Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Беморро дар аввал бо даъвати вай муоина карда, минбаъд бояд ба қадри зарурӣ, бо ташаббуси худ, бе даъвати такрории бемор (дидорбинии фаъол) ба хонаи ў биравад. Махсусан, ба беморони дорои бемориҳои оризадор ва ташхисашон номаълум диққати махсус додан зарур аст. Дар бораи ҳар яки онҳо табиби оилавӣ бояд ба мудири шўъба хабар диҳад, вай низ ба назди бемор меравад ва дар ташхису табобат кардани бемор иштирок менамояд.

Табобат бояд ҳеҷ вақт танҳо ба навиштани дорухат тамом нашавад. Сўҳбати табиб бо бемор дар хусуси тавсияҳо оид ба реҷа, ғизо, вақту соат ва миқдори истеъмол кардани доруҳо: огоҳӣ кардан аз он хусус, ки ҳангоми табобат зуҳуроти иловагии манфӣ ва ё оризаҳо пайдо шуданашон мумкин аст. Бори дигар таъкид карданро лозим меҳисобем, ки аз полипрагмазия (баҳудаю беҳуда истифода кардани доруҳо, табобатҳо ҳархела) ҳазар бояд кард, кўшиш бояд кард, ки ҳарчӣ доруи камтар истеъмол карда шавад. Маҷмўи чорабиниҳои табобатӣ ҳангоми як қатор бемориҳо бояд табобати усусли ғайримедикаментозӣ, аз ҷумла усули физиотерапевтиро низ дар бар мегирад. Дар баъзе мавридҳо беморони мубтало ба бемориҳои шадид, ё шиддат гирифтани бемориҳои музминро бистарӣ кардан лозим мешавад (шояд таъҷилӣ ё аз рўйи нақша). Табиби оилавӣ масъалаи бистарӣ кунонидани беморонро ҳаллу фасл карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пур мекунад, картаи амбулатории вайро муфассал менависад, тамоми таҳқиқотҳои гузаронидашудаи лабораториву инструменталиро қайд мекунад. Агар беморро аз рўи нақша бистарӣ карданӣ шаванд, корҳои омодагии пешакӣ (таҳқиқотҳои зарурии лабораторӣ ва инструменталӣ) анҷом дода мешаванд. Ин ба табибони статсионарӣ имкон медиҳад, ки динамикаи ҳолати бемор ва тағйироти нишондиҳандаҳоро назорат кунад, ба такроран гузаронидани баъзе таҳқиқотҳо роҳ надиҳад. Дар натиҷа ин боиси нисбатан зудтар ташхис кардани беморӣ ва дар ҳолатҳои нофаҳмо будани беморӣ барвақттар шурўъ намудан ба табобати самаранок ва кам кардани дар статсионар мондани беморон мешавад. Баъди анҷом додани табобати статсионарӣ табиби оилавӣ нусхаи таърихи бемориро ба ЁАТС месупорад, дар он табиби статсионарӣ номгўйи таҳқиқотҳои ташхисӣ, натиҷаҳои онҳо ва табобати беморро муфассал дарҷ мекунад. Чунин муттасилии фаъолияти статсионар ва муассисаҳои ЁАТС ба табиби оилавӣ имкон медиҳад, ки дар оянда барои патсиентҳо дар шароити амбулаторӣ ёрии аввалияи зарурии тиббиро дуруст ва дақиқ ташкил намояд (табобати барқароркунӣ, диспансеризатсия, профилактикаи беморӣ ва табобати санаториву фароғатгоҳӣ).

Ҳангоми қабули амбулатории патсиентҳо ва ё аснои ба хонаи онҳо рафтан табиби оилавӣ метавонад, ки бемориҳои сироятиро ташхис намояд, ё гумонбар шавад, зеро аксари беморшудагон дар навбати аввал ба муассисаҳои ЁАТС-и макони зисташон муроҷиат мекунанд.

Бемориҳои сироятӣ, мисли вабо, гепатити шадиди вирусӣ, исҳоли хунин, гулўзиндонак, зуком, СПИД ва ғ. ташхиси зуд ва саривақтиро талаб мекунанд, зеро онҳо на танҳо барои худи бемор (ҷараён ва оқибати вазнин), балки барои атрофиён (паҳн шудани беморӣ) низ хатар доранд.

Танҳо дониши кофӣ дар бораи зуҳуроти клиникии бемориҳои сироятӣ ва анамнези муфассали эпидемиологӣ ҷамъ овардан имконият медиҳад, ки ташхиси дақиқ гузошта табобат сари вақт оғоз карда шавад.

Табиби оилавӣ бояд хуб донад, ки ҳангоми кадом бемориҳои сироятӣ беморонро дар шўъбаҳои соҳавии беморхонаҳои сироятӣ бистарӣ мекунанд ва ҳангоми кадом бемориҳои сироятӣ дар берун аз статсионар ё хона (зуком) муоина ва табобат карда мешаванд. Ин масъаларо ҳаллу фасл намуда, табиби оилавӣ ва табиби бемориҳои сироятӣ на танҳо нишондодҳои клиникиву эпидемиологӣ, балки ба шароити зисту маишати бемор низ таваҷҷўҳи асосӣ зоҳир мекунанд.

Дар системаи нигоҳдории тандурустии амалӣ дар баробари сохторҳои анъанавӣ ва маъмулии қисмҳои тиббӣ (беморхона, клиника ва ғ.), чунин қисмҳо, монанди статсионари рўзона дар марказҳои саломатӣ низ рушд ёфта истодаанд. Ин намуди хизматрасонии аҳолӣ имконият медиҳад, ки он бемороне, ки ба гаспитализатсия (бистарикунонӣ) ниёз доранд, дар шароити амбулаторӣ муоина ва табобат шаванд, аз чорабиниҳои реабилитатсионӣ баҳравар гардан. Сари вақт дар шароити амбулаторӣ гузаронидани ёрии тиббии зарурӣ бо ҳаҷми пуррааш (табобат, ташхис, машварат) барои гурўҳи муайяни беморон, ки қаблан танҳо дар шароити статсионарӣ табобат шуда буданд, имконият медиҳанд, ки мўҳлати корношоямии муваққатӣ дар ин беморон аз ҳисоби зудтар муоина кардан ва истифода бурдани усулҳои табобати фаъол, самараноктар истифода бурдани захираи катҳои беморхона,73 барои он патсиентҳое, ки танҳо дар ин муассисаҳои табобатӣ бояд табобат шаванд, озод кардани катҳо мусоидат мекунад.

Статсионари рўзона дар муассисаҳои ЁАТС барои бистарӣ кардани беморони гирифтори бемориҳои шадид ва музмини гуногун, ки ҳолати онҳо ба муоина ва табобати шабонарўзи эҳтиёҷ надорад, ташкил карда мешавад.

Ба статсионари рўзона бемориҳои гуногун фиристода ва табобат мешаванд.

Гурўҳи якум. Бемороне, ки ба муоинаҳои нисбатан тўлони лабораторӣ – инструменталӣ, ки дар шароити амбулаторӣ иҷро карда мешаванд, ниёз доранд, ин муоинаҳо барои муқаррар ё тасдиқ намудани ташхис (масалан, зоидгузарони бисёрлаҳазаи дуоденалӣ, баъзе усулҳои ташхиси шуоӣ) гузаронида мешаванд.

Гурўҳи дуюм. Бемороне, ки ташхис шудаанд ва табобаташон шароити беморхонаро талаб намекунад (беморони гирифтори бронхити шадид).

Гурўҳи сеюм. Бемороне, ки ба муассисаи ЁАТС муроҷиат карданд дар онҳо ҳолатҳое пайдо шуданд, ки ёрии таъҷилиро тақозо мекунанд (ҳамлаи стенокардия, бўҳрони гипертоникӣ, халалёбиҳои проксизмалии ритми дил, ҳамлаҳои зиқи нафас ва ғ.), аммо дар ин лаҳзаҳо имкоонияти бистари кунониданашон мавҷуд нест (ҳолатҳои экстремалӣ).

Гурўҳи чорум. Бемороне, ки дар қайди диспансерӣ ҳастанд, ба чорабиниҳои табобатӣ солимгардонӣ, аз ҷумла, реабилитатсионӣ зарурат доранд.

Гурўҳи панҷум. Бемороне, ки аз беморхона ва клиника рухсат шудаанд ва дар оянда давом додани табобаташон, аз қабили протседураҳои гуногуни физиотерапевтӣ ва ғ. зарур аст.

Статсионари (бемористони) рўзона барои табобат гурўҳи муайяни беморон пешбини нашудааст:

- беморони вазнине, ки ба муоинаи тиббӣ ва нигоҳубини тиббии шабонарўзӣ ниёз доранд:

- бемороне, ки ба воридсозии паренталии шабонарўзии воситаҳои гуногуни доруворӣ эҳтиёҷ доранд:

- бемороне, ки вобаста аз ҳолати саломатиашон ба реҷаи ҷидии бистарӣ ва муоина шабонарўзӣ эҳтиёҷмандадн.

Муоина дар статсионари рўзона бояд ба таври комплексӣ, дар давоми 3-4 рўз, табобат дар давоми 7-10 рўз гузаронида шавад.

Табиби статсионари рўзона бояд, ки усулҳои асосии реаниматсия (масҳи берунии дил, нафаси сунъӣ додан, дефибриллятсия гузаронида тавонистан ва ғ.)-ро иҷро карда тавонад, усулҳои муосири табобати медикаментозии ҳолатҳои шадиди нисбатан зиёд дучоршавандаро (бўҳрони гипертоникӣ, халалдор шудани ритми дил, хуруҷи зиққи нафас, шоки анафилактикӣ ва ғ.) ба кор барад.

Статсионар дар хона дар таркиби марказҳои саломатӣ ташкил карда мешавад ва барои беморони гирифтори бемориҳои шадид ва музмин, ки ба риоя намудани реҷаи бистарӣ, табобати вусъатноки бидуни муоинаи шабонарўзӣ зарурат доранд, пешбини шудаанд. Дар ин ҷо бемороне, ки дар онҳо оризаҳо пайдо шудаву ба муоинаи шабонарўзии табиб ё амалиёти ҷарроҳӣ ниёз доранд, бояд нигоҳ дошта нашаванд. Нишондод барои дар статсионар дар хона табобт кардани беморон, ин шиддат гирифтани бемории музмин дар 5-7 рўзи аввал, вақте ки танҳо реҷаи хонаро риоя кардан зарур асту ҳоҷати бистарӣ кардан нес, ба ҳисоб меравад.

Номгўйи тақрибии нишондодҳоро меорем:

1. Ташхиси беморӣ маълум аст ва барои ташхис кардан ё онро тасдиқ намудан таҳқиқоти лабораторӣ – инструменталӣ дар шароити беморхона зарур аст.

2. Вазъияти саломатии бемор ва ҷараёни беморӣ барои ҳаёти бемор хатарнок нест, оризаҳое пайдо намешаванд, ки ба амалиётҳои реаниматсионӣ, ҷарроҳӣ, ва ғ. зарурат дошта бошад, имконияти гузаронидани чорабиниҳои ташхисиву табобатӣ дар шароити хона мавҷуд аст.

3. Бемор шароити хуби зиндагӣ ва имкониятҳои нигоҳубин куниро дорад.

Ба ўҳдадориҳои табиби статсионар дар хона инҳо дохил мешаванд.

- мунтазам муоина кардан ҳангоми дар хона будани онҳо;

- дар ҳолатҳои зарурӣ ташкил намудани машварати мутахассисон;

- ҳангоми дар хона табобат шудани бемор муайян кардани андоза ва хусусияти таҳқиқотҳои лабораторӣ – инструменталӣ;

- таҳия намудани нигоҳубин ва табобати бемор;

- назорати доимӣ ва ҷиддии иҷроиши муоина ва табобати таъйиншуда.

Дар табобати беморон ҳангоми статсионар дар хона ҳамшираи тибби оилавӣ иштироки фаъолона дорад.

Экспертизаи қобилияти корӣ яке аз бахшҳои асосии кори табиби оилавӣ мебошад. Табиби оилавӣ дар вақти муоинаи аввалин, ки барояш вақти маҳдуд ҷудо карда шудааст, муайян кардан зарур мебошад, ки бемор қобилияти кориашро нигоҳ доштааст ё не (дар ҳолате варақаи корношоямӣ навишта мешавад, ки агар он дар асоси ҳуҷҷатҳо ва мўҳлатҳое, ки тибқи қонунгузории экспертизаи корношоямӣ тасдиқшуда75 корношоям эътироф карда шавад). Ба беморшудагоне, ки дар ҳунаристонҳо таҳсил мекунанд ва ё донишҷўй ҳастанд, дар бораи аз дарс озод буданашон тасдиқхат дода мешавад. Табиби оилавӣ меъёрҳои гурўҳҳои маъюбонро донад, зеро вай аз аввалин мутахассисоне мебошад, ки талафи устувори қобилияти кориро ташхис мекунад. Ғалатҳои экспертизаи корношоямӣ оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ доранд. Беасос надодани варақаи беморӣ ё беасос барвақт иҷозат додан барои кор кардан метавонанд, ки боиси музмин шудани беморӣ ва пайдо шудани оризаҳои ҷуброннашавандаву маъюбшавии барвақт гардад. Дар ин маврид маблағҳои буҷаи давлат барои кўмакпулӣ сарф мешаванд. Роҳ додан ба ғалатҳои ҳангоми муайян кардани қобилияти корӣ доштан аз нокифоя будани сатҳи ёрии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои ЁАТС гувоҳӣ медиҳад.

Қисми 3.

Ташхис ва ташхиси тафриқии симптом ва синдромҳое, ки дар кори табиби оилавӣ бештар во мехўрад.

Симптом ин аломат, яъне зуҳуроти беморист.

Синдром – маҷмўи симптомҳои ин ё он беморӣ мебошад.

Симптомҳои субъективӣ (шикоятҳо) ва объективӣ (аломатҳо) мавҷуданд.

Симптомҳо ва синдромҳо асоси ташхисгузориро ташкил медиҳанд.

Аммо сабаби пайдошавии аксари симптомҳо ва синдромҳо мумкин аст, ки на танҳо як беморӣ, балки якчанд беморӣ бошад.

Дар амалияи воқеии клиникӣ бемор ба табиб на аз хусуси беморӣ, балки аз хусуси шикоятҳо муроҷиат мекунад. Табиб ягон симптомро ошкор месозад ва ҳоло намедонад, ки вай ба кадом беморӣ хос аст.

Баъди ташхис кардани симптомҳои маълумшуда ва натиҷаҳои таҳқиқотҳои ташхисӣ табиб ташхис мегузорад.

Калимаи «диагноз» (аз вожаи юнони dia-ҷудо, ҷудогона ва dnosis- дониш) таркиб ёфтааст ва мо агар танҳо қисми таркибии онро пеши назар биорем, пас мебинем, ки вай на танҳо шинохтани беморӣро ифода мекунад, балки тафриқаи муайянро дар назар дорад.

Ташхисӣ тафриқӣ – ин муайян кардани имконпазирии вуҷуд доштани ин ё он беморӣ пас аз истисно кардани бемориҳои ба он монанд мебошад. Бо он ки бемориҳои имконпазир тадриҷан истисно карда мешаванд, доираи онҳо танг мешавад ва ин кор то боқӣ мондани як беморӣ, бемории нисбатан бештар имконпазир идома дода мешавад. Ин худ ташхис аст. Нуқтаи ниҳоии ташхиси тафриқӣ ин интихоб кардани бемории асосӣ аст. Чӣ қадар, ки бемории асосӣ возеҳтар бошад, доираи дифференсатсия (тафриқа) ҳамон қадар танг мешавад. Раванди ташхиси тафриқӣ дар ҳолате оптималӣ ҳисобида мешавад, ки агар на симптоми алоҳида ё ҷудогона, балки синдром ё синдромкомплекс ба асос гирифта шавад.

Баъдан ҳолати таҳқиқшавандаро бо як қатор бемориҳои имконпазир муқоиса карда монандӣ ва фарқияти онҳоро таъкид мекунанд. Агар дар ин вақт фарқиятҳо ё зидиятҳоеро пайдо карданд, ки ба ин беморӣ мувофиқат накарданро нишон диҳанд, онро дар асоси яке аз се принсипҳои дифференсатсия истисно мекунанд.

Се принсипи ташхиси тафриқӣ

1. Принсипи фарқияти муҳим. Яъне, ҳодисаи муоинашаванда ба бемории муқоисашаванда мувофиқат намекунад, зеро дар он симптоме, ки барои ин беморӣ симптоми доимӣ ба ҳисоб меравад, дида намешавад. Масалан, набудани гормони треотрапии баланд ё барзиёд вуҷуд дошатни гипотиреозро инкор ё рад мекунад. Албатта, дар ёд бояд дошт, ки набудани симптом ҳоло худи бемориро инкор ё рад намекунад. Масалан инфаркти бедарди миокард дар беморони гирифтори диабети қанд ё набудани вараҷа ҳангоми пневмония дар мўйсафедон.

2. Принсипи истисно кардан ба воситаи муқобилгузорӣ. Яъне ҳодисаи муоинашаванда ба бемории муқосашаванда таалуқ надорад, зеро дар он симптоме дида мешавад, ки дар ин беморӣ ҳеҷ гоҳ дида намешавад. Масалан, дар ЭКГ ошкор кардани сабт кардани тағйиротҳои шадиди лонавӣ дар лаҳҷаи хуруҷи нафастангӣ имкон медиҳад, ки ҳамла ё хуруҷ астмаи бронхиалӣ истисно карда шавад ва варианти астмавии инфаркти миокард тахмин карда шавад. Аммо ҳамаи он чӣ дар бораи принсипи якум гуфтем, ба принсипи дуюм низ дахл доранд. Охир, гоҳо ҳодисаҳое низ мешаванд, ки вобаста ба шароит инфаркти миокарда дар заминаи хуруҷи астмаи бронхиалӣ ҷараён мегирад.

3. Принсипи мувофиқат накардани аломатҳо. Яъне ду симптоми якхела муқоиса карда мешава, вале ба фарқиятҳои вусъатнокӣ ва хусусиятҳои онҳо диққат дода мешавад.

Табиби оилавӣ дар кори худ, вақте, ки барои аввал беморро муоина мекунад, ба симптомҳо ё синдромҳои ин ё он беморӣ дучор мешавад. Дар як муддати кўтоҳ вай бояд беморро бипурсад, шикоятҳо, анамнези беморӣ ва ҳаётро ҷамъ оварад, таҳқиқоти обективии беморро (муоинаи умумӣ ва муфассали узвҳо ва системаҳо) анҷом диҳад ва дар асоси ин ҳама беморро ташхиси пешакӣ гузорад ва нақшаи таҳқиқотро (лабораторӣ, инструменталӣ) ва табобатро тартиб диҳад.

Бо дар назардошти ҳамаи ин, ба таваҷчўҳи Шумо симптом ва синдромҳоеро пешкаш месозем, ки дар кори табиби оилавӣ бештар дида мешаванд.

3.1. Сулфа

Сулфа - нафасбарории босуръат ба воситаи даҳон, ки дар натиҷаи кашишхўрии мушакҳои роҳҳои нафас бинобар таҳрикпазирии ретсепторҳо ба амал меояд. Нақши физиологии сулфа – ин тоза кардани роҳҳои нафас аз моддаҳои бегона ва пешгири намудани монеаҳои механикӣ мебошад, ки гузаронандагии роҳҳои ҳавобарро халалдор месозанд.

Сулфа - аксуламаали муҳофизатӣ – мутобиқшавӣ буда, маҳфуз мондан ва тозагии дарахти трахеобронхиалиро аз омилҳои таҳрикпазир (балғам, луоб, чирк, хун) ва ҷисмҳои бегона (чангу ғубор, луқмаи ғизо ва ғ.) таъмин мекунад. Амали сулфа кардан аз нафасгирии кўтоҳ ва амиқ (тақрибан 2 сония) сар мешавад, ки дар хатми он мушакҳои ҳанҷар (ҳалқум), ки роҳи садор мепушонад ба таври рефлекторӣ таранг мешаванд. Ҳамзамон тонуси мушакҳои бронхиалӣ зиёд мешавад. Баъди ин ногаҳон кашишхўрии сахти мушакҳои шикам сар мешавад, вай ба бартараф кардани муқовимати муваққатан маҳкамшудаи роғи садо (дар ин лаҳзаҳо фишори дохили қафаси сина то 100мм Нд) мерасад. дар паси ин роғи садо ҳамаи лаҳза кушода мешавад ва нафасбарории босуръат ба амал меояд. Градиенти барзиёди фишор дар роҳҳои нафас ва атмосфера дар якҷоягӣ бо танг шудани трахея боиси пайдо шудани селаи ҳаво мешавад, ки суръати он ба суръати овоз баробар аст. Аксар вақт сулфа аксуламали ғайриихтиёрии физиологӣ мебошад, аммо ихтиёран низ буда метавонад.

Хусусиятҳои асосии сулфа

Барои но ки сулфаро аснои бемориҳои гуногун фарқ кунем, бояд хусусиятҳои асосии онро донем: давомнокии сулфа (шадид ва музмин), қувваи сулфа (каме сулфидан, сулфаи бошиддат), тембри сулфа (сулфаи садодори қафаси сина, сулфаи кунд), ифрозоти (хориҷшавии) сулфа (сулфаи хушк ё балғамдор), хусусияти балғам (обакӣ, чирколуд, хунолуд), замони пайдошавӣ ё шиддати сулфа (тамоми рўз, субҳ, шом, шабона, баҳор, зимистон).

Сулфа аз ҷиҳати хусусиятҳояш хушк ва маҳсулнк (намнок, балғамдор) мешавад.

Сулфаи хушк cирояти роҳҳои болоии нафас

- вирусӣ

- микоплазменӣ

- бактериалӣ нафас гирифтани моддаҳои таҳрикпазир

- дуд

- чангу ғубор ҷисми бегона дар роҳои нафас

- плеврит бемориҳои интерститсиалӣи шуш

- алвеолити фиброзӣ

- пневмокониоз

- саркоидоз сили шуш - саратони шуш норасоии меъдачаи чапи дил сиёҳсулфа Сулфаи маҳсулнок бронхити музмин бронхоэктоз пневмания астмаи бронхиалӣ ҷисми бегона, ки муддати тулонӣ дар роҳҳои нафас буд саратони шуш думали (абссеси) шуш сили шуш

Ташхис

Сабабҳои маъмултарини сулфа ин сирояти вирусии шадид респираторӣ ва бронхити шадид мебошанд. Сулфа пас аз сар гузаронидани сирояти вирусии шадиди респираторӣ, маъмулан дар натиҷаи синусит пайдо мешавад. Яке аз сабабҳои асоситарини сулфаи тулонӣ ин бронхити музмин аст.

пешина
аз 37
навбатӣ