигоҳубинашон буд, ғоиб гардидаанд.

Дантес пушт ба дарахт доду андешамандона ба хонаҳои ошёнаи болои бино назар андохт; ниҳоят, вай ба дами дар расид, ба остона қадам гузошт, пурсид, ки оё манзили холие ҳаст ва гарчи хонаҳои ошёнаи панҷум банд буданд, чунон баисрор дар иштиёқи дидани он хонаҳо афтод, ки ҳоҷиб боло баромаду аз бошандагон иҷозат хост хонаро ба марди хориҷӣ нишон диҳад. Дар ин манзили хурдакаки иборат аз ду дар хона зану шавҳари ҷавоне иқомат доштанд, ки фақат як ҳафта пеш аз ин издивоҷ карда будаанд. Бо дидани ҷуфти саодатманди навҷавон Дантес оҳи бадард кашид.

Воқиан, ҳеҷ чиз ёде аз манзили падараш надошт; гулкоғазҳои девор дигар буданд; тамоми ашёи кӯҳна, чизҳои ба дил қарини давраи бачагиаш, ки бо тамоми ҷузъиёт дар лавҳи хотираш нақш баста буданд, ғоиб гардидаанд. Фақат деворҳо ҳамон буданд.

Дантес ба кат назар кард; вай дар ҳамон ҷое истода буд, ки кати падараш меистод. Дар чашмони Эдмон беихтиёр ашк давр зад: пирамард ин ҷо дар ёди писараш ҷон додааст.

Зану шӯи ҷавон ба ин шахси бадқавоқ, ки аз рухсораҳои ноҷунбонаш қатраҳои калон-калони ашк поён мешорид, ба ҳайрат назар мекарданд. Аммо ҳар гуна мусибат муқаддас аст ва онҳо марди ношиносро ҳеҷ гуна пурсуҷӯе накарданд. Онҳо фақат дуртар рафтанд, то ба вай халал нарасонанд, аммо даме ки ӯ падруд гуфтанӣ шуд, гуселаш карданду изҳор доштанд, ки ҳар гоҳ дилаш хоҳад, метавонад биёяд ва онҳо аз дидани дидори ӯ дар манзили ҳақиронаи худашон ҳамеша шод хоҳанд шуд.

Як ошёна поён фуромада буданд, ки Эдмон дар пеши дари дигаре таваққуф карду пурсид, ки Кадрусси дарзӣ ҳоло ҳам дар ҳамин ҷо истиқомат дорад. Аммо ҳоҷиб ба вай ҷавоб гардонд, ки шахси пурсон шудааш муфлис гардид ва ин дам дар сари роҳи аз Белград ба Бокер трактир дорад.

Дантес берун баромад, суроғаи молики хонаро пурсид, ба манзилаш рафт, фармуд, ки хабар диҳанд лорд Уилмор омадааст (дар шиносномааш ӯ чунин ном дошт) ва тамоми иморатро аз вай ба бисту панҷ ҳазор франк харид. Ӯ камаш даҳ ҳазор зиёдтар дода буд аз арзиши хона. Лекин агар соҳиби хона аз Дантес ним миллион талаб мекард, ӯ дар савдо талош накарда мепардохт.

Худи ҳамон рӯз зану шӯи ҷавоне, ки дар ошёнаи панҷум зиндагӣ мекарданд, аз ҷониби ходими сабти аснод, ки васиқаи харидро тартиб дода буд, огоҳ карда шуданд, ки соҳиби хона ба онҳо ҳар манзилеро, ки табъашон мехоҳад, ба ҳамин ҳаққи иҷора пешниҳод мекунад, агар онҳо ду дар хонаи иҷора гирифтаашонро ба ӯ гузашт кунанд.

Ин воқиаи ғалатӣ дар тӯли як ҳафтаи тамом мавзӯи гуфтугӯи кулли сокинони хиёбони Мел гардид ва ҳазору як гумону тахминҳоро ба миён овард, ки ягонтоаш ба ҳақиқат рост намеомад.

Ва боз он ҳол хаёли ҳамаро аз ин ҳам бештар дарҳаму барҳам кардаву онҳоро ба бероҳа андохта буд, ки айни ҳамон марди хориҷие, ки рӯзона ба хонаи воқеъ дар хиёбони Мел омада буд, бегоҳ дар деҳаи Каталонҳо сайру гашт мекардаасту ба як кулбаи моҳигири бенавое даромада бештар аз як соат таваққуф карда, ҳар гуна касонеро, ки ягон понздаҳ сол пеш аз ин вафот кардаанд ё ғоиб гардидаанд, пурсуҷӯ кардааст.

Рӯзи дигар моҳигироне, ки ӯ барои пурсуҷӯ ба хонаашон даромада буд, заврақи нави бо ду тӯру як ахат муҷаҳҳазгардидае тӯҳфа гирифтанд.

Моҳигирон бисёр мехостанд ба меҳмони олиҳиммат миннатдорӣ баён кунанд, аммо онҳо фаҳмидаанд, ки як рӯз пеш бо кадом-як маллоҳ ҳамсӯҳбат шуда, ӯ ба асп савор шудаасту аз роҳи дарвозаи Эк аз Марсел хориҷ шудааст.

пешина
аз 99
навбатӣ