Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XII. ПАДАР ВА ПИСАР

Ҷаноби Нуартйе – зеро ин воқиан ҳам ӯ буд, – аз хидматгор чашм намеканд, то даме ки дар аз паси ӯ баста шуд; сипас, хавф бурда, аз афташ, аз он ки мабодо хидматгор аз даҳлез гӯш карда наистода бошад, вай аз нав дарро кушод: маълум шуд, ки эҳтиёткориаш беҳуда набудааст ва он чобукие, ки Жермен гашта омада буд, шубҳае ба миён намеовард, ки вай бе айб набудааст, айбе, ки ҳоли падару бобоёни моро табоҳ кардааст. Он гоҳ ҷаноби Нуартйе бо дасти худаш ғалақаи дари даҳлезро гузаронд, баъд дари хонаи хобро низ ҳамчунин маҳкам кард ва ниҳоят даст дода бо Вилфор, ки бо ҳайрат ба ӯ менигарист, вохӯрӣ кард.

– Медонӣ, Жерар, – гуфт ӯ ба писараш бо табассум, ки маънои воқеии онро муқаррар кардан душвор буд, – наметавонам гуфт, ки ту аз вохӯрии бо ман шод шуда бошӣ.

– Чиҳо мегӯяед, дада, ман ниҳоят шодам; вале ман, ки, рости гап, ҳеҷ умеди бо шумо вохӯрдан надоштам, ин мулоқот маро андак ҳайрон кард.

– Хайр, дӯстам, – давом дод ҷаноби Нуартйе, дар курсии нарм фурӯ нишаста, – ман ҳам метавонистам айни ҳамин гапро гӯям ба шумо. Чӣ тавр? Шумо ба ман навишта хабар медиҳед, ки ҷашни фотиҳаатон дар Марсел ба бисту ҳаштуми феврал таъйин шудааст, сеюми март бошад, шумо дар Парижед?

– Оре, ман ин ҷоям, – гуфт Жерар, курсиашро ба ҷаноби Нуартйе наздиктар ғеҷонда, – лекин шумо аз ман гила накунед; ман ин ҷо аз барои шумо шуда омадам, ва омадани ман шуморо, шояд, наҷот диҳад.

– Ҳамтуя! – ҷавоб гардонд ҷаноби Нуартйе, бепарво дар курсии нарм ёнбош кашида. – Кани ҳикоят кунед ба ман, ҷаноби додситон, чӣ гап будаааст; ин бисёр шавқангез.

– Шумо дар хусуси ким–кадом бошгоҳи бонопартиҳо дар кӯчаи Сен–Жак оё шунидагӣ доред?

– Хонаи рақами панҷоҳу сеюм? Оре, ман ноиб–президенти ваям. – Дада, хунсардии шумо маро ба даҳшат меоварад.

– Ту чӣ мехоҳӣ, ҷонам? Касе, ки аз ҷониби монтанярҳо ба марг маҳкум шуда, дар аробаи хасбеда паноҳ шуда аз Париж гурехтааст, аз дасти ҷосусони Робеспйер дар даштҳои Бордо руст шудааст, дар ин муддат ба бисёр чизҳо одат кардааст. Инак, давом деҳ. Хӯш дар ин бошгоҳи кӯчаи Сен–Жак чӣ воқиа рӯй додааст?

– Воқиа ҳамин, ки генерал Кенелро ба он ҷо даъват кардаанду генерал Кенел соати нӯҳи бегоҳ аз хона баромада баъди ду шабонарӯз дар Сена ёфт шудааст.

– Ва ин воқиаи шавқангезро кӣ ҳикоят кард ба шумо?

– Худи шоҳ.

– Хайр ман бошам, – гуфт Нуартйе, – дар ҷавоби ин ҳикоят навигариеро хабар медиҳам ба шумо.

– Ба хаёлам ман алакай медонам онро.

– Пас шумо аз фуруд омадани аълоҳазрати император хабар доред? – Хомӯш бошед, дада, зорӣ мекунам ба шумо,аввалан, барои худатон, баъдан барои худам низ. Оре, ман ин навигариро медонистам, ва ҳатто аз шумо ҳам пештар медонистам, зеро ман се рӯз аспҳоро дам надода аз Марсел ба Париж метохтам; ва мӯй бар тан мекандам, ки аз нақл додани он андеша ба масофаи дусад лё, ки мағзи сарамро ба сӯзиш меовард, оҷизам.

– Се рӯз? Шумо ақлатонро хӯрдаед магар? Се рӯз пеш аз ин император ҳанӯз фуруд наёмада буд.

– Оре, вале ман алакай аз нияти вай хабар ёфта будам.

– Ба чӣ тариқ?

– Аз номае, ки ба унвони шумо аз ҷазираи Элба фиристода шуда буд.

– Ба унвони ман?

– Оре, ба унвони шумо; ва ман онро аз дасти қосид кашида гирифтам. Агар ин нома ба дасти каси дигаре меафтид, эҳтимол, шумо алакай тирборон карда мешудед.

Падари Вилфор ханда кард.

– Аз афташ, – гуфт ӯ, – Бурбонҳо аз император бедаранг амал карданро ёд гирифтаанд... Тирборон карда мешудам! Дӯстам, чӣ иштибоҳе доред шумо! Хӯш канӣ он нома? Он тавре, ки шуморо медонам, ман аминам, ки шумо онро дурусттар панаҳ кардед.

– Ман онро як тикка намонда сӯзондам, зеро он нома – ҳукми қатли шумо буд.

– Ва хатми мансаби шумо, – сард ҷавоб гардонд Нуартйе. – Оре, шумо ҳақ астед, вале ман ҷои тарс надорам, модом ки шумо пуштибониам мекунед.

– Ин кам: ман шуморо наҷот медиҳам.

– Ҳамтуя? Ин аҷоиб–ку! Хӯш шарҳ диҳед.

– Ба бошгоҳи кӯчаи Сен–Жак бармегардем.

– Маълум, ки ин бошгоҳ ҷанобони политсияро сахт ба таҳлука овардааст. Чӣ бошад, ки хеле бад кофтукобаш карда истодаанд? Кайҳо ёфтанашон лозим буд!

– Онҳо варо наёфтаанд, вале ба изаш афтодаанд.

– Ин суханони анъанавӣ, ман медонам; вақте политсия оҷиз аст, мегӯяд, ки ба изаш афтидааст, ва ҳукумат хотирҷамъ интизор шуда меистад, то даме ки политсия бо қиёфаи гунаҳкорона ҳозир мешаваду ба арз мерасонад, ки изаш гум шуд.

– Бале; лекин ҷасад ёфт шудааст; генерал Кенел мурда, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон бошад, ин куштор ном дорад.

– Куштор? Аммо ҳеҷ гуна далеле нест, ки генерал қурбони куштор шуда бошад. Дар Сена ҳар рӯз одамонеро пайдо мекунанд, ки аз алам худро ба об андохтаанд, ё ғрақ шудаанд, чун ки шиноварӣ намедонистаанд.

– Шумо нағз медонед, ки генерал аз алам худро ғарқ накардааст ва дар моҳи январ дар Сена ғусл намекунанд. Не, не, фирефта нашавед: ин маргро куштор меноманд.

– Хӯш кӣ ин тавр меномидааст?

– Худи шоҳ.

– Шоҳ? Ман гумон мекардам, ки вай файласуф аст ва мефаҳмад, ки дар сиёсат куштор вуҷуд надорад. Дар сиёсат, азизам, – ба шумо ҳам ин маълум асту ба ман ҳам, – одамон вуҷуд надоранд, балки ғояҳо вуҷуд доранд; эҳсосот вуҷуд надоранд, балки манфиатҳо вуҷуд доранд. Дар сиёсат одам намекушанд, балки монеаро бартараф мекунанд, ҳамин вассалом. Оё мехоҳед бидонед, ки ин ҳама чӣ тавр ба амал омад? Ман ба шумо ҳикоят мекунам. Мо гумон доштем, ки ба генерал Кенел умед бастан мумкин аст, ба мо ӯро аз ҷазираи Элба тавсия карда буданд. Яке аз мо ба хонаи ӯ рафту ба маҷлиси кӯчаи Сен–Жак даъваташ кард; вай омад, тамоми нақшаи аз ҷазираи Элба баромадану ба соҳили Фаронса фуруд омаданро ба вай ошкор карданд; баъди ҳамаашро шунидану ҳамаашро фаҳмидан, изҳор кард, ки вай роялист, шоҳпараст аст; ҳама ба якдигар нигаристанд; аз вай савганд гирифтанд, вай бо дили нохоҳам дод онро, ки рости гап беҳтараш ки қаҳри худоро намеовард; бо вуҷуди ин монданд, ки генерал бо хотири ҷамъ баромада равад. Ӯ ба хонааш барнагаштааст. Хӯш чӣ мехоҳед шумо? Вай, маълум, ки роҳро гум кардааст, ҳангоми аз назди мо баргаштанаш, ҳамин вассалом. Куштор будааст! Шумо маро ҳайрон мекунед, Вилфор; ёвари додситони подшоҳӣ бо чунин далелҳои нопойдор мехоҳад айбнома тартиб диҳад. Магар ягон вақт ба хаёли ман меояд, даме, ҳамчун роялисти содиқ яке аз одамони моро ба он дунё мефиристед, ба шумо гӯям, ки: «Писарам, шумо куштор пеш гирифтед!» Не, ман мегӯям: «Хеле хуб, султони бокарам, шумо ғолиб баромадед; навбат аз мо».

– Эҳтиёт кунед, дада; вақте ки навбати мо мерасад, беамон хоҳем буд. – Ман шуморо нафаҳмида истодаам.

– Шумо ба гашта омадани ғосиб умед доред?

– Пинҳон намедорам.

– Шумо иштибоҳ мекунед, ӯ ба дарунтари Фаронса даҳ лё ҳам пеш омада наметавонад; аз пояш афтода дарёб мекунанд ва чун ҳайвони ваҳшӣ дастгираш мекунанд.

– Дӯсти азиз, император ҳозир дар роҳи Гренобл; даҳум ё дувоздаҳум дар Лион мешавад, бистум ё биступанҷум дар Париж.

– Аҳолӣ ба по мехезад...

– То ки дуруд гӯяд ӯро.

– Вай як мушт одам дорад, вале ба муқобилаш артишҳои мукаммале равон мекунанд. – Ки бо нидоҳо ӯро ба пойтахт раҳнамун мекунанд; бовар бикунед ба гапам, Жерар, шумо ҳанӯз кӯдак ҳастед; ба хаёли шумо, ки ҳама чизро медонед, даме ки баъди се рӯзи фуруд омадани император телеграф хабар медиҳад ба шумо: «Ғосиб бо як мушт одам дар Каннҳо фуруд омад, ки ба таъқибаш афтодаанд». Аммо вай дар куҷост? Чӣ кор карда истодааст? Ҳеҷ чиз намедонед шумо. Шумо ҳамин қадар медонед, ки ба таъқибаш афтодаанд. Ҳамин тавр то худи Париж бе ягон тирпароние дунболагириаш мекунанд.

– Греноблу Лион – шаҳри роялистҳо, онҳо дар роҳаш монеаи бартарафношудание барпо мекунанд.

– Гренобл бо шодӣ дарвозаҳояшро ба рӯи ӯ боз мекунад; аҳли Лион яксара ба истиқболаш мебарояд. Бовар бикунед ба гапам, мо на бадтар аз шумо огоҳӣ дорем, ва политсияи мо бар политсияи шумо афзалият дорад. Далел лозим ба шумо? Хӯш мана далел: шумо омаданатонро аз ман пинҳон доштанӣ шудед, вале ман баъди ним соати аз дарвозаи шаҳр гузаштанатон хабар ёфтам аз ин. Шумо суроғаатонро танҳо ба фойтунчии каретаи чопорӣ додед, ман бошам, инро медонам, далелаш ин аст, ки ман дар лаҳзаи нав сари дастархон шиштани шумо ба наздатон ҳозир шудам. Бинобар ин занг занеду боз корду чангча фармоед; ҳамроҳ наҳор мехӯрем.

– Дар воқеъ, – ҷавоб гардонд Вилфор бо ҳайрат ба падараш назар карда, – саҳеҳтарин маълумоте доштаед шумо.

– Охир ин бисёр осон аст; шумо, зимомдорони ҳокимият, фақат он васоитеро соҳибихтиёр ҳастед, ки ба пул харидан мумкин аст; вале мо интизорони ҳокимият, ба тамоми воситаҳое соҳиб астем, ки садоқат ба кафамон гузоштааст ва ин садоқатро фидокорӣ ато кардааст ба мо.

– Садоқат? – такрор кард Вилфор бо табассум.

– Оре, садоқат; ба риояти одоб мансабпарастиеро ҳамин тавр меноманд, ки ба мартаба ёфтани дар оянда умед мебахшад.

Ва падари Вилфор хидматгорро даъват накардани писарашро дида, худаш даст ба занг дароз кард.

Вилфор ӯро боздошт.

– Сабр кунед, дада, боз як даҳан гап дорам.

– Гап занед.

– Политсияи мо ҳар қадар бад бошад ҳам, як сирри мудҳишеро медонад вай.

– Чӣ гуна сир?

– Нишонаҳои ҳамон шахсе, ки барои даъват кардани генерал Кенел ба хонаи ӯ рафта будааст, ҳамон рӯзе, ки вай ғоиб шудааст.

– Ҳамтуя! Политсия он нишонаҳоро медонистааст? Наход ҳамту бошад? Хӯш чӣ гуна нишонаҳо будаанд?

– Башараи гандумгун, мӯйсару бакенбдарду чашмони сиёҳ, камзӯли кабуди тукмаҳояш так то боло гузарондагӣ, кулоҳи паҳнлапар ва чӯбдасти найӣ.

– Оҳо! Политсия инро медонистааст? – гуфт Нуартйе. – Ин тавр бошад чаро ин шахсро дастгир намекардааст?

– Чунки дина ё се рӯз пеш дар гардиши Кок–Эрон аз дасташ хато хӯрдааст.

– Беҳуда ман ба шумо нагуфтам, ки политсияатон – аблаҳ.

– Оре, лекин ҳар дақиқа вай метавонад ёбад ӯро.

– Бадеҳист, – гуфт Нуартйе бепарво ба атроф нигариста. – Агар он шахс огоҳ карда нашавад, лекин ӯро огоҳ карданд. Бинобар ин, – илова кард вай бо табассум, – вай қиёфа ва сару либосашро тағйир медиҳад.

Инро гуфта аз ҷой хесту камзӯлашро кашид, галстукашро кушод, назди мизе, ки рӯи он чизу чораи бордони сафарии Вилфор истода буд, рафту покуро гирифта ба рӯяш собун молиду бо дасти қавиҳаракаташ бакенбардҳои фошкунандаи худашро тарошид, бакенбардҳое, ки барои политсия ин қадар муҳим будааст.

Вилфор ба вай бо даҳшате менигарист, ки аз шавқ холӣ набуд.

Нуартйе бакенбардҳояшро тарошида мӯяшро таври дигар шона зад; ба ҷои галстуки сиёҳи якранг галастуки ранга баст, онро аз ҷомадони даҳонаш боз гирифта; камзӯли кабуди тукмаҳояш дутарафаи худашро кашиду ба ҷои он камзули қаҳваранги тукмаҳояш яктарафаи Вилфорро пӯшид; дар рӯбарӯи оина истода кулоҳи лапарҳояш қати ӯро пӯшида дид ва зоҳиран, қаноат ҳосил кард; чӯбдасти худашро дар кунҷаки паҳлуи бухорӣ гузошта ба ҷои он бошад, дар дасташ асои бамбукии сабуке ҷило дод, ки бозгӯи он тарзи бетакаллуфвор хиромидани додситони подшоҳӣ буд, хиромидане, ки манзилати асосии ӯ ба ҳисоб мерафт.

– Хӯш, читу? – гуфт ӯ, ҷониби Вилфори моту мабҳутшуда баргашта. – Ба гумони ту акнун политсия мешинохта бошад маро?

– Не, дада, – ғурунгид Вилфор, – ақаллан умед мебандам ман ба ин.

– Аз хусуси ин чизҳо, ки бар дасти тааҳҳуди ту вомегузорам, ман ба оқибатандешии ту умед мебандам. Ту онро панаҳ карда метавонӣ.

– Хотирҷамъ бошед! – гуфт Вилфор.

– Ва ҳамин қадар ба ту мегӯям, ки ту, рости гап, ҳақ астӣ; шояд ту воқиан ҳам ҷони маро аз хатар раҳонида бошӣ, лекин ташвиш накаш, мо ба қарибӣ қавлини инро мегардонем.

Вилфор калла ҷунбонд.

– Бовар намекунӣ?

– Ақаллан умед мебандам, ки шумо иштибоҳ карда бошед.

– Ту шоҳро боз мебинӣ?

– Шояд.

– Мехоҳӣ дар наздаш ба сифати ғайбдон ном барорӣ?

– Ғайбдонҳоеро, ки бадбахтиро хабар медиҳанд, дар боргоҳ намепазиранд.

– Оре, лекин тез ё дер ба қадрашон мерасанд; фарз кардем, дуюмбора реставратсия шуд; он гоҳ ту ба сифати шахсияти бузурге шӯҳратёб мешавӣ.

– Чиро ман бояд бирасонам ба шоҳ?

– Ана чиро: «Аълоҳазрат, роҷеъ ба вазъи Фаронса, кайфияти шаҳрҳо, руҳияи артиш фиреб медиҳанд шуморо; онеро, ки дар Париж шумо одамхори корсикоӣ меномедашу дар Невер ҳоло ғосиб ном дорад, алакай дар Лион Бонопарту дар Гренобл император ном мебарандаш. Шумо гумон доред, ки ӯро таъқиб мекунанд, аз пасаш афтоданд ва ӯ дар гурез аст; лекин вай парвоз дорад, чун уқобе, ки онро ба мо бармегардонад. Шумо гумон доред, ки қӯшуни ӯ аз гуруснагӣ дар дами марг аст, аз юришҳо заиф шудааст, анқариб аст пароканда шавад; лашкараш афзудан дорад, ба мисоли барфлундае, ки рӯ–рӯи барф меғелонандаш.

Аълоҳазрат, баромада равед, Фаронсаро ба ҳукмрони воқеияш вогузоред, ба оне, ки варо нахаридааст, балки фатҳ кардааст; биравед, на аз он, ки хатаре дар камин аст шуморо: рақиби шумо қудрати кофӣ дорад, то лутфу марҳамат намояд, балки барои он, ки зурёти Лудовики Покро зиллатовар аст ба ҷон миннат доштан фотеҳи Арколу Маренго ва Аустерлитсро». Ҳамаи инро ба шоҳ бигӯ, Жерар, ё беҳтараш ба вай ҳеҷ чиз нагӯ, дар Париж буданатро аз ҳама пинҳон дор, нагӯ, ки барои чӣ ба ин ҷо омада будӣ ва чӣ кор мекардӣ дар ин ҷо; асп киро кун ва агар ба ин ҷо тозон омада бошӣ, дар бозгашт парвоз кун; ба Марсел шабона бозгард; ба хона аз дари ақиб даро ва дам назада хапакак шин, ҳеҷ ҷо набаро, аз ҳама асосиаш – ором бишин, зеро ин дафъа, қасам мехӯрам ба ту, мо ҳамчун касони пурзӯри бохабар аз душманони худ амал мекунем. Биравед, писарам, биравед, ва ба мукофоти сар фуровардан ба фармудаи падар, ё агар хоҳед, ба эҳтироми нисбат ба маслиҳати дӯст, мо ҷои коратонро барои худатон боқӣ медоред. Ин ба шумо имкон медиҳад, – илова кард Нуартйе бо табассум, – ки дафъаи дигар маро наҷот диҳед, агар ягон вақт дар арғунчакҳои сиёсат шумо дар боло қарор гиреду ман дар поён. Хуш бошед, Жерар; сафари оянда ба хонаи ман фуруд оед.

Ва Нуартйе бо ҳамон осудагие, ки дар тӯли ин сӯҳбати на осон, дақиқае ӯро тарк накарда буд, аз дар баромад.

Вилфори рангпаридаву музтариб, назди тиреза тохт, ва пардаҳоро дур карда, дид, ки падараш аз назди ду–се каси шубҳанок, ки дар кӯча, эҳтимол барои он истода буданд, ки шахси бакенбарди сиёҳдори камзӯлаш кабуду кулоҳи васеълапар пӯшидаро дастгир кунанд, ботамкин гузашта рафт.

Вилфор саропо ларзон, аз назди тиреза дур намерафт, то даме ки падараш дар гардиши кӯча аз назар ғоиб шуд. Баъд вай чизҳои падараш монда рафтаро гирифт, галстуки сиёҳу камзӯли кабудро ба таҳти ҷомадон тиқонду кулоҳро ғиҷим карда ба қуттии ҷевон партофт, чӯбдастаро шикасту ба бухорӣ ҳаво дод, кулоҳи сафариро пӯшид, пешхидматро ҷеғ зад, бо нигоҳаш пеши роҳи ҳар гуна суолро гирифта, ҳисобӣ кард, ба каретаи дар интизораш истода хез зада савор шуд, дар Лион фаҳмид, ки Бонопарт алакай ба Гренобл дохил шудааст, ва дар иҳотаи изтиробе, ки дар саросари роҳ ҳукмфармо буд, гирифтори ҳама гуна азобу шиканҷа, он изтитробу шиканҷае, ки ба қалби кас якҷоя бо шӯҳратпарастию нахустин комёбиҳо роҳ меёбад, ба Марсел расид.

пешина
аз 99
навбатӣ