Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Ин заҳмат ва ташвиши баръабас, модом мо телеграф дорем, ки айни ҳаминро дар ду ё се соат ба ҷо меовард ва илова бар ин бе ҳеҷ гуна ҳаш–ҳаш.
– Аълоҳазратам, шумо ҷидду ҷаҳди ҷавонмарди бечораро, ки аз роҳи дур башитоб омадааст, то аълоҳазратро огоҳ кунад, қадршиносии хуб накарда истодаед. Ақалан ба хотири граф Салвё, ки ӯро ба ман тавсия кардааст, меҳрубонӣ намуда қабул кунедаш, илтимос мекунам аз шумо.
– Граф Салвё? Маҳрами бародарам?
– Худи худаш.
– Бале, бале, вай дар Марсел аст охир.
– Ӯ ҳам аз ҳамон ҷо навиштааст ба ман.
– Хӯш ӯ ҳам аз хусуси ҳамин суиқасд навиштааст?
– Не, вай ҷаноби де Вилфорро тавсия додаасту ба ман фармудааст, ки ӯро ба аълоҳазрат муаррифӣ кунам.
– Вилфор! – нидо зад шоҳ. – Ҳоло номаш Вилфор гӯед!
– Оре, сир.
– Аз Марсел омадагӣ ҳамон аст?
– Худи худаш.
– Чаро ҳамонзамонӣ номашро ба забон нагирифтед? – гуфт шоҳ ва дар чеҳрааш аломати андак бесариштагие пайдо шуд.
– Сир, ман гумон доштам, ки номи ӯ ба аълоҳазрат шинос нест.
– Не, не, Блакас – ин одами кордон, андешаҳояш хайрхоҳонаанд, муҳимтар аз ҳама – мансабпараст аст. Охир шумо падари ӯро медонед, ақалан номашро шунидагистед...
– Падари ӯро?
– Ҳа–а, Нуартйе.
– Жирондист? Сенатор?
– Ана ҳамон.
– Ва аълоҳазрат мансаби давлатиро ба писари чунин касе бовар кардаанд?
– Блакас, дӯстам, шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед; ман ба шумо гуфтам, ки Вилфор мансабпараст аст; барои ба мартабае расидан Вилфор ҳама чизро қурбон мекунад, ҳатто падари худашро.
– Хӯш мефармоед, ки ӯро биёварам?
– Ҳамин ҳозир; куҷост вай?
– Дар поён интизор аст, дар каретаи ман.
– Рафта биёредаш.
– Метозам.
Ва герсог бо чустии ҷавонмарде тохт; ғайрати роялистии самимиаш қуввати ҷавони бистсолае бахшид ба вай.
Лудовики XVIII, ки танҳо монда буд, боз нигоҳашро ба китоби бози Горатсий1равона карду зери лаб гуфт: «Justum et tenacem propositi virum...».
Де Блакас бо ҳамон шитобкорие баргашт, ки баромада буд, аммо дар қабулгоҳ ба вай лозим омад ба хоҳиши шоҳ истинод кунад: пӯшоки пурчанги Вилфор, сару танаш, ки ҳаргиз ба одоби муоширати аҳли дарбор мувофиқат надошт, норозигии маркиз де Брезеро ба миён оварда буд, ки аз густохии ҷавонмард ба ҳайрат афтод; боиси ҳайраташ ин буд, ки вай бо чунин ҳайат ба назди шоҳ ҳозир гардиданӣ шудааст. Аммо герсог бо ҳамин як даҳан гап: «Ба фармоиши аълоҳазрат» – тамоми монеаҳоро бартараф кард, ва, сарфи назар аз эътирозе, ки барои риояи тартиб ҳамчунин ғур–ғур мекард тсеремониймайстер – удайчӣ, Вилфор вориди кабинет гардид.
Шоҳ дар ҳамон ҷое менишаст, ки герсог ӯро монда рафта буд. Дарро боз карда, Вилфор худашро дар рӯбарӯи шоҳ ёфт; ҷавонмард ғайри ихтиёр бозистод.
– Дароед, ҷаноби де Вилфор, – гуфт Лудовики XVIII, – дароед! Вилфор таъзим кард ва дар интизори суоли шоҳ чанд қадам пеш рафт.
– Ҷаноби де Вилфор, – сар кард Лудовики XVIII, – герсог Блакас мегӯяд, ки шумо ким–чӣ хабари муҳимме доштаед барои мо.
– Сир, герсог рост мегӯяд ва ман умед дорам, ки аълоҳазрати шумо ба гуфтаи он кас розӣ мешаванд.
– Пеш аз ҳама оё хатар то ҳамин дараҷа азим аст, он тавре ки маро бовар кунонданӣ мешаванд?
– Аълоҳазрат, ман онро ҷиддӣ мешуморам; аммо ба туфайли бошитоб омадани ман, умед дорам, ки илоҷи бартараф кардан ҳаст.
– Бо тафсил баён кунед, шарм надоред, – гуфт шоҳ, изтиробе, ки дар чеҳраи герсогу дар овози Вилфор инъикос ёфта буд, ба худи вай ҳам асар кардан гирифт, – гап занед, лекин аз ибтидояш сар кунед, ман дар ҳар кор ва ҳама ҷо тартибро дӯст медорам.
– Ман ба аълоҳазрати шумо ҳисоботи муфассал пешниҳод мекунам; вале узр мехоҳам, агар ҳаё маънои суханони маро андаке хира гардонад. Нигоҳи баъди ин муқаддимаи маккорона ба шоҳ андохта ба Вилфор бозгӯи он шуд, ки мусоҳиби ҳумоюн бо илтифот назари диққат духтааст ва ӯ давом дод:
– Аълоҳазратам, ман на аз он ин қадар шитобкорона озими Париж гардидаам, ки аълоҳазратро аз кадом–як шарики ҷиноят будани муқаррарӣ, беҳудаи ҳамарӯза дар табақаҳои поёни қӯшун барпошаванда огоҳ гардонам, балки суиқасди ҳақиқиеро, ки ба тақозои хизмат ошкор кардааму ба маснади аълоҳазрат таҳдид меоварад, хабар диҳам. Сир, ғосиб се киштиро муҷаҳҳаз гардонда истодааст; вай дар нияти кадом–як корест, шояд кори беақлонае бошад, вале бо вуҷуди ин кори мудҳише, сарфи назар аз ҳама бехирадиҳои ӯ. Дар ҳоли ҳозир вай алакай, бояд, ҷазираи Элбаро тарк карда ва ба роҳ баромада бошад – ба куҷо? – намедонам. Бе шак, вай кӯшиш мекунад ё дар Неапол, ё дар соҳилҳои Тоскана, ё мумкин аст, ҳатто дар Фаронса фуруд ояд. Ба аълоҳазрати шумо маълум аст, ки ҳукмрони ҷазираи Элба робитаашро ҳам бо Итолиёю ҳам бо Фаронса боқӣ доштааст.
– Оре, – ҷавоб гардонд шоҳ бо изтироби қавӣ, – ба ҳамин қарибӣ мо фаҳмидем, ки бонопартиҳо дар кӯчаи Сен–Жак ғун мешудаанд; вале давом диҳед, хоҳиш дорам аз шумо; ин ҳама маълумотро чӣ тавр ба даст овардед?
– Аълоҳазратам, ман инро аз бозпурсие ахз кардам, ки бар як маллоҳи марселӣ барпо карда будам. Ман барвақт ӯро зери назорат гирифта будам, ва дар худи рӯзи ба сафар баромаданаш ба ҳабси ӯ фармон додам. Ин шахси бешак бонопартӣ махфӣ ба ҷазираи Элба рафтааст; он ҷо вай бо маршал вохӯрдааст ва ӯ ба як бонопартии парижӣ супориши даҳонӣ додааст, ки номи он шахсро ман аз вай ба даст оварда натавонистам ки натавонистам; вале супориш аз он иборат будааст, ки аҳли фаҳмро ба бозгаште (хоҳишмандам дар ёд дошта бошед, аълоҳазратам, ки ман суханони айбдори зери мурофиаро расонда истодаам), ба бозгаште омода доранд, ки ба ҳамин қарибиҳо бояд ба амал меомадааст.
– Ин шахс ҳоло дар куҷост?
– Дар маҳбас, аълоҳазратам.
– Ва ин кор ба назари шумо ҷиддӣ намуд.
– Ба дараҷае ҷиддӣ, ки дар тантанаи оилавӣ, дар худи рӯзи ҷашни фотиҳаам хабар ёфта, ҳамонзамонӣ аз баҳри ҳамааш гузаштам, ҳам аз баҳри арӯсам ва ҳам аз баҳри дӯстонам, ҳамаро ба мӯҳлати дигар вогузошта, омадам ҳам андешааму ҳам итминон ба садоқатамро ба пои аълоҳазрат нисор кунам.
– Оре, – гуфт Лудовик, – охир шумо бояд ба мадемуазел де Сен– Меран хонадор мешудед.
– Ба духтари яке аз содиқтарин хидматгорони аълоҳазрат.
– Бале, бале; лекин ба ин иштироки ҷиноят бармегардем, ҷаноби де Вилфор.
– Аълоҳазратам, метарсам, ки ин аз иштироки ҷиноят фузунтар чизест, метарсам, ки ин суиқасд аст.
– Дар айёми мо, – ҷавоб гардонд Лудовик бо табассум, – суиқасд ташкил кардан осон, вале онро ба амал баровардан ақалан барои он душвор аст, ки мо, ба қарибӣ ба тахти аҷдодиамон баргашта, дар як вақт ба гузашта, ба имрӯз ва ба оянда назар меандозем. Мана ин дам даҳ моҳ мешавад, ки вазирони ман бо диққати тамом ба он назорат мекунанд, ки соҳилҳои баҳри Миёназамин ҳушёрона муҳофизат карда шавад. Агар Бонопарт дар Неапол фуруд ояд, тамоми иттифоқчиён ба муқобилаш бармехезанд, пеш аз он, ки вай фурсати ба Помбино расидан ёбад; агар вай дар Тоскана фуруд ояд, ба сарзамини душман қадам мегузорад; агар вай дар хоки Фаронса фуруд ояд, фақат бо як мушт касон фуруд хоҳад омад, ва мо бе заҳмат ҳисобашро меёбем, чунки аҳолӣ ӯро чашми дидан надорад. Бинобар ин осуда бошед, лекин ба ҳар ҳол ба миннатдории шоҳонаи мо мутмаин бошед.
– Ҳа! Ана ҷаноби Дандре ҳам, – нидо зад герсог Блакас.
Дар сари остонаи кабинет вазири политсия истода буд, рангпарида, мушавваш; нигоҳаш дар як нуқта қарор надошт, мисле ки ҳушаш парида бошад. Вилфор хост баромада равад, вале де Блакас аз дасташ дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё