Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қад–қади соҳил фойтуни якаспае мегузашт, Вилфор садо зад, фойтун наздаш омад; Вилфор суроғаро гуфту худро ба фойтун гирифт ва ба орзуҳои шӯҳратпарастона дода шуд. Баъди даҳ дақиқа вай алакай дар манзил буд, супориш кард, ки пас аз ду соат аспонро пеш оваранд ва ношто фармуд.

Вай акнун сари дастархон нишаста буд, ки дасти ким–кадом шахси худбовару қавиҳаракате таноби зангро кашид. Пешхидмат дарро кушодан рафту ба гӯши Вилфор овозе расид, ки номи ӯро ба забон гирифт.

«Кӣ медониста бошад, ки ман дар Парижам?» – ба дил гуфт ёвари додситони подшоҳӣ.

Пешхидмат гашта омад.

– Он ҷо чӣ гап? – пурсид Вилфор. – Зангзада кист? Кӣ маро суроғ кард?

– Як ҷаноби ношинос ва номашро гуфтан намехоҳад.

– Чӣ хел? Номашро гуфтан намехоҳад? Хӯш аз ман ба вай чӣ лозим будааст?

– Бо шумо гуфтугӯ кардан мехостааст.

– Бо ман?

– Бале.

– Вай номи маро ба забон гирифт?

– Бале.

– Афту башарааш чӣ хел?

– Хайр марди ягон панҷоҳсолае?

– Қаду басташ чӣ хел?

– Тақрибан ба шумо баробар.

– Гандумгун ё малламӯ?

– Гандумгуни сияҳчурда; мӯи сараш сиёҳ, чашмонаш сиёҳ, абрувонаш сиёҳ.

– Пӯшокаш чӣ? – тезу тунд пурсид Вилфор. – Дар танаш чӣ хел либос?

– Камзӯли кабуд пӯшидагӣ, тугмаҳояш таг то боло гузарондагӣ, тасмаи Легиони фахрӣ дорад.

– Ин вай? – зери лаб ба забон овард Вилфор қуташ канда.

– Ҷин занад! – гуфт шахсе, ки мо ду дафъа нишонаҳояшро тасвир кардем, дами дар пайдо шуда. – Ин қадар таоруф! Ё дар Марсел писарон одати дар даҳлез маҳтал кардани падаронро доранд?

– Дада! – нидо зад Вилфор. – Пас ман иштибоҳ накардаам... Ман ҳам гумон кардам, ки ин шумоед...

– Агар ту гумон карда бошӣ, ки ин манам, – давом дод меҳмон, чӯбдасташро дар кунҷи хона монда. кулоҳашро рӯи курсӣ гузошта, – иҷозат деҳ, Жерари азиз, бигӯям, ки аз ҷониби ту интизор доштани ман чандон аз рӯи илтифот нест.

– Биравед, Жермен, – гуфт Вилфор.

Хидматгор бо тарҳи рӯи ошкоро ҳайратбор дур шуд.

пешина
аз 99
навбатӣ