Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бе ҳеҷ гуна тафтиш? Бе ҳеҷ гуна ба ҷо овардани расмиятҳо?

– Тамоми расмиятҳо ба ҷо овардагӣ, тафтиш ба охир расидагӣ.

– Ва қатъи назар аз ваъдаҳои ҷаноби де Вилфор?

– Ман намедонам, ки ҷаноби де Вилфор ба шумо чӣ ваъда додааст, – гуфт жандарм, – фақат медонам, ки мо ба қалъаи Иф рафта истодаем. Эҳе! О шумо чӣ кор карда истодаед? Ин ҷо биёед, рафиқон! Доретон!

Бо ҳаракати барқвор босуръат ва ба ҳар ҳол аз чашми таҷрибакори жандарм хатонахӯранда, Дантес хост худашро ба баҳр андозад, вале чор дасти пурқувват дар ҳамон дақиқае ӯро пахш карданд, ки пойҳои ӯ аз таҳти заврақ канда шуда буданд.

Вай аз хашм ғурросзанон даруни заврақ афтод.

– Эҳе, додар! – гуфт жандарм, зонуяшро ба сари синаи ӯ зер карда. – Қавли содиқи маллоҳиро ҳамин хел нигоҳ медоштаӣ–дия! Ҳамин–дия аз хаппакҳо дилпур шудан! Хӯш, акнун, азизам, ҷунбу бин, рост ба пешонаат тир меандозам. Ман банди якуми фармонро хилоф кардам, лекин хотирҷамъ бош, дуюмашро бе қилу қол ба ҷо меоварам.

Ва ӯ воқиан ҳам мили туфангашро ба чаккаи Дантес гузошт. Дар лаҳзаи аввал Дантес хост ҷунбиши фалокатборе кардаву мусибати ғайри мунтазираро хотима диҳад, мусибате, ки ба сараш фуруд омада буду ба чанголи пайғуияш дароварда. Вале маҳз ба–дон ҷиҳат, ки ин мусибат аз ҳад ногаҳонӣ буд, Дантес ба дил гуфт, ки он набояд дер кашад; бинобар ин ваъдаи Вилфорро ба ёд овард; ғайр аз ин бояд эътироф кард, марги таҳти заврақ аз дасти жандарм ба назараш зишту хориовар намуд.

Ӯ рӯи тахтаҳо нишасту бо ғазаб оҷизвор даст ба дандон газид.

Заврақ аз такони сахте алвонҷ хӯрд. Яке аз белзанҳо рӯи харсанг ҷаст, ки сари сафинаи сабук ба он бархӯрда буд, садои ғарачоси ба гирди яккамех тоб гаштани арғамчин баромад ва Дантес дарёфт, ки онҳо ба соҳил расидаанд.

Жандармҳое, ки ӯро аз дасту аз гиребонаш дошта меистоданд, водор карданд, ки бархезад, ба соҳил фурояд ва ӯро ҷониби поғундаҳое кашола карданд, ки ба сӯи дарвозаи ҳисор мебурданд; аз ақиб коргузори маҳкама, ки бо туфанги сарнайзааш гузарондагӣ мусаллаҳ буд, меомад.

Воқиан, Дантес парвои муқобилати бефоида ҳам надошт. Сустҳаракатии ӯ на зуҳуроти муқобилат карданаш буд, балки аз рӯҳафтодагӣ буд. Сараш давр мезад ва ӯ чун каси маст мекалавид. Вай боз ду қатор сарбозони дар нишебии бароз сафкашидаро дида, ҳис кард, ки поғундаҳо ба по бардоштанаш водор карда истодаанд, пайхас кард, ки аз дарвоза даромаду ин дарвоза аз пасаш басат шуд, вале ҳамаи ин бешуурона буд, мисле ки дар миёни ғубор бошад, қудрате надошт, ки чизеро муқаррар карда тавонад. Ӯ ҳатто баҳрро намедид, баҳре, ки манбаи ранҷу азоби маҳбусон буд ва онҳо ба паҳнои вай нигариставу бо даҳшат пай мебурданд, ки аз бартараф карданаш оҷизанд.

Ҳангоми тавақкуфи якдақиқаина Дантес андак ба худ омад ва ба атроф нигарист. Ӯ дар рӯи ҳавлии чоргӯшае, миёни чор девори баланд истода буд; садои ба як маром қадам задани посбонон ба гӯш расид ва ҳар дафъа, вақте ки аз паҳлуи ду–се тирезаи чароғон мегузаштанд, туфангҳояшон ҷило медод.

Ӯ ягон дақиқа истод. Азбаски медонистанд Дантес акнун намегурезад, жандармҳо сар дода буданд ӯро. Аз афташ нигарони фармоиш буданд; ниҳоят овози касе шунида шуд:

– Канӣ маҳбус?

– Инҷо, – ҷавоб гардонданд жандармҳо.

– Бигузор аз паси ман ояд, ман ӯро ба камера мебарам. – Биравед, – гуфтанд жандармҳо, Дантесро тела дода.

Ӯ аз паси роҳбалад равон шуд, ки воқиан ба як камераи нисфаш дар таги замин бурд ӯро; аз деворҳои урёну тар мисле ки ашк таровидан дошт. Чароғи сиёҳи рӯи чорпоя гузошта шуда, ки пилтааш дар ким–чӣ хел равғани бадбӯе шино дошт, деворҳои пӯпанакзадаи ин манзили даҳшатбору андоми роҳбаладро равшан мекард; ин як шахси ҷулҳундипӯши чеҳрааш безебе буд, – аз афташ, аз ҷумлаи ходимони дараҷаи пасти ҳабсхона.

– Мана ба шумо камера барои имшаб, – гуфт ӯ. Ҳозир алакай бевақт шуд, ҷаноби қутвол хобидаанд. Пагоҳ, вақте ки он кас мехезанду супоришномаи аз ваҷҳи шумо омадаро мехонанд, шояд, бароятон камераи дигаре таъйин кунанд. Ҳамин ҳоло мана ба шумо нон, ин ҷо, дар дӯлча об; он ҷо, дар гӯша, пахол. Ҳамин аст он чи ба маҳбус лозим аст. Шабатон хуш.

Ва пеш аз он, ки Дантес фурсати ҷавоб гуфтан ёбад, пеш аз он ки вай нонро дар куҷо мондани зиндонбонро зери чашм кунад, пеш аз он ки дар куҷо истодани дӯлчаи обро бинад, пеш аз он ки ба гӯшае рӯ оварад, ки пахол – бистари хоби ӯ афкандааст, – зиндонбон милмилакро гирифту дарро баста, маҳбусро аз ҳамон рӯшноии хира ҳам маҳрум кард, ки дар нури он, чун дар шунаҳи шӯълаи уфуқ деворҳои тари маҳбасаш намудор шуда буд.

Ӯ дар муҳити хомӯшу зулмонӣ танҳо монд, муҳити чун гунбади қаъри замин тираву тор ва бесадо, ки сардии ҷонкоҳашро дар ҷабини лолагунаш ҳис кард.

Ҳангоме ки нахустин шӯълаҳои хуршед ин мағораро нав равшан карда буданд, зиндонбон бо фармони ҳамин ҷо нигоҳ доштани маҳбус баргашта омад. Дантес дар ҳамон ҷояш истода буд. Мисли ин ки дасти оҳание ӯро дар ҳамон ҷои шабона истодааш мехкӯб карда бошад; фақат чашмонаш аз фарти худдорӣ кардан аз гиря варамида буданд. Ӯ намеҷунбид ва ба замин назар карда меистод.

Ӯ шаби дароз ба по истода баромад ва ягон дақиқа ғанаб накардааст.

Зиндонбон ба наздаш омад, ба гирдаш давр зад, вале Дантес, мисли ин ки ӯро намедид.

Ӯ даст ба китфи маҳбус монд. Дантес як қад париду калла ҷунбонд.

– Шумо нахобидаед? – пурсид зиндонбон.

– Намедонам, – ҷавоб гардонд Дантес. Зиндонбон ҷониби ӯ бо ҳайрат нигарист.

– Шумо гурусна нестед? – давом дод ӯ. – Намедонам, – такрор кард Дантес.

– Ба шумо оё ягон чиз лозим нест?

– Ман мехоҳам қутволро бинам.

Зиндонбон китф дарҳам кашиду аз дар баромад.

Дантес бо нигоҳаш ӯро гусел кард, даст сӯи дари нимроғ ёзонд, вале дар баста шуд.

Он гоҳ гиряи ҳой–ҳой аз қафаси синааш берун ҷаст. Ашки дидагонаш, ки то ба ин дам ғун шуда буд, ду ҷӯйборе гардида ҷорӣ шуд. Ӯ ба зону афтод, сарашро ба фарш зер карда дурудароз ба ибодат даромад, тамоми умрашро ёдовар шудаву ба худ суол медод, ки дар ин умри на чандон дарозаш чӣ ҷинояте содир кардааст, то гирифтори чунин ҷазои сангдилонае бишавад.

Ҳамин тавр рӯз ба охир расид. Дантес ба душворӣ чанд реза нонро фурӯ бурдаву ҷуръае чанд об хӯрд. Ӯ гоҳ ғарқи андеша мешишт, гоҳ чун ҷонварони ваҳшии қафасбанд қад–қади девор давр мезад.

Як фикр бо қудрати хос ба бехудӣ мерасонд ӯро: ҳангоми ба ин ҷо оварданашон, вақте ӯ бехабар аз он, ки куҷо мебарандаш, ин қадар осудаю бепарво нишаста буд, метавонист даҳ бор ба об андозад худашро, ва ба ҳунари шино кардану ғӯта хӯрдан, ки гумон аст дар Марсел касе ба вай баробарӣ ҷӯяд, метавонист зери об пинҳон шавад, посбононро гӯл занад, ба соҳил расад, бигрезад, дар ягон халиҷи беодам панаҳ гардад, расидани киштии генуие ё каталониеро нигарон шавад, ба Итолиё ё Испаниё расад ва аз он ҷо ба Мерседес нома нависад, то вай ба наздаш ояд. Парвои хӯрду хӯрокаш надошт: қисмат ба кадом кишваре, ки намеандохташ – маллоҳони хуб дар ҳама ҷо ноёбанд; вай ҳамчун тосканӣ ба итолиёвӣ гап зада метавонист, ҳамчун фарзанди воқеии Кастилия испонӣ медонист. Бо Мерседесу бо падараш озод ва хушу хуррам умр ба сар мебурд, зеро падарашро ҳам нома навишта ба наздаш мехонд. Вале ба ҷои ин вай маҳбус, зиндонии қалъаи Иф, дар ин маҳбас, ки бозгашт аз ин ҷо имкон надорад, ва намедонад, ки ҳоли падараш ба чӣ расид, бо Мерседес чӣ гап шуд; ва ҳамаи ин аз касофати он, ки ба гапи Вилфор бовар кард. Вай ақлбохта нашавад кӣ шавад ва Дантес дар ғалаёни бехудӣ дар рӯи пахоли тозае, ки зиндонбон оварда буд, ин сӯ– он сӯ ғел мегашт.

Рӯзи дигар дар ҳамин соат зиндонбон пайдо шуд.

– Хайр, читу, – пурсид ӯ, – андак омадагист ақлатон?

Дантес ҷавоб нагардонд.

– Ин қадар маъюс нашавед! Бигӯед, дилатон чӣ мехоҳад. Хӯш, гап занед!

– Ман мехоҳам қутволро бинам.

– Гуфтам–ку, ин аз имкон берун аст, – ҷавоб гардонд зиндонбон бо алам.

– Барои чӣ аз имкон берун будааст?

– Чунки аз рӯи дастури маҳбас ба вай рӯ овардани маҳбус манъ аст.

– Хӯш чӣ кор дар ин ҷо мумкин аст? – пурсид Дантес.

– Ғизои беҳтар – ба пул, сайр, баъзан китоб.

– Китоб лозим не ба ман, сайр кардан намехоҳам, вале аз ғизо розӣ ман. Фақат як чиз мехоҳам – дидани қутволро.

– Агар шумо бо ин талаб ба ман чақа шудан гиред, хӯрок оварданро бас мекунам ман.

– Хайр, чӣ? – ҷавоб гардонд Дантес. – Агар ту хӯрок оварданро бас кунӣ, ман аз гуруснагӣ мемирам, вассалом!

Бо ваҷоҳате, ки Дантес ин суханонро ба забон овард, зиндонбон дарёфт, ки зиндонии ӯ аз мурдан хурсанд мешудааст; азбаски ҳар як маҳбус ба зиндонбон рӯзе расо даҳ су даромад меоварад, зиндонбони Дантес ҳамонзамонӣ зиёнашро, ки аз марги вай ҳосил шуданаш мумкин буд, ҳисоб карда баромад ва акнун ба лаҳни навозишкоронатаре гуфт:

– Гӯш кунед: он чи шумо талаб доред, имконнопазир аст; яъне ки дигар илтимос накунед; то ба ҳол ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки қутвол бо талаби маҳбус ба камераи ӯ ҳозир шуда бошад: бинобар ин худатонро ором нигоҳ доред, ба шумо рухсат медиҳанд ба сайр бароед, ҳангоми сайр бошад, шояд мавриде шавад, ки ягон дафъа бо қутвол рӯбарӯ занед. Он гоҳ ба вай муроҷиат кунед, агар хоҳиши ба гапатон ҷавоб гуфтан дошта бошад, ин дигар кори ӯст.

– Хайр чӣ қадар ман бояд ин вохӯриро нигарон шавам?

– Кӣ медонад? – гуфт зиндонбон. – Як моҳ, се моҳ, ним сол, мумкин аст, як сол.

– Ин аз ҳад дер аст, – гапи ӯро бурид Дантес, – ман худи ҳозир дидан мехоҳам ӯро!

– Ба кори ношуданӣ пофишорӣ накунед, набошад баъди ду ҳафта девона мешавед.

– Ту гумон дорӣ? – гуфт Дантес.

– Ҳа, девона мешавед; девонагӣ доимо ҳамин тавр сар мешавад. Ин ҷо алакай чунин ҳодиса рӯй дод; ҳамин ҷо то омадани шумо як аббат истиқомат дошт, ки беист барои озод карданаш ба қутвол як миллион пешниҳод мекард ва дар сари ҳамин муомила девона шуд.

– Аз истиқомат накарданаш дар ин ҷо чӣ қадар муддат гузашт? – Ду сол.

– Ӯро ба озодӣ сар доданд?

– Не, ба якахонаи зиндон бурданд.

– Гӯш кун, – гуфт Дантес, – ман на аббатам ва на девона; шояд девона ҳам шавам, вале ҳоло, мутаассифона, ақлам дар ҷояш; ман дигар чиз пешниҳод мекунам ба ту.

– Чӣ будааст?

– Ман ба ту миллион пешниҳод намекунам, зеро ин қадар пул надорам, лекин сад эку пешниҳод мекунам, агар ту розӣ бошӣ, ки ҳар гоҳ Марсел равӣ, як сари қадам ба Каталонҳо дароӣ ва мактуберо ба духтаре диҳӣ, ки Мерседес ном дорад... ҳатто мактуб не, балки фақат ду сатре.

– Агар ман ин ду сатрро расонаму маро дастгир кунанд, ман ҷоеро аз даст медиҳам, ки соле як ҳазор ливр музд мегирам, даромаду хӯрду хӯрок ҳисоб не; – мебинед, ман аблаҳе мебудам, агар ба хотири сад эку ҳазор ливрро зери хатар мегузоштам.

– Хуб шудааст! – гуфт Дантес. – Хӯш гӯш куну дар хотир дошта бош: агар ту руқъаи маро ба Мерседес нарасонӣ ё ақалан ба ӯ нафаҳмонӣ, ки ман ин ҷоям, ягон вақт дар паси дар поида меистаму вақти даромаданат, саратро ба чорпоя зада маҷақ мекунам!

– Аҳа, таҳдид мекунӣ! – дод зад зиндонбон, як қадам ақиб рафтаву дар тараддуди ҳимоят кардан шуда. – Қатъан ақли шумо дар ҷояш нест; аббат шумо барин сар карда буд ва баъди се рӯз шумо ӯ барин арбада хоҳед кард; нағз ки дар қалъаи Иф зиндони якахона ҳаст.

Дантес чорпояро бардошту ба гирди сараш гардонд.

– Майлаш, майлаш, – гуфт зиндонбон, – агар шумо ҳатман инро талаб дошта бошед, ман қутволро мегӯям.

– Кайҳо ин корро кардан лозим буд, – ҷавоб гардонд Дантес, чорпояро рӯи фарш гузошта ва бо сари хаму чашмони роғ–роғ, гӯё дар воқеъ ақлашро бохта истода бошад, болои он нишаста.

Зиндонбон аз дар баромаду баъди чанд дақиқа ҳамроҳи чор сарбозу капрале баргашта омад.

– Бо фармони қутвол, – гуфт ӯ, – маҳбусро як ошёна поён баред.

– Пас, ба хонаи торик, – гуфт капрал.

– Ба хонаи торик: девонагонро ҳамроҳи девонагон нигоҳ доштан даркор.

Чор тан сарбоз Дантесро маҳкам доштанд, ки ба ким–чӣ хел ошуфтагие афтода буду бе ҳеҷ гуна муқобилате аз пасашон равон шуд. Онҳо понздаҳ поғунда поён фуромаданд; дари камераи торике боз гардид, ки вай ғурунгосзанон ворид шуд ба он:

– Ӯ ҳақ аст, девонагонро ҳамроҳи девонагон нигоҳ доштан даркор.

Дар баста шуду Дантес, дастонашро пеш ёзонда, рафтан гирифт, то ин ки ба девор бархӯрд; он гоҳ дар як кунҷ нишасту муддате аз ҷой наҷунбид, дар ин миён, ҳамин ки чашмонаш батадриҷ ба торикӣ хӯ гирифтанд, ашёро пайхас мекардагӣ шуд.

Зиндонбон иштибоҳ накарда буд: ба девонагии Дантес як сари мӯ монда буд.

IX. БЕГОҲИИ РӮЗИ ҶАШНИ ФОТИҲА

Вилфор, чунон ки пеш аз ин гуфта будем, боз ба кӯчаи Гран–Кур равон шуд ва ба хонаи де Сен–Меран даромада, акнун меҳмононро дар хонаи таомхӯрӣ не, балки дар манзили меҳмонпазироӣ, дар сари қаҳва ёфт.

Рене ӯро бесаброна интизор буд, ки дигар меҳмонон низ дар ин амр ба вай шарик буданд. Бинобар ин ӯро бо нидоҳои шодона истиқбол карданд.

– Хӯш, каллабур, пушту паноҳи давлат, Брути роялист! – нидо зад яке аз меҳмонҳо. – Чӣ воқиа рӯй додааст? Гап занед!

– Мабодо–ку Террори наве тайёр нашуда истодааст? – пурсид дигаре. – Мардумхори корсикоӣ аз хафолаш берун наомадааст–ку? – пурсид сеюмӣ.

– Маркиза, – гуфт Вилфор, назди модарарӯсшавандааш рафта, – бубахшед маро, вале ман маҷбурам барои рафтан аз ин ҷо аз шумо иҷозат пурсам... Маркиз иҷозат фармоед дар танҳоӣ ду даҳан гап занам бо шумо.

– Пас, ин дар ҳақиқат кори ҷиддие будааст? – пурсид маркиза, чеҳраи ҷиготандохтаи Вилфорро дида.

– Бисёр ҷиддӣ ва ман бояд чанд рӯзе шумоёнро монда равам. Аз ҳамин шумо казоват карда метавонед, – илова кард Вилфор, ба Рене рӯ оварда, – ки чӣ дараҷа ҷиддӣ будааст.

– Шумо меравед? – фиғон кард Рене, андӯҳашро пинҳон дошта натавониста.

– Афсӯс! – ҷавоб гардонд Вилфор. – Ин ногузир.

– Хӯш ба куҷо! – пурсид маркиза.

– Ин сирри маҳкама. Лекин, агар ягон кас барои Париж фармоише дошта бошад, як дӯсти ман имрӯз ба он ҷо меравад ва ӯ бо камоли майл ба ӯҳда мегирад инро.

Ҳама ба якдигар нигаристанд.

– Шумо мехостед бо ман гуфтугӯ кунед? – пурсид маркиз. – Оре, агар рухсат диҳед, ба хонаи кори шумо мерафтем.

Маркиз аз зери бағали Вилфор гирифт ва ҳар ду аз хона баромаданд. – Чӣ воқиа? – гуфт маркиз, ба хонаи кор даромада истода. – Гап занед.

– Як кори бисёр муҳимме, ки бетаъхир Париж рафтани маро талаб мекунад. Акнун, маркиз, барои суоли густохонаю дур аз одоб маоф доред маро: оё вомбаргҳои давлатие доред?

– Тамоми дороии ман аз ҳамин иборат; ба маблағи шашсад ё ҳафтсад ҳазор франк.

– Хӯш бифурӯшед, маркиз, бифурӯшед, набошад хонасалот мешавед.

– Чӣ тавр ман аз ин ҷо истода мефурӯхтаам?

– Дар Париж даллоле доред?

– Дорам.

– Ба ман ба номи ӯ мактубе диҳед; бигузор ягон дақиқаю ягон сонияро аз даст надода бифурӯшад; мумкин аст, ҳатто ман аз ҳад дер рафта расам.

– Ҷин занад! – гуфт маркиз. – Фурсатро аз даст намедиҳем!

Ӯ сари миз нишасту барои вакилаш дар хусуси ба ҳар арзиш фурӯхтани кулли вомбаргҳояш фармоишномае навишт.

– Як нома муҳайё шуд, – гуфт Вилфор, эҳтиёткорона онро дар ҳамёнаш панаҳ карда, – акнун боз як номаи дигар лозим ба ман. – Ба номи кӣ?

– Ба номи шоҳ.

– Ба номи шоҳ?

– Оре.

– Охир ман наметавонам ҳамту рост ба номи аълоҳазрат нома нависам.

пешина
аз 99
навбатӣ