Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

X. МАНЗИЛГОҲИ ХУРД ДАР ТУИЛРӢ

Вилфорро, ки роҳкироро сечанд пардохта, бо суръати тамом пеш метохт, дар роҳи Париж фурӯ гузашта, аз ду–се меҳмонхона даргузашта, ба манзилгоҳи хурди Туилрӣ назар меафканем, манзилгоҳи тирезаҳояш нимдоираи бо он шӯҳратдоре, ки ин хонаи кори дилпазири Наполеон ва Лудовики XVIII, сипас Луи–Филипп буд.

Дар ин кабинет, дар сари мизи чӯби чормағз, ки худи Лудовики XVIII аз Гаргвел бор карда оварда буду ба тақозои яке аз хислатҳои хосси булъаҷаби афроди шӯҳратманд вай ба ин миз сахт дилбастагӣ дошт, нишаста, бо хотири парешон ба гуфтори марди ягон панҷоҳсолаи мӯи сараш сафеди тарҳи рӯяш аъённамои хушлибосе гӯш медод. Дар айни замон вай дар ҳошияи асари Горатсий, ки Грифиус нашр карда буд, қайдҳое мекард; нашр нашри пурнуқсон буд, гарчи хонданбоб будаву барои мушоҳидаҳои маккоронаи адабпешагии аълоҳазрат ғизои фаровон медод.

– Хӯш шумо, тақсир, гуфтаниед, ки... – гуфт шоҳ.

– Ки ниҳоят дар ташвишам, аълоҳазрат.

– Наход? Мабодо ҳафт модагови фарбеҳу ҳафт лоғар хоб надидаед– ку?

– Не, аълоҳазрат. Ин фақат чунин маъно медошт, ки моро ҳафт соли серию пурӣ ва ҳафт соли гуруснагӣ дар пеш аст; дар аҳди чунин шаҳриёри тадбирҷӯ, чун аълоҳазратам, ҳоҷати аз гуруснагӣ ҳаросидан нест.

– Пас чӣ шуморо ба ташвиш меорад, Блакаси меҳрубон?

– Аълоҳазратам, ба хаёлам, ҷои он дорад андеша бикард, ки дар ҷануб ҳаво абр кашидан дорад.

– Ин тавр бошад, герсоги азиз, – ҷавоб гардонд Лудовики XVIII, – ба хаёлавм, шумо чандон хабар надоштаед. Ман,баръакс, аниқ медонам, ки ҳавои он ҷо соф аст.

Лудовики XVIII, гарчи марди таҳсилдидае буду ақли расое дошт, софдилона ҳазл карданро хуш дошт.

– Сир, – гуфт де Блакас, – ақалан барои он, ки хидматгори содиқатонро тасалло дода бошед, марҳамат карда ба Лангедок, ба Прованс ва ба Дофине шахсони мӯътамад мефиристодед, ки аз хусуси вазъи тафаккур дар ин се музофот маълумоти аниқе меоварданд.

– Canimus surdis,1 – ҷавоб гардонд шоҳ, дар ҳошияи асари Горатсий қайд карданашро давом дода.

– Аълоҳазрат, – давом дод дарбории шоҳ, лабханд карда, ки нишон диҳад, гӯё вай мисраи шоири венузиниро фаҳмидааст, – аълоҳазрат, шояд, ба садоқати Фаронса умед баста, комилан ҳақ бошанд; лекин, гумон мекунам, аз ким–кадом ҷадалҳои ночор хавф бурда истода, ман он қадар ноҳақ набудагистам...

– Аз ҷониби кӣ?

– Аз ҷониби Бонопарт ё ақалан фирқааш.

– Блакаси азиз, – гуфт шоҳ, – хавфи шумо ба ман маҷоли кор кардан намедиҳад.

– Хотирҷамъии шумо бошад, сир, ба хоби ман халал мерасонад.

– Истед, азизам, сабр кунед, як эроди ниҳоят хушбахтонае роҷеъ ба Pastor guum raheret2, ба ёдам омад; сабр кунед, баъд мегӯед.

Хомӯшӣ ба миён омад ва шоҳ бо хати ниҳоят реза дар ҳошияи асари Горатсий сатре чанд сабт кард.

– Давом диҳед, герсоги азиз, – гуфт ӯ, мағрурона сар бардошта, мисли касе, ки гумон дорад, худаш фикр карда чизе ёфтааст, даме ки фикри каси дигарро тафсир мекард. – Давом диҳед, гӯшам ба шумо.

– Аълоҳазрат, – сар кард Блакас, ки дар ибтидо умед дошт худаш аз ахбори Вилфор баҳра барад, – ман бояд ба маълумоти шумо расонам, ки на овозаҳои хушку холӣ ва пешхабари бедалел ба ташвиш меоварад маро. Шахси садоқатманд ва боэътимоде, ки ман комилан ба вай бовар дорам, барои назорат кардани ҷануби Фаронса (герсог ҳангоми ба забон овардани ин суханон андак дасту по хӯрд) савори каретаи чопорӣ расида омад, ки хабар диҳад: хатари мудҳише таҳдид дорад шоҳро. Ана барои чӣ ба назди ҳазратам шитофтам.

– Шояд, аълоҳазрат мехоста бошанд, ки ман аз баҳри ин чиз гузарам?

– Не, не, герсоги азиз, лекин дастатонро дароз кунед...

– Кадомашро?

– Кадомашеро ки хоҳед; ҳо он ҷо, тарафи чап...

– Ҳамин ҷо, аълоҳазрат?

– Ман тарафи чап мегӯям, шумо бошед, тарафи ростро мекобед; ман гуфтаниям – аз ман тарафи чап; оре, ҳамин ҷо; ин ҷо бояд маълумотномаи вазири политсия аз санаи дирӯза бошад... Ана худи Дандре ҳам...

1. Мо барои карҳо месароем (лот.)

2. Даме чӯпон меовард... (лот.) (Горатсий. Қасоид).

3. Ба сӯи мусибат мебарӣ ту ба талхӣ... (лот.) (Горатсий. Қасоид).– Mala ducis avi domum,3 – давом дод шоҳ, қайд карда истода.

Шумо гуфтед: ҷаноби Дандре? – давом дод шоҳ, ба маҳрам рӯ оварда, ки даромада буд, омадани вазири политсияро ба арз расонад.

– Оре, сир, барон Дандре, – ҷавоб гардонд маҳрам.

– Оре, барон, – гуфт Лудовики XVIII бо табассуми хаёле пайхасшаванда, – дароед, барон ва ҳама навигариҳои охиринро дар бораи ҷаноби Бонопарт ба герсог ҳикоят кунед. Ҳар қадар вазъият ҷиддӣ бошад ҳам, ҳеҷ чизро пинҳон надоред. Оё дуруст аст, ки ҷазираи Элба – вулқон аст ва он фавворавор ҷанги хурӯшону оташборе мебарорад?

Дандре бо назокат ҳар ду дасташро ба муттакои курсӣ такя дода, гуфт:

– Ба аълоҳазрат оё фурсате нашуд, ки ба маълумотномаи дирӯзаи ман назар андозанд?

– Хондам, хондам, вале ба герсог худатон ҳикоят кунед: ин кас ёфта наметавонанд, ки он ҷо чӣ навишта шудааст; ба ин кас муфассал ҳикоят кунед, ки ғосиб дар ҷазираи худаш чӣ машғулияте дорад.

– Ҳамаи хидматгорони содиқи аълоҳазрат, – рӯ овард барон ба герсог, – бояд аз навигариҳои охирини аз ҷазираи Элба расида шод шаванд. Бонопарт...

Дандре ба Лудовики XVIII назар кард, ки ба ким–кадом қайде саргарм шуда, ҳатто сарашро набардошт.

– Бонопарт, – давом дод барон, – бениҳоят зиқ аст; рӯзҳои дароз кори минёрони Порто–Лангонеро муроқаба карда мешинад.

– Ва барои дилхушӣ бадан мехорад, – илова кард шоҳ.

– Бадан мехорад? – гуфт герсог. – Шумо чӣ гуфтан мехоҳед, аълоҳазрат?

– Магар шумо фаромӯш кардаед, ки ин шахси бузургвор, ин қаҳрамон, ин нимхудованд ба дарди хориш гирифтор аст?

– Ин ҳам кам, герсог, – давом дод вазири политсия, – мо қариб бовар дорем, ки анқариб ғосиб девона мешавад.

– Девона мешавад?

– Бешак; ақлаш хира шуда истодааст, вай гоҳ зор–зор гиря мекунад, гоҳ қоҳ–қоҳ зада механдад; баъзан соатҳои дароз дар соҳил нишаста сангча меандозад ба об ва агар санг панҷ–шаш бор пар–пар кунад, шодӣ мекунад, мисле ки аз нав дар набарди назди Маренго ё Аустерслитс ғолиб омада бошад. Бовар кунед, ин аломатҳои девонагии ошкорост.

– Ё хирадмандист, ҷаноби барон, – хандакунон гуфт Лудовики XVIII, – лашкаркашони бузурги давраҳои қадим, дар соатҳои фароғат ба он саргарм мешуданд, ки сангча ба об меандохтанд; Плутархро боз кунеду ба зиндагии Стсипиони Африкоӣ назар андозед.

Блакас дар вуҷуди вазиру шоҳ чунин фориғболиро дида, ба андеша рафт. Вилфор ба вай тамоми розашро ошкор накард, то ки дигарон онро ба номи худ сабт накунанд, вале ба ҳар ҳол он чи гуфт, кофист, ки ҳаросе ба дили ӯ ҷо кунад.

– Давом диҳед, Дандре, – гуфт шоҳ. – Блакас ҳанӯз итминон ҳосил накардааст; ҳикоят кунед, ки чӣ тавр ғосиб ба роҳи ҳақ баргаштааст.

Вазири политсия таъзим кард.

– Ба роҳи ҳақ, – зери лаб гуфт герсог, ба шоху ба Дандре нигариста, ки чӯпонҳои Вергилий барин банавбат гап мезаданд. – Ғосиб ба роҳи ҳақ баргаштааст?

– Бешубҳа, герсоги меҳрубон.

– Чӣ гуна роҳ будааст он роҳ?

– Роҳи хайр. Бифаҳмонед, барон.

– Гап дар сари он, герсог, – тамоман ҷиддӣ ба гап даромад вазир, – ки ба қарибӣ Наполеон азназаргузаронӣ барпо кардааст; ду ё се нафар серғурбатони кӯҳнааш, он тавре, ки худаш ном додааст ба онҳо, орзуи ба Фаронса баргаштанро изҳор кардаанд – вай онҳоро раҳо карда баисрор хидмат кардан ба шоҳи некдилро маслиҳат дод ба онҳо; ин суханони худи ӯст, герсог, бовар метавонам бикунонам шуморо.

– Хӯш, читу, Блакас? Шумо ба ин чӣ мегӯед? – пурсид шоҳ бо қиёфаи музаффарона, чашм аз китоби калони дар пешаш кушода истода бардошта.

– Ман ба шумо, аълоҳазрат, мегӯям, ки яке аз мо иштибоҳ мекунад, ё вазири политсия ё ман; вале азбас мумкин нест, ки ҷаноби вазири политсия иштибоҳ карда бошад, зеро вай осоишу шарафи ҳазрати шуморо муҳофизат мекунад, дар он сурат, аз афташ, ман иштибоҳ кардаам. Аммо, дар ҷои аълоҳазрат, ман ба ҳар ҳол он касеро, ки ба арз кардани аз хусусаш шарафманд гардидам, пурсуҷӯ мекардам; ман ҳатто исрор мекунам, ки ҷаноби аълоҳазрат ин шарафро аз вай дареғ надоранд.

– Бифармоед, герсог; бо нишондоди шумо ҳар касеро, ки хоҳед, қабул мекунам, вале мехоҳам ӯро бо силоҳе дар даст қабул кунам. Ҷаноби вазир, оё маълумотномаи тозатаре надоред? Дар ин маълумотнома санаи бистуми феврал сабт ёфтааст, имрӯз бошад, сиюми март аст.

– Не, аълоҳазратам, вале ман дар ҳамин дақиқаҳо маълумотномаи наверо нигаронам. Ман саҳар кати аз хона баромада будам ва шояд маълумотнома дар набудани ман расида бошад.

– Ба идораи сардори политсия биравед, ва агар он ҳоло нарасида бошад, дар он сурат... – Лудовик ханда кард, – дар он сурат худатон иншо кунед; охир ҳамин тавр омода мешудагист ин?

– Ситоиш мар худойро, сир, ҳоҷат ба бофтан нест моро, – ҷавоб гардонд вазир, – ин қадар маълумотномаҳои махфии муфассал мефиристанд ки; инҳоро ҳар гуна сарсахтон ба умеди чизе рӯёндан дар ивази хидматашон менависанд, хидмате, ки накардаанд, вале карданӣ будаанд. Онҳо ба пешомадҳои хушбахтонае умед доранд ва чашмдор астанд, ки ягон воқиаи ғайри интизор пешгӯиҳояшонро ҳақ мебарорад.

– Хуб шудааст, биравед, – гуфт шоҳ, – ва аз хотир набароред, ки ман ба шумо нигаронам.

– Аълоҳазратам, баъди даҳ дақиқа ман ин ҷо...

– Ман бошам, аълоҳазратам, – гуфт де Блакас, – рафта қосидамро меоварам.

– Сабр кунед, сабр кунед, – гуфт шоҳ. – Медонед, Блакас, ба ман лозим меояд герби шуморо тағйир диҳам; ман ба шумо уқоберо медиҳам, ки болҳояш кушода асту дар чанголаш тӯъмаест, ки баръабас зӯр мезанад, ки раҳо ёбад, ва шиораш:

– Гӯшам ба шумо, аълоҳазратам, – ҷавоб гардонд герсог, аз бесабрӣ нохун хоида.

– Ман мехостам бо шумо дар сари ин мисраъ маслиҳат кунам: Ана ҳамин, сухан аз хусуси гавазне меравад, ки гург таъқиб дорад. Охир шумо сайёд ва оберегермайстер – миришкор–ку; ба ин Molli anhelitu чӣ мегӯед?

– Олиҷаноб, аълоҳазратам. Лекин қосиди ман ба ҳамон гавазне монанд аст, ки гуфтед шумо, зеро вай ду саду бист лёро дар каретаи чопорӣ тай кардааст, ва илова бар ин камтар аз се рӯз.

пешина
аз 99
навбатӣ