ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Агар сулфа тўлони бошад, саратони шушро ҳатман истисон бояд кард. Дар марҳилаҳои дер, вақте ки омос баргардандаи чапи ҳанҷараро фишор медиҳад ва ё мекунад, сулфа беовоз мешавад. Агар аз вуҷуд доштани сулфа шикоят кунанд, дар роҳҳои нафас вуҷуд доштани ҷисми бегона (махсусан дар кўдакон), сил ва думали шуш истисно карда мешавад. Дар ёд бояд дошт, ки дар кўдакон астмаи бронхиалӣ шабона бо хуруҷҳои сулфа, пайдо мешавад, дар онҳо мумкин аст, ки хир-хир ва ё нафасгирии садодор дида нашавад.
Сулфаи тўлонӣ мешаванд, ки аввалин аломати пневманияе бошад, ки онро Pneumocystis carinil ба вуҷуд оварда бошад, вале вай хоси сирояти ВИЧ шуда метавонад. Ҳангоми гумонбар шуда аз вуҷуд доштани сирояти ВИЧ бояд беморро моҳирона ва муфассал дар бораи ҳамхобаҳоояш пурсид, фаҳмидан зарур аст, ки оё вай маводи мухаддир истеъмол мекунад ё не, ба вай хун гузаронидаанд ё не.
Махсусан аснои ташхис кардани рефлюкси меъдаву сурхрўда (патологияи паҳншуда, ки шабона сулфа дорад), синусит ва астмаи бронхиалӣ мушкилиҳо пеши рў меоянд. Муоинаҳо
Анамнез
Хислат ва хусусияти сулфаро мефаҳмонд. Барои ташхис симптомҳои ҳамраҳшуда, монанди балғам, ранг ва хислати он, нафастангӣ, хир-хир, вараҷа аҳамияти зиёд доранд. Хусусият ва давомнокии сигоркашӣ (агар сигоркаширо бас карда бошад ҳам), машғулият ва касбу кор (дар гузашта ва ҳозира) муайян карда мешавад.
Масалан, дар конканҳо (шатёрҳо) аксар вақт антрокоз, дар коргарони заводҳои сомалётсозӣ асбестоз ва мезотелиомаи плевра, дар коргарони соҳаи кишоварзӣ хатари сар задании аллергияи экзогении алвеолит бинобар пайваста ғубори алафҳои пўсидаро нафас гирифтан (шуши фермер), ғубори пахта, дустдорони парандагони хонагӣ, махсусан кабутару тутӣ ба алвеолити аллергӣ (шуши дўсдорони парандаҳо) ва оринтоз гирифтор мешаванд. Сулфаи субҳона бо миқдори ками балғам хоси сигоркашҳост. Дар кўдаконе, ки дар анамнезашон пневмания зуд- зуд такрор мешавад, аз вуҷуд доштани муковиситсидоз ва бронхоэктаз гумонбар бояд шуд. Сулфаи беморони мубтало ба нейродермит ва риноконъюктивити аллергӣ мумкин аст, ки симптоми астмаи бронхиалӣ бошад.
Барои астмаи бронхиалӣ, муковиситсидоз, эмфиземаи ибтидоии шуш (аз дефитсити а1 – антитрипсин сар задааст) тамоюли ирсӣ доштан хос аст. Ҳатман муайян мекунанд, ки оё ягон аъзои оила гирифтори сил ҳаст ё не.
Таҳқиқотҳои физикалӣ
Таҳқиқотҳои физикалӣ ҳангоми аз сулфа шикоят кардан аз рўйи қоидаҳои умумӣ гузаронида мешаванд. Махсусан узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо бодиққат таҳқиқ карда мешаванд.
Калон шудани андозаи гиреҳҳои лимфавии гардану зери бағал, инчунин синдроми Горнер (птоз, миоз, энофталм) ҳангоми саратони шуш дида мешаванд.
Ҳатман балғамро таҳқиқ мекунанд, ба ранг, консистепсияву омехтаи он диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҳамчунин балғами дар як шабонарўз ҷамъшударо таҳқиқ мекунанд.
Таҳқиқотҳои лабораторӣ ва инструменталӣ
Таҳқиқоти умумии хун (дараҷаи гемоглобин, миқдори лейкоситҳо ва формулаи лейкоситарӣ).
Микроскопия ва кишти балғам.
Таҳқиқи СОЭ (ҳангоми пневмани, бронхит, бронхоэктоз, сил, думмал ва саратони шушҳо басанда аст). Таҳқиқи функсияи нафасгирии берунӣ.
Рентгенографияи қафаси сина.
Томографияи рентгенӣ.
Бронхография .
Томографияи компютерӣи қафаси сина.
Стсинтиграфиявентилятсионӣ – перфузионии шушҳо (ҳангоми гумонбар шудан аз транбоэмболияи шарёни шуш).
Намунаҳои аллергияи пўст.
Биопсияи шуш.
Бронхоскопия (ҳангоми хунравии фаъоли шуш маълумоти зиёд медиҳад).
Тавсифи сулфа
Баъзе хусусиятҳои сулфа имкон медиҳад, ки сабаби он фаҳмида шавад.
Садодорӣ ва вусъатнокӣ
Баланд, садодор • трахеит
• бронхит
• фишорёбии трахея
• иллатёбии ҳанҷара (ҳалқум), масалан
Дурушт, аккосмонанд ларингит, хурўсак (хунноқ)
Бесадо • иллатёбии асаби баргардондаи ҳанҷара, масалан, ҳангоми саратони шуш
Паст • саратони шуш
Сулфаи хуруҷмонанд бо • сиёҳсулфа реприз (нафасгирии тў- лонии амиқ).
Дарднок • трахеит Замони пайдошавӣ
Шабона • астмаи бронхиалӣ
• норасоии меъдачаи чапи дил
• ринит, синусит
• бронхити музмин
• сиёҳсулфа
• бронхоэктоз
Субҳ
• рефлюкси меъдаву сурхўда
Омилҳои барангшезанда
Тағйирёбӣи • бронхоэктоз вазъи бадан
• думали шуш
• чураи сўрохии сўрхрўдагии диафрагма
Истеъмоли ғизо • дивертикулези сурхрўда
• носури сурхрўдаву трахея
Симптомҳои ҳамроҳикунанда
Нафаси хуштакдор • астмаи бронхиалӣ
Нафастангӣ • астмаи бронхиалӣ
• бемориҳои музмини абструктивии шуш
• норасогии меъдачаи чап. Таҳқиқоти балғам
Дар як шабонарўз дар одами солиме, ки сигор намекашад 100-150 мл луоб ба вуҷуд меояд. Ин луоб ба ҳуҷайраҳои эпителии мерсателӣ, ки дар ковокии бронхҳо ва трахея, ҳанҷара фарш шудаанд, мегузоранд, онҳо аз он ҷо ба балъум афтида аз он ҷо балъида ё қурт карда мешаванд.
Аз ҳанҷара ба балъум рафтани луобро шуш бо сулфаи эҳсоснашаванда таъмин мекунад. Балғам гуфта, барзиёдатии луобро мегўянд, ки дар бронхҳо пайдо мешавад ва ҳангоми сулфидан хориҷ мешава. Аз ҳама сабаби асосии тавлидшавии балғам ин сигоркашӣ аст.
Хусусиятҳои балғам
Луобӣ (сафедча), шаффоф - сирояти вирусӣ
Римнок (зарди сабзча,
- сирояти роҳҳои нафас, махсусан сирояти лейкоситҳои зиёд дорад) бактериалӣ
Балғами фаровон - бронхоэктоз
- пневманияи хунноқӣ
Зангорӣ (доғдор) • пневманияи ҳиссачаҳо, ки аз Streptococcus pneumanial пайдо шудаанд.
Ғализ, шишамонанд • астмаи бронхиалӣ
Бо хун олуда • саратони шуш дар марҳилаҳои дершуда
Фаровонии римнок, ки • думмали шуш ба желеи смородина • аспергиллез монанд аст
Дар шакли часпидагии бронхҳо
• астмаи бронхиалӣ
Гулобӣ, кафкасуд • варами шушҳо
Миқдор ва хусусияти балғам ҳангоми бемориҳои гуногун хусусиятҳои хоси худро дорад.
Бронхити музмин балғами луобдор ё римнок, то 250мл / ш-рўз.
Бронхоэктоз балғами римнок, то 500мл / ш-рўз. Астмаи бронхиалӣ балғами луобдор ва часпак.
Думмали шуш балғами римнокӣ бўйдор.
Ҷисми бегона ҷарроҳои нафас балғами римноки бадбўй фавран
Хунтуфкунӣ
Дар балғам вуҷуд доштанин хун аломати огоҳкунанда буда, таҳқиқоти ҷиддиро тақозо мекунад (дар аксари мавридҳо барои ташхис кардан рентгенографияи қафаси сина кофист). Хунтуфкунӣ-ро аз луоб (туфи) хунолуд, ки ҳангоми хунравии бинӣ ва ё синусит ё хун қай кардан ба амал меояд, фарқ бояд кард.
Сабабҳои хунтуфкунӣ
Зуд-зуд
Сирояти шадиди вирусии респираторӣ ва бронхити шадид (cабабои маъмултарин) бронхити музмин бронхоэктаз пневмонияи ҳиссачаҳо сили шушҳо омосҳои бадзот
- саратони шуш
- метастаз
- тромбоэмболияи шарёни шуш
- ҷисми бегона дар роҳҳои нафас
- бемориҳои дилу рагҳо
- норасоии меъдачаи чап
- стенози митралӣ
- сабабш номаълум аст
Хеле кам (нодир) гемосидерози идиопатикии шушҳо синдроми Гудпачер халалёби гемостоз, аз ҷумла ҳангоми табобати антикоагулянтӣ садамаи қафаси сина Иллати трахея, ки ҳангоми интубатсия луоб ба вуҷуд меорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё