Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Такрор мекунам ва ба виҷдонам қсам мехӯрам, ки ҳеҷ чиз намедонам. Лекин ба шумо чӣ шуд? Дилатон беҳузур шуда истодааст? Мехоҳед, занг занам? Ягон касро ҷеғ занам?
– Не, – гуфт Вилфор, зуд бархоста, – дар ҷоятон истед ва хомӯш бошед; ин ҷо ман фармон медиҳам, на шумо.
– Бубахшед, – бо ранҷиш гуфт Дантес, – ман фақат хостам ба шумо ёрӣ диҳам.
– Ба ман ҳеҷ чиз лозим не. Заъфи яклаҳзагӣ – тамом вассалом. Ғами худатонро хӯред, на аз они маро. Ҷавоб диҳед.
Дантес интизори суол буд, вале баръабас; Вилфор рӯи курсии нарм фурӯ нишаст, бо дасти ночаспонаш арақи рӯяшро пок карду бори сеюм ба хондани нома даромад.
– Агар ин ҷавон донад, ки чӣ ин ҷо навишта шудааст, – зери лаб гуфт ӯ, – ва агар ин ягон вақте пай барад, ки Нуартйе – падари Вилфор аст, ман нобуд шудам, яқин нобуд шудам!
Ва ӯ гоҳ–гоҳе ба Эдмон назар меандохт, мисли ин ки нигоҳи ӯ аз байни девори ниҳон аз назар гузашта метавониста бошад, деворе, ки ба гирди асрори ниҳон дар дили ӯ кашида шуда аст, асроре, ки лабонаш аз гуфтани он хомӯшанд.
– Ҳоҷати шубҳа нест! – нидо кард ӯ нохост.
– Аз барои само, – гуфт ҷавони сарсахт, – агар шумо ба ман шубҳа дошта бошед, агар гумонбар бошед аз ман, бозпурсӣ кунед. Ман тайёр астам ҷаоб диҳам ба шумо.
Вилфор зӯр зада худашро ба даст гирифт ва бо овозе, ки ӯ саъй кард оҳанги боварибахше диҳад ба он, гуфт:
– Дар натиҷаи баёноти худатон гуноҳи сахте бор мешавад ба гардани шумо; бинобар ин ман чунон ки умед доштам, ҳақ надорам дарҳол ҷавоб диҳам шуморо. Пеш аз он, ки ба чунин иқдом тасмим гирам, ман бояд бо муфаттишон дар иртибот шавам. То он вақт, дидед, ки чӣ муомилае доштам ман ба шумо.
– Ҳо, бале, ман ҳам миннатдорам аз шумо! – нидо зад Дантес. – Муомилаи шумо бо ман мисли довар не, балки мисли дӯсте буд.
– Хӯш, ба ҳамин тариқ, ман боз муддате нигоҳ медорам шуморо, умед аст, ки дер намекашад, далели асосӣ ба муқобили шумо – ин мактуб аст, ва шумо мебинед...
Вилфор пеши бухорӣ рафт, хатро ба оташ партофт ва сабр карда истод, то ин ки сӯхта тамом шуд.
– Шумо мебинед, – давом дод ӯ, – ман нобуд кардам онро.
– Шумо додгустар не, бештар аз онед, – нидо зад Дантес, – шумо айни шафқат ҳастед!
– Лекин гӯш кунед ба ман, – давом дод Вилфор. – Баъди чунин рафтор шумо, албатта, мефаҳмед, ки ба ман бовар кардан мумкин аст.
– Бифармоед, ман фармоишатонро ба ҷо меоварам.
– Не, – гуфт Вилфор, ба Дантес наздиктар рафта, – не, ман ба шумо фармоиш карданӣ нестам; ман фақат ба шумо маслиҳат додан мехоҳам, мефаҳмед?
– Гап занед, ман маслиҳати шуморо чун фармоиш ба ҷо меоварам.
– Ман шуморо то бегоҳ ин ҷо, дар бинои маҳкама мегузорам. Мумкин аст, ягон каси дигар шуморо бозурсӣ кунад. Ҳар чизе, ки ба ман гуфтед, бигӯед, аммо дар бораи нома дам назанед!
– Ваъда медиҳам, тақсир.
Акнун Вилфор, мисли ин ки, зорӣ дошт, айбдоршаванда бошад, тасалло медод доварро.
– Шумо мефаҳмед, – давом дод Вилфор, ба хокистаре, ки тарҳи хатро боқӣ дошта буд, назар андохта, – акнун мактуб нобуд карда шуд. Фақат шумою ман медонем, ки вай мавҷуд буд; онро ба шумо пешниҳод намекунанд; агар ба шумо аз боби ин сухан ба миён оваранд, инкор кунед, натарсида инкор кунед ва шумо раҳо меёбед.
– Ман инкор мекунам, хотирҷамъ бошед, – гуфт Дантес.
– Хуб шудааст, – гуфт Вилфор ва даст ба занг бурд; баъд каме даранг карду пурсид: – Дар дасти шумо фақат ҳамин нома буд?
– Фақат ҳамин.
– Савганд ёд кунед! Дантес дасташро бардошт.
– Қасам мехӯрам! – гуфт ӯ.
Вилфор занг зад.
Комиссари политсия даромад.
Вилфор дар гӯши ӯ калимае чанд бигуфт; комиссар бо каллаҷунбонӣ ҷавоб гардонд.
– Аз паси комиссар равед, – гуфт Вилфор ба Дантес.
Дантес таъзим кард, бори дигар ба Вилфор миннатдорона назар андохту аз дар баромад.
Навакак дар баста шуда буд, ки қуввату дармон тарк кард Вилфорро ва қариб мадҳуш рӯи курсии нарм фурӯ афтод.
Баъди ягон дақиқа вай зери лаб гуфт:
– Худоё! Баъзан ба чӣ чизе вобаста аст зиндагӣ ё саодат!.. Агар додситони подшоҳӣ дар Марсел мебуд, агар ба ҷои ман муфаттишро даъват мекарданд, ман нобуд шуда будам... Ва ин нома, ин номаи наҳс ба варта меандохт маро!.. Оҳ, падар, падар! Наход ки ту ҳамеша ба хушбахтии ман монеъ шавӣ дар рӯи замин? Наход ки ман як умр бо гузаштаи ту дар набард бошам?
Аммо якбора чеҳрааш шукуфон гардид: дар лабони тарҳаш вайрон гардидаи ӯ табассум пайдо шуд; нигоҳи гумҷӯи ӯ. мисли ин ки, дар ким–кадом андешае қарор ёфт.
– Бале, бале, – нидо зад ӯ, – ин нома, ки боист маро нобуд мекард, метавонад сарчашмаи саодати ман бигардад... Хӯш, Вилфор, аз паи кор шав!
Ва, боварӣ ҳосил кард, ки айбдоршаванда акнун дар даҳлез нест, ёвари додситони подшоҳӣ низ аз дар баромад ва зуд–зуд қадам зада тарафи хонаи арӯсаш равон шуд.
XVIII. ҚАЛЪАИ ИФ
Комиссари политсия ба даҳлез баромада, ба ду нафар жандарм имо кард. Як нафараш аз тарафи рости Дантес гузашта истод, дигараш аз тарафи чапи ӯ. Даре кушода шуд, ки ба бинои маҳкама мебаромад, ва маҳбусро бо яке аз он роҳравҳои дарози тирафом гирифта бурданд, ки касро воҳима мегирад, ҳатто агар барои хавф бурдан ҳеҷ гуна сабабе надошта бошад ҳам.
Чунон ки манзили Вилфор ба бинои маҳкама мепайваст, ҳамчунин бинои маҳкама ба ҳабсхона мепайваст; бинои ҳабсхона як иншооти тираи дилгиркунандае буд, ки ноқусхонаи Аккул бо тамоми сӯрохҳои даҳанвози дар рӯбарӯи он қомат баркашидааш кунҷковона назар мекард ба вай.
Дар роҳрав чанд дафъа тоб хӯрда Дантес дари равзанаи панҷарадореро дид. Комиссар бо болғаи оҳанӣ се бор зад ва ба назари Дантес чунин тофт, ки зарбаҳои болға ба дили ӯ мерасанд. Дар боз шуд, жандармҳо маҳбусро, ки ҳоло ҳам саргаранг рост меистод, саҳл ба пеш тела доданд. Дантес аз остона дарун қадам гузошт ва дар шақаросзанон аз паси ӯ баста шуд. Ӯ акнун аз ҳавои дигаре нафа кашид, ҳавои ғализу вазнине; ӯ дар маҳбас буд.
Ӯро ба камераи хеле озода, вале ғалақаҳояш гарону тирезаҳояш панҷарадоре бурданд. Намуди манзили нав он қадар ҳаросе барнаангехт; хусусан, ки суханони бо дилсӯзии ошкоро ба забон овардаи ёвари додситони подшоҳӣ ҳамчун дилдории умедбахш дар гӯшаш садо медоданд.
Соати чори баъд аз зӯҳр буд, даме ки Дантесро ба камера оварданд. Ҳамаи ин, чунон ки пеш аз ин гуфтем, 28 феврал ба амал омада буд; маҳбус дере нагузашта ба торикӣ рӯбарӯ зад.
Ҳамон дам шунавоиаш як бар ду тез шуд. Баробари андак садое, ки ба гӯшаш мерасид, аз ҷой парида мехесту сӯи дар метохт, гумон дошт, ки барои бурдани вай омадаанд, то озодӣ бахшандаш; аммо садо ба дигар самт рафта хомӯш мегардид ва Дантес боз рӯи харак фурӯ менишаст.
Ниҳоят соатҳои даҳи шаб даме ки Дантес акнун умедашро барканданӣ буд, садои наве ба гӯш расид, ки ин дафъа бе шубҳа тарафи камераи ӯ меомад. Баъд дар роҳрав шарфаи по баромаду оянда назди дар қарор гирифт; калид дар қулф тоб гашт, ғалақаҳо шақаррос заданд ва дари мустаҳками булутӣ боз гардида, ба камераи торик ду равшании чашмхиракунандаи ду машъалаеро роҳ дод.
Дар рӯшноии ин машъала Дантес ҷилои туфангу боронии чор тан жандармро дид.
Вай қариб пеш ҳаво хӯрданӣ буд, вале бо дидани ин дастаи посбонони мусаллаҳ бозистод.
– Шумо барои ман омадед? – пурсид Дантес. – Оре, – ҷавоб гардонд яке аз жандармҳо.
– Бо амри ёвари додситони подшоҳӣ?
– Бадеҳист.
– Хуб шудаст, – гуфт Дантес, – ман тайёр астам аз паси шумо биравам.
Боварӣ ба он, ки бо фармоиши де Вилфор барои бурданаш омадагистанд, ҳама хавфи ҷавони бечора аз дил бадар рафт; бо хотири ҷамъ ва бепарво ӯ берун омаду дар миёни жандармҳо қарор гирифт.
Дар таги дари маҳбас каретае истода буд; дар кузлаи он фойтунчӣ нишата буд, дар паҳлуи фонйтунчӣ мансабдори маҳкама.
– Ин карета барои ман аст? – пурсид Дантес.
– Барои шумо, – ҷавоб дод яке аз жандармҳо, – савор шавед.
Дантес хост гашта чизе гӯяд, вале даричаи карета боз гардиду ӯро ба дарун тела доданд. Ӯ натавонист, инчунин худаш ҳам намехост муқобилат кунад; дар як чашм ба ҳам задан вай худро дар нишастгоҳи ақиб ёфт, дар байни ду жандарм; ду нафари дигарашон дар рӯбарӯи ӯ нишастанд ва аробаи вазнин бо тақар–туқури машъум ба пеш ҳаракат кард.
Бандӣ ба равзанаҳо нигарист; бар онҳо панҷараи оҳанӣ кашида буданд. Ӯ фақат маҳбасро дигар карда буд; маҳбаси нав рӯи чархҳо қарор дошт ва чархҳояш бо мақсади норавшане пеш меғелиданд. Аз байни симҳои зич, ки аз миёни онҳо базӯр даст метавон гузаронд, Дантес ба ҳар ҳол назар карда дид, ки ӯро аз кӯчаи Кессар гузаронданд, баъд аз кӯчаи Сен–Лорану Тарамис тарафи соҳил нишеб шуданд.
Андаке пас аз ин аз миёни шабакоти равзана ва аз миёни панҷараи муҷассамае, ки онҳо аз канораш гузашта мерафтанд, вай чароғони Идораи бандарро дид.
Карета бозистод, амалдори маҳкама фуромаду назди қаравулхонаи ҳарбӣ рафт; аз он ҷо ягон даҳ нафар сарбоз берун омаданду ду қатор шуданд. Туфангҳои онҳо дар равшании фонусҳое, ки дар қадди соҳил фурӯзон буданд, ҷило медоданд.
«Наход ҳамаи ин барои ман бошад?» – аз дил гузаронд Эдмон.
Амалдори маҳкама даричаро бо калид боз карда, хомӯш ба ин суол ҷавоб дод, зеро Дантес дар байни ду қатори сарбозон роҳи танги аз карета то лаби соҳил барои худаш гузошта шударо дида буд.
Ду жандарми дар нишастгоҳи пеш нишаста якум шуда аз карета баромаданд, аз паси онҳо вай баромад, аз паси вай бошад, ду нафари боқимондае, ки дар ду паҳлуи ӯ нишаста буданд. Ҳамаашон сӯи заврақе равон гардиданд, ки ходими идораи гумрук дар лаби соҳил аз занҷираш дошта меистод. Сарбозон бо кунҷковии аблаҳворе ба Дантес менигаристанд. Ӯро худи ҳамон замон қариби суккони заврақ дар миёни чор жандарм нишонданд, коргузори маҳкама бошад, дар пешгоҳ нишаст. Такони сахте заврақро аз соҳил ҷудо кард; чор нафар белзан ба самти Пилон ба бел задан даромаданд. Бо овозе, ки аз заврақ садо дода буд, занҷире, ки роҳи бандарро мебаст, фурӯ гузошта шуд ва Дантес худро дар мавзеъе ёфт, ки Фриулаш меноманд, яъне берун аз бандар.
Нахустин эҳсоси маҳбус, даме ки вай ба ҳавои тоза баромад, эҳсоси хурсандӣ буд. Ҳавои кушод қариб ки озодист. Ӯ қафаси синаашро пур карда боди ҷонбахшро фурӯ кашид, боде, ки дар болҳои худаш накҳати пурасрори шабу баҳрро бардошта меовард. Ба зудӣ, аммо, оҳи бадард кашид: ӯ аз канори «Резерв» шино карда гузашта буд, ҷое, ки ин қадар саодатманд буд ҳамин пагоҳ, як дақиқа пеш аз ҳабс шуданаш; аз миёни тирезаҳои равшан чароғон шуда садоҳои сурурбахши рақсу хониш ба гӯшаш мерасид.
Дантес дастонашро фурӯ гузошта, чашмонашро сӯи осмон бардошту ба ибодат кардан даромад.
Заврақ роҳашро давом медод; вай аз Сари Мурда гузашта, ба халиҷи Фаро баробар шуд ва истеҳкомро давр зада гузаштан гирифт; Дантес чизе намефаҳмид.
– Маро ба куҷо бурданиянд?
– Ҳозир мефаҳмед.
– Лекин...
– Бо шумо ҳамгап шудани мо манъ аст.
Дантес қисман сарбоз буд; аз жандармҳое, ки ҷавоб додан ба онҳо манъ шудааст, пурсуҷӯ кардан, ба назараш кори беҳуда намуд ва ӯ хомӯш монд.
Ин дам андешаҳои ғалатие дар майнааш давр задан гирифт; бо заврақи фарсуда ба сафари дур рафтан имкон надошт, дар атроф ягон киштии лангар андохтае набуд; вай ба дил гуфт, ки ӯро ба ягон ҷои дурдасти қадди соҳил бурдаву дар ҳамон ҷо эълом мекардагистанд, ки вай озод аст. Ӯро набаста буданд, кӯшиши ба дасташ кишанг андохтан ҳам надоштанд; аз ҳамаи ин фоли нек гирифт вай; ғайр аз ин ёвари додситони подшоҳӣ, ҳамин шахси меҳрубону навозишкор, магар нагуфта буд, ки мабодо агар номи фалокатбори Нуартйеро ба забон нагиред, дигар аз чӣ метарсед? Охир дар пеши назари худаш Вилфор номаи пурхатарро а оташ партофта сӯзонда буд–ку, ягона далеле, ки ба муқобили ӯ истифода шуданаш мумкин буд.
Дар хомӯшӣ интизор буд, ки оқибати ин кор чӣ мешуда бошад, бо чашмони маллоҳ, ки ба чен кардани фазо дар торикӣ одат карда буд, саъй дошт, гирду атрофро назора кунад.
Ҷазираи Ратонно, ки дар он миное фурӯзон буд, дар тарафи рост монд ва заврақ қад–қади соҳил шино карда, ба халиҷи Каталон расид. Нигоҳи маҳбус боз ҳам тезтар гардид: Мерседес дар ин ҷо буд ва ҳар дақиқа ба назараш чунин метофт, ки дар соҳили торик суроби хираи зане пайдо шуда истодааст.
Чӣ хел дили Мерседес хутур намекарда бошад, ки дилдодааш аз вай дар масофаи сесад қадам аст?
Дар саросари Каталонҳо фақат дар як тиреза рӯшноӣ буд. Зеҳн монда Дантес итминон ҳосил кард, ки ин хонаи арӯси вай аст. Дар тамоми деҳкада фақат як худи Мерседес нахобида буд. Агар Дантес баландтар фарёд мекард, овозаш ба гӯши ӯ мерасид. Шарму ҳаёи ноҷоя ба вай монеъ шуд. Агар вай ақлбохтагон барин фарёд кашад, жандармҳо чӣ мегӯфтанд? Бинобар ин вай даҳан накушоду аз рӯшноӣ чашм наканда аз канори деҳа гузашта рафт.
Дар ин миён заврақ пеш мерафт; лекин маҳбус парвои заврақ надошт, ҳушу ёдаш пеши Мерседес буд. Оқибат тирезаи чароғон дар паси теғаи шах панаҳ шуд. Дантес баргашта назар карду дид, ки заврақ аз соҳил дур шуда истодааст.
Ҳине ки вай ғарқи андешаҳои худаш буд, бодбонҳо белҳоро бадал карда буданд ва заврақро шамол пеш мебурд.
Ҳарчанд дили Дантес намехост аз нав ба пурсуҷӯи жандарм пардозад, лекин ба ҳар ҳол тарафи ӯ ғеҷиду, аз дасташ дошта гуфт:
– Рафиқон! Ба виҷдону ба рутбаи сарбозиатон қасам медиҳам шуморо: тараҳҳум кунед ва ҷавоб диҳед ба ман. Ман нохудо Дантес, як нафар франсавии некдилу бавиҷдонам, агарчи ба ким–кадом хиёнате айбдор мекунанд маро. Куҷо мебаред шумо маро? Бигӯед, қавли ҳалоли маллоҳӣ медиҳам ба шумо, ки вазифаи худамро ба ҷо меоварам ва ба тақдирам тан медиҳам.
Жандарм пушти сар хориду ба рафиқаш назар кард. Ӯ ҷунбише кард, ки бояд чунин маъно дошта бошад: «Акнун ба хаёлам, гуфтан мумкин будагист» ва жандарм ҷониби Дантес баргашт:
– Шумо зодаи Марсел ва маллоҳеду боз мепурсед, ки куҷо рафта истодаем мо?
– Оре, ба виҷдонам, ки намедонам. – Худатон пай намебаред?
– Не.
– Мумкин нест.
– Ба муқаддасоти олам қасам мехӯрам ба шумо! Бигӯед, аз барои худо!
– Фармон чӣ мешавад?
– Фармон аз ҷониби шумо гуфтани он чиро ба ман манъ намекунад, ки ман хоҳ–нохоҳ баъди даҳ дақиқа, баъди ним соат, шояд баъди як соат мефаҳмам. Шумо маро фақат аз шаку шубҳаи беохир раҳо мекунед. Ман аз шумо, чун аз дӯст илтимос мекунам. Бинед, ман на дар тараддуди муқобилат кардан астаму на дар андешаи гурехтан. Охир ин имкон ҳам надорад. Куҷо рафта истодаем мо?
– Ё шумо кӯр шудаед, ё ки ҳаргиз аз бандари Марсел берун нарафтаед; набошад, шумо наметавонед пай набаред, ки куҷо бурда истодаанд шуморо.
– Наметавонам.
– Хӯш ба атроф нигаред.
Дантес бархост ба ҳамон тарафе, ки заврақ равон буд, назар кард ва дар масофаи ягон дусад–ду саду бист метр дар рӯбарӯи худаш шахи сиёҳи овезонеро дид, ки дар сари он қалъаи тираи Иф менамуд.
Ин тарҳи булъаҷаб, ин зиндон, ки боиси ин қадар даҳшате мегардад, ин қалъа, ки сесад сол ин ҷониб бо ривоятҳои ваҳматгезаш ба Марсел ғизо мебахшад, нохост дар рӯбарӯи Дантес пайдо гардид, ки ҳатто дар гӯшаи хотираш ҳам набуд, ба вай ҳамин хел таъсир бахшид, ки пояи дор ба маҳкуми марг мебахшад.
– Худоё! – дод зад ӯ. – Қалъаи Иф–ку? Барои чӣ мо он ҷо меравем? Жандарм табассум кард.
– Охир маро ба он ҳабс карда наметавонанд–ку! – давом дод Дантес. – Қалъаи Иф – маҳбаси давлатӣ, фақат ба ҷинояткорони сиёсии мӯътабар таъйин шудааст. Ман ҳеҷ гуна ҷинояте содир накардаам. Магар дар қалъаи Иф ягон хел муфаттишон, ягон хел доварон ҳастанд?
– То ҷое, ки ман медонам, – гуфт жандарм, – он ҷо фақат қутвол, зиндонбон, подгону деворҳои мустаҳкам ҳаст. Бас, бас, ошно, худатонро ҳайратзада нишон надиҳед, набошад ман, ростӣ, гумон мекунам, ки музди некиҳои маро бо ришханд пардохта истодаед.
Дантес дасти жандармро ба дараҷае сахт зер кард, ки қариб шикаста буд онро.
– Хӯш шумо гуфтаниед, ки маро ба қалъаи Иф мебаранд ва он ҷо мегузоранд?
– Эҳтимол, – гуфт жандарм, – лекин дар ҳар сурат дасти маро ин қадар сахт фишурдан ҳоҷат надорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё