ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Дар поён мо номгӯи доруҳои антибактериявӣ ва миқдори онҳоро дар табобати газаки шуши калонсолон, аз рӯи пешниҳоди Якушин С.С., 2008 овардаем.
Истифодаи доруҳои антибактериявӣ ва миқдори онҳо дар табобати газаки шуши калонсолон
БЕНЗИЛПЕНИСИЛЛИН…… 1-3 МЛН.ЕД бо усули тазриқ гузаронидани дору ба дохили хун (БА ХУН -Б/Х) БО ФОСИЛАИ 4 СОАТ ( С.)
ОКСАСИЛЛИН…………………………………… 2,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 4-6 С.
АМПИСИЛЛИН……………………… 0,5 – 1,0 Г БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 6-8 С.
АМОКСИСИЛЛИН…………………… 0,5 – 1,0 Г БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 8 С.
АМОКСИСИЛЛИН/КЛАВУЛАНТ….500 МГ БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 6-8 С.
АМОКСИСИЛЛИН/КЛАВУЛАНТ…………. 1,2-2,4 Б/Х БО ФОСИЛАИ 6-8 С.
АМОКСИСИЛЛИН/СУЛБАКТАМ (СУЛЬТАМИЦИЛЛИН)…750 МГ БА
ДАРУН БО ФОСИЛАИ 12 С.
КАРБЕНИСИЛЛИН…………………………5,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 4 С.
АЗЛОСИЛЛИН……………………………….4,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 4 С. ТИКАРСЕЛЛИН/КЛАВУЛАНТ……………….3,1 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ И 4 С.
ПИПЕРАСИЛЛИН/ТАЗОБАКТАМ………3,375 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 4 С.
СЕФАЗОЛИН………………………………1,0-2,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 12 С.
СЕФУРОКСИМ НАТРИЙ……………………0,75-1,5 Г Б/В БО ФОСИЛАИ 8 С.
СЕФОТАКСИМ (КЛАФОРАН)………………1,0-2,0 Г Б/В БО ФОСИЛАИ 12 С.
СЕФТРИАКСОН…………………………………1,0-2,0 Г Б/В ЯК БОР.
СЕФТАЗИДИМ…………………………….2,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 8 С.
СЕФАПЕРАЗОН……………………………1,0-2,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 8-12 С.
СЕФАКЛОР…….500 МГ БА ДАРУН (ҚАБУЛ КАРДАН) БО ФОСИЛАИ 8 С.
СЕФУРОКСИМ-АКСЕТИЛ………500 МГ БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 12 С.
СЕФИКСИМ……………………………400 МГ БА ДАРУН ВНУТРЬ, ЯК БОР
СЕФПИРОМ…………………………………..2,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 2 С.
ИМИПЕНЕМ……………………………..500 МГ Б/Х БО ФОСИЛАИ 6 С.
МЕРОПЕНЕМ……………………………..1,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 8 С.
АЗТРЕОНАМ……………………………..2,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 8 ЧС
ЭРИТРОМИСИН…………………..500 МГ БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 6 С.
РОКСИТРОМИСИН……………………150 МГ БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 12 С.
КЛАРИТРОМИСИН……………………500 МГ БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 12 С.
АЗИТРОМИСИН……5 РУЗ (ЯК КУРС): 0,5 Г ДАР 1 РӯЗ, БАЪД - 0,25 БО
ФОСИЛАИ 24 С.
СПИРАМИСИН (РОВАМИЦИН)..3 МЛН. МЕ (1,0 Г.) БА ДАРУН БО
ФОСИЛАИ 12 С.
ЭРИТРОМИСИН…………………………….1,0 Г Б/Х БО ФОСИЛАИ 6 С.
ГЕНТАМИСИН…………………3-5 МГ/КГ/ ДАР ЯК ШАБОНАРӯЗ Б/В ЯК БОР
ТОБРАМИСИН……………………5 МГ/КГ/ ДАР ЯК ШАБОНАРӯЗ Б/В ЯК БОР
АМИКАСИН…………………………15 МГ/КГ/ДАР ЯК ШАБОНАРӯЗ Б/В ЯК БОР
СИПРОФЛОКСАСИН……………400 МГ Б/Х БО ФОСИЛАИ 12 С. ОФЛОКСАСИН………………………400 МГ Б/Х БО ФОСИЛАИ 12 С.
ВАНКОМИСИН………………………………1,0 Г Б/В БО ФОСИЛАИ 12 С.
РИФАМПИСИН………………………………500 МГ Б/В БО ФОСИЛАИ 12 С .
ДОКСИСИКЛИН………………200,0 МГ БА ДАРУН БО ФОСИЛАИ 24 С.
КИСЛОТАИ ФУЗИДИВИ ………500 МГ Б/Х БО ФОСИЛАИ 8 С.
ЭЗОҲ: ДАР ҲОЛАТИ НОРАСОИИ КОРИ ГУРДА - МИҚДОРИ ДОРУ КАМ КАРДА МЕШАВАД.
Илтиҳоби музмини бодомакҳои ком низ яке аз бемориҳои паҳншуда мебешад, ки дар таҷрибаи кории табиби оилавӣ чӣ дар байни калонсолон ва чӣ дар байни кўдакон дучор мешавад. Илтиҳоби музмини бодомакҳои ком зуҳуроти мушаххас (сил, зўҳравӣ) ва ғайримушаххас дорад. Илтиҳоби музмини ғайри мушаххаси бодомакҳо ду намуд дорад: талофипазир; фақат аломатҳои маҳаллӣ пайдо мешаванд ва талофинопазир – вақте ки илтиҳоб ба дигар бофтаҳои гирду атроф мегузарад (атрофибодомакӣ). Инчунин мумкин аст, иллатҳои сироятии (сироятӣ-бодигармӣ, сирояти заҳрӣ) дигар узвҳои бадан (дил, гурдаҳо, банду устухонҳо) пайдо шаванд.
Сабаби асосии илтиҳоби музмини бодомакҳо – ин гулўдарди такроршаванда мебошад. Омилҳои хатарноки беморӣ инҳоянд: вайроншавии нафаскашӣ бо бинӣ аз сабаби каҷ будани тавораи байнибинигӣ, аденоидҳо, илтиҳоби фасодноки пардаҳои бағалии иловагии бинӣ, дандонҳои пўсидагӣ (кирмхўрдагӣ), фарингити музмин ва ҳоказо.
Аломатҳои беморӣ. Дар давраи хурўҷи мараз гулў дард мекунад, хусусан дар вақти фурў бурдани ғизо, мехорад, майли сулфидан пайдо мешавад. Бемор худро нохуб ҳис мекунад, ҳарорати баданаш каме баланд мешавад, банду устухонҳо дард мекунанд.
Баъд аз 3-4 рўзи оғози табобат, оҳиста-оҳиста нишонаҳои шадиди касалӣ суст ва кам, дарди гулў нест мешавад. Дар даҳон бўи нохуш боқӣ мемонад, дар вақти сулфидан, ҳамроҳи балғам аз ковокиҳои бодомакҳо тамбачаҳои ? фасоднок мебароянд. Нишонаҳои ҳиссиёти нохушӣ, ҳарорати андаке баланд, арақкунии барзиёд, сустшавии қобилияти меҳнатӣ, каме дилзанӣ, дардҳои устухон муддати дароз боқӣ мемонанд.
Муоинаи гулў нишон медиҳад, ки бодомакҳо хеле нарм ва хадша баста, шакли худро дигар кардаанд, ковокиҳои он васеъ, камони забон сурх ва бо бодомакҳо пайваст мешавад. Агар бодомакҳоро бо белчаи борик зер намоянд, аз ковокиҳои бодомак фасод, тамбачаҳо мебароянд.
Бисёр вақт ғудудҳои ҳамҳудуд (тагиҷоғӣ) калон мешаванд.
Ташхиси беморӣ: ташхиси хун ва пешоб (бо усули умумӣ ва Нечипоренко), молишак аз гулў, ЭКГ, ташхиси серологӣ: титри антистрептолизии‒0, антистрептоҳиалурснидаза, инчунин – электрофорези сафедаи хун, серомуқоид, фибриноҳен. Албатта, машварати духтури гўшу гулўю бинӣ лозим аст.
Табобат. Дар марҳалаи авҷгирии касалӣ бемор бояд ба тартиботи хонагӣ ва талаботи ҷудогии шахсӣ риоя кунад, даҳонашро дар ҳар 3-4 соат як маротиба бо маҳлули 2-3 фоизаи ишқор ва намакоб чайқонад, бодомакҳо ва ковокиҳои онро бо маҳлули лугол молад.
Табобат дар шароити хона ва дар монгоҳ аз ҳаббаҳои амписиллин барои калонсолон 0.5 - 4 маротиба дар як шабонарўз, дар муддати 7-10 рўз қабул кардан лозим аст. Агар баъд аз 36-48 соат фоида набахшад, доруи пасандоз эритромисинро ҳар рўз 1.5‒2.0 г-ӣ 5-7 рўз ё дигар доруи анбактериявиро қабул мекунанд. Карамелкаҳои доруи докаминро рўзҳои аввали табобат (3-4 рўз), дар ҳар 4-5 соат як донагӣ макидан мумкин аст. Баъд аз мўътадил шудани ҳарорати бадан, бо тубус ба бодомакҳо вояи эритемии шўълаҳои кварсро 5-6 сеанс гузаронидан лозим аст.
Агар илтиҳоби музмини бодомакҳо ҳар сол якчанд маротиба авҷ гирад ва муолиҷаи консервативӣ манфиат набахшад, хусусан агар хавфи пайдошавии оризаҳои касалӣ мушоҳида карда шавад, бо усули ҷарроҳӣ гирифта партофтани бодомакҳо тавсия дода мешавад.
Мўҳлати корношоямӣ дар вақти авҷгирии мараз тахминан аз 5 то 14 рўз мебошад. Табобати осоишгоҳӣ –курортӣ. Ин намуди табобат ба шахсони зерин тавсия карда мешавад: 1. Агар мараз талофипазир бошад; 2. Аз давраи табобати хурўҷи мараз як моҳ гузашта бошад; 3. Аз давраи ҷарроҳӣ як моҳ гузашта бошад.
Мақсади асосии гузаронидани табобати санаторӣ-курортӣ, ин баланд намудани қобилияти устувории бадани бемор бар муқобили сироятҳо; баландсозии масунияти маҳаллӣ (бодомакҳо); паст намудани ҳассосияти бадани бемор. Табобат бо ҳавои тоза (аэротерапия) дар ҷангалзорҳои сўзанбарг, дар фаслҳои баҳор ва тобистон маслиҳат дода мешавад.
Барои пешгирии хурўҷи илтиҳоби музмини бодомакҳо бемор бояд бо намаки оби баҳрӣ (онро аз дорухонаҳо дарёфт кардан мумкин аст), ҳар рўз як-ду маротиба даҳон ва гулўро чайқонад. Агар "намаки оби баҳрӣ" ёфт нашавад, маҳлули намакобро ҳар дафъа дар пиёла тайёр карда, ба он 3-4 чакра йод чаконида истифода бурдан мумкин аст, ки он ҳам ба оби баҳр монанд мешавад. Гуфтан лозим аст, ки иҷрои мунтазами ин усул ҳаҷми бодомакҳоро ҳам оҳиста-оҳиста хурд менамояд. Аз ин сабаб, ин усул муфид ҳисобида мешавад.
Оббозӣ дар баҳрҳо, ҳар рўз чайқонидани даҳону гулў бо оби ин баҳрҳо, ки намаки ошӣ ва йод дорад, манфиати бисёр дорад. Аз курортҳои Тоҷикистон, курортҳои оби минералии туршии гўгирд ва радондошта имконпазир мебошанд (Обигарм, Хоҷаобигарм, Гармчашма).
Назорати диспасерӣ. Баъди гузаронидани хурўҷи касалӣ, моҳи аввал дар ҳар ду ҳафта як маротиба, баъд ҳар як моҳ як маротиба беморро аз назар гузаронидан лозим аст. Агар аломатҳои фаъоли касалӣ тамоман қатъ шуда бошанд, беморро аз назорати диспансерӣ тамоман хориҷ кардан мумкин аст. Дар марҳалаи хурўҷи мараз, бемор мўҳтоҷи кушодани варақаи корношоямии муваққатӣ мебошад. Беморро духтури гўшу гулў, духтури маҳалла ва тарбодшинос зери назорат мегиранд.
Бронхити музмин. Бештар бронхити шадид дар вақти нокифоя будани табобат ба бронхити музмин мегузарад. Табиби оилавӣ бояд ба мавҷудияти омилҳои зарарноки истеҳсолот (чанг, ғубор), қатъ кардани тамокукашӣ ҳангоми табобати бронхити шадид, диққати махсус диҳад. Дар навбати худ, қисми зиёди сабаби пайдоиши бронхити музмин -тамокашӣ мебошад.
Дар шароити дармонгоҳӣ гузоштани ташхиси бронхити музмин барвақттар, то он ки мараз ба оризаҳои бозгаштнопазир гирифтор нашудааст, масъалаи муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала муолиҷаи пешгирикунандаи мунтазами бронхити шадидро гузаронидан лозим.
Нишонаҳои тахминии бронхити музмин дар марҳалаи беҳбудии муваққатии мараз бо сулфа балғамҷудокунии одатӣ бе вазниншавии ҳолати бемор, ранги балғам ‒ хокистарранги кабутчатоб, хусусан дар пагоҳирўзиҳо, баъд аз хоб. Баъд аз хориҷшавии балғам нафаскашӣ андак сабук мешавад. Қисми асосии балғам дар нимаи аввали рўз ҷудо мешавад. Баъди каме кори ҷисмонӣ кардан, хусусан дар ҳавои хунук, ҳиссиёти вазнини нафаскашӣ мушоҳида мегардад. Ҳангоми гўш кардани шуш хир-хирҳои хушк, ки баъд аз сулфа нест мешаванд, дар вақти нафаскашии босуръат хир-хирҳои тез-тез нафас кашидан, балғам ҷудо шуда, ҳоли бемор сабуктар мешавад. Дар марҳалаи шиддатнокии мараз сулфа бисёр ва балғам фасоднок мешавад.
Ҳарорати бадан андаке баланд, суръати нафаскашӣ тез мегардад, бемор худро нохуб ҳис мекунад, қобилияти коршоямиаш суст мешавад. Дар вақти гўш кардани шуш, зиёдшавии миқдори хир-хирҳои хушк, пайдошавии хир- хирҳои нарми гуногунҳаҷм ва камшавии онҳо баъди бо сулфа ҷудошавии балғам мушоҳида мегардад. Усули ангуштзанӣ ҳеҷ гуна тағйиротро маълум намекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё